MyDugsiStart learning

Surah Ash-Shuraa in Tajik: translation and audio

Surah 42 · الشورى · The Consultation · 53 verses

Surah Ash-Shuraa verse by verse: the Arabic with a recitation you can repeat, the transliteration, and the Tajik translation by Khawaja Mirof & Khawaja Mir. For the meaning of every word, see Surah Ash-Shuraa word by word in English.

Verse 1

حمٓ

Transliteration hha-meem

Tajik Ҳо, Мим.

Verse 2

عٓسٓقٓ

Transliteration ain-seen-qaf

Tajik Айн, Син, Қоф.

Verse 3

كَذَٰلِكَ يُوحِىٓ إِلَيْكَ وَإِلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِكَ ٱللَّهُ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ

Transliteration kadhālika yūḥī ilayka wa-ilā alladhīna min qablika l-lahu l-ʿazīzu l-ḥakīmu

Tajik Парвардигор ба ту ва ба касоне, ки пеш аз ту буданд, ин гуна ваҳй мекунад. Аллоҳ пирӯзманди ҳаким аст.

Verse 4

لَهُۥ مَا فِى ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَمَا فِى ٱلْأَرْضِ ۖ وَهُوَ ٱلْعَلِىُّ ٱلْعَظِيمُ

Transliteration lahu mā fī l-samāwāti wamā fī l-arḍi wahuwa l-ʿaliyu l-ʿaẓīmu

Tajik Аз они Ӯст, ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Ва Ӯ бар ҳама махлуқоташ баландмартабаи бузургвор аст ва ҳама дар зери қудрат ва хоҳиши Ӯ ҳастанд!

Verse 5

تَكَادُ ٱلسَّمَـٰوَٰتُ يَتَفَطَّرْنَ مِن فَوْقِهِنَّ ۚ وَٱلْمَلَـٰٓئِكَةُ يُسَبِّحُونَ بِحَمْدِ رَبِّهِمْ وَيَسْتَغْفِرُونَ لِمَن فِى ٱلْأَرْضِ ۗ أَلَآ إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلْغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ

Transliteration takādu l-samāwātu yatafaṭṭarna min fawqihinna wal-malāikatu yusabbiḥūna biḥamdi rabbihim wayastaghfirūna liman fī l-arḍi alā inna l-laha huwa l-ghafūru l-raḥīmu

Tajik Наздик аст, ки осмонҳо ба хотири азамати Илоҳӣ болои якдигар дар ҳам бишкофанд ва фариштагон ба ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ мегӯянд ва Ӯро таъзим менамоянд ва аз сифатҳои ношистае, ки лоиқ ба зоти Ӯ нест, ба покӣ ёд мекунанд ва барои гуноҳони аҳли имони сокинони замин омӯрзиш металабанд. Огоҳ бошед, ки Аллоҳ гуноҳони мӯъминонро омӯрзанда аст ва бо бандагонаш меҳрубон аст!

Verse 6

وَٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُوا۟ مِن دُونِهِۦٓ أَوْلِيَآءَ ٱللَّهُ حَفِيظٌ عَلَيْهِمْ وَمَآ أَنتَ عَلَيْهِم بِوَكِيلٍ

Transliteration wa-alladhīna ittakhadhū min dūnihi awliyāa l-lahu ḥafīẓun ʿalayhim wamā anta ʿalayhim biwakīlin

Tajik Ва касоне, ки ғайри Ӯро ба дӯстӣ ва сарпарастӣ, он гуна ки Аллоҳро ибодат мекунанд, гирифтаанд, Аллоҳ бар корҳои онҳо нигаҳбон аст, то дар рӯзи қиёмат онҳоро ҷазо диҳад ва ту эй Расул ба ӯҳдагиранда ва масъул бар амалҳои онҳо нестӣ. Балки ту танҳо бимдиҳандаӣ ва бар ӯҳдаи ту фақат расонидани паём аст ва ҳисоби онҳо бар Мост.

Verse 7

وَكَذَٰلِكَ أَوْحَيْنَآ إِلَيْكَ قُرْءَانًا عَرَبِيًّا لِّتُنذِرَ أُمَّ ٱلْقُرَىٰ وَمَنْ حَوْلَهَا وَتُنذِرَ يَوْمَ ٱلْجَمْعِ لَا رَيْبَ فِيهِ ۚ فَرِيقٌ فِى ٱلْجَنَّةِ وَفَرِيقٌ فِى ٱلسَّعِيرِ

Transliteration wakadhālika awḥaynā ilayka qur'ānan ʿarabiyyan litundhira umma l-qurā waman ḥawlahā watundhira yawma l-jamʿi lā rayba fīhi farīqun fī l-janati wafarīqun fī l-saʿīri

Tajik Ва ҳамчунон, ки пеш аз ту ба паёмбарон ваҳй кардем, инчунин Қуръонро ба забони арабӣ бар ту ваҳй кардем, то уммулқуро ва сокинони атрофашро бим диҳӣ. Ва ҳамчунин ононро аз рӯзи ҷамъ шудан дар қиёмат, ки дар он шакке нест, битарсонӣ, ки хурӯҳе дар биҳиштанд ва онҳо касонеанд, ки ба Аллоҳ имон оварданд ва ба он чи ки Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам оварда пайравӣ намуданд ва гурӯҳе дар оташи сӯзонанд ва онҳо касонеанд, ки ба Аллоҳ куфр варзиданд ва мухолифат карданд, ба он чи ки Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам оварда буд.

Verse 8

وَلَوْ شَآءَ ٱللَّهُ لَجَعَلَهُمْ أُمَّةً وَٰحِدَةً وَلَـٰكِن يُدْخِلُ مَن يَشَآءُ فِى رَحْمَتِهِۦ ۚ وَٱلظَّـٰلِمُونَ مَا لَهُم مِّن وَلِىٍّ وَلَا نَصِيرٍ

Transliteration walaw shāa l-lahu lajaʿalahum ummatan wāḥidatan walākin yud'khilu man yashāu fī raḥmatihi wal-ẓālimūna mā lahum min waliyyin walā naṣīrin

Tajik Агар Аллоҳ мехост, албатта, ҳамаро ба роҳи ҳидоят ҷамъ меовард ва ҳамаро як уммат қарор медод. Вале Ӯ ҳар касро аз бандагони хоси худ, ки бихоҳад, дар раҳмати худ дохил мекунад ва ситамкоронро дар рӯзи қиёмат ҳеҷ дӯсту ёваре нест, ки аз азоби Аллоҳ онҳоро бираҳонад!

