MyDugsiStart learning

Surah Al-Anfal in Tajik: translation and audio

Surah 8 · الأنفال · The Spoils of War · 75 verses

Surah Al-Anfal verse by verse: the Arabic with a recitation you can repeat, the transliteration, and the Tajik translation by Khawaja Mirof & Khawaja Mir. For the meaning of every word, see Surah Al-Anfal word by word in English.

Verse 1

يَسْـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلْأَنفَالِ ۖ قُلِ ٱلْأَنفَالُ لِلَّهِ وَٱلرَّسُولِ ۖ فَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ وَأَصْلِحُوا۟ ذَاتَ بَيْنِكُمْ ۖ وَأَطِيعُوا۟ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥٓ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ

Transliteration yasalūnaka ʿani l-anfāli quli l-anfālu lillahi wal-rasūli fa-ittaqū l-laha wa-aṣliḥū dhāta baynikum wa-aṭīʿū l-laha warasūlahu in kuntum mu'minīna

Tajik (Эй Паёмбар асҳобат) туро аз ғаниматҳои ҷанги "Бадр" мепурсанд, (чи гуна ва бар чи касон онҳоро тақсим менамоӣ?) Бигӯ (барояшон): «Ғаниматҳои ҷангӣ аз они Аллоҳу паёмбар аст. (Пас Расул ба амри Парвардигораш онро тақсим менамояд.) Агар аз мӯъминон ҳастед, аз азоби Аллоҳ битарсед ва бар маъсияти Ӯ пеш наоед ва ба сабаби молҳо байни якдигар кашмакашӣ ва душманӣ макунед ва бо якдигар ба оштӣ зиндагӣ кунед ва аз Аллоҳу паёмбараш фармон баред!»

Verse 2

إِنَّمَا ٱلْمُؤْمِنُونَ ٱلَّذِينَ إِذَا ذُكِرَ ٱللَّهُ وَجِلَتْ قُلُوبُهُمْ وَإِذَا تُلِيَتْ عَلَيْهِمْ ءَايَـٰتُهُۥ زَادَتْهُمْ إِيمَـٰنًا وَعَلَىٰ رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ

Transliteration innamā l-mu'minūna alladhīna idhā dhukira l-lahu wajilat qulūbuhum wa-idhā tuliyat ʿalayhim āyātuhu zādathum īmānan waʿalā rabbihim yatawakkalūna

Tajik Мӯъминон касоне ҳастанд, ки чун номи Аллоҳ зикр карда шавад, хавф дилҳояшонро фаро гирад ва чун оёти Аллоҳ бар онон хонда шавад, имонашон ба сабаби андеша кардани оёташ афзун гардад ва бар Парвардигорашон таввакал мекунанд ва умед ба ҷуз Ӯ надоранд ва ғайр аз Ӯ аз касе намеҳаросанд,

Verse 3

ٱلَّذِينَ يُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَمِمَّا رَزَقْنَـٰهُمْ يُنفِقُونَ

Transliteration alladhīna yuqīmūna l-ṣalata wamimmā razaqnāhum yunfiqūna

Tajik касоне, ки намози фарзиро дар вақташ мегузоранд ва аз он чӣ рӯзияшон додаем, садақа мекунанд.

Verse 4

أُو۟لَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلْمُؤْمِنُونَ حَقًّا ۚ لَّهُمْ دَرَجَـٰتٌ عِندَ رَبِّهِمْ وَمَغْفِرَةٌ وَرِزْقٌ كَرِيمٌ

Transliteration ulāika humu l-mu'minūna ḥaqqan lahum darajātun ʿinda rabbihim wamaghfiratun wariz'qun karīmun

Tajik Инҳо мӯъминони ҳақиқӣ ҳастанд дар зоҳир ва ҳам дар ботин. Дар назди Парвардигорашон соҳиби дараҷот ва омӯрзишу ризқи пок ҳастанд. (Ва он ҷаннат аст.)

Verse 5

كَمَآ أَخْرَجَكَ رَبُّكَ مِنۢ بَيْتِكَ بِٱلْحَقِّ وَإِنَّ فَرِيقًا مِّنَ ٱلْمُؤْمِنِينَ لَكَـٰرِهُونَ

Transliteration kamā akhrajaka rabbuka min baytika bil-ḥaqi wa-inna farīqan mina l-mu'minīna lakārihūna

Tajik Чунон ки шумо дар ғаниматҳо кашмакаш кардед, Аллоҳ онҳоро аз шумо баргирифт ва тақсимоти онҳоро ба худ ва расулаш қарор кард. Инчунин Парвардигорат фармоиш дод, ки туро аз хонаат ба ҳақ берун кунад ва берун омадани ту ба тариқи ваҳй буд, ки Ҷабраил бароят овард, ҳол он ки гурӯҳе аз мӯъминон нохушнуд буданд ба вохӯрии ҷанги мушрикон.

Verse 6

يُجَـٰدِلُونَكَ فِى ٱلْحَقِّ بَعْدَ مَا تَبَيَّنَ كَأَنَّمَا يُسَاقُونَ إِلَى ٱلْمَوْتِ وَهُمْ يَنظُرُونَ

Transliteration yujādilūnaka fī l-ḥaqi baʿdamā tabayyana ka-annamā yusāqūna ilā l-mawti wahum yanẓurūna

Tajik (Эй Муҳаммад, чун барои онҳо ҳақ равшан шуд, ки ҷанг ба вуқуъ хоҳад пайваст,) гурӯҳе аз мӯъминон дар бораи ҷанг бо Паёмбар муҷодала намуданд ва рӯ ба рӯ шудани душманро написандиданд, ки гӯё онҳоро ба сӯи марг меронанд ва онҳо ба он менигаранд.

Verse 7

وَإِذْ يَعِدُكُمُ ٱللَّهُ إِحْدَى ٱلطَّآئِفَتَيْنِ أَنَّهَا لَكُمْ وَتَوَدُّونَ أَنَّ غَيْرَ ذَاتِ ٱلشَّوْكَةِ تَكُونُ لَكُمْ وَيُرِيدُ ٱللَّهُ أَن يُحِقَّ ٱلْحَقَّ بِكَلِمَـٰتِهِۦ وَيَقْطَعَ دَابِرَ ٱلْكَـٰفِرِينَ

Transliteration wa-idh yaʿidukumu l-lahu iḥ'dā l-ṭāifatayni annahā lakum watawaddūna anna ghayra dhāti l-shawkati takūnu lakum wayurīdu l-lahu an yuḥiqqa l-ḥaqa bikalimātihi wayaqṭaʿa dābira l-kāfirīna

Tajik Ва ба ёд оваред онгоҳ, ки Аллоҳ ба шумо ваъда дод, яке аз ду гурӯҳ (яъне, корвони тиҷорати Қурайш ё ҷанги душман) аз они шумост ва бар он пирӯз мешавед. Ва шумо дӯст доштед, ки гурӯҳе насиби шумо гардад, ки қудрат ва силоҳ надоред, вале Аллоҳ мехоҳад, ки ҳақро бо суханонаш ошкор ва устувор бигардонад ва кофиронро решакан созад.

Verse 8

لِيُحِقَّ ٱلْحَقَّ وَيُبْطِلَ ٱلْبَـٰطِلَ وَلَوْ كَرِهَ ٱلْمُجْرِمُونَ

Transliteration liyuḥiqqa l-ḥaqa wayub'ṭila l-bāṭila walaw kariha l-muj'rimūna

Tajik Аллоҳ мехост, то дини ҳақро собит ва ботилро (ширк ва аҳли онро) нобуд гардонад, ҳарчанд мушрикони гунаҳкор хушнуд набошанд.

Verse 9

إِذْ تَسْتَغِيثُونَ رَبَّكُمْ فَٱسْتَجَابَ لَكُمْ أَنِّى مُمِدُّكُم بِأَلْفٍ مِّنَ ٱلْمَلَـٰٓئِكَةِ مُرْدِفِينَ

Transliteration idh tastaghīthūna rabbakum fa-is'tajāba lakum annī mumiddukum bi-alfin mina l-malāikati mur'difīna

Tajik Ва ба ёд оред он неъматеро, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ кард дар ҷанги Бадр, он гоҳ, ки аз Парвардигоратон ёрӣ хостед ва Аллоҳ дуъои шуморо бипазируфт, ки Ман бо ҳазор фариштаи аз паи якдигар оянда, ёриатон мекунам!

Verse 10

وَمَا جَعَلَهُ ٱللَّهُ إِلَّا بُشْرَىٰ وَلِتَطْمَئِنَّ بِهِۦ قُلُوبُكُمْ ۚ وَمَا ٱلنَّصْرُ إِلَّا مِنْ عِندِ ٱللَّهِ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

Transliteration wamā jaʿalahu l-lahu illā bush'rā walitaṭma-inna bihi qulūbukum wamā l-naṣru illā min ʿindi l-lahi inna l-laha ʿazīzun ḥakīmun

Tajik Ва Аллоҳ ин мададро (яъне, фиристонидани фариштагонро) накард, магар барои шодмонии шумо, то дилҳоятон ба он ором гирад. Ва ёрӣ танҳо аз сӯи Аллоҳ аст на аз қуввату тавоноии шумо, ки Ӯ пирӯзманд аст дар мулкаш ва дар тадбиру шариаташ бо ҳикмат аст!

