Surah Az-Zumar in Tajik: translation and audio
Surah 39 · الزمر · The Troops · 75 verses
Surah Az-Zumar verse by verse: the Arabic with a recitation you can repeat, the transliteration, and the Tajik translation by Khawaja Mirof & Khawaja Mir. For the meaning of every word, see Surah Az-Zumar word by word in English.
Verse 1
تَنزِيلُ ٱلْكِتَـٰبِ مِنَ ٱللَّهِ ٱلْعَزِيزِ ٱلْحَكِيمِ
Transliteration tanzīlu l-kitābi mina l-lahi l-ʿazīzi l-ḥakīmi
Tajik Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Аллоҳи пирӯзмандест, ки бар душманонаш ғолиб ва дар тадбири халқаш ва аҳкомаш ҳаким аст.
Verse 2
إِنَّآ أَنزَلْنَآ إِلَيْكَ ٱلْكِتَـٰبَ بِٱلْحَقِّ فَٱعْبُدِ ٱللَّهَ مُخْلِصًا لَّهُ ٱلدِّينَ
Transliteration innā anzalnā ilayka l-kitāba bil-ḥaqi fa-uʿ'budi l-laha mukh'liṣan lahu l-dīna
Tajik Ҳароина, Мо ин китобро бар ту эй Расул, нозил кардем, ки он ба ҳақиқат ва адолат амр менамояд. Пас, Аллоҳро бипараст ва тамоми дини худро барои Ӯ холис гардон!.
Verse 3
أَلَا لِلَّهِ ٱلدِّينُ ٱلْخَالِصُ ۚ وَٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُوا۟ مِن دُونِهِۦٓ أَوْلِيَآءَ مَا نَعْبُدُهُمْ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَآ إِلَى ٱللَّهِ زُلْفَىٰٓ إِنَّ ٱللَّهَ يَحْكُمُ بَيْنَهُمْ فِى مَا هُمْ فِيهِ يَخْتَلِفُونَ ۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهْدِى مَنْ هُوَ كَـٰذِبٌ كَفَّارٌ
Transliteration alā lillahi l-dīnu l-khāliṣu wa-alladhīna ittakhadhū min dūnihi awliyāa mā naʿbuduhum illā liyuqarribūnā ilā l-lahi zul'fā inna l-laha yaḥkumu baynahum fī mā hum fīhi yakhtalifūna inna l-laha lā yahdī man huwa kādhibun kaffārun
Tajik Огоҳ бош, ки дини холис ва пок аз ширк аз они Аллоҳ аст ва касоне, ки ба ҷои Аллоҳ дӯстон ва ёвароне гирифтаанд, мегӯянд: «Инҳоро аз он рӯ мепарастем, то моро ба Аллоҳи якто дар мартаба наздик созанд ва шафоат расонанд. Ва ҳароина, Аллоҳ дар он чи аз ибодатҳояшон ихтилоф мекунанд, рӯзи қиёмат миёнашон доварӣ хоҳад кард ва ҳар якеро ҷазои муносиб хоҳад дод. Ҳароина, Аллоҳ дурӯғгӯву носипосро ба роҳи рост ҳидоят намекунад.
Verse 4
لَّوْ أَرَادَ ٱللَّهُ أَن يَتَّخِذَ وَلَدًا لَّٱصْطَفَىٰ مِمَّا يَخْلُقُ مَا يَشَآءُ ۚ سُبْحَـٰنَهُۥ ۖ هُوَ ٱللَّهُ ٱلْوَٰحِدُ ٱلْقَهَّارُ
Transliteration law arāda l-lahu an yattakhidha waladan la-iṣ'ṭafā mimmā yakhluqu mā yashāu sub'ḥānahu huwa l-lahu l-wāḥidu l-qahāru
Tajik Агар Аллоҳ мехост, ки барои худ фарзанде бигирад, аз миёни махлуқоти худ ҳар чиро, ки мехост, интихоб мекард. Аз ин нисбатҳо Аллоҳ пок аст ин ки бар худ фарзанде бигирад. Ӯст Аллоҳи яктои бениёз, қаҳҳор аст, ки ҳама аз қаҳри Ӯ ба хорӣ сар фурӯ ниҳодаанд!
Verse 5
خَلَقَ ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ بِٱلْحَقِّ ۖ يُكَوِّرُ ٱلَّيْلَ عَلَى ٱلنَّهَارِ وَيُكَوِّرُ ٱلنَّهَارَ عَلَى ٱلَّيْلِ ۖ وَسَخَّرَ ٱلشَّمْسَ وَٱلْقَمَرَ ۖ كُلٌّ يَجْرِى لِأَجَلٍ مُّسَمًّى ۗ أَلَا هُوَ ٱلْعَزِيزُ ٱلْغَفَّـٰرُ
Transliteration khalaqa l-samāwāti wal-arḍa bil-ḥaqi yukawwiru al-layla ʿalā l-nahāri wayukawwiru l-nahāra ʿalā al-layli wasakhara l-shamsa wal-qamara kullun yajrī li-ajalin musamman alā huwa l-ʿazīzu l-ghafāru
Tajik Осмонҳову заминро ва он чӣ миёни онҳост барҳақ биёфарид. Шабро ба рӯз мепечад ва рӯзро бар шаб мепечад. Ва офтобу моҳро ба нафъи бандагон ром гардонид ва ҳар як дар мадори худ то замони муайяне дар ҳаракатанд. Огоҳ бош, ки Ӯст пирӯзманд бар халқаш ва омӯрзанда аст, барои тавбакунандагон!
Verse 6
خَلَقَكُم مِّن نَّفْسٍ وَٰحِدَةٍ ثُمَّ جَعَلَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَأَنزَلَ لَكُم مِّنَ ٱلْأَنْعَـٰمِ ثَمَـٰنِيَةَ أَزْوَٰجٍ ۚ يَخْلُقُكُمْ فِى بُطُونِ أُمَّهَـٰتِكُمْ خَلْقًا مِّنۢ بَعْدِ خَلْقٍ فِى ظُلُمَـٰتٍ ثَلَـٰثٍ ۚ ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ رَبُّكُمْ لَهُ ٱلْمُلْكُ ۖ لَآ إِلَـٰهَ إِلَّا هُوَ ۖ فَأَنَّىٰ تُصْرَفُونَ
Transliteration khalaqakum min nafsin wāḥidatin thumma jaʿala min'hā zawjahā wa-anzala lakum mina l-anʿāmi thamāniyata azwājin yakhluqukum fī buṭūni ummahātikum khalqan min baʿdi khalqin fī ẓulumātin thalāthin dhālikumu l-lahu rabbukum lahu l-mul'ku lā ilāha illā huwa fa-annā tuṣ'rafūna
Tajik Эй мардум, шуморо аз як тан биёфарид, ки ӯ Одам аст. Ва аз он як тан занаш Ҳавворо офарид. Ва бароятон аз чорпоён ҳашт ҷуфт биёфарид: (нару мода аз шутур, гов, гӯсфанд ва буз). Шуморо дар шиками модаронатон дар чанд марҳала дар даруни торикиҳои сегона офариниш бахшид. Ин Аллоҳи якто, ки ҳама ин чизҳоро биёфарид, Парвардигори ҳақиқӣ ва маъбуди шумост. Фармонравоӣ дар дунёву охират аз они Ӯст. Аллоҳе барҳақ ҷуз Ӯ нест. Пас, чӣ гуна аз ибодати Вай ба сӯи парастиши дигарон баргардонда мешавед?
Verse 7
إِن تَكْفُرُوا۟ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَنِىٌّ عَنكُمْ ۖ وَلَا يَرْضَىٰ لِعِبَادِهِ ٱلْكُفْرَ ۖ وَإِن تَشْكُرُوا۟ يَرْضَهُ لَكُمْ ۗ وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٌ وِزْرَ أُخْرَىٰ ۗ ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّكُم مَّرْجِعُكُمْ فَيُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ ۚ إِنَّهُۥ عَلِيمٌۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ
Transliteration in takfurū fa-inna l-laha ghaniyyun ʿankum walā yarḍā liʿibādihi l-kuf'ra wa-in tashkurū yarḍahu lakum walā taziru wāziratun wiz'ra ukh'rā thumma ilā rabbikum marjiʿukum fayunabbi-ukum bimā kuntum taʿmalūna innahu ʿalīmun bidhāti l-ṣudūri
Tajik Эй одамон, агар ба Парвардигори худ носипосӣ кунед, имон наоред ва аз паёмбараш пайравӣ накунед, ҳароина, Аллоҳ аз шумо бениёз аст ва шумо ҳастед, ки ба Ӯ эҳтиёҷ доред ва носипосиро барои бандагонаш намеписандад. Меписандад, ки сипосгузор бошанд. Ва ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро бар дӯш намекашад. Бозгашти ҳамаи шумо назди Парвардигоратон аст. Ӯ шуморо аз корҳое, ки мекардед, огоҳ мекунад, Ӯ ҳароина, ба он чи дар дилҳо мегузарад, огоҳ аст.
