Surah Al-Mursalat in Tajik: translation and audio
Surah 77 · المرسلات · The Emissaries · 50 verses
Surah Al-Mursalat verse by verse: the Arabic with a recitation you can repeat, the transliteration, and the Tajik translation by Khawaja Mirof & Khawaja Mir. For the meaning of every word, see Surah Al-Mursalat word by word in English.
Verse 1
وَٱلْمُرْسَلَـٰتِ عُرْفًا
Transliteration wal-mur'salāti ʿur'fan
Tajik Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба бодҳое, ки аз паи ҳам меоянд
Verse 2
فَٱلْعَـٰصِفَـٰتِ عَصْفًا
Transliteration fal-ʿāṣifāti ʿaṣfan
Tajik ва савганд ба бодҳои сахти вазандаи ҳалоксозанда
Verse 3
وَٱلنَّـٰشِرَٰتِ نَشْرًا
Transliteration wal-nāshirāti nashran
Tajik ва савганд ба фариштагоне, ки ба бодҳои бороновар ӯҳдадоранд, ҳар куҷо ки Аллоҳ хоҳад боронро мебаранд
Verse 4
فَٱلْفَـٰرِقَـٰتِ فَرْقًا
Transliteration fal-fāriqāti farqan
Tajik ва савганд ба фариштагоне, ки ҷудокунандаанд ҳақро аз ботил ва ҳалолро аз ҳаром
Verse 5
فَٱلْمُلْقِيَـٰتِ ذِكْرًا
Transliteration fal-mul'qiyāti dhik'ran
Tajik ва савганд ба фариштагоне, ки ваҳйи Илоҳиро аз назди Аллоҳ ба сӯи паёмбарон мефароранд,
Verse 6
عُذْرًا أَوْ نُذْرًا
Transliteration ʿudh'ran aw nudh'ran
Tajik то ҳуҷҷатро барпо намоянд ё мардумро бим намоянд,
Verse 7
إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَوَٰقِعٌ
Transliteration innamā tūʿadūna lawāqiʿun
Tajik ки ҳароина, он чӣ ба шумо аз амри рӯзи қиёмат ваъда дода шавад, воқеъ хоҳад шуд!
Verse 8
فَإِذَا ٱلنُّجُومُ طُمِسَتْ
Transliteration fa-idhā l-nujūmu ṭumisat
Tajik Пас, он гоҳ ки ситорагон нест ва хомӯш шаванд ва равшании онҳо аз байн равад
Verse 9
وَإِذَا ٱلسَّمَآءُ فُرِجَتْ
Transliteration wa-idhā l-samāu furijat
Tajik ва он гоҳ ки осмон шикофта шавад
Verse 10
وَإِذَا ٱلْجِبَالُ نُسِفَتْ
Transliteration wa-idhā l-jibālu nusifat
Tajik ва он гоҳ ки кӯҳҳо пора-пора гарданд ва дар фазо барбод раванд ва ҳеҷ асаре аз онҳо боқӣ намонад
Verse 11
وَإِذَا ٱلرُّسُلُ أُقِّتَتْ
Transliteration wa-idhā l-rusulu uqqitat
Tajik ва он гоҳ ки паёмбаронро вақте муъайян шавад, ки миёни онҳо ва умматонашон доварӣ шавад.
Verse 12
لِأَىِّ يَوْمٍ أُجِّلَتْ
Transliteration li-ayyi yawmin ujjilat
Tajik Пас гӯянд: барои кадом рӯз ин чизҳо мавқуф гузошта шуд?
Verse 13
لِيَوْمِ ٱلْفَصْلِ
Transliteration liyawmi l-faṣli
Tajik Онгоҳ гуфта шавад: барои рӯзи фасл, ки дар он миёни мардум мувофиқи аъмолашон доварӣ содир мешавад.
Verse 14
وَمَآ أَدْرَىٰكَ مَا يَوْمُ ٱلْفَصْلِ
Transliteration wamā adrāka mā yawmu l-faṣli
Tajik Ва чӣ донӣ, ки рӯзи фасл ва шиддат ва сахтии он чист?