Verse 11

إِذْ يُغَشِّيكُمُ ٱلنُّعَاسَ أَمَنَةً مِّنْهُ وَيُنَزِّلُ عَلَيْكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءً لِّيُطَهِّرَكُم بِهِۦ وَيُذْهِبَ عَنكُمْ رِجْزَ ٱلشَّيْطَـٰنِ وَلِيَرْبِطَ عَلَىٰ قُلُوبِكُمْ وَيُثَبِّتَ بِهِ ٱلْأَقْدَامَ

Transliteration idh yughashīkumu l-nuʿāsa amanatan min'hu wayunazzilu ʿalaykum mina l-samāi māan liyuṭahhirakum bihi wayudh'hiba ʿankum rij'za l-shayṭāni waliyarbiṭa ʿalā qulūbikum wayuthabbita bihi l-aqdāma

Tajik Ва ба ёд оред он замонеро, ки Аллоҳ аз хавфи душманатон чунон оромиатон дода буд, ки хоби сабуке шуморо фурӯ гирифт ва аз осмон бароятон бороне борид, то зоҳири шуморо ба он пок кунад ва ботинатонро аз васвасаҳои шайтон дур намояд ва дилҳоятонро бо сабр кардан дар муқобили душман қавӣ гардонад ва қадамҳоятонро устувор созад.

Verse 12

إِذْ يُوحِى رَبُّكَ إِلَى ٱلْمَلَـٰٓئِكَةِ أَنِّى مَعَكُمْ فَثَبِّتُوا۟ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ ۚ سَأُلْقِى فِى قُلُوبِ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ ٱلرُّعْبَ فَٱضْرِبُوا۟ فَوْقَ ٱلْأَعْنَاقِ وَٱضْرِبُوا۟ مِنْهُمْ كُلَّ بَنَانٍ

Transliteration idh yūḥī rabbuka ilā l-malāikati annī maʿakum fathabbitū alladhīna āmanū sa-ul'qī fī qulūbi alladhīna kafarū l-ruʿ'ba fa-iḍ'ribū fawqa l-aʿnāqi wa-iḍ'ribū min'hum kulla banānin

Tajik (Ва ба ёд ор эй Паёмбар он замонеро, ки) Парвардигорат ба фариштагон (ононе ки мусалмононро дар ҷанги Бадр ёрӣ доданд) ваҳй кард: «Ман бо шумоям. Шумо дилҳои мӯъминонро устувор созед. Ман дар дилҳои кофирон бим хоҳам афканд. гарданҳояшонро бизанед ва тамоми пайвандҳои узви онҳоро бизанед!»

Verse 13

ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ شَآقُّوا۟ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ ۚ وَمَن يُشَاقِقِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ فَإِنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلْعِقَابِ

Transliteration dhālika bi-annahum shāqqū l-laha warasūlahu waman yushāqiqi l-laha warasūlahu fa-inna l-laha shadīdu l-ʿiqābi

Tajik Зеро ин ба он сабаб аст, ки бо Аллоҳу паёмбараш ба мухолифат бархостанд. Ва ҳар ки бо Аллоҳу паёмбараш мухолифат варзад, бидонад, ки уқубати Аллоҳ сахт аст!

Verse 14

ذَٰلِكُمْ فَذُوقُوهُ وَأَنَّ لِلْكَـٰفِرِينَ عَذَابَ ٱلنَّارِ

Transliteration dhālikum fadhūqūhu wa-anna lil'kāfirīna ʿadhāba l-nāri

Tajik Ин азобро бичашед ва ин азоби шумо дар дунёст ва дар охират азоби оташ барои кофирон аст!

Verse 15

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِذَا لَقِيتُمُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ زَحْفًا فَلَا تُوَلُّوهُمُ ٱلْأَدْبَارَ

Transliteration yāayyuhā alladhīna āmanū idhā laqītumu alladhīna kafarū zaḥfan falā tuwallūhumu l-adbāra

Tajik Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, чун бо кофирон дар ҷанг рӯ ба рӯ шудед, пас пушт нагардонед ва нагурезед, балки собитқадам бошед ва дар баробари сахтиҳои ин кор сабр кунед. Зеро ин амр боиси нусрат ва пирӯзии дини Аллоҳ мешавад.

Verse 16

وَمَن يُوَلِّهِمْ يَوْمَئِذٍ دُبُرَهُۥٓ إِلَّا مُتَحَرِّفًا لِّقِتَالٍ أَوْ مُتَحَيِّزًا إِلَىٰ فِئَةٍ فَقَدْ بَآءَ بِغَضَبٍ مِّنَ ٱللَّهِ وَمَأْوَىٰهُ جَهَنَّمُ ۖ وَبِئْسَ ٱلْمَصِيرُ

Transliteration waman yuwallihim yawma-idhin duburahu illā mutaḥarrifan liqitālin aw mutaḥayyizan ilā fi-atin faqad bāa bighaḍabin mina l-lahi wamawāhu jahannamu wabi'sa l-maṣīru

Tajik Ва ҳар кӣ аз онон дар вақти ҷанг пушти худро бигардонад ва рӯ ба гурез кунад, -магар он ки ҳадафаш аз канорагирӣ барои ҳамлаи дубора ё ба қасди пайвастан ба гӯруҳи дигар бошад- пас, мавриди хашми Аллоҳ қарор мегирад ва ҷойгоҳи ӯ ҷаҳаннам аст ва чи бад ҷойгоҳест!

Verse 17

فَلَمْ تَقْتُلُوهُمْ وَلَـٰكِنَّ ٱللَّهَ قَتَلَهُمْ ۚ وَمَا رَمَيْتَ إِذْ رَمَيْتَ وَلَـٰكِنَّ ٱللَّهَ رَمَىٰ ۚ وَلِيُبْلِىَ ٱلْمُؤْمِنِينَ مِنْهُ بَلَآءً حَسَنًا ۚ إِنَّ ٱللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

Transliteration falam taqtulūhum walākinna l-laha qatalahum wamā ramayta idh ramayta walākinna l-laha ramā waliyub'liya l-mu'minīna min'hu balāan ḥasanan inna l-laha samīʿun ʿalīmun

Tajik Шумо ононро намекуштед ба тавоноӣ ва қудрати худ, Аллоҳ буд, ки онҳоро мекушт бо ин ки шуморо бар куштани онҳо қодир гардонид. Ва он гоҳ, ки рег ба сӯи онон андохтӣ, бар рӯи мушрикон бирасид, ту наяндохтӣ, балки Аллоҳ андохт то мӯъминонро хуб биозмояд ва ба василаи ҷиҳод ба болотарин дараҷаҳо бирасонад. Ва неъмати худашро бар онҳо шиносонад, то ки шукри Ӯро ба ҷо оранд. Албатта, Аллоҳ ба дуъо ва гуфтаҳое, ки пинҳон ё ошкор медоред, шунаво аст ва он чи дар он салоҳи бандагонаш аст, доност!

Verse 18

ذَٰلِكُمْ وَأَنَّ ٱللَّهَ مُوهِنُ كَيْدِ ٱلْكَـٰفِرِينَ

Transliteration dhālikum wa-anna l-laha mūhinu kaydi l-kāfirīna

Tajik Ин пирӯзӣ аз ҷониби Аллоҳ буд, ки ба шумо расид! Ва Аллоҳ (дар оянда) заъифкунандаи ҳилаи кофирон аст, ё барои ҳақ сар фурӯ меоранд ё ҳалок мешаванд.

Verse 19

إِن تَسْتَفْتِحُوا۟ فَقَدْ جَآءَكُمُ ٱلْفَتْحُ ۖ وَإِن تَنتَهُوا۟ فَهُوَ خَيْرٌ لَّكُمْ ۖ وَإِن تَعُودُوا۟ نَعُدْ وَلَن تُغْنِىَ عَنكُمْ فِئَتُكُمْ شَيْـًٔا وَلَوْ كَثُرَتْ وَأَنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلْمُؤْمِنِينَ

Transliteration in tastaftiḥū faqad jāakumu l-fatḥu wa-in tantahū fahuwa khayrun lakum wa-in taʿūdū naʿud walan tugh'niya ʿankum fi-atukum shayan walaw kathurat wa-anna l-laha maʿa l-mu'minīna

Tajik (Эй мушрикон), агар пирӯзии гурӯҳи ҳақро металабед, инак пирӯзӣ ба суроғи шумо омадааст (яъне, Муҳаммадро бар шумо нусрат додем) ва агар аз куфр бозистед, бароятон беҳтар аст ва агар бозгардед ба ҷанги зидди Муҳаммад, бозмегардем боз Муҳаммадро бар шумо нусрат медиҳем, он гуна ки дар Бадр шикаст ҳӯрдед ва гурӯҳи шумо ҳарчанд бисёр бошад, бароятон суде нахоҳад дошт, ки Аллоҳ бо мӯъминон аст бо кӯмак ва нусрати худ.

Verse 20

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ أَطِيعُوا۟ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ وَلَا تَوَلَّوْا۟ عَنْهُ وَأَنتُمْ تَسْمَعُونَ

Transliteration yāayyuhā alladhīna āmanū aṭīʿū l-laha warasūlahu walā tawallaw ʿanhu wa-antum tasmaʿūna

Tajik Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед, Аллоҳу паёмбарашро итоъат кунед ба он чи ки шуморо фармудааст ва аз он чи ки шуморо манъ кардааст ва тарки тоъати Ӯ ва расулаш макунед, дар ҳоле, ки сухани ӯро мешунавед аз он чи ки тиловат карда мешавад бароятон аз Қуръон.