Verse 8
۞ وَإِذَا مَسَّ ٱلْإِنسَـٰنَ ضُرٌّ دَعَا رَبَّهُۥ مُنِيبًا إِلَيْهِ ثُمَّ إِذَا خَوَّلَهُۥ نِعْمَةً مِّنْهُ نَسِىَ مَا كَانَ يَدْعُوٓا۟ إِلَيْهِ مِن قَبْلُ وَجَعَلَ لِلَّهِ أَندَادًا لِّيُضِلَّ عَن سَبِيلِهِۦ ۚ قُلْ تَمَتَّعْ بِكُفْرِكَ قَلِيلًا ۖ إِنَّكَ مِنْ أَصْحَـٰبِ ٱلنَّارِ
Transliteration wa-idhā massa l-insāna ḍurrun daʿā rabbahu munīban ilayhi thumma idhā khawwalahu niʿ'matan min'hu nasiya mā kāna yadʿū ilayhi min qablu wajaʿala lillahi andādan liyuḍilla ʿan sabīlihi qul tamattaʿ bikuf'rika qalīlan innaka min aṣḥābi l-nāri
Tajik Чун ба одамӣ дарду ранҷе бирасад, ба Парвардигораш рӯй меоварад ва Ӯро бо дуо мехонад, то ранҷу сахтиеро, ки бар ӯ фуруд омадааст дафъ кунад. Он гоҳ чун ба ӯ неъмате бахшад, ҳамаи он дуоҳоро, ки пеш аз ин карда буд, аз ёд мебарад ва барои Аллоҳ ҳамтоёне қарор медиҳад, то мардумро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ кунад. Бигӯ эй Расул барояш: «Андаке аз куфрат баҳраманд шав, то фаро расидани аҷалат, ки ҳароина, ту аз дӯзахиён хоҳӣ буд!»
Verse 9
أَمَّنْ هُوَ قَـٰنِتٌ ءَانَآءَ ٱلَّيْلِ سَاجِدًا وَقَآئِمًا يَحْذَرُ ٱلْـَٔاخِرَةَ وَيَرْجُوا۟ رَحْمَةَ رَبِّهِۦ ۗ قُلْ هَلْ يَسْتَوِى ٱلَّذِينَ يَعْلَمُونَ وَٱلَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ ۗ إِنَّمَا يَتَذَكَّرُ أُو۟لُوا۟ ٱلْأَلْبَـٰبِ
Transliteration amman huwa qānitun ānāa al-layli sājidan waqāiman yaḥdharu l-ākhirata wayarjū raḥmata rabbihi qul hal yastawī alladhīna yaʿlamūna wa-alladhīna lā yaʿlamūna innamā yatadhakkaru ulū l-albābi
Tajik Оё ин мушрике, ки ба куфри худ баҳраманд шудааст, беҳтар аст, ё он касе, ки дар вақтҳои шаб ба ибодат пардохта, ё дар суҷуд аст, ё дар қиём ва аз азоби охират метарсад ва ба раҳмати Парвардигораш умед дорад? Бигӯ: «Оё онҳое, ки медонанд ҳақиқати динро бо онҳое, ки аз дин чизеро намедонанд, баробаранд?» (Ҳаргиз баробар нестанд). Танҳо хирадмандон панд мегиранд ва фарқи байни олимон ва ҷоҳилонро медонанд.
Verse 10
قُلْ يَـٰعِبَادِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ ٱتَّقُوا۟ رَبَّكُمْ ۚ لِلَّذِينَ أَحْسَنُوا۟ فِى هَـٰذِهِ ٱلدُّنْيَا حَسَنَةٌ ۗ وَأَرْضُ ٱللَّهِ وَٰسِعَةٌ ۗ إِنَّمَا يُوَفَّى ٱلصَّـٰبِرُونَ أَجْرَهُم بِغَيْرِ حِسَابٍ
Transliteration qul yāʿibādi alladhīna āmanū ittaqū rabbakum lilladhīna aḥsanū fī hādhihi l-dun'yā ḥasanatun wa-arḍu l-lahi wāsiʿatun innamā yuwaffā l-ṣābirūna ajrahum bighayri ḥisābin
Tajik Бигӯ (эй Паёмбар, ин суханамро барои мӯъминон): «Эй бандагони Ман, ки имон овардаед, аз Парвардигоратон битарсед бо анҷом додани амрҳояш ва дур будан аз манъкардашудаҳояш. Барои онон, ки дар ҳаёти инҷаҳонӣ некӣ кардаанд, подоши нек аст, ки он ҷаннат аст. Ва замини Аллоҳ васеъ аст, пас ба он ҷое ҳиҷрат кунед, ки дар он Парвардигоратонро ибодат кунед ва битавонед дини худро барпо доред. Ҳақиқатан, ба сабркунандагон муздашон пурра ва беҳисоб дода мешавад!»
Verse 11
قُلْ إِنِّىٓ أُمِرْتُ أَنْ أَعْبُدَ ٱللَّهَ مُخْلِصًا لَّهُ ٱلدِّينَ
Transliteration qul innī umir'tu an aʿbuda l-laha mukh'liṣan lahu l-dīna
Tajik Бигӯ эй Расул, барои мардум: «Ҳароина, ман амр шудаам ва низ касоне, ки пайрави ман ҳастанд, то Аллоҳро бипарастам ва парастишро хоси Ӯ гардонам ва дар ибодаташ ба Ӯ касеро шарик наорам.
Verse 12
وَأُمِرْتُ لِأَنْ أَكُونَ أَوَّلَ ٱلْمُسْلِمِينَ
Transliteration wa-umir'tu li-an akūna awwala l-mus'limīna
Tajik Ва маъмур шудаам, ки нахустини мусалмонони ин уммат бошам».
Verse 13
قُلْ إِنِّىٓ أَخَافُ إِنْ عَصَيْتُ رَبِّى عَذَابَ يَوْمٍ عَظِيمٍ
Transliteration qul innī akhāfu in ʿaṣaytu rabbī ʿadhāba yawmin ʿaẓīmin
Tajik Бигӯ эй Расул барои мардум: «Ҳароина, ман агар нофармонии Парвардигорам кунам, бо фурӯ гузоштани ихлос дар ибодаташ, аз азоби рӯзи бузурги қиёмат метарсам».
Verse 14
قُلِ ٱللَّهَ أَعْبُدُ مُخْلِصًا لَّهُۥ دِينِى
Transliteration quli l-laha aʿbudu mukh'liṣan lahu dīnī
Tajik Бигӯ эй Расул: «Танҳо Аллоҳро мепарастам ва барои Ӯ дар дини худ дар ибодату тоатам ихлос меварзам.
Verse 15
فَٱعْبُدُوا۟ مَا شِئْتُم مِّن دُونِهِۦ ۗ قُلْ إِنَّ ٱلْخَـٰسِرِينَ ٱلَّذِينَ خَسِرُوٓا۟ أَنفُسَهُمْ وَأَهْلِيهِمْ يَوْمَ ٱلْقِيَـٰمَةِ ۗ أَلَا ذَٰلِكَ هُوَ ٱلْخُسْرَانُ ٱلْمُبِينُ
Transliteration fa-uʿ'budū mā shi'tum min dūnihi qul inna l-khāsirīna alladhīna khasirū anfusahum wa-ahlīhim yawma l-qiyāmati alā dhālika huwa l-khus'rānu l-mubīnu
Tajik Пас, шумо ҳам эй мушрикон, ҳар чиро ғайр аз Ӯ мехоҳед, ки бипарастед, бипарастед аз бутҳо ва дигар аз махлуқоти Ӯ, вале чизе аз он маро зарар намерасонад.» Бигӯ: «Ҳароина, зиёнкорон дар ҳақиқат касоне ҳастанд, ки дар рӯзи қиёмат худ ва хонадонашонро зиён расондаанд. Ва ин ба он сабаб буд, ки аз имон рӯй бартофтанд ва худро дар гумроҳӣ андохтанд. Огоҳ бошед, ки ин ҳамон зиёни ошкор аст.
Verse 16
لَهُم مِّن فَوْقِهِمْ ظُلَلٌ مِّنَ ٱلنَّارِ وَمِن تَحْتِهِمْ ظُلَلٌ ۚ ذَٰلِكَ يُخَوِّفُ ٱللَّهُ بِهِۦ عِبَادَهُۥ ۚ يَـٰعِبَادِ فَٱتَّقُونِ
Transliteration lahum min fawqihim ẓulalun mina l-nāri wamin taḥtihim ẓulalun dhālika yukhawwifu l-lahu bihi ʿibādahu yāʿibādi fa-ittaqūni
Tajik Ин зиёнкоронро дар рӯзи қиёмат болои сарашон соябонҳое аз оташ аст ва низ дар зери пояшон соябонҳое аз оташ аст». Ин чизест, ки Аллоҳ бандагони худро ба он метарсонад. Пас, эй бандагони Ман, бо иҷро намудани амрҳои Ман ва дур будан аз нофармониҳоям аз Ман битарсед!