Verse 9

أَمِ ٱتَّخَذُوا۟ مِن دُونِهِۦٓ أَوْلِيَآءَ ۖ فَٱللَّهُ هُوَ ٱلْوَلِىُّ وَهُوَ يُحْىِ ٱلْمَوْتَىٰ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ

Transliteration ami ittakhadhū min dūnihi awliyāa fal-lahu huwa l-waliyu wahuwa yuḥ'yī l-mawtā wahuwa ʿalā kulli shayin qadīrun

Tajik Балки ин мушрикон ғайри Аллоҳро ба дӯстӣ гирифтанд, ҳол он ки фақат Аллоҳ сарпараст ва дӯсти ҳақиқӣ аст. Ва бандагонаш бояд Ӯро бо парастишу тоъат дӯст бигиранд, зеро Ӯ бандагони мӯъминони худро аз торикиҳо ба сӯи нур ҳидоят мекунад. Ва Ӯст, ки мурдагонро рӯзи қиёмат зинда мекунад ва Ӯст, ки бар ҳар коре тавоност ва ҳеҷ чиз Ӯро нотавон карда наметавонад!

Verse 10

وَمَا ٱخْتَلَفْتُمْ فِيهِ مِن شَىْءٍ فَحُكْمُهُۥٓ إِلَى ٱللَّهِ ۚ ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ رَبِّى عَلَيْهِ تَوَكَّلْتُ وَإِلَيْهِ أُنِيبُ

Transliteration wamā ikh'talaftum fīhi min shayin faḥuk'muhu ilā l-lahi dhālikumu l-lahu rabbī ʿalayhi tawakkaltu wa-ilayhi unību

Tajik Ва эй мардум, дар ҳар чизе, ки ихтилоф кардаед, дар умури динатон доварии он ба Аллоҳ вогузор мешавад. Ин Аллоҳи барҳақ, Парвардигори ман ва Парвардигори шумо аст. Дар ҳама корҳо бар Ӯ таваккал кардам ва дар тамоми ҳаёти зиндагӣ ба Ӯ рӯй меоварам.

Verse 11

فَاطِرُ ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ ۚ جَعَلَ لَكُم مِّنْ أَنفُسِكُمْ أَزْوَٰجًا وَمِنَ ٱلْأَنْعَـٰمِ أَزْوَٰجًا ۖ يَذْرَؤُكُمْ فِيهِ ۚ لَيْسَ كَمِثْلِهِۦ شَىْءٌ ۖ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلْبَصِيرُ

Transliteration fāṭiru l-samāwāti wal-arḍi jaʿala lakum min anfusikum azwājan wamina l-anʿāmi azwājan yadhra-ukum fīhi laysa kamith'lihi shayon wahuwa l-samīʿu l-baṣīru

Tajik Аллоҳ офаридгори осмонҳову замин аст (ва падидоварандааст он дуро боқудрат ва хоҳиш ва ҳикмати худ.) Ва аз худатон барои шумо, ҳамсароне биёфарид. Ва низ аз чорпоён ҷуфтҳое падид овард (аз наринаву модина) ба ин васила. Бо сабаби офариниши ҳамсарон шумораатонро меафзояд. Ҳеҷ чиз аз махлуқоташ на дар зот ва на дар номҳову сифоташ монанди Ӯ нест ва Ӯст, ки шунавову биност (ҳеҷ чиз аз амалҳои бандагонаш бар Ӯ пӯшида нест ва ба ҳар яке ҷазои муносиб хоҳад дод!)

Verse 12

لَهُۥ مَقَالِيدُ ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ ۖ يَبْسُطُ ٱلرِّزْقَ لِمَن يَشَآءُ وَيَقْدِرُ ۚ إِنَّهُۥ بِكُلِّ شَىْءٍ عَلِيمٌ

Transliteration lahu maqālīdu l-samāwāti wal-arḍi yabsuṭu l-riz'qa liman yashāu wayaqdiru innahu bikulli shayin ʿalīmun

Tajik Калидҳои раҳмат ва ризқу рӯзӣ дар дасти Ӯст ва мулки осмону замин аз они Ӯст. Барои ҳар кӣ бихоҳад ризқу рӯзиро кушода (васеъ) медорад ва барои ҳар ки бихоҳад танг медорад ва Ӯ ба ҳар чизе доност ва чизе аз умури бандагонаш бар Ӯ пӯшида намемонад!

Verse 13

۞ شَرَعَ لَكُم مِّنَ ٱلدِّينِ مَا وَصَّىٰ بِهِۦ نُوحًا وَٱلَّذِىٓ أَوْحَيْنَآ إِلَيْكَ وَمَا وَصَّيْنَا بِهِۦٓ إِبْرَٰهِيمَ وَمُوسَىٰ وَعِيسَىٰٓ ۖ أَنْ أَقِيمُوا۟ ٱلدِّينَ وَلَا تَتَفَرَّقُوا۟ فِيهِ ۚ كَبُرَ عَلَى ٱلْمُشْرِكِينَ مَا تَدْعُوهُمْ إِلَيْهِ ۚ ٱللَّهُ يَجْتَبِىٓ إِلَيْهِ مَن يَشَآءُ وَيَهْدِىٓ إِلَيْهِ مَن يُنِيبُ

Transliteration sharaʿa lakum mina l-dīni mā waṣṣā bihi nūḥan wa-alladhī awḥaynā ilayka wamā waṣṣaynā bihi ib'rāhīma wamūsā waʿīsā an aqīmū l-dīna walā tatafarraqū fīhi kabura ʿalā l-mush'rikīna mā tadʿūhum ilayhi l-lahu yajtabī ilayhi man yashāu wayahdī ilayhi man yunību

Tajik Эй мардум! Аллоҳ барои шумо дину ойине муқаррар кард ва он дини Ислом аст ҳамон гунае, ки ба Нӯҳ васият карда буд, ки ба он амал намоянд ва ба мардум расонанд ва аз он чӣ бар ту эй Расул ваҳй кардаем ва ба Иброҳиму Мӯсо ва Исо васият кардаем, ки динро бар тавҳид ва тоъати Аллоҳ барпой нигаҳ доред ва дар он хурӯҳ-гурӯҳ нашавед. Душвор омад бар мушрикон он чӣ онҳоро ба он даъват мекунӣ; аз ягонагии Аллоҳ ва ихлос дар ибодаташ. Аллоҳ ҳар киро бихоҳад, барои пайғамбарии худ ихтиёр менамояд ва ҳар касро, ки рӯй ба даргоҳи Ӯ оварад, ба сӯйи Худ роҳ менамояд.