Verse 21

وَلَا تَكُونُوا۟ كَٱلَّذِينَ قَالُوا۟ سَمِعْنَا وَهُمْ لَا يَسْمَعُونَ

Transliteration walā takūnū ka-alladhīna qālū samiʿ'nā wahum lā yasmaʿūna

Tajik Ва (эй мӯъминон), дар мухолифати амри Аллоҳ ва расулаш монанди мушрикон ва мунофиқоне мабошед, ки оятҳои Аллоҳ бар онҳо хонда мешуд, гуфтанд, ки шунидем, дар ҳоле, ки намешуниданд.

Verse 22

۞ إِنَّ شَرَّ ٱلدَّوَآبِّ عِندَ ٱللَّهِ ٱلصُّمُّ ٱلْبُكْمُ ٱلَّذِينَ لَا يَعْقِلُونَ

Transliteration inna sharra l-dawābi ʿinda l-lahi l-ṣumu l-buk'mu alladhīna lā yaʿqilūna

Tajik Ба дурустӣ бадтарини ҷонварон дар назди Аллоҳ ин карону (касоне, ки ҳақро намешунаванд) гунгон (касоне, ки ҳақро намегӯянд) ҳастанд, ки ба ақл (амр ва наҳйи Аллоҳро) дарнамеёбанд.

Verse 23

وَلَوْ عَلِمَ ٱللَّهُ فِيهِمْ خَيْرًا لَّأَسْمَعَهُمْ ۖ وَلَوْ أَسْمَعَهُمْ لَتَوَلَّوا۟ وَّهُم مُّعْرِضُونَ

Transliteration walaw ʿalima l-lahu fīhim khayran la-asmaʿahum walaw asmaʿahum latawallaw wahum muʿ'riḍūna

Tajik Ва агар дар онон Аллоҳ хайре меёфт, ҳақро ба онҳо мешунавонид, лекин медонад дар онҳо хайре нест ва имон намеоранд ва агар ҳам ба онон ҳақро мешунавонд аз сабаби саркашӣ ва инкорашон ҳақро, боз ҳам бармегаштанд ва аз ҳақ руй мегардониданд.

Verse 24

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ ٱسْتَجِيبُوا۟ لِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ إِذَا دَعَاكُمْ لِمَا يُحْيِيكُمْ ۖ وَٱعْلَمُوٓا۟ أَنَّ ٱللَّهَ يَحُولُ بَيْنَ ٱلْمَرْءِ وَقَلْبِهِۦ وَأَنَّهُۥٓ إِلَيْهِ تُحْشَرُونَ

Transliteration yāayyuhā alladhīna āmanū is'tajībū lillahi walilrrasūli idhā daʿākum limā yuḥ'yīkum wa-iʿ'lamū anna l-laha yaḥūlu bayna l-mari waqalbihi wa-annahu ilayhi tuḥ'sharūna

Tajik Эй касоне, ки ба Аллоҳ имон овардаед, ки Ӯ Парвардигори шумост ва ба Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки ӯ паёмбар ва фиристодаи Ӯст, чун Аллоҳу паёмбараш шуморо ба чизе фаро хонанд, ки зиндагиятон мебахшад (зиндагии маънавӣ, яъне шуморо ба сӯи дини ҳақ ва имон мехонад), даъваташонро иҷобат кунед ва эй мӯъминон бидонед, ки Аллоҳ миёни одамӣ ва қалбаш ҳоил аст ва ҷамиъи ашё зери тасарруфи Ӯ ҳастанд. Сазовор аст, ки даъваташ пазируфта шавад ва бидонед, ки ҳама ба пешгоҳи Ӯ гирд оварда шавед! Ва некӯкорро ба некӯияш подош дода мешавад ва бадкорро ба бадиаш ҷазо дода мешавад.

Verse 25

وَٱتَّقُوا۟ فِتْنَةً لَّا تُصِيبَنَّ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ مِنكُمْ خَآصَّةً ۖ وَٱعْلَمُوٓا۟ أَنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلْعِقَابِ

Transliteration wa-ittaqū fit'natan lā tuṣībanna alladhīna ẓalamū minkum khāṣṣatan wa-iʿ'lamū anna l-laha shadīdu l-ʿiqābi

Tajik Ва эй мӯъминон, битарсед аз фитнае (бало ва азоб), ки танҳо ситамкоронатонро дар бар нахоҳад гирифт ва бидонед, ки Аллоҳ касеро, ки ба мухолифати амр ва нахяш барояд, ба сахтӣ уқубат мекунад!

Verse 26

وَٱذْكُرُوٓا۟ إِذْ أَنتُمْ قَلِيلٌ مُّسْتَضْعَفُونَ فِى ٱلْأَرْضِ تَخَافُونَ أَن يَتَخَطَّفَكُمُ ٱلنَّاسُ فَـَٔاوَىٰكُمْ وَأَيَّدَكُم بِنَصْرِهِۦ وَرَزَقَكُم مِّنَ ٱلطَّيِّبَـٰتِ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ

Transliteration wa-udh'kurū idh antum qalīlun mus'taḍʿafūna fī l-arḍi takhāfūna an yatakhaṭṭafakumu l-nāsu faāwākum wa-ayyadakum binaṣrihi warazaqakum mina l-ṭayibāti laʿallakum tashkurūna

Tajik Ва ба ёд оваред, (эй мӯъминон), неъматеро, ки бар шумо арзонӣ кард, он замонеро, ки андак будед ва дар шумори хоршудагони ин сарзамини Макка будед ва бими он доштед, ки мардум шуморо аз миён бардоранд ва Аллоҳ паноҳатон дод дар Мадина ва ёрӣ кард ва пирӯзатон гардонид дар Бадр ва аз чизҳои покиза рӯзиатон дод, бошад, ки шукргузорӣ кунед!

Verse 27

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ لَا تَخُونُوا۟ ٱللَّهَ وَٱلرَّسُولَ وَتَخُونُوٓا۟ أَمَـٰنَـٰتِكُمْ وَأَنتُمْ تَعْلَمُونَ

Transliteration yāayyuhā alladhīna āmanū lā takhūnū l-laha wal-rasūla watakhūnū amānātikum wa-antum taʿlamūna

Tajik Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед ба Аллоҳ ва паёмбараш хиёнат макунед ва низ дар амонатҳои худатон хиёнат макунед ва худ медонед, ки он амонат аст ва вафо намудан бар он воҷиб аст.

Verse 28

وَٱعْلَمُوٓا۟ أَنَّمَآ أَمْوَٰلُكُمْ وَأَوْلَـٰدُكُمْ فِتْنَةٌ وَأَنَّ ٱللَّهَ عِندَهُۥٓ أَجْرٌ عَظِيمٌ

Transliteration wa-iʿ'lamū annamā amwālukum wa-awlādukum fit'natun wa-anna l-laha ʿindahu ajrun ʿaẓīmun

Tajik Эй мӯъминон, бидонед, ки дороиҳо ва фарзандон василаи озмоиши шумоянд, то шуморо маълум бидорад оё шумо Ӯро шукр мекунед ва итоъаташро ба ҷо меоред ё шуморо молу фарзанд аз тоъаташ машғул месозад ва бидонед, ки подоши бузург дар назди Аллоҳ аст.

Verse 29

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِن تَتَّقُوا۟ ٱللَّهَ يَجْعَل لَّكُمْ فُرْقَانًا وَيُكَفِّرْ عَنكُمْ سَيِّـَٔاتِكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ۗ وَٱللَّهُ ذُو ٱلْفَضْلِ ٱلْعَظِيمِ

Transliteration yāayyuhā alladhīna āmanū in tattaqū l-laha yajʿal lakum fur'qānan wayukaffir ʿankum sayyiātikum wayaghfir lakum wal-lahu dhū l-faḍli l-ʿaẓīmi

Tajik Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, агар аз Аллоҳ битарсед (ба анҷом додани амрҳояш ва дур будан аз манъ кардаҳояш), шуморо биноии шинохти ҳақ аз ботил диҳад ва гуноҳонатонро маҳв созад ва шуморо биёмӯрзад, ки Аллоҳ соҳиби фазлу карами бузург аст!

Verse 30

وَإِذْ يَمْكُرُ بِكَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ لِيُثْبِتُوكَ أَوْ يَقْتُلُوكَ أَوْ يُخْرِجُوكَ ۚ وَيَمْكُرُونَ وَيَمْكُرُ ٱللَّهُ ۖ وَٱللَّهُ خَيْرُ ٱلْمَـٰكِرِينَ

Transliteration wa-idh yamkuru bika alladhīna kafarū liyuth'bitūka aw yaqtulūka aw yukh'rijūka wayamkurūna wayamkuru l-lahu wal-lahu khayru l-mākirīna

Tajik Ва он ҳангомро ба ёд овар, ки кофирон дар бораи ту нақша мекашиданд, то дар зиндонат афкананд ё бикушандат ё аз шаҳри Макка берунат созанд. Онон нақша мекашиданд ва Аллоҳ низ макру ҳиллаи онҳоро ботил мекард ва Аллоҳ беҳтарини тадбиркунандагон аст.

Verse 31

وَإِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِمْ ءَايَـٰتُنَا قَالُوا۟ قَدْ سَمِعْنَا لَوْ نَشَآءُ لَقُلْنَا مِثْلَ هَـٰذَآ ۙ إِنْ هَـٰذَآ إِلَّآ أَسَـٰطِيرُ ٱلْأَوَّلِينَ

Transliteration wa-idhā tut'lā ʿalayhim āyātunā qālū qad samiʿ'nā law nashāu laqul'nā mith'la hādhā in hādhā illā asāṭīru l-awalīna

Tajik Чун оёти Мо хонда шуд бар онон, ки аз рӯи ҷаҳл ва саркашиашон ба Аллоҳ ва оятҳои Қуръон кофир шуданд, гуфтанд: «Шунидем ва агар мехостем қатъан мо ҳам мисли ин Қуръонро мегуфтем, (вале аз рӯи саркашиашон гуфтанд), ки ин Қуръон ғайр аз афсонаҳои пешиниён чизи дигаре нест!»