Verse 17
وَٱلَّذِينَ ٱجْتَنَبُوا۟ ٱلطَّـٰغُوتَ أَن يَعْبُدُوهَا وَأَنَابُوٓا۟ إِلَى ٱللَّهِ لَهُمُ ٱلْبُشْرَىٰ ۚ فَبَشِّرْ عِبَادِ
Transliteration wa-alladhīna ij'tanabū l-ṭāghūta an yaʿbudūhā wa-anābū ilā l-lahi lahumu l-bush'rā fabashir ʿibādi
Tajik Ба касоне, ки аз тоғут (яъне, аз парастиши бутон ва тоати шайтон) парҳез кардаанд, аз он ки онро ибодат кунанд, тавба кардаанд ва ба ибодати Аллоҳ танҳо рӯй овардаанд, барояшон хабари хуш аст. Пас, бандагони Маро башорат деҳ:
Verse 18
ٱلَّذِينَ يَسْتَمِعُونَ ٱلْقَوْلَ فَيَتَّبِعُونَ أَحْسَنَهُۥٓ ۚ أُو۟لَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ هَدَىٰهُمُ ٱللَّهُ ۖ وَأُو۟لَـٰٓئِكَ هُمْ أُو۟لُوا۟ ٱلْأَلْبَـٰبِ
Transliteration alladhīna yastamiʿūna l-qawla fayattabiʿūna aḥsanahu ulāika alladhīna hadāhumu l-lahu wa-ulāika hum ulū l-albābi
Tajik Он касоне, ки ба сухани ҳақ (аз китоби Аллоҳ ва аз суннати Расули Аллоҳ) гӯш медиҳанд ва аз беҳтарини он чӣ фармон ёфтаанд пайравӣ мекунанд, онҳо касоне ҳастанд, ки Аллоҳ ба роҳи рост тавфиқ ва ба некӯтарин ахлоқ ҳидояташон кардааст ва инҳо хирадмандонанд.
Verse 19
أَفَمَنْ حَقَّ عَلَيْهِ كَلِمَةُ ٱلْعَذَابِ أَفَأَنتَ تُنقِذُ مَن فِى ٱلنَّارِ
Transliteration afaman ḥaqqa ʿalayhi kalimatu l-ʿadhābi afa-anta tunqidhu man fī l-nāri
Tajik Оё ту метавонӣ эй Расул, касеро, ки ҳукми азоб бар ӯ бароварда шудааст, наҷот диҳӣ?! Оё ту метавонӣ касеро, ки дар оташ аст наҷот диҳӣ?! (Ҳаргиз ту бар ин қодир нестӣ!)
Verse 20
لَـٰكِنِ ٱلَّذِينَ ٱتَّقَوْا۟ رَبَّهُمْ لَهُمْ غُرَفٌ مِّن فَوْقِهَا غُرَفٌ مَّبْنِيَّةٌ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا ٱلْأَنْهَـٰرُ ۖ وَعْدَ ٱللَّهِ ۖ لَا يُخْلِفُ ٱللَّهُ ٱلْمِيعَادَ
Transliteration lākini alladhīna ittaqaw rabbahum lahum ghurafun min fawqihā ghurafun mabniyyatun tajrī min taḥtihā l-anhāru waʿda l-lahi lā yukh'lifu l-lahu l-mīʿāda
Tajik Аммо онон, ки аз Парвардигорашон тарсиданд, ва Ӯро бо ихлос ибодат карданд, барояшон иморатҳоест бар болои ҳам сохта, ки аз зери дарахтони он ҷӯйборон равон аст. Ин ваъдаи Аллоҳ аст барои бандагони парҳезгораш ва Аллоҳ ба ваъдаи худ хилоф нахоҳад кард!
Verse 21
أَلَمْ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءً فَسَلَكَهُۥ يَنَـٰبِيعَ فِى ٱلْأَرْضِ ثُمَّ يُخْرِجُ بِهِۦ زَرْعًا مُّخْتَلِفًا أَلْوَٰنُهُۥ ثُمَّ يَهِيجُ فَتَرَىٰهُ مُصْفَرًّا ثُمَّ يَجْعَلُهُۥ حُطَـٰمًا ۚ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَذِكْرَىٰ لِأُو۟لِى ٱلْأَلْبَـٰبِ
Transliteration alam tara anna l-laha anzala mina l-samāi māan fasalakahu yanābīʿa fī l-arḍi thumma yukh'riju bihi zarʿan mukh'talifan alwānuhu thumma yahīju fatarāhu muṣ'farran thumma yajʿaluhu ḥuṭāman inna fī dhālika ladhik'rā li-ulī l-albābi
Tajik Оё надидаӣ, эй Расул, ки ҳароина, Аллоҳ аз осмон борон фиристод ва онро дар замин даровард, пас онро чун чашмасорҳое дар замин равон гардонид, он гоҳ ба он киштзорҳои рангоранг бирӯёнид, сипас ҳама хушк мешаванд ва мебинӣ, ки зард (хазон) шудаанд, сипас онро реза-реза мегардонад? Бегумон дар ин кори Аллоҳ панде барои хирадмандон аст!
Verse 22
أَفَمَن شَرَحَ ٱللَّهُ صَدْرَهُۥ لِلْإِسْلَـٰمِ فَهُوَ عَلَىٰ نُورٍ مِّن رَّبِّهِۦ ۚ فَوَيْلٌ لِّلْقَـٰسِيَةِ قُلُوبُهُم مِّن ذِكْرِ ٱللَّهِ ۚ أُو۟لَـٰٓئِكَ فِى ضَلَـٰلٍ مُّبِينٍ
Transliteration afaman sharaḥa l-lahu ṣadrahu lil'is'lāmi fahuwa ʿalā nūrin min rabbihi fawaylun lil'qāsiyati qulūbuhum min dhik'ri l-lahi ulāika fī ḍalālin mubīnin
Tajik Оё касе, ки Аллоҳ дилашро барои қабули Ислом кушодааст, пас ӯ аз сӯи Парвардигораш аз нуре бархурдор аст, ҳамчун сахтдилон аст? Ҳаргиз баробар нест! Пас вой бар онон, ки дилҳояшон дар баробари зикри Аллоҳ сахт аст. Онҳо дар гумроҳии ошкор ҳастанд.
Verse 23
ٱللَّهُ نَزَّلَ أَحْسَنَ ٱلْحَدِيثِ كِتَـٰبًا مُّتَشَـٰبِهًا مَّثَانِىَ تَقْشَعِرُّ مِنْهُ جُلُودُ ٱلَّذِينَ يَخْشَوْنَ رَبَّهُمْ ثُمَّ تَلِينُ جُلُودُهُمْ وَقُلُوبُهُمْ إِلَىٰ ذِكْرِ ٱللَّهِ ۚ ذَٰلِكَ هُدَى ٱللَّهِ يَهْدِى بِهِۦ مَن يَشَآءُ ۚ وَمَن يُضْلِلِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِنْ هَادٍ
Transliteration al-lahu nazzala aḥsana l-ḥadīthi kitāban mutashābihan mathāniya taqshaʿirru min'hu julūdu alladhīna yakhshawna rabbahum thumma talīnu julūduhum waqulūbuhum ilā dhik'ri l-lahi dhālika hudā l-lahi yahdī bihi man yashāu waman yuḍ'lili l-lahu famā lahu min hādin
Tajik Аллоҳ беҳтарин суханро нозил кардааст, ки Қуръон аст. Китобе, ки оёташ муташобеҳ (монанди якдигар) ва мукаррар аст, ки аз шунидани он пӯстҳои бадани касоне, ки аз Парвардигорашон метарсанд, ба ларза меафтад. Сипас пӯстҳояшон ва дилҳояшон ба ёди Аллоҳ нарм мешавад ва ором мегирад. Ин роҳи Аллоҳ аст, ки ҳар киро бихоҳад, ба он роҳнамоӣ мекунад ва ҳар киро Аллоҳ гумроҳ кунад, ӯро ҳеҷ роҳнамое нахоҳад буд!
Verse 24
أَفَمَن يَتَّقِى بِوَجْهِهِۦ سُوٓءَ ٱلْعَذَابِ يَوْمَ ٱلْقِيَـٰمَةِ ۚ وَقِيلَ لِلظَّـٰلِمِينَ ذُوقُوا۟ مَا كُنتُمْ تَكْسِبُونَ
Transliteration afaman yattaqī biwajhihi sūa l-ʿadhābi yawma l-qiyāmati waqīla lilẓẓālimīna dhūqū mā kuntum taksibūna
Tajik Оё касе, ки рӯзи қиёмат бо чеҳраи худ азоби сахти қиёматро аз худ бозмедорад, монанди касест, ки худро аз азоб эмин медорад ва дар биҳишт аст? Ба ситамкорон гуфта мешавад: «Ба ҷазои корҳое, ки дар дунё гунаҳкорӣ мекардаед, азобро бичашед!»
Verse 25
كَذَّبَ ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ فَأَتَىٰهُمُ ٱلْعَذَابُ مِنْ حَيْثُ لَا يَشْعُرُونَ
Transliteration kadhaba alladhīna min qablihim fa-atāhumu l-ʿadhābu min ḥaythu lā yashʿurūna
Tajik Касоне, ки пеш аз онҳо (пеш аз қавми ту) буданд, паёмбаронро низ дурӯғгӯ бароварданд ва азоб аз ҷое, ки намедонистанд, бар сарашон расид.