Verse 14

وَمَا تَفَرَّقُوٓا۟ إِلَّا مِنۢ بَعْدِ مَا جَآءَهُمُ ٱلْعِلْمُ بَغْيًۢا بَيْنَهُمْ ۚ وَلَوْلَا كَلِمَةٌ سَبَقَتْ مِن رَّبِّكَ إِلَىٰٓ أَجَلٍ مُّسَمًّى لَّقُضِىَ بَيْنَهُمْ ۚ وَإِنَّ ٱلَّذِينَ أُورِثُوا۟ ٱلْكِتَـٰبَ مِنۢ بَعْدِهِمْ لَفِى شَكٍّ مِّنْهُ مُرِيبٍ

Transliteration wamā tafarraqū illā min baʿdi mā jāahumu l-ʿil'mu baghyan baynahum walawlā kalimatun sabaqat min rabbika ilā ajalin musamman laquḍiya baynahum wa-inna alladhīna ūrithū l-kitāba min baʿdihim lafī shakkin min'hu murībin

Tajik Ва гурӯҳ-гурӯҳ нашуданд, магар баъд аз илм ва огоҳӣ. Ва ин тафриқаҷӯй фақат ба хотири ситамгарӣ ва каҷравӣ дар миёни худашон буд. Ва агар Парвардигори ту аз пеш муқаррар накарда, буд, ки онҳоро то замони муъайяне мӯҳлат аст, бегумон дар миёни онҳо доварӣ мешуд. Ва бегумон касоне, ки баъд аз онҳо (яҳуду насоро) вориси китоби Аллоҳ шудаанд, ҳароина, дар бораи он сахт ба шубҳа афтодаанд.

Verse 15

فَلِذَٰلِكَ فَٱدْعُ ۖ وَٱسْتَقِمْ كَمَآ أُمِرْتَ ۖ وَلَا تَتَّبِعْ أَهْوَآءَهُمْ ۖ وَقُلْ ءَامَنتُ بِمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ مِن كِتَـٰبٍ ۖ وَأُمِرْتُ لِأَعْدِلَ بَيْنَكُمُ ۖ ٱللَّهُ رَبُّنَا وَرَبُّكُمْ ۖ لَنَآ أَعْمَـٰلُنَا وَلَكُمْ أَعْمَـٰلُكُمْ ۖ لَا حُجَّةَ بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمُ ۖ ٱللَّهُ يَجْمَعُ بَيْنَنَا ۖ وَإِلَيْهِ ٱلْمَصِيرُ

Transliteration falidhālika fa-ud'ʿu wa-is'taqim kamā umir'ta walā tattabiʿ ahwāahum waqul āmantu bimā anzala l-lahu min kitābin wa-umir'tu li-aʿdila baynakumu l-lahu rabbunā warabbukum lanā aʿmālunā walakum aʿmālukum lā ḥujjata baynanā wabaynakumu l-lahu yajmaʿu baynanā wa-ilayhi l-maṣīru

Tajik Пас барои ин дини росте, ки Аллоҳ бар паёмбарон васият кардааст, мардумро даъват кун ва чунон ки фармон ёфтаӣ, пойдорӣ варз ва аз паи хоҳишҳояшон марав, ки онҳо аз роҳи ҳақ каҷ рафтаанд ва бигӯ: «Ба ҳар китобе, ки Аллоҳ нозил кардааст бар паёмбарони хеш, имон дорам ва ба ман фармон додаанд, ки дар миёни шумо дар аҳкоми Аллоҳ ба адолат рафтор кунам. Аллоҳи барҳақ Парвардигори мо ва Парвардигори шумост. Савоби аъмоли шоистаи мо аз они мо ва ҷазои аъмоли бади шумо аз они шумост. Миёни мову шумо ҳеҷ ҷидол ва душмание нест, баъд аз он ки ҳақ баён шуд. Аллоҳ моро дар рӯзи қиёмат дар як ҷо гирд меоварад ва дар он чи ки ихтилоф кардаем, байни мо бо ҳақ доварӣ мекунад ва бозгашти ҳама ба сӯйи Ӯст! Пас ҳар якеро ҷазои муносиб медиҳад»

Verse 16

وَٱلَّذِينَ يُحَآجُّونَ فِى ٱللَّهِ مِنۢ بَعْدِ مَا ٱسْتُجِيبَ لَهُۥ حُجَّتُهُمْ دَاحِضَةٌ عِندَ رَبِّهِمْ وَعَلَيْهِمْ غَضَبٌ وَلَهُمْ عَذَابٌ شَدِيدٌ

Transliteration wa-alladhīna yuḥājjūna fī l-lahi min baʿdi mā us'tujība lahu ḥujjatuhum dāḥiḍatun ʿinda rabbihim waʿalayhim ghaḍabun walahum ʿadhābun shadīdun

Tajik Ва касоне, ки дар бораи дини Аллоҳ бо ҳуҷҷатҳои ботил бо Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҷидол мекунанд, то пеши имони мардумро бигиранд, пас аз он ки гурӯҳе аз мардуми оқилу доно даъвати ӯро иҷобат кардаанд, назди Парвардигорашон ҳуҷҷатҳояшон ночиз ва ботил аст. Бар онҳост хашми Аллоҳ дар дунё ва низ бар онҳост азоби сахт дар охират. Ва он оташи дӯзах аст!

Verse 17

ٱللَّهُ ٱلَّذِىٓ أَنزَلَ ٱلْكِتَـٰبَ بِٱلْحَقِّ وَٱلْمِيزَانَ ۗ وَمَا يُدْرِيكَ لَعَلَّ ٱلسَّاعَةَ قَرِيبٌ

Transliteration al-lahu alladhī anzala l-kitāba bil-ḥaqi wal-mīzāna wamā yud'rīka laʿalla l-sāʿata qarībun

Tajik Аллоҳ он Зотест, ки китоби Қуръон ва китобҳои пешинаро барҳақ ва низ тарозуи адлро фуруд овардааст, то байни мардум ба инсоф ҳукм намояд. Ва ту чӣ медонӣ? Шояд қиёмат наздик бошад.

Verse 18

يَسْتَعْجِلُ بِهَا ٱلَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِهَا ۖ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ مُشْفِقُونَ مِنْهَا وَيَعْلَمُونَ أَنَّهَا ٱلْحَقُّ ۗ أَلَآ إِنَّ ٱلَّذِينَ يُمَارُونَ فِى ٱلسَّاعَةِ لَفِى ضَلَـٰلٍۭ بَعِيدٍ

Transliteration yastaʿjilu bihā alladhīna lā yu'minūna bihā wa-alladhīna āmanū mush'fiqūna min'hā wayaʿlamūna annahā l-ḥaqu alā inna alladhīna yumārūna fī l-sāʿati lafī ḍalālin baʿīdin

Tajik Онон, ки аз рӯи бе имонӣ ва саркашӣ ба қиёмат бовар надоранд, омадани онро ба шитоб металабанд ва онон, ки имон овардаанд, аз омадани он тарсонанд ва медонанд, ки он қиёмат, албатта, ҳақ аст ва ҳеҷ шакке дар вуқуъи он нест. Огоҳ бош, касоне, ки дар бораи қиёмат ҷидол мекунанд, дар гумроҳии дуру дарозе аз ҳақ ҳастанд.