Verse 32

وَإِذْ قَالُوا۟ ٱللَّهُمَّ إِن كَانَ هَـٰذَا هُوَ ٱلْحَقَّ مِنْ عِندِكَ فَأَمْطِرْ عَلَيْنَا حِجَارَةً مِّنَ ٱلسَّمَآءِ أَوِ ٱئْتِنَا بِعَذَابٍ أَلِيمٍ

Transliteration wa-idh qālū l-lahuma in kāna hādhā huwa l-ḥaqa min ʿindika fa-amṭir ʿalaynā ḥijāratan mina l-samāi awi i'tinā biʿadhābin alīmin

Tajik Ва эй Паёмбар сухани мушриконро ба ёд овар), ки гуфтанд: «Бор Илоҳо, агар ин (Муҳаммад) аз ҷониби Ту омадаву ҳақ аст, бар мо аз осмон бороне аз санг бибор ё азобе дардоваре бар мо бифирист».

Verse 33

وَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيُعَذِّبَهُمْ وَأَنتَ فِيهِمْ ۚ وَمَا كَانَ ٱللَّهُ مُعَذِّبَهُمْ وَهُمْ يَسْتَغْفِرُونَ

Transliteration wamā kāna l-lahu liyuʿadhibahum wa-anta fīhim wamā kāna l-lahu muʿadhibahum wahum yastaghfirūna

Tajik То он гоҳ, ки ту (эй Расул), дар миёнашон ҳастӣ, Аллоҳ ин мушриконро азоб накунад ва то он гоҳ, ки аз Аллоҳ омӯрзиш металабанд, низ Аллоҳ азобашон нахоҳад кард.

Verse 34

وَمَا لَهُمْ أَلَّا يُعَذِّبَهُمُ ٱللَّهُ وَهُمْ يَصُدُّونَ عَنِ ٱلْمَسْجِدِ ٱلْحَرَامِ وَمَا كَانُوٓا۟ أَوْلِيَآءَهُۥٓ ۚ إِنْ أَوْلِيَآؤُهُۥٓ إِلَّا ٱلْمُتَّقُونَ وَلَـٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ

Transliteration wamā lahum allā yuʿadhibahumu l-lahu wahum yaṣuddūna ʿani l-masjidi l-ḥarāmi wamā kānū awliyāahu in awliyāuhu illā l-mutaqūna walākinna aktharahum lā yaʿlamūna

Tajik Чаро Аллоҳ мушриконро азоб накунад, ҳол он ки дӯстонаш (мӯъминон)- ро аз тавоф кардан ва намоз гузоридан дар Масҷидулҳаром бозмедоранд ва соҳибони он нестанд? Соҳибони он танҳо парҳезгоронанд, ки фарзҳои Аллоҳро барпо медоранд ва аз нофармонии Ӯ дур меистанд, вале бештаринашон намедонанд!

Verse 35

وَمَا كَانَ صَلَاتُهُمْ عِندَ ٱلْبَيْتِ إِلَّا مُكَآءً وَتَصْدِيَةً ۚ فَذُوقُوا۟ ٱلْعَذَابَ بِمَا كُنتُمْ تَكْفُرُونَ

Transliteration wamā kāna ṣalātuhum ʿinda l-bayti illā mukāan wataṣdiyatan fadhūqū l-ʿadhāba bimā kuntum takfurūna

Tajik Ва намози мушрикон дар назди хонаи Каъба ҷуз ҳуштак кашидан ва кафкубӣ чизи дигаре нест. Пас ба подоши куфратон азоби қатл ва асириро, ки дар рӯзи Бадр ба онон расид, бичашед!

Verse 36

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ يُنفِقُونَ أَمْوَٰلَهُمْ لِيَصُدُّوا۟ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ ۚ فَسَيُنفِقُونَهَا ثُمَّ تَكُونُ عَلَيْهِمْ حَسْرَةً ثُمَّ يُغْلَبُونَ ۗ وَٱلَّذِينَ كَفَرُوٓا۟ إِلَىٰ جَهَنَّمَ يُحْشَرُونَ

Transliteration inna alladhīna kafarū yunfiqūna amwālahum liyaṣuddū ʿan sabīli l-lahi fasayunfiqūnahā thumma takūnu ʿalayhim ḥasratan thumma yugh'labūna wa-alladhīna kafarū ilā jahannama yuḥ'sharūna

Tajik Онон, ки ягонагии Аллоҳро инкор карданд ва паёмбарашро нофармонӣ карданд, амволашонро харҷ мекунанд ва ба мушрикон ва гумроҳон медиҳанд, то мардумро аз роҳи Аллоҳ боздоранд. Молҳояшонро харҷ хоҳанд кард ва ҳасрат хоҳанд бурд, мехоҳанд, ки нури Аллоҳро хомӯш кунанд, сипас бо дасти мӯъминон мағлуб мешаванд. Ва кофиронро дар ҷаҳаннам гирд меоваранд!

Verse 37

لِيَمِيزَ ٱللَّهُ ٱلْخَبِيثَ مِنَ ٱلطَّيِّبِ وَيَجْعَلَ ٱلْخَبِيثَ بَعْضَهُۥ عَلَىٰ بَعْضٍ فَيَرْكُمَهُۥ جَمِيعًا فَيَجْعَلَهُۥ فِى جَهَنَّمَ ۚ أُو۟لَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلْخَـٰسِرُونَ

Transliteration liyamīza l-lahu l-khabītha mina l-ṭayibi wayajʿala l-khabītha baʿḍahu ʿalā baʿḍin fayarkumahu jamīʿan fayajʿalahu fī jahannama ulāika humu l-khāsirūna

Tajik То Аллоҳ нопокро аз пок ҷудо намояд ва нопоконро баъзеро бо баъзеи дигар рӯи ҳам биниҳад. Он гоҳ ҳамаро гирд оварад ва ба ҷаҳаннам афканад. Инҳо кофирон дар дунёву охират зиёнкоронанд!

Verse 38

قُل لِّلَّذِينَ كَفَرُوٓا۟ إِن يَنتَهُوا۟ يُغْفَرْ لَهُم مَّا قَدْ سَلَفَ وَإِن يَعُودُوا۟ فَقَدْ مَضَتْ سُنَّتُ ٱلْأَوَّلِينَ

Transliteration qul lilladhīna kafarū in yantahū yugh'far lahum mā qad salafa wa-in yaʿūdū faqad maḍat sunnatu l-awalīna

Tajik Ба кофирони қавмат, (ки ягонагии Аллоҳро инкор карданд), бигӯй, ки агар бозистанд аз куфр (ва душманиашон бар Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ба сӯи имон бозгарданд,) гуноҳони гузаштаи онҳо омӯрзида мешавад ва агар бозгарданд ва давомат кунанд бар куфрашон, донанд, ки бо пешиниён чӣ рафторе шудааст (яъне Аллоҳ паёмбаронашро нусрат медиҳад ва душманонашро ҳалок мегардонад).

Verse 39

وَقَـٰتِلُوهُمْ حَتَّىٰ لَا تَكُونَ فِتْنَةٌ وَيَكُونَ ٱلدِّينُ كُلُّهُۥ لِلَّهِ ۚ فَإِنِ ٱنتَهَوْا۟ فَإِنَّ ٱللَّهَ بِمَا يَعْمَلُونَ بَصِيرٌ

Transliteration waqātilūhum ḥattā lā takūna fit'natun wayakūna l-dīnu kulluhu lillahi fa-ini intahaw fa-inna l-laha bimā yaʿmalūna baṣīrun

Tajik Эй мӯъминон бо мушрикон биҷангед, то дигар фитнае (ширк) набошад ва дин, ҳама дини Аллоҳ гардад. Пас бало аз бандагони Аллоҳ бардошта мешавад. Пас агар бозистоданд (аз ширк), Аллоҳ кирдорашонро мебинад ва чизе бар Ӯ пӯшида ва пинҳон намемонад.

Verse 40

وَإِن تَوَلَّوْا۟ فَٱعْلَمُوٓا۟ أَنَّ ٱللَّهَ مَوْلَىٰكُمْ ۚ نِعْمَ ٱلْمَوْلَىٰ وَنِعْمَ ٱلنَّصِيرُ

Transliteration wa-in tawallaw fa-iʿ'lamū anna l-laha mawlākum niʿ'ma l-mawlā waniʿ'ma l-naṣīru

Tajik Ва агар ин мушрикон рӯй гардонанд аз даъват карданатон онҳоро ба сӯи имон (ба Аллоҳ ва расулаш) ва бо шумо ҷанг накарданро ва бар куфр ва ҷангидани шумо барпой истанд, пас бидонед, ки Аллоҳ мавлои шумост Ӯ мавло ва ёридиҳандаи некӯст!

