Surah Ghafir in Tajik: translation and audio
Surah 40 · غافر · The Forgiver · 85 verses
Surah Ghafir verse by verse: the Arabic with a recitation you can repeat, the transliteration, and the Tajik translation by Khawaja Mirof & Khawaja Mir. For the meaning of every word, see Surah Ghafir word by word in English.
Verse 1
حمٓ
Transliteration hha-meem
Tajik Ҳо, Мим. (Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гузашт.)
Verse 2
تَنزِيلُ ٱلْكِتَـٰبِ مِنَ ٱللَّهِ ٱلْعَزِيزِ ٱلْعَلِيمِ
Transliteration tanzīlu l-kitābi mina l-lahi l-ʿazīzi l-ʿalīmi
Tajik Нозил шудани ин китоб бар Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҷониби Аллоҳе, ки пирӯзманд бар ҳама махлуқоташу доност бар ҳама чиз,
Verse 3
غَافِرِ ٱلذَّنۢبِ وَقَابِلِ ٱلتَّوْبِ شَدِيدِ ٱلْعِقَابِ ذِى ٱلطَّوْلِ ۖ لَآ إِلَـٰهَ إِلَّا هُوَ ۖ إِلَيْهِ ٱلْمَصِيرُ
Transliteration ghāfiri l-dhanbi waqābili l-tawbi shadīdi l-ʿiqābi dhī l-ṭawli lā ilāha illā huwa ilayhi l-maṣīru
Tajik (Ӯ) омурзандаи гуноҳи гунаҳкорон, пазирандаи тавбаи тавбакунандагон, сахтуқубат аст, бар касоне, ки дар гуноҳ ҷуръат кардаанд, бахшандаи неъмат аст, бар бандагони итоаткораш. Ҳеҷ маъбуде нест ҷуз Ӯ, ки сазовори парастиш бошад. Бозгашти ҳама халоиқ дар рӯзи қиёмат ба сӯи Ӯст. Пас, ҳар якеро мувофиқи кирдорашон ҷазои муносиб медиҳад
Verse 4
مَا يُجَـٰدِلُ فِىٓ ءَايَـٰتِ ٱللَّهِ إِلَّا ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ فَلَا يَغْرُرْكَ تَقَلُّبُهُمْ فِى ٱلْبِلَـٰدِ
Transliteration mā yujādilu fī āyāti l-lahi illā alladhīna kafarū falā yaghrur'ka taqallubuhum fī l-bilādi
Tajik Ба ҷуз кофироне, ки маъбуди барҳақро инкор кардаанд дар оёти Қуръон ва далелҳое, ки бар ягонагии Ӯ ҳастанд, ҷидол намекунанд, пас рафтуомади онҳо бо тиҷорату касбҳояшон дар шаҳрҳо туро (эй Расул) нафиребад.
Verse 5
كَذَّبَتْ قَبْلَهُمْ قَوْمُ نُوحٍ وَٱلْأَحْزَابُ مِنۢ بَعْدِهِمْ ۖ وَهَمَّتْ كُلُّ أُمَّةٍۭ بِرَسُولِهِمْ لِيَأْخُذُوهُ ۖ وَجَـٰدَلُوا۟ بِٱلْبَـٰطِلِ لِيُدْحِضُوا۟ بِهِ ٱلْحَقَّ فَأَخَذْتُهُمْ ۖ فَكَيْفَ كَانَ عِقَابِ
Transliteration kadhabat qablahum qawmu nūḥin wal-aḥzābu min baʿdihim wahammat kullu ummatin birasūlihim liyakhudhūhu wajādalū bil-bāṭili liyud'ḥiḍū bihi l-ḥaqa fa-akhadhtuhum fakayfa kāna ʿiqābi
Tajik Пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва гурӯҳҳое, ки баъд аз онҳо буданд, монанди Од ва Самуд паёмбарашонро дурӯғгӯ бароварданд. Ва қасд кард ҳар уммате ба паёмбари худ, то ӯро бигиранд (азоб диҳанд, ё ҳалок кунанд) ва ҳуҷҷатоварӣ намуданд бо паёмбари худ ба шубуҳоту далелҳои беҳуда, то сухани ҳақро ба он далели ботили худ аз миён бардоранд. Пас, онҳоро ба ҷазо гирифтор сохтам. Пас чӣ гуна панд ва ибрате буд азобу ҷазои Ман барои касоне, ки баъди онҳо меоянд.