Verse 15
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
Transliteration waylun yawma-idhin lil'mukadhibīna
Tajik Дар он рӯз вой (ҳалокӣ бод) бар дурӯғшуморандагон!
Verse 16
أَلَمْ نُهْلِكِ ٱلْأَوَّلِينَ
Transliteration alam nuh'liki l-awalīna
Tajik Оё ба сабаби дурӯғбароварданашон паёмбаронро умматони пешинаро монанди қавми Нӯҳ, Од ва Самуд ҳалок накардаем?
Verse 17
ثُمَّ نُتْبِعُهُمُ ٱلْـَٔاخِرِينَ
Transliteration thumma nut'biʿuhumu l-ākhirīna
Tajik Баъд аз он умматони охиринро (аз куффори Макка ва амсоли онҳо, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дурӯғ мебароранд,) низ аз паи онҳо намебарем?
Verse 18
كَذَٰلِكَ نَفْعَلُ بِٱلْمُجْرِمِينَ
Transliteration kadhālika nafʿalu bil-muj'rimīna
Tajik Бо гунаҳкорон чунин рафтор мекунем. Ин равиши мо дар мавриди онҳост.
Verse 19
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
Transliteration waylun yawma-idhin lil'mukadhibīna
Tajik Дар он рӯз вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон; касоне, ки ба ягонагии Аллоҳ ва рисолати паёмбарон ва ба рӯзи зинда шудани баъд аз марг ва ҳисоб бовар надоранд!
Verse 20
أَلَمْ نَخْلُقكُّم مِّن مَّآءٍ مَّهِينٍ
Transliteration alam nakhluqkkum min māin mahīnin
Tajik Оё эй кофирон, шуморо аз обе ҳақиру ночиз (нутфа) наёфаридаем?
Verse 21
فَجَعَلْنَـٰهُ فِى قَرَارٍ مَّكِينٍ
Transliteration fajaʿalnāhu fī qarārin makīnin
Tajik Ва онро дар ҷойгоҳе устувор қарор надодем, ки он бачадони зан аст
Verse 22
إِلَىٰ قَدَرٍ مَّعْلُومٍ
Transliteration ilā qadarin maʿlūmin
Tajik то замоне муъайян, ки ҳамон замони ҳомиладорӣ аст?
Verse 23
فَقَدَرْنَا فَنِعْمَ ٱلْقَـٰدِرُونَ
Transliteration faqadarnā faniʿ'ma l-qādirūna
Tajik Мо бар он кор тавоно будаем, пас Мо некӯ тавоно ҳастем!
Verse 24
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
Transliteration waylun yawma-idhin lil'mukadhibīna
Tajik Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки қудрати Моро дуруғ мебароранд!
Verse 25
أَلَمْ نَجْعَلِ ٱلْأَرْضَ كِفَاتًا
Transliteration alam najʿali l-arḍa kifātan
Tajik Оё заминро ҷойгоҳи фарогире насохтем, ки ҳамаи шуморо фаро мегирад,
Verse 26
أَحْيَآءً وَأَمْوَٰتًا
Transliteration aḥyāan wa-amwātan
Tajik барои зиндагиву маргатон, ки зиндаҳо дар он зиндагӣ мекунанд ва мурдаҳо дар он дафн мешаванд?
Verse 27
وَجَعَلْنَا فِيهَا رَوَٰسِىَ شَـٰمِخَـٰتٍ وَأَسْقَيْنَـٰكُم مَّآءً فُرَاتًا
Transliteration wajaʿalnā fīhā rawāsiya shāmikhātin wa-asqaynākum māan furātan
Tajik Дар он (замин) кӯҳҳои баланд падид овардем, то замин маҳкам гардад ва такон нахӯрад ва ба шумо оби ширин ва гуворо нӯшонидем.
Verse 28
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
Transliteration waylun yawma-idhin lil'mukadhibīna
Tajik Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон ба ин неъматҳо!