Verse 41

۞ وَٱعْلَمُوٓا۟ أَنَّمَا غَنِمْتُم مِّن شَىْءٍ فَأَنَّ لِلَّهِ خُمُسَهُۥ وَلِلرَّسُولِ وَلِذِى ٱلْقُرْبَىٰ وَٱلْيَتَـٰمَىٰ وَٱلْمَسَـٰكِينِ وَٱبْنِ ٱلسَّبِيلِ إِن كُنتُمْ ءَامَنتُم بِٱللَّهِ وَمَآ أَنزَلْنَا عَلَىٰ عَبْدِنَا يَوْمَ ٱلْفُرْقَانِ يَوْمَ ٱلْتَقَى ٱلْجَمْعَانِ ۗ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ

Transliteration wa-iʿ'lamū annamā ghanim'tum min shayin fa-anna lillahi khumusahu walilrrasūli walidhī l-qur'bā wal-yatāmā wal-masākīni wa-ib'ni l-sabīli in kuntum āmantum bil-lahi wamā anzalnā ʿalā ʿabdinā yawma l-fur'qāni yawma l-taqā l-jamʿāni wal-lahu ʿalā kulli shayin qadīrun

Tajik Ва бидонед, ки ончи (моле), ки ғанимат ёфтед аз кофирон ва он мол аз ҳар ҷинсе, ки бошад, пас аз панҷ як ҳиссааш аз они Аллоҳ ва паёмбар ва хешовандони Паёмбар (ки қабилаи Ҳошим ва Мутталибанд) ва ятимон, мискинҳо, мусофирон аст, агар имон овардед ба Аллоҳ ва Қуръоне, ки фиристодем ба бандаи худ (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар он рӯзе, ки ҷудо шуд ҳақ аз ботил ва рӯзе, ки ба ҳам омаданд он ду гурӯҳ ва Аллоҳ бар ҳама чиз тавоност.

Verse 42

إِذْ أَنتُم بِٱلْعُدْوَةِ ٱلدُّنْيَا وَهُم بِٱلْعُدْوَةِ ٱلْقُصْوَىٰ وَٱلرَّكْبُ أَسْفَلَ مِنكُمْ ۚ وَلَوْ تَوَاعَدتُّمْ لَٱخْتَلَفْتُمْ فِى ٱلْمِيعَـٰدِ ۙ وَلَـٰكِن لِّيَقْضِىَ ٱللَّهُ أَمْرًا كَانَ مَفْعُولًا لِّيَهْلِكَ مَنْ هَلَكَ عَنۢ بَيِّنَةٍ وَيَحْيَىٰ مَنْ حَىَّ عَنۢ بَيِّنَةٍ ۗ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَسَمِيعٌ عَلِيمٌ

Transliteration idh antum bil-ʿud'wati l-dun'yā wahum bil-ʿud'wati l-quṣ'wā wal-rakbu asfala minkum walaw tawāʿadttum la-ikh'talaftum fī l-mīʿādi walākin liyaqḍiya l-lahu amran kāna mafʿūlan liyahlika man halaka ʿan bayyinatin wayaḥyā man ḥayya ʿan bayyinatin wa-inna l-laha lasamīʿun ʿalīmun

Tajik Ба ёд оред, ҳангоме ки шумо дар канораи водии наздиктар (ба Мадина) будед ва душманони шумо дар канораи водии дуртар (аз Мадина) буданд ва он корвон дар маконе поинтар (аз соҳили баҳри Сурх) аз шумо буд. Агар шумо бо якдигар замони ҷангро таъйин мекардед, боз ҳам аз он хилоф меварзидед, то коре, ки Аллоҳ муқаррар кардааст, воқеъ шавад, то ҳар ки ҳалок мешавад, ба далеле ҳалок шавад ва ҳар ки зинда мемонад, ба далеле зинда монад. Ва ба дурустӣ, ки Аллоҳ ба гуфтори ҳар ду гурӯҳ шунавост ва чизе бар Ӯ пӯшида намемонад ва ба ниятҳои шумо доност!

Verse 43

إِذْ يُرِيكَهُمُ ٱللَّهُ فِى مَنَامِكَ قَلِيلًا ۖ وَلَوْ أَرَىٰكَهُمْ كَثِيرًا لَّفَشِلْتُمْ وَلَتَنَـٰزَعْتُمْ فِى ٱلْأَمْرِ وَلَـٰكِنَّ ٱللَّهَ سَلَّمَ ۗ إِنَّهُۥ عَلِيمٌۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ

Transliteration idh yurīkahumu l-lahu fī manāmika qalīlan walaw arākahum kathīran lafashil'tum walatanāzaʿtum fī l-amri walākinna l-laha sallama innahu ʿalīmun bidhāti l-ṣudūri

Tajik Ба ёд ор (эй Паёмбар), Аллоҳ дар хоб миқдори душманонатро ба ту кам нишон дод. Пас мӯъминонро ба ин хабар додӣ, дилашон қувват пайдо кард ва бар ҷанги онҳо ҷасорат пайдо карданд. Агар шумораи онҳоро бисёр нишон медод, аз тарс нотавон мешудед ва дар тасмим ба ҷанг ба низоъ (ихтилоф) бармехостед, вале Аллоҳ шуморо аз душманон дар амон дошт, ки Ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст!

Verse 44

وَإِذْ يُرِيكُمُوهُمْ إِذِ ٱلْتَقَيْتُمْ فِىٓ أَعْيُنِكُمْ قَلِيلًا وَيُقَلِّلُكُمْ فِىٓ أَعْيُنِهِمْ لِيَقْضِىَ ٱللَّهُ أَمْرًا كَانَ مَفْعُولًا ۗ وَإِلَى ٱللَّهِ تُرْجَعُ ٱلْأُمُورُ

Transliteration wa-idh yurīkumūhum idhi l-taqaytum fī aʿyunikum qalīlan wayuqallilukum fī aʿyunihim liyaqḍiya l-lahu amran kāna mafʿūlan wa-ilā l-lahi tur'jaʿu l-umūru

Tajik Ва он гоҳ, ки чун ба ҳам расидед, ононро дар чашми шумо кам намуд ва шуморо низ дар чашми онон кам намудор кард, то ду гурӯҳ ба ҳамдигар ҳамлавар шаванд ва то Аллоҳ кореро, ки шуданӣ буд, ба анҷом расонад (ва он пирӯзии мусалмонон ва шикаст ва расвоии кофирон ва кушта шудани раҳбарони онон аст). Ва ҳамаи корҳо ба Аллоҳ бармегардад! Ва Аллоҳ покро аз нопок ҷудо месозад.

Verse 45

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِذَا لَقِيتُمْ فِئَةً فَٱثْبُتُوا۟ وَٱذْكُرُوا۟ ٱللَّهَ كَثِيرًا لَّعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ

Transliteration yāayyuhā alladhīna āmanū idhā laqītum fi-atan fa-uth'butū wa-udh'kurū l-laha kathīran laʿallakum tuf'liḥūna

Tajik Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, агар ба гурӯҳе аз душман бархӯрдед, пойдорӣ кунед ва Аллоҳро бисёр ёд кунед, то нусраташро ба шумо арзонӣ намояд, бошад, ки пирӯз шавед.

Verse 46

وَأَطِيعُوا۟ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ وَلَا تَنَـٰزَعُوا۟ فَتَفْشَلُوا۟ وَتَذْهَبَ رِيحُكُمْ ۖ وَٱصْبِرُوٓا۟ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلصَّـٰبِرِينَ

Transliteration wa-aṭīʿū l-laha warasūlahu walā tanāzaʿū fatafshalū watadhhaba rīḥukum wa-iṣ'birū inna l-laha maʿa l-ṣābirīna

Tajik Ва ба Аллоҳу паёмбараш итоъат кунед ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон ва буздил шавед ва давлату қуввати шумо биравад. Дар муқобили душман сабр пеша гиред, ки Аллоҳ ҳамроҳи собирон аст! Онҳоро нусрат диҳад ва хорашон нагардонад.

Verse 47

وَلَا تَكُونُوا۟ كَٱلَّذِينَ خَرَجُوا۟ مِن دِيَـٰرِهِم بَطَرًا وَرِئَآءَ ٱلنَّاسِ وَيَصُدُّونَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ ۚ وَٱللَّهُ بِمَا يَعْمَلُونَ مُحِيطٌ

Transliteration walā takūnū ka-alladhīna kharajū min diyārihim baṭaran wariāa l-nāsi wayaṣuddūna ʿan sabīli l-lahi wal-lahu bimā yaʿmalūna muḥīṭun

Tajik Монанди он касон (мушрикон) мабошед, ки сармасти мағрур ва барои худнамоӣ аз диёри хеш берун омаданд ва дигаронро аз роҳи Аллоҳ боздоштанд. Ва Аллоҳ ба ҳар коре, ки мекунанд, иҳота (огоҳии комил) дорад.