Verse 26
فَأَذَاقَهُمُ ٱللَّهُ ٱلْخِزْىَ فِى ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا ۖ وَلَعَذَابُ ٱلْـَٔاخِرَةِ أَكْبَرُ ۚ لَوْ كَانُوا۟ يَعْلَمُونَ
Transliteration fa-adhāqahumu l-lahu l-khiz'ya fī l-ḥayati l-dun'yā walaʿadhābu l-ākhirati akbaru law kānū yaʿlamūna
Tajik Пас, Аллоҳ хорӣ ва расвоиро ба умматҳои такзибкунанда дар зиндагии дунё ба онҳо чашонд, ҳароина азоби охират бузургтар ва сахттар аст, агар ин мушрикҳо медонистанд он чи ки онҳо дучор шуданд ба сабаби куфрашон аст, пас аз он ибрат мегирифтанд.
Verse 27
وَلَقَدْ ضَرَبْنَا لِلنَّاسِ فِى هَـٰذَا ٱلْقُرْءَانِ مِن كُلِّ مَثَلٍ لَّعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ
Transliteration walaqad ḍarabnā lilnnāsi fī hādhā l-qur'āni min kulli mathalin laʿallahum yatadhakkarūna
Tajik Мо дар ин Қуръон барои мардуме, ки ба Аллоҳ ширк меоваранд, барои бим кардани онҳо аз ҳар гуна масале аз масалҳои умматҳои гузашта овардем, бошад, ки панд гиранд.
Verse 28
قُرْءَانًا عَرَبِيًّا غَيْرَ ذِى عِوَجٍ لَّعَلَّهُمْ يَتَّقُونَ
Transliteration qur'ānan ʿarabiyyan ghayra dhī ʿiwajin laʿallahum yattaqūna
Tajik Қуръонро ба забони арабӣ, лафзҳояш равшан ва маъноҳояш осон бе ҳеҷ каҷӣ ва костагӣ нозил кардем. Бошад, ки парҳезгорӣ кунанд, бо анҷом додани амрҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш.
Verse 29
ضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلًا رَّجُلًا فِيهِ شُرَكَآءُ مُتَشَـٰكِسُونَ وَرَجُلًا سَلَمًا لِّرَجُلٍ هَلْ يَسْتَوِيَانِ مَثَلًا ۚ ٱلْحَمْدُ لِلَّهِ ۚ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ
Transliteration ḍaraba l-lahu mathalan rajulan fīhi shurakāu mutashākisūna warajulan salaman lirajulin hal yastawiyāni mathalan l-ḥamdu lillahi bal aktharuhum lā yaʿlamūna
Tajik Аллоҳ масале мезанад: «Мардеро, ки ғулом аст чанд молики носозгор дар ӯ шариканд ва бар сари ӯ ихтилоф доранд ва ҳар яке аз онҳо мехоҳад, ки гуфтаи ӯро кунад ва марди, дигаре, ки ғулом аст, танҳо аз они як молик мебошад. Оё ин ду ғулом бо ҳам баробаранд? Албатта, баробар намешаванд. Инчунин мушрик дар ҳайронӣ ва шак аст ва мӯъмин дар роҳат ва оромӣ аст. Сипос Аллоҳро. Балки, аксари онҳо ҳақро намедонанд, то пайравии он кунанд.
Verse 30
إِنَّكَ مَيِّتٌ وَإِنَّهُم مَّيِّتُونَ
Transliteration innaka mayyitun wa-innahum mayyitūna
Tajik Ҳароина, ту эй Расул, мемирӣ ва онҳо низ мирандаанд.
Verse 31
ثُمَّ إِنَّكُمْ يَوْمَ ٱلْقِيَـٰمَةِ عِندَ رَبِّكُمْ تَخْتَصِمُونَ
Transliteration thumma innakum yawma l-qiyāmati ʿinda rabbikum takhtaṣimūna
Tajik Сипас ҳама дар рӯзи қиёмат дар назди Парвардигоратон бо якдигар ба низоъ ва кашмакаш мепардозед, пас Ӯ миёни шумо бо адолат доварӣ хоҳад кард.
Verse 32
۞ فَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّن كَذَبَ عَلَى ٱللَّهِ وَكَذَّبَ بِٱلصِّدْقِ إِذْ جَآءَهُۥٓ ۚ أَلَيْسَ فِى جَهَنَّمَ مَثْوًى لِّلْكَـٰفِرِينَ
Transliteration faman aẓlamu mimman kadhaba ʿalā l-lahi wakadhaba bil-ṣid'qi idh jāahu alaysa fī jahannama mathwan lil'kāfirīna
Tajik Пас, кист ситамкортар аз он, ки бар Аллоҳ дурӯғ мебандад ва чунин пиндорад, ки Ӯ фарзанд ё шарик, ё ҳамсаре дорад, ё бигӯяд, ки ба ман ваҳй омадааст, ҳол он ки ба ӯ ваҳй наомадааст ва сухани рост (Қуръон)-ро, ки бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам омадааст, дурӯғ мебарорад. Оё кофиронро дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе нест? (Оре!)
Verse 33
وَٱلَّذِى جَآءَ بِٱلصِّدْقِ وَصَدَّقَ بِهِۦٓ ۙ أُو۟لَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلْمُتَّقُونَ
Transliteration wa-alladhī jāa bil-ṣid'qi waṣaddaqa bihi ulāika humu l-mutaqūna
Tajik Ва касе, ки аз паёмбарон, ҳақиқат ва ростиро дар сухану кирдораш бо худ овард ва пайравони Расул аз рӯи имон ва амал онро тасдиқ кард, онон парҳезгоронанд ва сарпешвои онҳо паёмбари охирзамон Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва саҳобагони ӯ ҳастанд, ки Аллоҳ аз онҳо розӣ бошад.
Verse 34
لَهُم مَّا يَشَآءُونَ عِندَ رَبِّهِمْ ۚ ذَٰلِكَ جَزَآءُ ٱلْمُحْسِنِينَ
Transliteration lahum mā yashāūna ʿinda rabbihim dhālika jazāu l-muḥ'sinīna
Tajik Барояшон ҳар чи бихоҳанд, дар назди Парвардигорашон аз лаззатҳои гуногуни дилкаш омода аст. Ин аст подоши некӯкорон,
Verse 35
لِيُكَفِّرَ ٱللَّهُ عَنْهُمْ أَسْوَأَ ٱلَّذِى عَمِلُوا۟ وَيَجْزِيَهُمْ أَجْرَهُم بِأَحْسَنِ ٱلَّذِى كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ
Transliteration liyukaffira l-lahu ʿanhum aswa-a alladhī ʿamilū wayajziyahum ajrahum bi-aḥsani alladhī kānū yaʿmalūna
Tajik то Аллоҳ бадтарин амалҳоеро, ки дар дунё кардаанд, ба сабаби тавбаашон аз онон нобуд кунад ва ба беҳтар аз он чи ки дар дунё кардаанд, подошашон диҳад ва он ҷаннат аст.
Verse 36
أَلَيْسَ ٱللَّهُ بِكَافٍ عَبْدَهُۥ ۖ وَيُخَوِّفُونَكَ بِٱلَّذِينَ مِن دُونِهِۦ ۚ وَمَن يُضْلِلِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِنْ هَادٍ
Transliteration alaysa l-lahu bikāfin ʿabdahu wayukhawwifūnaka bi-alladhīna min dūnihi waman yuḍ'lili l-lahu famā lahu min hādin
Tajik Туро эй Расул, ба касоне, ки ғайри Аллоҳ ҳастанд, метарсонанд. Оё Аллоҳ барои нигаҳдории бандааш кофӣ нест? Оре, Ӯ бандаашро дар кори дину дунёаш басандааст ва аз макри душманонаш ҳимоякунанда аст. Ва ҳар касро, ки Аллоҳ гумроҳ созад, пас, барои ӯ ҳеҷ роҳнамое нахоҳад буд, ки ӯро аз гумроҳӣ берун оварад.
Verse 37
وَمَن يَهْدِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِن مُّضِلٍّ ۗ أَلَيْسَ ٱللَّهُ بِعَزِيزٍ ذِى ٱنتِقَامٍ
Transliteration waman yahdi l-lahu famā lahu min muḍillin alaysa l-lahu biʿazīzin dhī intiqāmin
Tajik Ҳар касро, ки Аллоҳ ба сӯи имон ва амал ба китобаш ва пайравии расулаш роҳнамоӣ кунад, ӯро гумроҳкунандае нест. Оё Аллоҳ пирӯзманду интиқомгиранда нест аз он касоне, ки Ӯро нофармонбардорӣ мекунанд?