Verse 19

ٱللَّهُ لَطِيفٌۢ بِعِبَادِهِۦ يَرْزُقُ مَن يَشَآءُ ۖ وَهُوَ ٱلْقَوِىُّ ٱلْعَزِيزُ

Transliteration al-lahu laṭīfun biʿibādihi yarzuqu man yashāu wahuwa l-qawiyu l-ʿazīzu

Tajik Аллоҳ бо бандагонаш меҳрубон аст. Ҳар киро бихоҳад, ризқу рӯзӣ медиҳад. Пас мувофиқи ҳикматаш якеро дар ризқ фарох ва дигареро танг мегардонад. Ва Ӯ тавоно дорои қудрат ва қуввати бузург аст ва дар интиқоми душманонаш пирӯзманд аст..

Verse 20

مَن كَانَ يُرِيدُ حَرْثَ ٱلْـَٔاخِرَةِ نَزِدْ لَهُۥ فِى حَرْثِهِۦ ۖ وَمَن كَانَ يُرِيدُ حَرْثَ ٱلدُّنْيَا نُؤْتِهِۦ مِنْهَا وَمَا لَهُۥ فِى ٱلْـَٔاخِرَةِ مِن نَّصِيبٍ

Transliteration man kāna yurīdu ḥartha l-ākhirati nazid lahu fī ḥarthihi waman kāna yurīdu ḥartha l-dun'yā nu'tihi min'hā wamā lahu fī l-ākhirati min naṣībin

Tajik Ҳар кас бо кору кирдори хеш савобу подоши кишти охиратро бихоҳад, ҳаққи Парвардигорашро адо намояд ва дар роҳи даъват ба сӯи дин нафақа кунад ба киштааш аз даҳ то ҳафсад баробар савоб меафзоем ва ҳар кас кишти дунёро бихоҳад, баҳраашро ба ӯ ато мекунем, вале ӯ дар охират ҳеҷ баҳрае надорад.

Verse 21

أَمْ لَهُمْ شُرَكَـٰٓؤُا۟ شَرَعُوا۟ لَهُم مِّنَ ٱلدِّينِ مَا لَمْ يَأْذَنۢ بِهِ ٱللَّهُ ۚ وَلَوْلَا كَلِمَةُ ٱلْفَصْلِ لَقُضِىَ بَيْنَهُمْ ۗ وَإِنَّ ٱلظَّـٰلِمِينَ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ

Transliteration am lahum shurakāu sharaʿū lahum mina l-dīni mā lam yadhan bihi l-lahu walawlā kalimatu l-faṣli laquḍiya baynahum wa-inna l-ẓālimīna lahum ʿadhābun alīmun

Tajik Оё мушрикон маъбудоне, доранд, ки бе рухсати Аллоҳ дине барояшон муқаррар доштаанд?! Ва агар калимаи фасл (яъне, қазо ва қадари илоҳӣ ба дер партофтани азобашон дар дунё) намебуд, ҳароина, миёнашон азоб ба таври оҷил дар ҳамин дунё бар пешвоёни ширк ҳукм мешуд ва албатта, рӯзи қиёмат барои ситамкорон азоби дардоварест!

Verse 22

تَرَى ٱلظَّـٰلِمِينَ مُشْفِقِينَ مِمَّا كَسَبُوا۟ وَهُوَ وَاقِعٌۢ بِهِمْ ۗ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّـٰلِحَـٰتِ فِى رَوْضَاتِ ٱلْجَنَّاتِ ۖ لَهُم مَّا يَشَآءُونَ عِندَ رَبِّهِمْ ۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلْفَضْلُ ٱلْكَبِيرُ

Transliteration tarā l-ẓālimīna mush'fiqīna mimmā kasabū wahuwa wāqiʿun bihim wa-alladhīna āmanū waʿamilū l-ṣāliḥāti fī rawḍāti l-janāti lahum mā yashāūna ʿinda rabbihim dhālika huwa l-faḍlu l-kabīru

Tajik Эй Расул, дар рӯзи қиёмат ситамкоронро мебинӣ, ки аз он чӣ ба даст овардаанд дар дунё, аз амалҳои бади худ, тарсонанд. Ва албатта, хоҳу нохоҳ, чӣ битарсанд ва чӣ натарсанд ба ҷазои худ хоҳанд расид. Вале онҳо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар боғҳои биҳиштанд. Ҳар чӣ бихоҳанд, назди Парвардигорашон фароҳам ҳаст. Ва ин фазлу бахшоиши бузургест, ки ҳеҷ чашме онро надида ва ҳеҷ гӯш онро нашунида ва ба хаёли ҳеҷ инсоне нагузаштааст!

Verse 23

ذَٰلِكَ ٱلَّذِى يُبَشِّرُ ٱللَّهُ عِبَادَهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّـٰلِحَـٰتِ ۗ قُل لَّآ أَسْـَٔلُكُمْ عَلَيْهِ أَجْرًا إِلَّا ٱلْمَوَدَّةَ فِى ٱلْقُرْبَىٰ ۗ وَمَن يَقْتَرِفْ حَسَنَةً نَّزِدْ لَهُۥ فِيهَا حُسْنًا ۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٌ شَكُورٌ

Transliteration dhālika alladhī yubashiru l-lahu ʿibādahu alladhīna āmanū waʿamilū l-ṣāliḥāti qul lā asalukum ʿalayhi ajran illā l-mawadata fī l-qur'bā waman yaqtarif ḥasanatan nazid lahu fīhā ḥus'nan inna l-laha ghafūrun shakūrun

Tajik Ин аст он чизе, ки Аллоҳ он гурӯҳ бандагонашро, ки дар дунё имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба он неъматҳои фаровон мужда медиҳад. Бигӯ эй Расул барои мушрикони қавми худ, ки дар омадани қиёмат шак доранд: «Бар расонидани он чӣ ки ман шуморо даъват мекунам, музде аз шумо дархост намекунам, ҷуз дӯст доштани хешовандӣ, ки ба ҷой оваред». Ва ҳар кӣ кори неке кунад, ба некӯяиш меафзоем, албатта, Аллоҳ дар ҳаққи мутеъони хеш омурзандаву шукрпазир аст.