Verse 48

وَإِذْ زَيَّنَ لَهُمُ ٱلشَّيْطَـٰنُ أَعْمَـٰلَهُمْ وَقَالَ لَا غَالِبَ لَكُمُ ٱلْيَوْمَ مِنَ ٱلنَّاسِ وَإِنِّى جَارٌ لَّكُمْ ۖ فَلَمَّا تَرَآءَتِ ٱلْفِئَتَانِ نَكَصَ عَلَىٰ عَقِبَيْهِ وَقَالَ إِنِّى بَرِىٓءٌ مِّنكُمْ إِنِّىٓ أَرَىٰ مَا لَا تَرَوْنَ إِنِّىٓ أَخَافُ ٱللَّهَ ۚ وَٱللَّهُ شَدِيدُ ٱلْعِقَابِ

Transliteration wa-idh zayyana lahumu l-shayṭānu aʿmālahum waqāla lā ghāliba lakumu l-yawma mina l-nāsi wa-innī jārun lakum falammā tarāati l-fi-atāni nakaṣa ʿalā ʿaqibayhi waqāla innī barīon minkum innī arā mā lā tarawna innī akhāfu l-laha wal-lahu shadīdu l-ʿiqābi

Tajik Ба ёд оред, вақте ки шайтон кирдори мушриконро дар назарашон биёрост ва барояшон гуфт: «Имрӯз аз мардум касе бар шумо пирӯз намешавад ва ман паноҳдиҳандаи шумоям». Вале чун ду гурӯҳ рӯ ба рӯ шуданд; мушрикон ҳамроҳи шайтон ва мӯъминон ҳамроҳи фариштагон шуданд. Ӯ (шайтон) бозгашту гуфт: «Ҳароина ман аз шумо безорам, дар ҳақиқат ман чизҳоеро мебинам, ки шумо намебинед, (яъне шайтон нишонаҳои пирӯзии мусалмононро бо мадади Аллоҳ аз тариқи фиристодани фириштагон дид ва гуфт, ки) ман аз Аллоҳ метарсам, ки Ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад шахсеро, ки ба Ӯ нофармонӣ кунад!»

Verse 49

إِذْ يَقُولُ ٱلْمُنَـٰفِقُونَ وَٱلَّذِينَ فِى قُلُوبِهِم مَّرَضٌ غَرَّ هَـٰٓؤُلَآءِ دِينُهُمْ ۗ وَمَن يَتَوَكَّلْ عَلَى ٱللَّهِ فَإِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

Transliteration idh yaqūlu l-munāfiqūna wa-alladhīna fī qulūbihim maraḍun gharra hāulāi dīnuhum waman yatawakkal ʿalā l-lahi fa-inna l-laha ʿazīzun ḥakīmun

Tajik Ба ёд оред, вақте ки аҳли ширк ва мунофиқон ва он касоне, ки дар дил беморие доранд, ҳол он ки медиданд, ки мусалмонон андакеанд ва душманонашон бисёр, гуфтанд: «Дини инҳо (яъне мусалмонон) фирефта аст». Ва инҳо (мунофиқон) дарк накарданд, ки ҳар кас, ки ба Аллоҳ таваккал кунад ва ба ваъдаи Ӯ шак накунад, Аллоҳ ӯро хор накунад, ба дурустӣ, ки Аллоҳ тавоно аст ва ҳеҷ нерӯе наметавонад Ӯро шикаст диҳад ва дар он чи тақдир карда иҷро намудааст, бо ҳикмат мебошад!

Verse 50

وَلَوْ تَرَىٰٓ إِذْ يَتَوَفَّى ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ ۙ ٱلْمَلَـٰٓئِكَةُ يَضْرِبُونَ وُجُوهَهُمْ وَأَدْبَـٰرَهُمْ وَذُوقُوا۟ عَذَابَ ٱلْحَرِيقِ

Transliteration walaw tarā idh yatawaffā alladhīna kafarū l-malāikatu yaḍribūna wujūhahum wa-adbārahum wadhūqū ʿadhāba l-ḥarīqi

Tajik (Эй Расул), агар бубинӣ он замонро, ки фариштагон ҷони кофиронро меситонанд ва ба рӯю пушташон мезананд ва мегӯянд: «Азоби сӯзонро бичашед!»

Verse 51

ذَٰلِكَ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيكُمْ وَأَنَّ ٱللَّهَ لَيْسَ بِظَلَّـٰمٍ لِّلْعَبِيدِ

Transliteration dhālika bimā qaddamat aydīkum wa-anna l-laha laysa biẓallāmin lil'ʿabīdi

Tajik Ин азоб ба сабаби он кирдорҳоест, ки пеш аз ин карда будед ва Аллоҳ ба бандагонаш мисқоли заррае ситам раво намедорад.

Verse 52

كَدَأْبِ ءَالِ فِرْعَوْنَ ۙ وَٱلَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ ۚ كَفَرُوا۟ بِـَٔايَـٰتِ ٱللَّهِ فَأَخَذَهُمُ ٱللَّهُ بِذُنُوبِهِمْ ۗ إِنَّ ٱللَّهَ قَوِىٌّ شَدِيدُ ٱلْعِقَابِ

Transliteration kadabi āli fir'ʿawna wa-alladhīna min qablihim kafarū biāyāti l-lahi fa-akhadhahumu l-lahu bidhunūbihim inna l-laha qawiyyun shadīdu l-ʿiqābi

Tajik Кирдори мушрикони Қурайш, ки дар ҷанги Бадр кушта шуданд, ба монанди одати қавми Фиръавн буд ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, онҳо ба оёти Аллоҳ кофир шуданд. Пас Аллоҳ онҳоро ба ҷазои гуноҳонашон азоб кард, ки Аллоҳ нерӯманд ва сахтуқубат аст! Ва ҳар касро ки бихоҳад бигирад, ӯ наметавонад Аллоҳро нотавон намояд.

Verse 53

ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ لَمْ يَكُ مُغَيِّرًا نِّعْمَةً أَنْعَمَهَا عَلَىٰ قَوْمٍ حَتَّىٰ يُغَيِّرُوا۟ مَا بِأَنفُسِهِمْ ۙ وَأَنَّ ٱللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

Transliteration dhālika bi-anna l-laha lam yaku mughayyiran niʿ'matan anʿamahā ʿalā qawmin ḥattā yughayyirū mā bi-anfusihim wa-anna l-laha samīʿun ʿalīmun

Tajik Ин ҷазои бад ба он хотираст, ки Аллоҳ неъматеро, ки ба қавме арзонӣ доштааст, дигаргун насозад, то ҳоли худро аз итоъат кардан ба анҷом додани гуноҳ тағйир диҳанд ва дар муқобили неъмат носипосӣ кунанд. Ва Аллоҳ ба гуфтори халқаш шунаво ва ба ҳолашон доност!

Verse 54

كَدَأْبِ ءَالِ فِرْعَوْنَ ۙ وَٱلَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ ۚ كَذَّبُوا۟ بِـَٔايَـٰتِ رَبِّهِمْ فَأَهْلَكْنَـٰهُم بِذُنُوبِهِمْ وَأَغْرَقْنَآ ءَالَ فِرْعَوْنَ ۚ وَكُلٌّ كَانُوا۟ ظَـٰلِمِينَ

Transliteration kadabi āli fir'ʿawna wa-alladhīna min qablihim kadhabū biāyāti rabbihim fa-ahlaknāhum bidhunūbihim wa-aghraqnā āla fir'ʿawna wakullun kānū ẓālimīna

Tajik Ҳоли инҳо (кофирон) монанди одати қавми Фиръавн буд, ки Мӯсоро дурӯғгӯй бароварданд ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, онҳо оёти Парвардигорашонро дурӯғ шумориданд ва Мо ба ҷазои гуноҳонашон ҳалокашон кардем ва қавми Фиръавнро ғарқ сохтем, зеро ҳама ситамгор буданд. Пас инчунин онҳоро ҳалок кардем дар Бадр ва баъзеашонро бо асир афтодан хор кардем.

Verse 55

إِنَّ شَرَّ ٱلدَّوَآبِّ عِندَ ٱللَّهِ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ فَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ

Transliteration inna sharra l-dawābi ʿinda l-lahi alladhīna kafarū fahum lā yu'minūna

Tajik Албатта, бадтарин ҷунбандагон (инсонҳо) дар назди Аллоҳ онҳоянд, ки кофир шудаанд ва бар куфри худ давомат карданд ва ба расулони Аллоҳ имон намеоваранд ва ягонагии Ӯро иқрор намекунанд ва ба шариъати Ӯ низ пайравӣ намекунанд.

Verse 56

ٱلَّذِينَ عَـٰهَدتَّ مِنْهُمْ ثُمَّ يَنقُضُونَ عَهْدَهُمْ فِى كُلِّ مَرَّةٍ وَهُمْ لَا يَتَّقُونَ

Transliteration alladhīna ʿāhadtta min'hum thumma yanquḍūna ʿahdahum fī kulli marratin wahum lā yattaqūna

Tajik Касоне, ки ту аз онон (аз яҳудиёни Қурайза) паймон гирифтӣ, ки бо ту ҷанг намекунанд, сипас паёпай паймони хешро мешикананд ва бо шикастани паймонашон аз Аллоҳ наметарсанд.

Verse 57

فَإِمَّا تَثْقَفَنَّهُمْ فِى ٱلْحَرْبِ فَشَرِّدْ بِهِم مَّنْ خَلْفَهُمْ لَعَلَّهُمْ يَذَّكَّرُونَ

Transliteration fa-immā tathqafannahum fī l-ḥarbi fasharrid bihim man khalfahum laʿallahum yadhakkarūna

Tajik пас агар онҳоро дар ҷанг биёбӣ, парокандаашон соз (бо куштан), то пайравонашон низ пароканда шаванд ва ба ин гуна корашон ҷуръат накунанд ва низ дигар душманон (аз арабҳо ва ғайрашон) битарсанд ва бошад, ки ибрат гиранд

Verse 58

وَإِمَّا تَخَافَنَّ مِن قَوْمٍ خِيَانَةً فَٱنۢبِذْ إِلَيْهِمْ عَلَىٰ سَوَآءٍ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ ٱلْخَآئِنِينَ

Transliteration wa-immā takhāfanna min qawmin khiyānatan fa-inbidh ilayhim ʿalā sawāin inna l-laha lā yuḥibbu l-khāinīna

Tajik Эй Расул, агар тарсидӣ, ки гурӯҳе дар паймон хиёнат меварзанд, ба онон эълон кун, ки байни ману шумо паймоне боқӣ намондааст, (яъне ҳар ду гурӯҳ донанд, ки байнашон паймоне намондааст) монанди худашон амал хоҳӣ кард. Зеро Аллоҳ хоинони аҳдшиканро дӯст надорад!