Verse 38
وَلَئِن سَأَلْتَهُم مَّنْ خَلَقَ ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُ ۚ قُلْ أَفَرَءَيْتُم مَّا تَدْعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ إِنْ أَرَادَنِىَ ٱللَّهُ بِضُرٍّ هَلْ هُنَّ كَـٰشِفَـٰتُ ضُرِّهِۦٓ أَوْ أَرَادَنِى بِرَحْمَةٍ هَلْ هُنَّ مُمْسِكَـٰتُ رَحْمَتِهِۦ ۚ قُلْ حَسْبِىَ ٱللَّهُ ۖ عَلَيْهِ يَتَوَكَّلُ ٱلْمُتَوَكِّلُونَ
Transliteration wala-in sa-altahum man khalaqa l-samāwāti wal-arḍa layaqūlunna l-lahu qul afara-aytum mā tadʿūna min dūni l-lahi in arādaniya l-lahu biḍurrin hal hunna kāshifātu ḍurrihi aw arādanī biraḥmatin hal hunna mum'sikātu raḥmatihi qul ḥasbiya l-lahu ʿalayhi yatawakkalu l-mutawakilūna
Tajik Агар аз он мушриконе, ки ғайри Аллоҳро парастиш мекунанд, бипурсӣ: «чӣ касе осмонҳову заминро офаридааст?» ҳатман, хоҳанд гуфт: «Аллоҳи якто» Бигӯ: «Пас, онҳоеро, ки ғайри Ӯ мепарастед, чӣ гуна мебинед? Агар Аллоҳи якто бихоҳад ба ман ранҷе бирасонад, оё инҳо метавонанд он ранҷро дафъ кунанд? Ё агар бихоҳад ба ман раҳмате арзонӣ дорад, метавонанд он раҳматро аз ман боздоранд?» Ҳатман, бигӯянд, ки наметавонанд. Бигӯ барояшон: «Аллоҳ дар ҷалби манфиат ва дафъи зиёну машаққат барои ман басанда аст. Таваккалкунандагон ба Ӯ таваккал мекунанд».
Verse 39
قُلْ يَـٰقَوْمِ ٱعْمَلُوا۟ عَلَىٰ مَكَانَتِكُمْ إِنِّى عَـٰمِلٌ ۖ فَسَوْفَ تَعْلَمُونَ
Transliteration qul yāqawmi iʿ'malū ʿalā makānatikum innī ʿāmilun fasawfa taʿlamūna
Tajik Бигӯ эй Расул, барои саркашони қавмат: «Эй қавми ман, чӣ гунае, ки ғайри Аллоҳро парастиш доред, мувофиқи имкони хеш амал кунед. Ман низ ба он чи фармуда шудаам, амал мекунам. Ба зудӣ хоҳед донист, ки
Verse 40
مَن يَأْتِيهِ عَذَابٌ يُخْزِيهِ وَيَحِلُّ عَلَيْهِ عَذَابٌ مُّقِيمٌ
Transliteration man yatīhi ʿadhābun yukh'zīhi wayaḥillu ʿalayhi ʿadhābun muqīmun
Tajik чӣ касе ба азобе, ки хораш месозад дар дунё гирифтор мешавад ё дар охират азоби ҷовид бар сари ӯ фуруд меояд».
Verse 41
إِنَّآ أَنزَلْنَا عَلَيْكَ ٱلْكِتَـٰبَ لِلنَّاسِ بِٱلْحَقِّ ۖ فَمَنِ ٱهْتَدَىٰ فَلِنَفْسِهِۦ ۖ وَمَن ضَلَّ فَإِنَّمَا يَضِلُّ عَلَيْهَا ۖ وَمَآ أَنتَ عَلَيْهِم بِوَكِيلٍ
Transliteration innā anzalnā ʿalayka l-kitāba lilnnāsi bil-ḥaqi famani ih'tadā falinafsihi waman ḍalla fa-innamā yaḍillu ʿalayhā wamā anta ʿalayhim biwakīlin
Tajik Ҳароина, Мо ин китоби Қуръонро ба ҳақ барои ҳидояти мардум бар ту нозил кардем. Пас, ҳар кас, ки ба равшании он ҳидоят ёфт, ва ба он амал кард ба нафъи худи ӯст ва ҳар ки ба он амал накард ва аз роҳи ҳақ гумроҳ шуд, албатта, ба зарари худ ба гумроҳӣ афтодааст ва ту эй Расул, вакили аъмоли онҳо нестӣ, то амалҳояшонро муҳофизат намоӣ ва бар он чи ки мехоҳӣ маҷбур созӣ, балки вазифаи ту танҳо расондани ҳақ аст.
Verse 42
ٱللَّهُ يَتَوَفَّى ٱلْأَنفُسَ حِينَ مَوْتِهَا وَٱلَّتِى لَمْ تَمُتْ فِى مَنَامِهَا ۖ فَيُمْسِكُ ٱلَّتِى قَضَىٰ عَلَيْهَا ٱلْمَوْتَ وَيُرْسِلُ ٱلْأُخْرَىٰٓ إِلَىٰٓ أَجَلٍ مُّسَمًّى ۚ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَـٰتٍ لِّقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ
Transliteration al-lahu yatawaffā l-anfusa ḥīna mawtihā wa-allatī lam tamut fī manāmihā fayum'siku allatī qaḍā ʿalayhā l-mawta wayur'silu l-ukh'rā ilā ajalin musamman inna fī dhālika laāyātin liqawmin yatafakkarūna
Tajik Аллоҳ ҷонҳоро ба ҳангоми мурданашон мегирад ва ин маргест, ки аҷали инсон ба поён мерасад ва низ мегирад ҷони касонеро, ки дар хоби худ намурдаанд (яъне, аҷали онҳо ҳанӯз ба сар нарасидааст). Ҷонҳоеро, ки ҳукми марг бар онҳо ронда шуда, нигаҳ медорад ва ин ҷони касест, ки бимирад ва ҷони дигаронро то замоне, ки муайян аст, боз мефиристад ва ин ҷони касест, ки аз хоб бармехезад. Ҳароина, дар ин гирифтани ҷонҳо ва нигоҳ доштан ё пас фиристодани онҳо ибратҳои равшанест бар қудрати Аллоҳ барои онҳое, ки меандешанд.
Verse 43
أَمِ ٱتَّخَذُوا۟ مِن دُونِ ٱللَّهِ شُفَعَآءَ ۚ قُلْ أَوَلَوْ كَانُوا۟ لَا يَمْلِكُونَ شَيْـًٔا وَلَا يَعْقِلُونَ
Transliteration ami ittakhadhū min dūni l-lahi shufaʿāa qul awalaw kānū lā yamlikūna shayan walā yaʿqilūna
Tajik Оё ин мушрикон ғайри Аллоҳ шафоатгароне ихтиёр карданд, то барояшон назди Ӯ шафоат кунанд? Бигӯ эй Расул барояшон: «Ҳатто агар он шафоатгарон қудрат ба коре надошта бошанд ва чизеро дарнаёбанд боз ҳам онҳоро ба шафоат мехонед?»
Verse 44
قُل لِّلَّهِ ٱلشَّفَـٰعَةُ جَمِيعًا ۖ لَّهُۥ مُلْكُ ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ ۖ ثُمَّ إِلَيْهِ تُرْجَعُونَ
Transliteration qul lillahi l-shafāʿatu jamīʿan lahu mul'ku l-samāwāti wal-arḍi thumma ilayhi tur'jaʿūna
Tajik Бигӯ (эй Расул барои мушрикон): Шафоат саросар аз они Аллоҳ аст ва касе дар он роҳе надорад, магар ин ки шафоатгар аз касоне бошад, ки Аллоҳ ӯро барои шафоат писандида бошад. Аз они Ӯст фармонравоии осмонҳову замин. Пас, воҷиб аст, ки шафоатро аз он Зоте биталабанд, ки Ӯ соҳиби тамоми мулк аст ва сазовори ибодати холис аст. Сипас рӯзи қиёмат барои ҳисобу ҷазо ҳама ба назди Ӯ бозгардонда мешавед».
Verse 45
وَإِذَا ذُكِرَ ٱللَّهُ وَحْدَهُ ٱشْمَأَزَّتْ قُلُوبُ ٱلَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِٱلْـَٔاخِرَةِ ۖ وَإِذَا ذُكِرَ ٱلَّذِينَ مِن دُونِهِۦٓ إِذَا هُمْ يَسْتَبْشِرُونَ
Transliteration wa-idhā dhukira l-lahu waḥdahu ish'ma-azzat qulūbu alladhīna lā yu'minūna bil-ākhirati wa-idhā dhukira alladhīna min dūnihi idhā hum yastabshirūna
Tajik Ва чун Аллоҳро ба яктоӣ ёд кунанд, дилҳои он касон, ки ба қиёмат ва он рӯзи зинда шудани баъд аз мурдан аст, имон наёвардаанд, нафрат кунад ва чун касоне, ки бутҳо, ғайр аз Ӯ таоло ёд шаванд, шодмон гарданд.