Verse 24

أَمْ يَقُولُونَ ٱفْتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا ۖ فَإِن يَشَإِ ٱللَّهُ يَخْتِمْ عَلَىٰ قَلْبِكَ ۗ وَيَمْحُ ٱللَّهُ ٱلْبَـٰطِلَ وَيُحِقُّ ٱلْحَقَّ بِكَلِمَـٰتِهِۦٓ ۚ إِنَّهُۥ عَلِيمٌۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ

Transliteration am yaqūlūna if'tarā ʿalā l-lahi kadhiban fa-in yasha-i l-lahu yakhtim ʿalā qalbika wayamḥu l-lahu l-bāṭila wayuḥiqqu l-ḥaqa bikalimātihi innahu ʿalīmun bidhāti l-ṣudūri

Tajik Ё ин мушрикон мегӯянд, ки Муҳамммад бар Аллоҳ дурӯғ мебандад. Эй Расул, агар ин корро анҷом диҳӣ, Аллоҳ бихоҳад, бар дили ту мӯҳр мениҳад. Ва Аллоҳ ба суханони худ ботилро маҳв мекунад ва ҳақро собит мегардонад. Сухани Аллоҳ тағйир ва табдил намеёбад ва ваъдааш хилоф намешавад. Ҳароина, Ӯ бар ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад, доност ва чизе аз он бар Ӯ пинҳон намемонад!

Verse 25

وَهُوَ ٱلَّذِى يَقْبَلُ ٱلتَّوْبَةَ عَنْ عِبَادِهِۦ وَيَعْفُوا۟ عَنِ ٱلسَّيِّـَٔاتِ وَيَعْلَمُ مَا تَفْعَلُونَ

Transliteration wahuwa alladhī yaqbalu l-tawbata ʿan ʿibādihi wayaʿfū ʿani l-sayiāti wayaʿlamu mā tafʿalūna

Tajik Ва Ӯст, ки тавбаи бандагонашро мепазирад, чун аз гуноҳонашон даст мекашанд ва ба ягонагии Аллоҳ бозмегарданд ва тасмим мегиранд, ки дубора он гуноҳонро анҷом надиҳанд ва аз гуноҳон афвашон мекунад ва ҳар чӣ мекунед аз неку бад, онро, медонад ва чизе бар Ӯ пӯшида намемонад ва Ӯ шуморо тибқи амалҳоятон ҷазодиҳандааст.

Verse 26

وَيَسْتَجِيبُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّـٰلِحَـٰتِ وَيَزِيدُهُم مِّن فَضْلِهِۦ ۚ وَٱلْكَـٰفِرُونَ لَهُمْ عَذَابٌ شَدِيدٌ

Transliteration wayastajību alladhīna āmanū waʿamilū l-ṣāliḥāti wayazīduhum min faḍlihi wal-kāfirūna lahum ʿadhābun shadīdun

Tajik Ва дуъои касонеро, ки имон ба Аллоҳ ва Расулаш овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, иҷобат мекунад ва аз фазли хеш барояшон тавфиқи амал ва аҷру подошашонро афзун медиҳад. Ва рӯзи қиёмат барои кофирон азоби сахтест!

Verse 27

۞ وَلَوْ بَسَطَ ٱللَّهُ ٱلرِّزْقَ لِعِبَادِهِۦ لَبَغَوْا۟ فِى ٱلْأَرْضِ وَلَـٰكِن يُنَزِّلُ بِقَدَرٍ مَّا يَشَآءُ ۚ إِنَّهُۥ بِعِبَادِهِۦ خَبِيرٌۢ بَصِيرٌ

Transliteration walaw basaṭa l-lahu l-riz'qa liʿibādihi labaghaw fī l-arḍi walākin yunazzilu biqadarin mā yashāu innahu biʿibādihi khabīrun baṣīrun

Tajik Ва агар Аллоҳ рӯзии бандагонашро афзун кунад, ҳатман дар замин фасод мекунанд ва неъматро носипосӣ карда такаббур меварзиданд, вале ба андозае, ки бихоҳад рӯзӣ мефиристад. Зеро Ӯ бар аҳволи бандагони худ огоҳ ва он чӣ бар салоҳи онҳо аст, биност!

Verse 28

وَهُوَ ٱلَّذِى يُنَزِّلُ ٱلْغَيْثَ مِنۢ بَعْدِ مَا قَنَطُوا۟ وَيَنشُرُ رَحْمَتَهُۥ ۚ وَهُوَ ٱلْوَلِىُّ ٱلْحَمِيدُ

Transliteration wahuwa alladhī yunazzilu l-ghaytha min baʿdi mā qanaṭū wayanshuru raḥmatahu wahuwa l-waliyu l-ḥamīdu

Tajik Ва Ӯст он Аллоҳ, ки борони фоидабахшро баъд аз он ки ноумед шуданд, фуруд моварад ва раҳмати Худро ба ҳама ҷо пароканда мекунад ва Ӯст сарпарасти бандагони шоистакори худ ва Ӯ дар корсозӣ ва тадбираш соҳиби ҳамду сано аст.

Verse 29

وَمِنْ ءَايَـٰتِهِۦ خَلْقُ ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَمَا بَثَّ فِيهِمَا مِن دَآبَّةٍ ۚ وَهُوَ عَلَىٰ جَمْعِهِمْ إِذَا يَشَآءُ قَدِيرٌ

Transliteration wamin āyātihi khalqu l-samāwāti wal-arḍi wamā batha fīhimā min dābbatin wahuwa ʿalā jamʿihim idhā yashāu qadīrun

Tajik Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯ офариниши осмонҳову замин ва он чи аз ҷонварон, ки дар он ду (осмонҳову замин) пароканда кардааст, низ далолат бар бузургӣ ва қудрати Ӯ мекунанд. Ва Ӯ ҳар гоҳ бихоҳад, бар гирд оварданашон дар рӯзи қиёмат тавоност!

Verse 30

وَمَآ أَصَـٰبَكُم مِّن مُّصِيبَةٍ فَبِمَا كَسَبَتْ أَيْدِيكُمْ وَيَعْفُوا۟ عَن كَثِيرٍ

Transliteration wamā aṣābakum min muṣībatin fabimā kasabat aydīkum wayaʿfū ʿan kathīrin

Tajik Эй мардум, агар шуморо мусибате аз мусибатҳо, дар дину дунёятон расад, пас ба хотири корҳоест, ки кардаед. Ва Аллоҳ аз карами худ бисёре аз гуноҳонро барои шумо афв мекунад ва ҷазо намедиҳад.

Verse 31

وَمَآ أَنتُم بِمُعْجِزِينَ فِى ٱلْأَرْضِ ۖ وَمَا لَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ مِن وَلِىٍّ وَلَا نَصِيرٍ

Transliteration wamā antum bimuʿ'jizīna fī l-arḍi wamā lakum min dūni l-lahi min waliyyin walā naṣīrin

Tajik Шумо эй одамон натавонед дар рӯи замин аз Ӯ бигурезед ва шуморо ҷуз Ӯ сарпарасте нест, ки сарпарастӣ намояд ва манфиатҳоятонро фароҳам орад ва ёваре нест, ки зиёнҳоро аз шумо дур кунад!