Verse 29
ٱنطَلِقُوٓا۟ إِلَىٰ مَا كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ
Transliteration inṭaliqū ilā mā kuntum bihi tukadhibūna
Tajik Рӯзи қиёмат барои кофирон гуфта мешавад: Биравед ба сӯи азоби дӯзах он чӣ дар дунё дурӯғаш мешуморидед.
Verse 30
ٱنطَلِقُوٓا۟ إِلَىٰ ظِلٍّ ذِى ثَلَـٰثِ شُعَبٍ
Transliteration inṭaliqū ilā ẓillin dhī thalāthi shuʿabin
Tajik Биравед ба сӯи сояе аз дуди ҷаҳаннам, ки дорои сешоха аст,
Verse 31
لَّا ظَلِيلٍ وَلَا يُغْنِى مِنَ ٱللَّهَبِ
Transliteration lā ẓalīlin walā yugh'nī mina l-lahabi
Tajik ки он на сояи хунук аст ва на дар он рӯз ҳарорати оташро бозмедорад.
Verse 32
إِنَّهَا تَرْمِى بِشَرَرٍ كَٱلْقَصْرِ
Transliteration innahā tarmī bishararin kal-qaṣri
Tajik Ҳароина, ҷаҳаннам шарораҳое меафканад, ки дар бузургии худ монанди баландии қасри азим аст),
Verse 33
كَأَنَّهُۥ جِمَـٰلَتٌ صُفْرٌ
Transliteration ka-annahu jimālatun ṣuf'run
Tajik гӯё, ки он шарораҳо уштуроне сияҳтоби зардранг бошанд.
Verse 34
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
Transliteration waylun yawma-idhin lil'mukadhibīna
Tajik Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки азоби Аллоҳро дурӯғ мебароранд!
Verse 35
هَـٰذَا يَوْمُ لَا يَنطِقُونَ
Transliteration hādhā yawmu lā yanṭiqūna
Tajik Ин қиёмат рӯзест, ки ҳеҷ кас аз дурӯғшуморандагон сухан нагӯянд.
Verse 36
وَلَا يُؤْذَنُ لَهُمْ فَيَعْتَذِرُونَ
Transliteration walā yu'dhanu lahum fayaʿtadhirūna
Tajik Онҳоро рухсат надиҳанд, то узр хоҳанд, зеро барояшон узре нест.
Verse 37
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
Transliteration waylun yawma-idhin lil'mukadhibīna
Tajik Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки ин рӯзро ва он чӣ дар он аст дурӯғ мебароранд!
Verse 38
هَـٰذَا يَوْمُ ٱلْفَصْلِ ۖ جَمَعْنَـٰكُمْ وَٱلْأَوَّلِينَ
Transliteration hādhā yawmu l-faṣli jamaʿnākum wal-awalīna
Tajik Ин рӯз, рӯзи фасл аст, ки дар ин рӯз байни ҳақ ва ботил ҷудо мегардад ва шумо эй кофирони ин уммат ва кофирони пешиниёнатонро гирд меоварем.
Verse 39
فَإِن كَانَ لَكُمْ كَيْدٌ فَكِيدُونِ
Transliteration fa-in kāna lakum kaydun fakīdūni
Tajik Пас, агар ҳилае доред, ки худро аз азоб халос кунед, ба кор баред.
Verse 40
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
Transliteration waylun yawma-idhin lil'mukadhibīna
Tajik Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки рӯзи қиёматро дурӯғ мебароранд)!
Verse 41
إِنَّ ٱلْمُتَّقِينَ فِى ظِلَـٰلٍ وَعُيُونٍ
Transliteration inna l-mutaqīna fī ẓilālin waʿuyūnin
Tajik Ҳароина, парҳезгорон, ки дар дунё аз азоби Правардигорашон тарсиданд ва фармудаҳояшро ба ҷо оварданд ва аз манъкардҳояш дур истоданд, дар сояҳо ва канори чашмасоронанд,
Verse 42
وَفَوَٰكِهَ مِمَّا يَشْتَهُونَ
Transliteration wafawākiha mimmā yashtahūna
Tajik Ва аз ҳар мевае, ки орзу кунанд, баҳра мебаранд.