Verse 46
قُلِ ٱللَّهُمَّ فَاطِرَ ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ عَـٰلِمَ ٱلْغَيْبِ وَٱلشَّهَـٰدَةِ أَنتَ تَحْكُمُ بَيْنَ عِبَادِكَ فِى مَا كَانُوا۟ فِيهِ يَخْتَلِفُونَ
Transliteration quli l-lahuma fāṭira l-samāwāti wal-arḍi ʿālima l-ghaybi wal-shahādati anta taḥkumu bayna ʿibādika fī mā kānū fīhi yakhtalifūna
Tajik Бигӯ: «Ё Илоҳо, Тӯӣ падидоварандаи осмонҳову замин, донои ниҳону ошкор, Ту миёни бандагонат дар ҳар чӣ дар он ихтилоф мекардаанд, доварӣ мекунӣ». Ҳидоят фармо маро ба изни худ дар он чи ихтилоф шудааст аз ҳақ, Ту худ ҳидоят мекунӣ ба роҳи рост, касеро, ки мехоҳӣ.
Verse 47
وَلَوْ أَنَّ لِلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ مَا فِى ٱلْأَرْضِ جَمِيعًا وَمِثْلَهُۥ مَعَهُۥ لَٱفْتَدَوْا۟ بِهِۦ مِن سُوٓءِ ٱلْعَذَابِ يَوْمَ ٱلْقِيَـٰمَةِ ۚ وَبَدَا لَهُم مِّنَ ٱللَّهِ مَا لَمْ يَكُونُوا۟ يَحْتَسِبُونَ
Transliteration walaw anna lilladhīna ẓalamū mā fī l-arḍi jamīʿan wamith'lahu maʿahu la-if'tadaw bihi min sūi l-ʿadhābi yawma l-qiyāmati wabadā lahum mina l-lahi mā lam yakūnū yaḥtasibūna
Tajik Ҳароина, агар ҳар чӣ дар рӯи замин аст аз мол ва захираҳо ва монанди он ҳамроҳаш аз они ситамкорон бошад, ки дар рӯзи қиёмат онро бидиҳанд, то аз азоби Аллоҳ раҳоӣ ёбанд, аз онҳо пазируфта намешавад ва ҳеҷ чизе азоби Аллоҳро аз онҳо дур намесозад ва аз сӯи Аллоҳ барояшон чизҳое ошкор шавад, ки ҳаргиз дар дунё омадани онро гумон намекарданд.
Verse 48
وَبَدَا لَهُمْ سَيِّـَٔاتُ مَا كَسَبُوا۟ وَحَاقَ بِهِم مَّا كَانُوا۟ بِهِۦ يَسْتَهْزِءُونَ
Transliteration wabadā lahum sayyiātu mā kasabū waḥāqa bihim mā kānū bihi yastahziūna
Tajik Дар рӯзи қиёмат ҷазои аъмоли баде, ки дар зиндагии дунё мекарданд, монанди ширк ва зулм барояшон ошкор шуд ва он чи Паёмбар барояшон аз азоби рӯзи қиёмат ваъда медод, масхарааш мекарданд, гирдогирдашонро бигирифт.
Verse 49
فَإِذَا مَسَّ ٱلْإِنسَـٰنَ ضُرٌّ دَعَانَا ثُمَّ إِذَا خَوَّلْنَـٰهُ نِعْمَةً مِّنَّا قَالَ إِنَّمَآ أُوتِيتُهُۥ عَلَىٰ عِلْمٍۭ ۚ بَلْ هِىَ فِتْنَةٌ وَلَـٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ
Transliteration fa-idhā massa l-insāna ḍurrun daʿānā thumma idhā khawwalnāhu niʿ'matan minnā qāla innamā ūtītuhu ʿalā ʿil'min bal hiya fit'natun walākinna aktharahum lā yaʿlamūna
Tajik Чун одамиро ранҷе расад. Моро бо дуо мехонад ва чун ранҷу сахтиро аз ӯ бардорем ва аз ҷониби хеш неъмате арзонияш дорем, ба Парвардигораш носипосӣ кунад ва гӯяд: «Ҳароина, ба сабаби доноиям ин неъматро ба ман додаанд ва ман ба ин сазовор ҳастам». Балки ин неъматҳо озмоише бошад, вале аксари онҳо намедонанд, ки ин фитнае аст на бахшидани неъмат.
Verse 50
قَدْ قَالَهَا ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ فَمَآ أَغْنَىٰ عَنْهُم مَّا كَانُوا۟ يَكْسِبُونَ
Transliteration qad qālahā alladhīna min qablihim famā aghnā ʿanhum mā kānū yaksibūna
Tajik Ҳароина, касоне ки пеш аз онҳо буданд монанди Қорун ва дигарон, низ ин суханро гуфтанд, ки мо ин неъматро бар асоси илме ки дорем, додашудаем пас он чӣ ба даст оварда буданд аз молу фарзандон ва баҳраи дунё барояшон фоидае набахшид ва азобро аз онон дур накард.
Verse 51
فَأَصَابَهُمْ سَيِّـَٔاتُ مَا كَسَبُوا۟ ۚ وَٱلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ مِنْ هَـٰٓؤُلَآءِ سَيُصِيبُهُمْ سَيِّـَٔاتُ مَا كَسَبُوا۟ وَمَا هُم بِمُعْجِزِينَ
Transliteration fa-aṣābahum sayyiātu mā kasabū wa-alladhīna ẓalamū min hāulāi sayuṣībuhum sayyiātu mā kasabū wamā hum bimuʿ'jizīna
Tajik Пас ҷазои бадиҳое карда буданд аз умматҳои пешина, ба онҳо расид ва касоне, ки эй Расул, аз онҳо (яъне, аз қавми ту) ситам карданд ва ҷазои бадиҳое, ки мекарданд, ба зудӣ ба онҳо хоҳад расид. Ва онҳо Аллоҳро оҷизкунанда нестанд ва роҳи гурезе надоранд.
Verse 52
أَوَلَمْ يَعْلَمُوٓا۟ أَنَّ ٱللَّهَ يَبْسُطُ ٱلرِّزْقَ لِمَن يَشَآءُ وَيَقْدِرُ ۚ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَـٰتٍ لِّقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ
Transliteration awalam yaʿlamū anna l-laha yabsuṭu l-riz'qa liman yashāu wayaqdiru inna fī dhālika laāyātin liqawmin yu'minūna
Tajik Оё ҳанӯз надонистаанд, ки ҳароина, Аллоҳ аст, ки ризқу рӯзии ҳар касро, ки бихоҳад, аз бандагонаш хоҳ шоистакор бошанд, ё бадкор афзун месозад ё тангрӯзиаш мекунад? Ва ҳароина, дар ин ризқи васеъ, ё тангрӯзӣ ибратҳост барои мардуме, ки ба амри Аллоҳ имон меоваранд ва ба он амал мекунанд.
Verse 53
۞ قُلْ يَـٰعِبَادِىَ ٱلَّذِينَ أَسْرَفُوا۟ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمْ لَا تَقْنَطُوا۟ مِن رَّحْمَةِ ٱللَّهِ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَغْفِرُ ٱلذُّنُوبَ جَمِيعًا ۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلْغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ
Transliteration qul yāʿibādiya alladhīna asrafū ʿalā anfusihim lā taqnaṭū min raḥmati l-lahi inna l-laha yaghfiru l-dhunūba jamīʿan innahu huwa l-ghafūru l-raḥīmu
Tajik Бигӯ эй Расул аз ҷониби Ман ба бандагонам: «Эй бандагони Ман, ки бар зиёни хеш бо анҷом додани гуноҳ беҳад исроф кардаед, аз раҳмат ва мағфирати Аллоҳ ноумед машавед. Зеро Аллоҳ ҳамаи гуноҳонро меомурзад. Ҳароина, Ӯст омурзанда барои тавбкунандагон ва ба онҳо меҳрубон!
Verse 54
وَأَنِيبُوٓا۟ إِلَىٰ رَبِّكُمْ وَأَسْلِمُوا۟ لَهُۥ مِن قَبْلِ أَن يَأْتِيَكُمُ ٱلْعَذَابُ ثُمَّ لَا تُنصَرُونَ
Transliteration wa-anībū ilā rabbikum wa-aslimū lahu min qabli an yatiyakumu l-ʿadhābu thumma lā tunṣarūna
Tajik Эй мардум, пеш аз он ки азоб фаро расад ва касе ба ёриатон барнахезад, ба Парвардигоратон рӯй оваред ва ба Ӯ таслим шавед.
Verse 55
وَٱتَّبِعُوٓا۟ أَحْسَنَ مَآ أُنزِلَ إِلَيْكُم مِّن رَّبِّكُم مِّن قَبْلِ أَن يَأْتِيَكُمُ ٱلْعَذَابُ بَغْتَةً وَأَنتُمْ لَا تَشْعُرُونَ
Transliteration wa-ittabiʿū aḥsana mā unzila ilaykum min rabbikum min qabli an yatiyakumu l-ʿadhābu baghtatan wa-antum lā tashʿurūna
Tajik Ва аз беҳтарин чизе, ки Қуръон аст, аз ҷониби Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, пайравӣ кунед ва фармудаҳояшро иҷро намоед ва аз манъкардашудаҳояш дур истед, пеш аз он ки ногаҳон азоб ба суроғи шумо ояд, дар ҳоле, ки шумо аз он бехабаред.