Verse 6
وَكَذَٰلِكَ حَقَّتْ كَلِمَتُ رَبِّكَ عَلَى ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓا۟ أَنَّهُمْ أَصْحَـٰبُ ٱلنَّارِ
Transliteration wakadhālika ḥaqqat kalimatu rabbika ʿalā alladhīna kafarū annahum aṣḥābu l-nāri
Tajik Чунон ки хукми азоб бар умматҳои такзибкунандаи паёмбарони пешин собит шудааст, ҳамин тавр азоби Парвардигори ту бар касоне, ки ба ту куфр варзиданд муҳаққақ шуд, ки ҳароина, онҳо аҳли ҷаҳаннаманд!
Verse 7
ٱلَّذِينَ يَحْمِلُونَ ٱلْعَرْشَ وَمَنْ حَوْلَهُۥ يُسَبِّحُونَ بِحَمْدِ رَبِّهِمْ وَيُؤْمِنُونَ بِهِۦ وَيَسْتَغْفِرُونَ لِلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ رَبَّنَا وَسِعْتَ كُلَّ شَىْءٍ رَّحْمَةً وَعِلْمًا فَٱغْفِرْ لِلَّذِينَ تَابُوا۟ وَٱتَّبَعُوا۟ سَبِيلَكَ وَقِهِمْ عَذَابَ ٱلْجَحِيمِ
Transliteration alladhīna yaḥmilūna l-ʿarsha waman ḥawlahu yusabbiḥūna biḥamdi rabbihim wayu'minūna bihi wayastaghfirūna lilladhīna āmanū rabbanā wasiʿ'ta kulla shayin raḥmatan waʿil'man fa-igh'fir lilladhīna tābū wa-ittabaʿū sabīlaka waqihim ʿadhāba l-jaḥīmi
Tajik Он фариштагоне, ки Аршро мебардоранд ва оиҳое, ки бар гирди он ҳастанд, ба ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ мегӯянд ва аз ҳар айбу нуқсон Ӯро ба покӣ ёд мекунанд ва ба Ӯ имони яқин доранд ва аз Ӯ барои мӯъминон омурзиш мехоҳанд: Эй Парвардигори мо, раҳмату илми Ту ҳама чизро фаро гирифтааст. Пас, ононро, ки аз ширку маъсият тавба кардаанд ва ба роҳи исломи Ту омадаанд, биёмурз ва аз азоби ҷаҳаннам нигаҳ дор!
Verse 8
رَبَّنَا وَأَدْخِلْهُمْ جَنَّـٰتِ عَدْنٍ ٱلَّتِى وَعَدتَّهُمْ وَمَن صَلَحَ مِنْ ءَابَآئِهِمْ وَأَزْوَٰجِهِمْ وَذُرِّيَّـٰتِهِمْ ۚ إِنَّكَ أَنتَ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ
Transliteration rabbanā wa-adkhil'hum jannāti ʿadnin allatī waʿadttahum waman ṣalaḥa min ābāihim wa-azwājihim wadhurriyyātihim innaka anta l-ʿazīzu l-ḥakīmu
Tajik Эй Парвардигори мо, мӯъминонро ва ҳар ки солеҳ бошад, аз падарону ҳамсарон ва фарзандонашон ба биҳиштҳои ҷовидонӣ, ки ба онҳо ваъда додаӣ, дохил кун, ки ҳароина, Ту пирӯзманду тавоно бар ҳама чиз ва дар тадбир ва офариниши худ ҳакимӣ!