Verse 43
كُلُوا۟ وَٱشْرَبُوا۟ هَنِيٓـًٔۢا بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ
Transliteration kulū wa-ish'rabū hanīan bimā kuntum taʿmalūna
Tajik Барояшон гуфта мешавад: Ба подоши корҳое, ки дар дунё аз амалҳои шоиста мекардаед, бо лаззату гуворо бихӯред ва биёшомед.
Verse 44
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجْزِى ٱلْمُحْسِنِينَ
Transliteration innā kadhālika najzī l-muḥ'sinīna
Tajik Ҳароина, Мо некӯкоронро инчунин подош медиҳем!
Verse 45
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
Transliteration waylun yawma-idhin lil'mukadhibīna
Tajik Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки рӯзи ҳисобу ҷазоро ва он чӣ дар он аст аз неъматҳо ва азобҳо дурӯғ мебароранд!
Verse 46
كُلُوا۟ وَتَمَتَّعُوا۟ قَلِيلًا إِنَّكُم مُّجْرِمُونَ
Transliteration kulū watamattaʿū qalīlan innakum muj'rimūna
Tajik Сипас Аллоҳ кофиронро таҳдид карда гуфтааст: Бихӯреду андак баҳрае баргиред дар дунё, ки ҳароина, шумо гунаҳкоронед ба сабабе, ки ба Аллоҳи якто шарик меовардед.
Verse 47
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
Transliteration waylun yawma-idhin lil'mukadhibīna
Tajik Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки рӯзи ҳисобу ҷазоро дурӯғ мебароранд.
Verse 48
وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱرْكَعُوا۟ لَا يَرْكَعُونَ
Transliteration wa-idhā qīla lahumu ir'kaʿū lā yarkaʿūna
Tajik Ва чун барои мушрикон гуфта шавад, ки намоз гузоред ва рукӯъ кунед, намоз намегузоранд ва рукӯъ намекунанд, балки такаббур меварзанд.
Verse 49
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
Transliteration waylun yawma-idhin lil'mukadhibīna
Tajik Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки мӯъҷизаҳои Аллоҳро дурӯғ мебароранд!
Verse 50
فَبِأَىِّ حَدِيثٍۭ بَعْدَهُۥ يُؤْمِنُونَ
Transliteration fabi-ayyi ḥadīthin baʿdahu yu'minūna
Tajik Агар ба ин Қуръон имон наоварданд, пас, аз Қуръон ба кадом сухан имон меоваранд? Ҳол он ки Қуръон худ мӯъҷиза ва баёнкунандаи ҳама чизҳост ва аҳкому хабарҳояш равшан аст.
Read Surah Al-Mursalat in another language
- English (word by word)
- Albanian
- Amazigh
- Amharic
- Assamese
- Azerbaijani
- Bambara
- Bangla
- Bosnian
- Bulgarian
- Chechen
- Chinese
- Czech
- Dari
- Dhivehi
- Dutch
- Finnish
- French
- German
- Gujarati
- Hausa
- Hebrew
- Hindi
- Indonesian
- Italian
- Japanese
- Kannada
- Kazakh
- Khmer
- Kinyarwanda
- Korean
- Kurdish
- Luganda
- Malay
- Malayalam
- Maranao
- Marathi
- Nepali
- Norwegian
- Oromo
- Pashto
- Persian
- Polish
- Portuguese
- Romanian
- Russian
- Sindhi
- Sinhala
- Somali
- Spanish
- Swahili
- Swedish
- Tagalog
- Tamil
- Tatar
- Telugu
- Thai
- Turkish
- Ukrainian
- Urdu
- Uyghur
- Uzbek
- Vietnamese
- Yao
- Yoruba
All 114 surahs in Tajik: the Qur’an in Tajik.
Tajik translation: Khawaja Mirof & Khawaja Mir, from Quran.com. Transliteration: Quran.com. Recitation: Mishary Alafasy, from EveryAyah.com. MyDugsi is a learning aid, not a replacement for a qualified teacher.