Verse 56
أَن تَقُولَ نَفْسٌ يَـٰحَسْرَتَىٰ عَلَىٰ مَا فَرَّطتُ فِى جَنۢبِ ٱللَّهِ وَإِن كُنتُ لَمِنَ ٱلسَّـٰخِرِينَ
Transliteration an taqūla nafsun yāḥasratā ʿalā mā farraṭtu fī janbi l-lahi wa-in kuntu lamina l-sākhirīna
Tajik (Итоати Парвардигоратонро кунед ва ба сӯи Ӯ тавба кунед), то мабодо касе дар рӯзи қиёмат нагӯяд: «Эй афсӯс, ки дар дунё дар кори Аллоҳ кӯтоҳӣ кардам ва бегумон аз масхаракунандагони амри Ӯ ва китобу паёмбараш будам».
Verse 57
أَوْ تَقُولَ لَوْ أَنَّ ٱللَّهَ هَدَىٰنِى لَكُنتُ مِنَ ٱلْمُتَّقِينَ
Transliteration aw taqūla law anna l-laha hadānī lakuntu mina l-mutaqīna
Tajik Ё бигӯяд: «Албатта, агар Аллоҳ маро ба дини худ ҳидоят мекард, ҳақиқатан ман аз парҳезгорон будам».
Verse 58
أَوْ تَقُولَ حِينَ تَرَى ٱلْعَذَابَ لَوْ أَنَّ لِى كَرَّةً فَأَكُونَ مِنَ ٱلْمُحْسِنِينَ
Transliteration aw taqūla ḥīna tarā l-ʿadhāba law anna lī karratan fa-akūna mina l-muḥ'sinīna
Tajik Ё чун азобро рӯзи ҳисоб бубинад, бигӯяд: «Албатта, агар бори дигар ба дунё бозмегаштам, аз накӯкорон мешудам!»
Verse 59
بَلَىٰ قَدْ جَآءَتْكَ ءَايَـٰتِى فَكَذَّبْتَ بِهَا وَٱسْتَكْبَرْتَ وَكُنتَ مِنَ ٱلْكَـٰفِرِينَ
Transliteration balā qad jāatka āyātī fakadhabta bihā wa-is'takbarta wakunta mina l-kāfirīna
Tajik Оре, на чунон аст, ки ту мегӯӣ, балки ҳақ ин аст, ки оёти Ман барои ту нозил шуд ва ту аз қабули он гарданкашӣ кардӣ ва аз кофирон будӣ.
Verse 60
وَيَوْمَ ٱلْقِيَـٰمَةِ تَرَى ٱلَّذِينَ كَذَبُوا۟ عَلَى ٱللَّهِ وُجُوهُهُم مُّسْوَدَّةٌ ۚ أَلَيْسَ فِى جَهَنَّمَ مَثْوًى لِّلْمُتَكَبِّرِينَ
Transliteration wayawma l-qiyāmati tarā alladhīna kadhabū ʿalā l-lahi wujūhuhum mus'waddatun alaysa fī jahannama mathwan lil'mutakabbirīna
Tajik Дар рӯзи қиёмат касонеро, ки ба Аллоҳ дурӯғ бастаанд, мебинӣ, рӯяшон сиёҳ шудааст. Оё такаббуркунандагонро дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе нест? (Оре!)
Verse 61
وَيُنَجِّى ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ٱتَّقَوْا۟ بِمَفَازَتِهِمْ لَا يَمَسُّهُمُ ٱلسُّوٓءُ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ
Transliteration wayunajjī l-lahu alladhīna ittaqaw bimafāzatihim lā yamassuhumu l-sūu walā hum yaḥzanūna
Tajik Ва Аллоҳ парҳезгоронро ба сабаби роҳи наҷотёбӣ, ки дар дунё пеш гирифта буданд, аз азоби ҷаҳаннам наҷот медиҳад. Ба онҳо ҳеҷ бадӣ аз азоби ҷаҳаннам нарасад ва на онҳо ғаму андӯҳгин бошанд бар он чи ки аз насибаҳояи дунё аз даст додаанд.
Verse 62
ٱللَّهُ خَـٰلِقُ كُلِّ شَىْءٍ ۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ وَكِيلٌ
Transliteration al-lahu khāliqu kulli shayin wahuwa ʿalā kulli shayin wakīlun
Tajik Аллоҳ офаридгори ҳама чиз аст ва Ӯ бар ҳама чиз нигаҳбон аст ва ҳамаи умури халқашро тадбир мекунад.
Verse 63
لَّهُۥ مَقَالِيدُ ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ ۗ وَٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ بِـَٔايَـٰتِ ٱللَّهِ أُو۟لَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلْخَـٰسِرُونَ
Transliteration lahu maqālīdu l-samāwāti wal-arḍi wa-alladhīna kafarū biāyāti l-lahi ulāika humu l-khāsirūna
Tajik Калидҳои (хазинаҳои) осмонҳову замин назди Ӯст, касеро аз бандагонаш бихоҳад, медиҳад ва онҳо, ки ба оёти (Қуръони) Аллоҳ кофир шудаанд. Ва аз дунё беимон рафтаанд ва дар охират дар дӯзах ҷовидон мондаанд ва онҳо аз зиёндидагон ҳастанд.
Verse 64
قُلْ أَفَغَيْرَ ٱللَّهِ تَأْمُرُوٓنِّىٓ أَعْبُدُ أَيُّهَا ٱلْجَـٰهِلُونَ
Transliteration qul afaghayra l-lahi tamurūnnī aʿbudu ayyuhā l-jāhilūna
Tajik Бигӯ эй Расул ба мушрикони қавмат: «Эй нодонон, оё маро фармон медиҳед, ки ғайр аз Аллоҳро бипарастам ва ҳол он ки чизе аз ибодат барои ғайри Ӯ сазовор нест?».
Verse 65
وَلَقَدْ أُوحِىَ إِلَيْكَ وَإِلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِكَ لَئِنْ أَشْرَكْتَ لَيَحْبَطَنَّ عَمَلُكَ وَلَتَكُونَنَّ مِنَ ٱلْخَـٰسِرِينَ
Transliteration walaqad ūḥiya ilayka wa-ilā alladhīna min qablika la-in ashrakta layaḥbaṭanna ʿamaluka walatakūnanna mina l-khāsirīna
Tajik Ва ба таҳқиқ ба ту эй Расул, ва паёмбарони пеш аз ту ваҳй шудааст, ки агар ширк биёваред, ҳамаи амалҳоятон ночиз гардад ва дар дину охирати худ аз зиёнкунандагон хоҳед буд.
Verse 66
بَلِ ٱللَّهَ فَٱعْبُدْ وَكُن مِّنَ ٱلشَّـٰكِرِينَ
Transliteration bali l-laha fa-uʿ'bud wakun mina l-shākirīna
Tajik Балки эй Паёмбар, Аллоҳро бо ихлос бипараст ва сипосгузори неъматҳои Ӯ бош!
Verse 67
وَمَا قَدَرُوا۟ ٱللَّهَ حَقَّ قَدْرِهِۦ وَٱلْأَرْضُ جَمِيعًا قَبْضَتُهُۥ يَوْمَ ٱلْقِيَـٰمَةِ وَٱلسَّمَـٰوَٰتُ مَطْوِيَّـٰتٌۢ بِيَمِينِهِۦ ۚ سُبْحَـٰنَهُۥ وَتَعَـٰلَىٰ عَمَّا يُشْرِكُونَ
Transliteration wamā qadarū l-laha ḥaqqa qadrihi wal-arḍu jamīʿan qabḍatuhu yawma l-qiyāmati wal-samāwātu maṭwiyyātun biyamīnihi sub'ḥānahu wataʿālā ʿammā yush'rikūna
Tajik Ва ин мушрикон Аллоҳро, чунонки сазовори бузургии Ӯст, нашинохтанд. Ва дар рӯзи қиёмат тамоми замин дар қабзаи (мушти) Ӯст ва осмонҳо дар ҳам печида дар дасти рости Ӯст. Пок аст ва бартар аз ҳар чӣ шарики Ӯ мепиндоранд.
Verse 68
وَنُفِخَ فِى ٱلصُّورِ فَصَعِقَ مَن فِى ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَمَن فِى ٱلْأَرْضِ إِلَّا مَن شَآءَ ٱللَّهُ ۖ ثُمَّ نُفِخَ فِيهِ أُخْرَىٰ فَإِذَا هُمْ قِيَامٌ يَنظُرُونَ
Transliteration wanufikha fī l-ṣūri faṣaʿiqa man fī l-samāwāti waman fī l-arḍi illā man shāa l-lahu thumma nufikha fīhi ukh'rā fa-idhā hum qiyāmun yanẓurūna
Tajik Ва дар сур дамида шавад. Пас, ҳар кӣ дар осмонҳо ва ҳар кӣ дар замин аст, ҷуз онҳое, ки Аллоҳ бихоҳад, беҳуш мешаванд ва бимиранд. Ва барои зинда гардондани халоиқ, барои ҳисоб бори дигар дар он сур дамида шавад, ногаҳон аз ҷой бармехезанд ва менигаранд, ки бо онҳо чӣ амале анҷом мешавад.