Verse 9
وَقِهِمُ ٱلسَّيِّـَٔاتِ ۚ وَمَن تَقِ ٱلسَّيِّـَٔاتِ يَوْمَئِذٍ فَقَدْ رَحِمْتَهُۥ ۚ وَذَٰلِكَ هُوَ ٱلْفَوْزُ ٱلْعَظِيمُ
Transliteration waqihimu l-sayiāti waman taqi l-sayiāti yawma-idhin faqad raḥim'tahu wadhālika huwa l-fawzu l-ʿaẓīmu
Tajik Ва онҳоро аз оқибати бадиҳо нигаҳ дор, ки ҳар киро дар он рӯзи ҳисоб аз бадиҳо ҳифз кунӣ, ба ростӣ, ки бар ӯ раҳмат овардаӣ ва аз азобат наҷот додаӣ ва ин аст комёбии бузург!
Verse 10
إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ يُنَادَوْنَ لَمَقْتُ ٱللَّهِ أَكْبَرُ مِن مَّقْتِكُمْ أَنفُسَكُمْ إِذْ تُدْعَوْنَ إِلَى ٱلْإِيمَـٰنِ فَتَكْفُرُونَ
Transliteration inna alladhīna kafarū yunādawna lamaqtu l-lahi akbaru min maqtikum anfusakum idh tud'ʿawna ilā l-īmāni fatakfurūna
Tajik Бегумон касоне, ки куфр варзидаанд ва маъбуди барҳақро инкор кардаанд дар рӯзи қиёмат ҳангоме, ки ба дӯзах ворид шаванд, дар ин ҳангом нигаҳбонони ҷаҳаннам барояшон нидо мезананд, ки: ҳаққо, ки хашм ва душмании Аллоҳ дар дунё аз хашм ва душмании шумо дар ин рӯз нисбат бо худатон бузургтар ва бештар аст. Зеро ба сӯи имон даъват мешудед, пас шумо инкор мекардед.
Verse 11
قَالُوا۟ رَبَّنَآ أَمَتَّنَا ٱثْنَتَيْنِ وَأَحْيَيْتَنَا ٱثْنَتَيْنِ فَٱعْتَرَفْنَا بِذُنُوبِنَا فَهَلْ إِلَىٰ خُرُوجٍ مِّن سَبِيلٍ
Transliteration qālū rabbanā amattanā ith'natayni wa-aḥyaytanā ith'natayni fa-iʿ'tarafnā bidhunūbinā fahal ilā khurūjin min sabīlin
Tajik Кофирон мегӯянд: Эй Парвардигори мо, моро ду бор мирондӣ (вақте ки дар шиками модаронамон чун нутфа қарор доштем, пеш аз дамидани руҳ ва вақте ки аҷали мо дар дунё ба охир расид) ва ду бор зинда гардонидӣ (вақте ки ба дунё омадем ва вақте ки аз қабр бархестем), пас мо акнун ба гуноҳони худ эътироф кардем. Оё аз дӯзах берун шуданро роҳе ҳаст, ки ба дунё бозгардем ва амали шоиста кунем? Вале эътироф бар гуноҳонашон ба онҳо нафъе набахшид.
Verse 12
ذَٰلِكُم بِأَنَّهُۥٓ إِذَا دُعِىَ ٱللَّهُ وَحْدَهُۥ كَفَرْتُمْ ۖ وَإِن يُشْرَكْ بِهِۦ تُؤْمِنُوا۟ ۚ فَٱلْحُكْمُ لِلَّهِ ٱلْعَلِىِّ ٱلْكَبِيرِ
Transliteration dhālikum bi-annahu idhā duʿiya l-lahu waḥdahu kafartum wa-in yush'rak bihi tu'minū fal-ḥuk'mu lillahi l-ʿaliyi l-kabīri
Tajik (Ба кофирон гуфта мешавад): Ин азоб ба он сабаб аст, ки чун Аллоҳро ба яктоӣ ва ихлоси амал мехонданд, шумо инкор мекардед ва агар барои Ӯ шарике қарор медоданд, шумо ба он шарик имон меовардед. Пас, фармон аз они Аллоҳ аст. (Ӯ ҳоким аст дар халқаш, одил аст, ки зулм намекунад, ҳидоят мекунад, касеро, ки мехоҳад ва гумроҳ мекунад касеро, ки мехоҳад ва касеро, ки хоҳад раҳм мекунад ва касеро, ки бихоҳад азоб медиҳад.) Нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Ӯ, баландмартабаи бузург аст.