Verse 32

وَمِنْ ءَايَـٰتِهِ ٱلْجَوَارِ فِى ٱلْبَحْرِ كَٱلْأَعْلَـٰمِ

Transliteration wamin āyātihi l-jawāri fī l-baḥri kal-aʿlāmi

Tajik Аз нишонаҳои қудрати Ӯ киштиҳоест чун кӯҳ, ки дар баҳрҳо равонанд.

Verse 33

إِن يَشَأْ يُسْكِنِ ٱلرِّيحَ فَيَظْلَلْنَ رَوَاكِدَ عَلَىٰ ظَهْرِهِۦٓ ۚ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَـٰتٍ لِّكُلِّ صَبَّارٍ شَكُورٍ

Transliteration in yasha yus'kini l-rīḥa fayaẓlalna rawākida ʿalā ẓahrihi inna fī dhālika laāyātin likulli ṣabbārin shakūrin

Tajik Агар бихоҳад, бодро ором месозад, то киштиҳо бар рӯи баҳр аз рафтан бозмонанд. Албатта, дар ин вуҷуд ва ҳаракати киштиҳо барои сабркунандагони шукргузор, ибратҳост.

Verse 34

أَوْ يُوبِقْهُنَّ بِمَا كَسَبُوا۟ وَيَعْفُ عَن كَثِيرٍ

Transliteration aw yūbiq'hunna bimā kasabū wayaʿfu ʿan kathīrin

Tajik Ё агар Аллоҳ бихоҳад он аҳли киштиҳоро ба сабаби он гуноҳоне, ки кардаанд, ғарқ мекунад ва бисёреро аз гуноҳоеи киштинишиниён низ мебахшояд ва ба азоб намегирад.

Verse 35

وَيَعْلَمَ ٱلَّذِينَ يُجَـٰدِلُونَ فِىٓ ءَايَـٰتِنَا مَا لَهُم مِّن مَّحِيصٍ

Transliteration wayaʿlama alladhīna yujādilūna fī āyātinā mā lahum min maḥīṣin

Tajik Ва то, касоне, ки дар нишонаҳои ягонагии Мо ҷидол мекунанд, бидонанд, ки ононро чун бар гуноҳонашон азоб кунад, аз азоби Аллоҳ ҳеҷ роҳи халосӣ ва гурезгоҳе надоранд.

Verse 36

فَمَآ أُوتِيتُم مِّن شَىْءٍ فَمَتَـٰعُ ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا ۖ وَمَا عِندَ ٱللَّهِ خَيْرٌ وَأَبْقَىٰ لِلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَلَىٰ رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ

Transliteration famā ūtītum min shayin famatāʿu l-ḥayati l-dun'yā wamā ʿinda l-lahi khayrun wa-abqā lilladhīna āmanū waʿalā rabbihim yatawakkalūna

Tajik Пас он чӣ шумо дода шудаед аз ҳар чиз, ки бошад мол, ё фарзандон ва дигар чизҳо, баҳраи зиндагии ин дунё аст ва зуд нобудшавандааст. Ва он чӣ дар назди Аллоҳ аст, аз савобу подош ва боғҳои биҳишт барои онҳое, кӣ имон овардаанд ва ба Парвардигорашон таваккал мекунанд, беҳтару пояндатар аст.

Verse 37

وَٱلَّذِينَ يَجْتَنِبُونَ كَبَـٰٓئِرَ ٱلْإِثْمِ وَٱلْفَوَٰحِشَ وَإِذَا مَا غَضِبُوا۟ هُمْ يَغْفِرُونَ

Transliteration wa-alladhīna yajtanibūna kabāira l-ith'mi wal-fawāḥisha wa-idhā mā ghaḍibū hum yaghfirūna

Tajik Ва он касоне, ки аз гуноҳони бузург монанди ширк, фирор аз ҷанг ва ғайра ва аъмоли зишт, монанди зино ва гувоҳӣ бар дурӯғ ва ғайра парҳез мекунанд ва чун дар хашм шаванд, хатоҳоро мебахшоянд ва касе, ки бар онҳо ситам намудааст, бо ҳилм ва бурдборӣ рафтор мекунанд;

Verse 38

وَٱلَّذِينَ ٱسْتَجَابُوا۟ لِرَبِّهِمْ وَأَقَامُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ وَأَمْرُهُمْ شُورَىٰ بَيْنَهُمْ وَمِمَّا رَزَقْنَـٰهُمْ يُنفِقُونَ

Transliteration wa-alladhīna is'tajābū lirabbihim wa-aqāmū l-ṣalata wa-amruhum shūrā baynahum wamimmā razaqnāhum yunfiqūna

Tajik ва касоне, ки даъвати Парвардигорашонро бо иҷро намудани амрҳояш иҷобат карданд ва паёмбаронро итоъат карданд ва намозро дар вақташ бо риоя кардани шарту одоб ва арконаш барпо гузоштанд ва корашон бар пояи машварат бо якдигар аст ва аз он чӣ ба онҳо рӯзӣ додаем, дар роҳи Аллоҳ бар ниёзмандон сарф мекунанд;

Verse 39

وَٱلَّذِينَ إِذَآ أَصَابَهُمُ ٱلْبَغْىُ هُمْ يَنتَصِرُونَ

Transliteration wa-alladhīna idhā aṣābahumu l-baghyu hum yantaṣirūna

Tajik ва онон, ки чун ситаме ба онҳо расад, интиқом мегиранд хештанро ёрӣ медиҳанд ва зери бори зулм намераванд ва агар сабр кунанд, дар оқибати сабрашон хайри бисёрест.

Verse 40

وَجَزَٰٓؤُا۟ سَيِّئَةٍ سَيِّئَةٌ مِّثْلُهَا ۖ فَمَنْ عَفَا وَأَصْلَحَ فَأَجْرُهُۥ عَلَى ٱللَّهِ ۚ إِنَّهُۥ لَا يُحِبُّ ٱلظَّـٰلِمِينَ

Transliteration wajazāu sayyi-atin sayyi-atun mith'luhā faman ʿafā wa-aṣlaḥa fa-ajruhu ʿalā l-lahi innahu lā yuḥibbu l-ẓālimīna

Tajik Ва ҷазои ҳар бадӣ, бадие аст монанди он ва афзуда нашавад. Пас, касе, ки аз ситамгари худ афв кунад ва барои хушнудии Аллоҳ оштӣ кунад, муздаш бо Аллоҳ аст, албатта, Ӯ ситамкоронро дӯст надорад.