Verse 69
وَأَشْرَقَتِ ٱلْأَرْضُ بِنُورِ رَبِّهَا وَوُضِعَ ٱلْكِتَـٰبُ وَجِا۟ىٓءَ بِٱلنَّبِيِّـۧنَ وَٱلشُّهَدَآءِ وَقُضِىَ بَيْنَهُم بِٱلْحَقِّ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ
Transliteration wa-ashraqati l-arḍu binūri rabbihā wawuḍiʿa l-kitābu wajīa bil-nabiyīna wal-shuhadāi waquḍiya baynahum bil-ḥaqi wahum lā yuẓ'lamūna
Tajik Ва замин дар рӯзи қиёмат барои ҳукми бандагон ба нури Парвардигораш равшан шавад ва малоикаҳо номаҳои аъмолро биниҳанд ва паёмбарону гувоҳонро биёваранд ва дар миёни мардум ба дурустӣ доварӣ шавад ва бар касе на каму на беш ситаме намешавад.
Verse 70
وَوُفِّيَتْ كُلُّ نَفْسٍ مَّا عَمِلَتْ وَهُوَ أَعْلَمُ بِمَا يَفْعَلُونَ
Transliteration wawuffiyat kullu nafsin mā ʿamilat wahuwa aʿlamu bimā yafʿalūna
Tajik Подоши ҳар кас баробари кирдораш ба пуррагӣ дода мешавад, дар ҳоле, ки Аллоҳ ба корҳое, ки дар дунё мекардаанд, аз тоат ё гуноҳ огоҳтар аст.
Verse 71
وَسِيقَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓا۟ إِلَىٰ جَهَنَّمَ زُمَرًا ۖ حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءُوهَا فُتِحَتْ أَبْوَٰبُهَا وَقَالَ لَهُمْ خَزَنَتُهَآ أَلَمْ يَأْتِكُمْ رُسُلٌ مِّنكُمْ يَتْلُونَ عَلَيْكُمْ ءَايَـٰتِ رَبِّكُمْ وَيُنذِرُونَكُمْ لِقَآءَ يَوْمِكُمْ هَـٰذَا ۚ قَالُوا۟ بَلَىٰ وَلَـٰكِنْ حَقَّتْ كَلِمَةُ ٱلْعَذَابِ عَلَى ٱلْكَـٰفِرِينَ
Transliteration wasīqa alladhīna kafarū ilā jahannama zumaran ḥattā idhā jāūhā futiḥat abwābuhā waqāla lahum khazanatuhā alam yatikum rusulun minkum yatlūna ʿalaykum āyāti rabbikum wayundhirūnakum liqāa yawmikum hādhā qālū balā walākin ḥaqqat kalimatu l-ʿadhābi ʿalā l-kāfirīna
Tajik Ва кофиронро гурӯҳ-гурӯҳ ба ҷаҳаннам биронанд. Чун ба ҷаҳаннам расанд, дарҳояш кушода шавад ва нигаҳбонони оташ гӯянд: «чӣ гуна Аллоҳро нофармонбардорӣ кардед ва маъбуди барҳақ буданашро инкор кардед, оё паёмбароне аз худи шумо бар шумо фиристода нашудаанд, то оёти Парвардигоратонро бароятон бихонанд ва шуморо аз дидор бо чунин рӯзе битарсонанд?» Кофирон иқрор шуда мегӯянд: «Бале». Паёмбарони барҳақ фиристодашуда буданд ва моро аз ин рӯз бим карданд, вале бар кофирон фармони азоб муҳаққақ шуда буд.
Verse 72
قِيلَ ٱدْخُلُوٓا۟ أَبْوَٰبَ جَهَنَّمَ خَـٰلِدِينَ فِيهَا ۖ فَبِئْسَ مَثْوَى ٱلْمُتَكَبِّرِينَ
Transliteration qīla ud'khulū abwāba jahannama khālidīna fīhā fabi'sa mathwā l-mutakabirīna
Tajik Барои мункирони ҳақ гуфта шавад: «Аз дарҳои ҷаҳаннам дохил шавед, ҳамеша дар он ҷо хоҳед буд». Ҷойгоҳи саркашон чӣ бад ҷойгоҳест, ки аз имон овардан ба Аллоҳ саркашӣ карданд ва ба шариати Ӯ амал накарданд!
Verse 73
وَسِيقَ ٱلَّذِينَ ٱتَّقَوْا۟ رَبَّهُمْ إِلَى ٱلْجَنَّةِ زُمَرًا ۖ حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءُوهَا وَفُتِحَتْ أَبْوَٰبُهَا وَقَالَ لَهُمْ خَزَنَتُهَا سَلَـٰمٌ عَلَيْكُمْ طِبْتُمْ فَٱدْخُلُوهَا خَـٰلِدِينَ
Transliteration wasīqa alladhīna ittaqaw rabbahum ilā l-janati zumaran ḥattā idhā jāūhā wafutiḥat abwābuhā waqāla lahum khazanatuhā salāmun ʿalaykum ṭib'tum fa-ud'khulūhā khālidīna
Tajik Ва ононро, ки аз Парвардигорашон тарсиданд ва амал ба тоати Ӯ карданд, гурӯҳ-гурӯҳ ба биҳишт мебаранд. Чун ба биҳишт бирасанд, дарҳояш кушода шавад. Ва аз сабаби пок будани асари гуноҳонашон дарбонҳои биҳишт бо муждаҳо ва ҳурсандиҳо барояшон гӯянд: «Салом бар шумо, покиза будаед хуш бошед, пас ҷовидона ба он биҳишт дароед!
Verse 74
وَقَالُوا۟ ٱلْحَمْدُ لِلَّهِ ٱلَّذِى صَدَقَنَا وَعْدَهُۥ وَأَوْرَثَنَا ٱلْأَرْضَ نَتَبَوَّأُ مِنَ ٱلْجَنَّةِ حَيْثُ نَشَآءُ ۖ فَنِعْمَ أَجْرُ ٱلْعَـٰمِلِينَ
Transliteration waqālū l-ḥamdu lillahi alladhī ṣadaqanā waʿdahu wa-awrathanā l-arḍa natabawwa-u mina l-janati ḥaythu nashāu faniʿ'ma ajru l-ʿāmilīna
Tajik Ва мӯъминон мегӯянд: «Сипос Аллоҳеро, ки ҳар ваъда, ки бар забони паёмбаронаш ба мо дод, рост гардонид. Он сарзамини биҳиштро ба мерос ба мо дод. Ва акнун дар ҳар ҷои биҳишт, ки бихоҳем, макон мегирем». Пас чӣ некӯ аст подоши амалкунандагоне, ки дар тоати Парвардигори хеш саъю кӯшиш намуданд!
Verse 75
وَتَرَى ٱلْمَلَـٰٓئِكَةَ حَآفِّينَ مِنْ حَوْلِ ٱلْعَرْشِ يُسَبِّحُونَ بِحَمْدِ رَبِّهِمْ ۖ وَقُضِىَ بَيْنَهُم بِٱلْحَقِّ وَقِيلَ ٱلْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلْعَـٰلَمِينَ
Transliteration watarā l-malāikata ḥāffīna min ḥawli l-ʿarshi yusabbiḥūna biḥamdi rabbihim waquḍiya baynahum bil-ḥaqi waqīla l-ḥamdu lillahi rabbi l-ʿālamīna
Tajik Ва эй Паёмбар, фариштагонро мебинй, ки гирди Арши Аллоҳ ҳалқа задаанд ва ба сипос ва ситоиши Парвардигорашон машғуланд. Миёни он бандагон ба дурустӣ доварӣ гардад ва аслан ба онҳо ҳеҷ гуна ситаме нашавад ва дар ивази адолат ва ҳукми Аллоҳ аз ҷониби ҳама ҳастӣ гуфта мешавад, ки ҳама ситоиш аз они Аллоҳест, ки Парвардигори ҷаҳониён аст!
Read Surah Az-Zumar in another language
- English (word by word)
- Albanian
- Amazigh
- Amharic
- Assamese
- Azerbaijani
- Bambara
- Bangla
- Bosnian
- Bulgarian
- Chechen
- Chinese
- Czech
- Dari
- Dhivehi
- Dutch
- Finnish
- French
- German
- Gujarati
- Hausa
- Hebrew
- Hindi
- Indonesian
- Italian
- Japanese
- Kannada
- Kazakh
- Khmer
- Kinyarwanda
- Korean
- Kurdish
- Luganda
- Malay
- Malayalam
- Maranao
- Marathi
- Nepali
- Norwegian
- Oromo
- Pashto
- Persian
- Polish
- Portuguese
- Romanian
- Russian
- Sindhi
- Sinhala
- Somali
- Spanish
- Swahili
- Swedish
- Tagalog
- Tamil
- Tatar
- Telugu
- Thai
- Turkish
- Ukrainian
- Urdu
- Uyghur
- Uzbek
- Vietnamese
- Yao
- Yoruba
All 114 surahs in Tajik: the Qur’an in Tajik.
Tajik translation: Khawaja Mirof & Khawaja Mir, from Quran.com. Transliteration: Quran.com. Recitation: Mishary Alafasy, from EveryAyah.com. MyDugsi is a learning aid, not a replacement for a qualified teacher.