Verse 59

وَلَا يَحْسَبَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ سَبَقُوٓا۟ ۚ إِنَّهُمْ لَا يُعْجِزُونَ

Transliteration walā yaḥsabanna alladhīna kafarū sabaqū innahum lā yuʿ'jizūna

Tajik Онон, ки кофир шудаанд, напиндоранд, ки пешдастӣ кардаанд (яъне, аз қудрати Аллоҳ берун шудаанд ва ӯ онҳоро ҷазо дода наметавонад), зеро Аллоҳро нотавон карда наметавонанд.

Verse 60

وَأَعِدُّوا۟ لَهُم مَّا ٱسْتَطَعْتُم مِّن قُوَّةٍ وَمِن رِّبَاطِ ٱلْخَيْلِ تُرْهِبُونَ بِهِۦ عَدُوَّ ٱللَّهِ وَعَدُوَّكُمْ وَءَاخَرِينَ مِن دُونِهِمْ لَا تَعْلَمُونَهُمُ ٱللَّهُ يَعْلَمُهُمْ ۚ وَمَا تُنفِقُوا۟ مِن شَىْءٍ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ يُوَفَّ إِلَيْكُمْ وَأَنتُمْ لَا تُظْلَمُونَ

Transliteration wa-aʿiddū lahum mā is'taṭaʿtum min quwwatin wamin ribāṭi l-khayli tur'hibūna bihi ʿaduwwa l-lahi waʿaduwwakum waākharīna min dūnihim lā taʿlamūnahumu l-lahu yaʿlamuhum wamā tunfiqū min shayin fī sabīli l-lahi yuwaffa ilaykum wa-antum lā tuẓ'lamūna

Tajik Ва (эй мусалмонон), дар баробари душманонатон метавонед нерӯ ва аспони саворӣ омода кунед, то душманони Аллоҳ ва душманони худ ва ғайри онҳоро, ки шумо онҳоро намешиносед ва Аллоҳ мешиносад, битарсонед. Ва он чиро, ки дар роҳи Аллоҳ харҷ мекунед, (андак ё бисёр) подоши он дар рӯзи қиёмат ба пурраги ба шумо бозгардонда шавад ва аз савоби он аз шумо кам карда нашавад.

Verse 61

۞ وَإِن جَنَحُوا۟ لِلسَّلْمِ فَٱجْنَحْ لَهَا وَتَوَكَّلْ عَلَى ٱللَّهِ ۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلْعَلِيمُ

Transliteration wa-in janaḥū lilssalmi fa-ij'naḥ lahā watawakkal ʿalā l-lahi innahu huwa l-samīʿu l-ʿalīmu

Tajik Ва агар ба сулҳ майл кунанд, (эй Паёмбар) ту низ ба сулҳ майл кун ва бар Аллоҳ таваккал кун, ки Ӯст шунаво ба суханони шумо ва доно ба ниятҳои шумо!

Verse 62

وَإِن يُرِيدُوٓا۟ أَن يَخْدَعُوكَ فَإِنَّ حَسْبَكَ ٱللَّهُ ۚ هُوَ ٱلَّذِىٓ أَيَّدَكَ بِنَصْرِهِۦ وَبِٱلْمُؤْمِنِينَ

Transliteration wa-in yurīdū an yakhdaʿūka fa-inna ḥasbaka l-lahu huwa alladhī ayyadaka binaṣrihi wabil-mu'minīna

Tajik Ва агар онон, ки бо ту аҳд бастанд ва хостанд, ки туро бифиребанд, Аллоҳ барои ту кофист. Ӯст, ки туро ба ёрии хеш ва ёрии мӯъминон қувват додааст.

Verse 63

وَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِهِمْ ۚ لَوْ أَنفَقْتَ مَا فِى ٱلْأَرْضِ جَمِيعًا مَّآ أَلَّفْتَ بَيْنَ قُلُوبِهِمْ وَلَـٰكِنَّ ٱللَّهَ أَلَّفَ بَيْنَهُمْ ۚ إِنَّهُۥ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

Transliteration wa-allafa bayna qulūbihim law anfaqta mā fī l-arḍi jamīʿan mā allafta bayna qulūbihim walākinna l-laha allafa baynahum innahu ʿazīzun ḥakīmun

Tajik Дилҳояшонро ба якдигар меҳрубон сохт. Агар ту ҳамаи он чиро, ки дар рӯи замин аст, харҷ мекардӣ, наметавонистӣ, ки дилҳои онҳоро ба якдигар меҳрубон созӣ. Вале Аллоҳ дилҳояшонро ба якдигар меҳрубон кард, ки бо якдигар дӯсту бародар гаштанд. Ба дурустӣ, ки Ӯ пирӯзманду ҳаким аст!

Verse 64

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِىُّ حَسْبُكَ ٱللَّهُ وَمَنِ ٱتَّبَعَكَ مِنَ ٱلْمُؤْمِنِينَ

Transliteration yāayyuhā l-nabiyu ḥasbuka l-lahu wamani ittabaʿaka mina l-mu'minīna

Tajik Эй Паёмбар, Аллоҳ туро ва мӯъминонеро, ки аз ту пайравӣ мекунанд, аз бадии душманонатон кифоякунандааст.

Verse 65

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِىُّ حَرِّضِ ٱلْمُؤْمِنِينَ عَلَى ٱلْقِتَالِ ۚ إِن يَكُن مِّنكُمْ عِشْرُونَ صَـٰبِرُونَ يَغْلِبُوا۟ مِا۟ئَتَيْنِ ۚ وَإِن يَكُن مِّنكُم مِّا۟ئَةٌ يَغْلِبُوٓا۟ أَلْفًا مِّنَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ بِأَنَّهُمْ قَوْمٌ لَّا يَفْقَهُونَ

Transliteration yāayyuhā l-nabiyu ḥarriḍi l-mu'minīna ʿalā l-qitāli in yakun minkum ʿish'rūna ṣābirūna yaghlibū mi-atayni wa-in yakun minkum mi-atun yaghlibū alfan mina alladhīna kafarū bi-annahum qawmun lā yafqahūna

Tajik Эй Паёмбар, мӯъминонро ба ҷанг барангез. Агар аз шумо бист тан сабркунандагон бошанд ва дар ҷанг пойдорӣ кунанд, бар дусад тан аз душманонашон пирӯзӣ хоҳанд ёфт. Ва агар сад тан сабркунандагон бошанд, ба ҳазор тан аз кофирон пирӯз мешаванд. Зеро онҳо кофирон мардуме маҳрум аз илму фаҳманд. (Яъне мушрикон барои умеди савоб намеҷанганд ва дар ҷанг устувор намебошанд, зеро хавф мебаранд, ки кушта шаванд)

Verse 66

ٱلْـَٔـٰنَ خَفَّفَ ٱللَّهُ عَنكُمْ وَعَلِمَ أَنَّ فِيكُمْ ضَعْفًا ۚ فَإِن يَكُن مِّنكُم مِّا۟ئَةٌ صَابِرَةٌ يَغْلِبُوا۟ مِا۟ئَتَيْنِ ۚ وَإِن يَكُن مِّنكُمْ أَلْفٌ يَغْلِبُوٓا۟ أَلْفَيْنِ بِإِذْنِ ٱللَّهِ ۗ وَٱللَّهُ مَعَ ٱلصَّـٰبِرِينَ

Transliteration al-āna khaffafa l-lahu ʿankum waʿalima anna fīkum ḍaʿfan fa-in yakun minkum mi-atun ṣābiratun yaghlibū mi-atayni wa-in yakun minkum alfun yaghlibū alfayni bi-idh'ni l-lahi wal-lahu maʿa l-ṣābirīna

Tajik Акнун Аллоҳ бар шумо сабук кард (эй мӯъминон) ва аз нотавониятон огоҳ шуд. Агар аз шумо сад тан сабркунандагон бошанд ва дар ҷанг пой фушуранд, бар дусад тан пирӯз мешаванд. Ва агар аз шумо ҳазор тан бошанд, ба ёрии Аллоҳ бар ду ҳазор тан аз кофирон пирӯз мешаванд. Ва Аллоҳ бо сабркунандагон аст.

Verse 67

مَا كَانَ لِنَبِىٍّ أَن يَكُونَ لَهُۥٓ أَسْرَىٰ حَتَّىٰ يُثْخِنَ فِى ٱلْأَرْضِ ۚ تُرِيدُونَ عَرَضَ ٱلدُّنْيَا وَٱللَّهُ يُرِيدُ ٱلْـَٔاخِرَةَ ۗ وَٱللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

Transliteration mā kāna linabiyyin an yakūna lahu asrā ḥattā yuth'khina fī l-arḍi turīdūna ʿaraḍa l-dun'yā wal-lahu yurīdu l-ākhirata wal-lahu ʿazīzun ḥakīmun

Tajik Барои ҳеҷ паёмбаре шоиста нест, ки дар вақти асир гирифтани кофирон, онҳоро ба хотири фидя гирифтан озод кунад, бояд онҳо аз байн бурда шаванд ва шарри онҳо кам гардад. Шумо бо гирифтани фидя ва зинда нигоҳ доштани онҳо молу матоъи дунёро мехоҳед ва Аллоҳ маслиҳати охиратро мехоҳад. Ва Ӯ пирӯзманду ҳаким аст!