Verse 41

وَلَمَنِ ٱنتَصَرَ بَعْدَ ظُلْمِهِۦ فَأُو۟لَـٰٓئِكَ مَا عَلَيْهِم مِّن سَبِيلٍ

Transliteration walamani intaṣara baʿda ẓul'mihi fa-ulāika mā ʿalayhim min sabīlin

Tajik Ва ҳар ки баъд аз ситаме, ки дидааст, интиқом гирад, пас бар онон маломат ва иқобе нест,

Verse 42

إِنَّمَا ٱلسَّبِيلُ عَلَى ٱلَّذِينَ يَظْلِمُونَ ٱلنَّاسَ وَيَبْغُونَ فِى ٱلْأَرْضِ بِغَيْرِ ٱلْحَقِّ ۚ أُو۟لَـٰٓئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ

Transliteration innamā l-sabīlu ʿalā alladhīna yaẓlimūna l-nāsa wayabghūna fī l-arḍi bighayri l-ḥaqi ulāika lahum ʿadhābun alīmun

Tajik балки маломат ва азоби шаръӣ бар касонест, ки ба мардум аз рӯи душманӣ ситам мекунанд ва ба ноҳақ дар рӯи замин саркашӣ ва гунаҳкорӣ мекунанд. Барои он гӯруҳ дар рӯзи қиёмат азоби дарднок аст!

Verse 43

وَلَمَن صَبَرَ وَغَفَرَ إِنَّ ذَٰلِكَ لَمِنْ عَزْمِ ٱلْأُمُورِ

Transliteration walaman ṣabara waghafara inna dhālika lamin ʿazmi l-umūri

Tajik Ва он ки аз сӯи мардум азият мекашад, сабр кунад ва аз хато даргузарад, албатта ин аз корҳои писандида ва шоистаи сипос аст.

Verse 44

وَمَن يُضْلِلِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِن وَلِىٍّ مِّنۢ بَعْدِهِۦ ۗ وَتَرَى ٱلظَّـٰلِمِينَ لَمَّا رَأَوُا۟ ٱلْعَذَابَ يَقُولُونَ هَلْ إِلَىٰ مَرَدٍّ مِّن سَبِيلٍ

Transliteration waman yuḍ'lili l-lahu famā lahu min waliyyin min baʿdihi watarā l-ẓālimīna lammā ra-awū l-ʿadhāba yaqūlūna hal ilā maraddin min sabīlin

Tajik Ҳар киро, ки Аллоҳ гумроҳ кунад, аз он пас ҳеҷ дӯсте нахоҳад дошт, ки ҳидояташро бар ӯҳда гирад ва ёриаш диҳад. Ва золимонро мебинӣ, эй Расул, ки рӯзи қиёмат чун азобро бингаранд, ба Парвардигорашон мегӯянд: «Оё моро роҳи бозгаште ба сӯи дунё ҳаст, то фармони Туро ба ҷо орем?»

Verse 45

وَتَرَىٰهُمْ يُعْرَضُونَ عَلَيْهَا خَـٰشِعِينَ مِنَ ٱلذُّلِّ يَنظُرُونَ مِن طَرْفٍ خَفِىٍّ ۗ وَقَالَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِنَّ ٱلْخَـٰسِرِينَ ٱلَّذِينَ خَسِرُوٓا۟ أَنفُسَهُمْ وَأَهْلِيهِمْ يَوْمَ ٱلْقِيَـٰمَةِ ۗ أَلَآ إِنَّ ٱلظَّـٰلِمِينَ فِى عَذَابٍ مُّقِيمٍ

Transliteration watarāhum yuʿ'raḍūna ʿalayhā khāshiʿīna mina l-dhuli yanẓurūna min ṭarfin khafiyyin waqāla alladhīna āmanū inna l-khāsirīna alladhīna khasirū anfusahum wa-ahlīhim yawma l-qiyāmati alā inna l-ẓālimīna fī ʿadhābin muqīmin

Tajik Он золимҳоро мебинӣ, эй Расул, ки ба ҷаҳаннам мебаранд. Тарсону хор аз гӯшаи чашм нигоҳе дуздида ба сӯи ҷаҳаннам мекунанд. Касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон оварда буданд, дар рӯзи қиёмат мегӯянд: «Ин золимон худ ва аҳлашонро дар рӯзи қиёмат барбод доданд». Огоҳ бош, ки албатта, золимон дар азоби доим хоҳанд буд ва аз он ҷо барояшон роҳи халосӣ нест!

Verse 46

وَمَا كَانَ لَهُم مِّنْ أَوْلِيَآءَ يَنصُرُونَهُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ ۗ وَمَن يُضْلِلِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِن سَبِيلٍ

Transliteration wamā kāna lahum min awliyāa yanṣurūnahum min dūni l-lahi waman yuḍ'lili l-lahu famā lahu min sabīlin

Tajik Ва он кофирон ёварон ва дӯстоне надоранд, ки дар баробари Аллоҳ ононро ёрӣ диҳанд ва ҳар касро, ки Аллоҳ гумроҳ кунад, дар дунё ҳеҷ роҳе барояш нест, ки ҳидоятро ба даст оварад. Пас, ҳидоят ва гумроҳ кардан танҳо дар дасти Аллоҳ аст!

Verse 47

ٱسْتَجِيبُوا۟ لِرَبِّكُم مِّن قَبْلِ أَن يَأْتِىَ يَوْمٌ لَّا مَرَدَّ لَهُۥ مِنَ ٱللَّهِ ۚ مَا لَكُم مِّن مَّلْجَإٍ يَوْمَئِذٍ وَمَا لَكُم مِّن نَّكِيرٍ

Transliteration is'tajībū lirabbikum min qabli an yatiya yawmun lā maradda lahu mina l-lahi mā lakum min malja-in yawma-idhin wamā lakum min nakīrin

Tajik Эй кофирон!, пеш аз он ки рӯзе қиёмат биёяд, ки аз ҷониби Аллоҳ бозгаште надорад, ба даъвати Парвардигоратон бо имону тоъат иҷобат намоед. Дар он рӯз на паноҳгоҳе хоҳед дошт ва на касе аз шумо дифоъе тавонад кард!