Verse 13
هُوَ ٱلَّذِى يُرِيكُمْ ءَايَـٰتِهِۦ وَيُنَزِّلُ لَكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ رِزْقًا ۚ وَمَا يَتَذَكَّرُ إِلَّا مَن يُنِيبُ
Transliteration huwa alladhī yurīkum āyātihi wayunazzilu lakum mina l-samāi riz'qan wamā yatadhakkaru illā man yunību
Tajik Ӯст, он ки нишонаҳои бузурги қудрати Хешро ба шумо (эй одамон) нишон медиҳад ва бароятон аз осмон ризқу рӯзӣ мефиристад. Танҳо касе панд мегирад, ки ба ягонагии Аллоҳ ва ибодати холис руҷӯъ мекунад..
Verse 14
فَٱدْعُوا۟ ٱللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ وَلَوْ كَرِهَ ٱلْكَـٰفِرُونَ
Transliteration fa-id'ʿū l-laha mukh'liṣīna lahu l-dīna walaw kariha l-kāfirūna
Tajik Пас, Аллоҳро бо дуо бихонед, (эй мӯъминон) дар ҳоле, ки ибодату тоатро хоси Ӯ бидонед ва мухолифи мушрикон рафтор кунед, агарчи кофиронро нохуш ояд.
Verse 15
رَفِيعُ ٱلدَّرَجَـٰتِ ذُو ٱلْعَرْشِ يُلْقِى ٱلرُّوحَ مِنْ أَمْرِهِۦ عَلَىٰ مَن يَشَآءُ مِنْ عِبَادِهِۦ لِيُنذِرَ يَوْمَ ٱلتَّلَاقِ
Transliteration rafīʿu l-darajāti dhū l-ʿarshi yul'qī l-rūḥa min amrihi ʿalā man yashāu min ʿibādihi liyundhira yawma l-talāqi
Tajik Баландкунандаи мартабаҳо, соҳиби Арш ва аз раҳмати Ӯ бар бандагонаш он аст, ки руҳ (ваҳй)-ро ба фармони Худ бар ҳар яке аз бандагонаш, ки бихоҳад, мефиристад, то ӯ мардумро аз рӯзи мулоқот (қиёмат) битарсонад, ки аввалин ва охирин дар он ҷо вомехӯранд.
Verse 16
يَوْمَ هُم بَـٰرِزُونَ ۖ لَا يَخْفَىٰ عَلَى ٱللَّهِ مِنْهُمْ شَىْءٌ ۚ لِّمَنِ ٱلْمُلْكُ ٱلْيَوْمَ ۖ لِلَّهِ ٱلْوَٰحِدِ ٱلْقَهَّارِ
Transliteration yawma hum bārizūna lā yakhfā ʿalā l-lahi min'hum shayon limani l-mul'ku l-yawma lillahi l-wāḥidi l-qahāri
Tajik Он рӯз, ки ҳамаи онҳо аввалину охирин дар назди Парвардигорашон ошкор шаванд, ҳеҷ чиз аз амалҳои онҳо, ки дар дунё карда буданд, бар Аллоҳ пӯшида намонад. Аллоҳ таоло мефармояд: Имрӯз подшоҳӣ аз они кист? Боз Худ ҷавоб медиҳад: Аз они Аллоҳи яктои қаҳҳор, ки дар зот, номҳо, сифатҳо ва корҳояш ягона аст ва ба қудрат ва иззати худ бар тамоми халоиқ ғолиб аст!