Verse 68

لَّوْلَا كِتَـٰبٌ مِّنَ ٱللَّهِ سَبَقَ لَمَسَّكُمْ فِيمَآ أَخَذْتُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ

Transliteration lawlā kitābun mina l-lahi sabaqa lamassakum fīmā akhadhtum ʿadhābun ʿaẓīmun

Tajik Агар аз ҷониби Аллоҳ ҳукме, ки қазо ва қадари Ӯ бар он рафтааст, (яъне, бар ҳалол будани ғаниматҳо ва фидя гирифтан бар асирон)- намебуд, азоби бузург ба шумо мерасид.

Verse 69

فَكُلُوا۟ مِمَّا غَنِمْتُمْ حَلَـٰلًا طَيِّبًا ۚ وَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ

Transliteration fakulū mimmā ghanim'tum ḥalālan ṭayyiban wa-ittaqū l-laha inna l-laha ghafūrun raḥīmun

Tajik Эй мӯъминон, аз он чӣ ба ғанимат гирифтаед, (аз моли мушрикон дар Бадр) ки ҳалол асту покиза, бихӯред. Ва аз Аллоҳ битарсед. Албатта, Аллоҳ барои бандагонаш омӯрзанда ва ба онҳо меҳрубон аст!

Verse 70

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِىُّ قُل لِّمَن فِىٓ أَيْدِيكُم مِّنَ ٱلْأَسْرَىٰٓ إِن يَعْلَمِ ٱللَّهُ فِى قُلُوبِكُمْ خَيْرًا يُؤْتِكُمْ خَيْرًا مِّمَّآ أُخِذَ مِنكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ۗ وَٱللَّهُ غَفُورٌ رَّحِيمٌ

Transliteration yāayyuhā l-nabiyu qul liman fī aydīkum mina l-asrā in yaʿlami l-lahu fī qulūbikum khayran yu'tikum khayran mimmā ukhidha minkum wayaghfir lakum wal-lahu ghafūrun raḥīmun

Tajik Эй Паёмбар, ба асироне, ки дар дасти шумо ҳастанд, бигӯ: «Агар Аллоҳ дар дилҳоятон нишони имон бубинад, беҳтар аз он моле, ки аз шумо гирифта шудааст, ба шумо хоҳад дод ва аз фазли хеш хайри фаровоне бароятон фароҳам менамояд ва гуноҳонтонро меомӯрзад ва шуморо дохили биҳишт менамояд ва Аллоҳ тавбакунандагонро омӯрзанда ва ба онҳо меҳрубон аст!».

Verse 71

وَإِن يُرِيدُوا۟ خِيَانَتَكَ فَقَدْ خَانُوا۟ ٱللَّهَ مِن قَبْلُ فَأَمْكَنَ مِنْهُمْ ۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ

Transliteration wa-in yurīdū khiyānataka faqad khānū l-laha min qablu fa-amkana min'hum wal-lahu ʿalīmun ḥakīmun

Tajik Агар қасди хиёнат ба туро дошта бошанд, пеш аз ин ба Аллоҳ хиёнат варзидаанд ва Аллоҳ туро бар онҳо нусрат додааст ва Аллоҳ доно аст бар он чи дар замирҳо (дилҳо) ҳаст, ҳаким аст дар тадбири ҳоли бандагонаш!

Verse 72

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَهَاجَرُوا۟ وَجَـٰهَدُوا۟ بِأَمْوَٰلِهِمْ وَأَنفُسِهِمْ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ وَٱلَّذِينَ ءَاوَوا۟ وَّنَصَرُوٓا۟ أُو۟لَـٰٓئِكَ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَآءُ بَعْضٍ ۚ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَلَمْ يُهَاجِرُوا۟ مَا لَكُم مِّن وَلَـٰيَتِهِم مِّن شَىْءٍ حَتَّىٰ يُهَاجِرُوا۟ ۚ وَإِنِ ٱسْتَنصَرُوكُمْ فِى ٱلدِّينِ فَعَلَيْكُمُ ٱلنَّصْرُ إِلَّا عَلَىٰ قَوْمٍۭ بَيْنَكُمْ وَبَيْنَهُم مِّيثَـٰقٌ ۗ وَٱللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ

Transliteration inna alladhīna āmanū wahājarū wajāhadū bi-amwālihim wa-anfusihim fī sabīli l-lahi wa-alladhīna āwaw wanaṣarū ulāika baʿḍuhum awliyāu baʿḍin wa-alladhīna āmanū walam yuhājirū mā lakum min walāyatihim min shayin ḥattā yuhājirū wa-ini is'tanṣarūkum fī l-dīni faʿalaykumu l-naṣru illā ʿalā qawmin baynakum wabaynahum mīthāqun wal-lahu bimā taʿmalūna baṣīrun

Tajik Онон, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаанд ва ба шариъати Ӯ амал кардаанд ва ҳиҷрат кардаанд ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод кардаанд ва онон, ки ба муҳоҷирон ҷой дода ва ёриашон кардаанд онҳо дӯстон ва ёрони якдигаранд. Ва онон, ки имон овардаанд ва ҳиҷрат накардаанд, шумо ҳомӣ ва нусратдиҳандаи онон нестед, то он гоҳ, ки муҳоҷират кунанд. Вале агар шуморо ба ёрӣ талабиданд, пас ёрӣ кардани онҳо ва дар канори онҳо ҷангидан воҷиб аст, магар он, ки бар зидди он гурӯҳе бошад, ки миёни шумо ва онҳо паймоне баста шуда бошад. Ва Аллоҳ ба корҳое, ки мекунед, биност! Ва ҳар якеро мувофиқи ният ва амалаш подош медиҳад.

Verse 73

وَٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَآءُ بَعْضٍ ۚ إِلَّا تَفْعَلُوهُ تَكُن فِتْنَةٌ فِى ٱلْأَرْضِ وَفَسَادٌ كَبِيرٌ

Transliteration wa-alladhīna kafarū baʿḍuhum awliyāu baʿḍin illā tafʿalūhu takun fit'natun fī l-arḍi wafasādun kabīrun

Tajik Кофирон низ дӯст ва мададгори якдигаранд. Агар шумо бо мӯъминон дӯстӣ накунед ва бо кофирон душманӣ наварзед, дар ин сарзамин фитнаву фасоди бузург падид хоҳад омад.

Verse 74

وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَهَاجَرُوا۟ وَجَـٰهَدُوا۟ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ وَٱلَّذِينَ ءَاوَوا۟ وَّنَصَرُوٓا۟ أُو۟لَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلْمُؤْمِنُونَ حَقًّا ۚ لَّهُم مَّغْفِرَةٌ وَرِزْقٌ كَرِيمٌ

Transliteration wa-alladhīna āmanū wahājarū wajāhadū fī sabīli l-lahi wa-alladhīna āwaw wanaṣarū ulāika humu l-mu'minūna ḥaqqan lahum maghfiratun wariz'qun karīmun

Tajik Онон, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаанд ва тарки диёри худ карда ҳиҷрат карданд ва дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод кардаанд ва онон, ки ҷояшон додаанд ва ёриашон кардаанд, ба ҳақиқат мӯъминонанд, омӯрзиши гуноҳон ва рӯзии некӯ дар ҷаннатҳои наъим аз они онҳост.

Verse 75

وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ مِنۢ بَعْدُ وَهَاجَرُوا۟ وَجَـٰهَدُوا۟ مَعَكُمْ فَأُو۟لَـٰٓئِكَ مِنكُمْ ۚ وَأُو۟لُوا۟ ٱلْأَرْحَامِ بَعْضُهُمْ أَوْلَىٰ بِبَعْضٍ فِى كِتَـٰبِ ٱللَّهِ ۗ إِنَّ ٱللَّهَ بِكُلِّ شَىْءٍ عَلِيمٌۢ

Transliteration wa-alladhīna āmanū min baʿdu wahājarū wajāhadū maʿakum fa-ulāika minkum wa-ulū l-arḥāmi baʿḍuhum awlā bibaʿḍin fī kitābi l-lahi inna l-laha bikulli shayin ʿalīmun

Tajik Ва ҳамчунин касоне, ки баъд аз муҳоҷирон ва ансор омадаанд ва ба хубӣ аз онон пайравӣ карда, имон овардаанд ва ҳиҷрат кардаанд ва ҳамроҳи шумо ҷиҳод кардаанд, аз шумо ҳастанд. (Яъне, он чи барои шумост, ба онон ҳам мерасад ва он чи ки ба зарари шумост, ба зарари онҳо низ мебошад) Ба ҳукми китоби Аллоҳ хешовандон ба якдигар сазовортаранд ба ҷуз асабаҳо ва касоне ки дорои саҳме аз тарака ҳастанд, касе дигар аз майит мерос намебарад. Ва агар асабаҳо ва касоне, ки дорои саҳме аз тарака ҳастанд, вуҷуд надошта бошанд, наздиктарин хешовандони мурда мерос мебаранд. Ва Аллоҳ бар ҳар чизе доност!

Read Surah Al-Anfal in another language

All languages

All 114 surahs in Tajik: the Qur’an in Tajik.

Learn it in MyDugsi

Tajik translation: Khawaja Mirof & Khawaja Mir, from Quran.com. Transliteration: Quran.com. Recitation: Mishary Alafasy, from EveryAyah.com. MyDugsi is a learning aid, not a replacement for a qualified teacher.