Verse 48

فَإِنْ أَعْرَضُوا۟ فَمَآ أَرْسَلْنَـٰكَ عَلَيْهِمْ حَفِيظًا ۖ إِنْ عَلَيْكَ إِلَّا ٱلْبَلَـٰغُ ۗ وَإِنَّآ إِذَآ أَذَقْنَا ٱلْإِنسَـٰنَ مِنَّا رَحْمَةً فَرِحَ بِهَا ۖ وَإِن تُصِبْهُمْ سَيِّئَةٌۢ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ فَإِنَّ ٱلْإِنسَـٰنَ كَفُورٌ

Transliteration fa-in aʿraḍū famā arsalnāka ʿalayhim ḥafīẓan in ʿalayka illā l-balāghu wa-innā idhā adhaqnā l-insāna minnā raḥmatan fariḥa bihā wa-in tuṣib'hum sayyi-atun bimā qaddamat aydīhim fa-inna l-insāna kafūrun

Tajik Агар мушрикон аз имон овардан ба Аллоҳ рӯӣ гардонанд, туро эй Расул бар онҳо нафиристодаем, ки бар аъмолашон нигаҳбон бошӣ. Ба таҳқиқ, бар ӯҳдаи ту ҷуз расонидани пайғом, чизе дигар нест. Ва Мо чун ба инсон аз раҳмати Худ ба ӯ саломатӣ ва тавонгарӣ бичашонем, шодмон мегардад ва агар ба хотири корҳои баде, ки кардааст, мусибате ба ӯ расад, монанди камбағалӣ ва касалӣ носипосӣ мекунад. Пас ҳароина, инсон носипос аст ва тамоми неъматҳоро фаромӯш мекунад фақат аз бало ёдоварӣ мекунад.

Verse 49

لِّلَّهِ مُلْكُ ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ ۚ يَخْلُقُ مَا يَشَآءُ ۚ يَهَبُ لِمَن يَشَآءُ إِنَـٰثًا وَيَهَبُ لِمَن يَشَآءُ ٱلذُّكُورَ

Transliteration lillahi mul'ku l-samāwāti wal-arḍi yakhluqu mā yashāu yahabu liman yashāu ināthan wayahabu liman yashāu l-dhukūra

Tajik Аз они Аллоҳ аст фармонравоии осмонҳову замин ва он чӣ миёни онҳост. Ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад. Ба ҳар кӣ бихоҳад, танҳо духтар мебахшад ва ба ҳар кӣ бихоҳад танҳо писар мебахшад.

Verse 50

أَوْ يُزَوِّجُهُمْ ذُكْرَانًا وَإِنَـٰثًا ۖ وَيَجْعَلُ مَن يَشَآءُ عَقِيمًا ۚ إِنَّهُۥ عَلِيمٌ قَدِيرٌ

Transliteration aw yuzawwijuhum dhuk'rānan wa-ināthan wayajʿalu man yashāu ʿaqīman innahu ʿalīmun qadīrun

Tajik Ва ё ҳам писар диҳад ва ҳам духтар. Ва ҳар касро бихоҳад, ақим (нозо) мегардонад, албатта, Ӯ донову тавоност дар офариниши махлуқоташ ва чизе аз офариниши махлуқоташ Ӯро нотавон карда наметавонад!

Verse 51

۞ وَمَا كَانَ لِبَشَرٍ أَن يُكَلِّمَهُ ٱللَّهُ إِلَّا وَحْيًا أَوْ مِن وَرَآئِ حِجَابٍ أَوْ يُرْسِلَ رَسُولًا فَيُوحِىَ بِإِذْنِهِۦ مَا يَشَآءُ ۚ إِنَّهُۥ عَلِىٌّ حَكِيمٌ

Transliteration wamā kāna libasharin an yukallimahu l-lahu illā waḥyan aw min warāi ḥijābin aw yur'sila rasūlan fayūḥiya bi-idh'nihi mā yashāu innahu ʿaliyyun ḥakīmun

Tajik Ҳеҷ башареро насазад, ки Аллоҳ бо ӯ сухан гӯяд магар аз тариқи ваҳй ё аз паси парда ё ин ки Аллоҳ фариштаеро бифиристад, то ба фармони Ӯ ҳар чӣ бихоҳад, ба ӯ ваҳй кунад. Ҳароина, Ӯ баландмартабаи бузург аст: дар зот, номҳо, сифатҳо ва афъолаш ва ҳама махлуқот дар баробари Ӯ сари таслим фурудоварандаанд ва дар тадбири умури халқаш ҳаким аст!

Verse 52

وَكَذَٰلِكَ أَوْحَيْنَآ إِلَيْكَ رُوحًا مِّنْ أَمْرِنَا ۚ مَا كُنتَ تَدْرِى مَا ٱلْكِتَـٰبُ وَلَا ٱلْإِيمَـٰنُ وَلَـٰكِن جَعَلْنَـٰهُ نُورًا نَّهْدِى بِهِۦ مَن نَّشَآءُ مِنْ عِبَادِنَا ۚ وَإِنَّكَ لَتَهْدِىٓ إِلَىٰ صِرَٰطٍ مُّسْتَقِيمٍ

Transliteration wakadhālika awḥaynā ilayka rūḥan min amrinā mā kunta tadrī mā l-kitābu walā l-īmānu walākin jaʿalnāhu nūran nahdī bihi man nashāu min ʿibādinā wa-innaka latahdī ilā ṣirāṭin mus'taqīmin

Tajik Чунон ки ба паёмбароне пеш аз ту ваҳй фиристодем, ҳамчунин рӯҳе аз амри Худро (Қуръонро) ба фармони Худ ба ту ваҳй кардем, ки сарчашмаи ҳаёти дилҳо аст. Ту эй Расул, намедонистӣ китобу имон чист. Вале Мо он Қуръонро нуре сохтем, то ҳар як аз бандагонамонро, ки бихоҳем, ба он ҳидоят кунем ва ҳароина, ту мардумро бо ин Қуръон ба роҳи рост роҳ менамоӣ ва он роҳи Ислом аст,

Verse 53

صِرَٰطِ ٱللَّهِ ٱلَّذِى لَهُۥ مَا فِى ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَمَا فِى ٱلْأَرْضِ ۗ أَلَآ إِلَى ٱللَّهِ تَصِيرُ ٱلْأُمُورُ

Transliteration ṣirāṭi l-lahi alladhī lahu mā fī l-samāwāti wamā fī l-arḍi alā ilā l-lahi taṣīru l-umūru

Tajik роҳи он Аллоҳе, барҳақ, ки ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст, аз они Ӯст. Огоҳ бошед, ки ҳамаи корҳои шумо аз неку бад ба сӯи Аллоҳ бозмегардад. Пас ҳамаро мувофиқи амалҳояшон ҷазо хоҳад дод, агар нек бошад нек шавад, бад бошад, бад шавад!

Read Surah Ash-Shuraa in another language

All languages

All 114 surahs in Tajik: the Qur’an in Tajik.

Learn it in MyDugsi

Tajik translation: Khawaja Mirof & Khawaja Mir, from Quran.com. Transliteration: Quran.com. Recitation: Mishary Alafasy, from EveryAyah.com. MyDugsi is a learning aid, not a replacement for a qualified teacher.