Verse 17
ٱلْيَوْمَ تُجْزَىٰ كُلُّ نَفْسٍۭ بِمَا كَسَبَتْ ۚ لَا ظُلْمَ ٱلْيَوْمَ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ سَرِيعُ ٱلْحِسَابِ
Transliteration al-yawma tuj'zā kullu nafsin bimā kasabat lā ẓul'ma l-yawma inna l-laha sarīʿu l-ḥisābi
Tajik Имрӯз ҳар кас мувофиқи он чӣ анҷом додааст дар дунё аз неку бад, ҷазо дода мешавад, имрӯз ҳеҷ ситаме нест, ки дар бадиҳояш афзуда шавад ва ё аз некиҳояш кам карда шавад. Ва ҳароина, Аллоҳ зудшумор аст! Он рӯзро дер напиндоред, ҳар чӣ ки меояд наздик аст.
Verse 18
وَأَنذِرْهُمْ يَوْمَ ٱلْـَٔازِفَةِ إِذِ ٱلْقُلُوبُ لَدَى ٱلْحَنَاجِرِ كَـٰظِمِينَ ۚ مَا لِلظَّـٰلِمِينَ مِنْ حَمِيمٍ وَلَا شَفِيعٍ يُطَاعُ
Transliteration wa-andhir'hum yawma l-āzifati idhi l-qulūbu ladā l-ḥanājiri kāẓimīna mā lilẓẓālimīna min ḥamīmin walā shafīʿin yuṭāʿu
Tajik Эй Расул, аз рӯзи наздик (қиёмат) онҳоро битарсон. Он гоҳ ки дилҳо лабрез аз андӯҳ аз хавфи азоби қиёмат наздики гулӯҳо расад. Ситамкоронро дар он рӯз на хешованде бошад ва на шафоаткунандае, ки шафоаташ пазируфта шавад.
Verse 19
يَعْلَمُ خَآئِنَةَ ٱلْأَعْيُنِ وَمَا تُخْفِى ٱلصُّدُورُ
Transliteration yaʿlamu khāinata l-aʿyuni wamā tukh'fī l-ṣudūru
Tajik Аллоҳ таоло дуздона нигоҳ кардани чашмҳоро ва ҳар чиро ки дилҳо пинҳон медоранд, медонад.
Verse 20
وَٱللَّهُ يَقْضِى بِٱلْحَقِّ ۖ وَٱلَّذِينَ يَدْعُونَ مِن دُونِهِۦ لَا يَقْضُونَ بِشَىْءٍ ۗ إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلْبَصِيرُ
Transliteration wal-lahu yaqḍī bil-ḥaqi wa-alladhīna yadʿūna min dūnihi lā yaqḍūna bishayin inna l-laha huwa l-samīʿu l-baṣīru
Tajik Аллоҳ миёни одамон ба ҳақ доварӣ мекунад. Вале маъбудони ботилашон, ҳеҷ доварӣ натавонанд кард. Албатта, Аллоҳ шунаво аст, ба он чи ки шумо ба забонатон мегӯед ва бино аст ба кирдору корҳоятон ва мувофиқи он бароятон ҷазои муносиб медиҳад!
Verse 21
۞ أَوَلَمْ يَسِيرُوا۟ فِى ٱلْأَرْضِ فَيَنظُرُوا۟ كَيْفَ كَانَ عَـٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ كَانُوا۟ مِن قَبْلِهِمْ ۚ كَانُوا۟ هُمْ أَشَدَّ مِنْهُمْ قُوَّةً وَءَاثَارًا فِى ٱلْأَرْضِ فَأَخَذَهُمُ ٱللَّهُ بِذُنُوبِهِمْ وَمَا كَانَ لَهُم مِّنَ ٱللَّهِ مِن وَاقٍ
Transliteration awalam yasīrū fī l-arḍi fayanẓurū kayfa kāna ʿāqibatu alladhīna kānū min qablihim kānū hum ashadda min'hum quwwatan waāthāran fī l-arḍi fa-akhadhahumu l-lahu bidhunūbihim wamā kāna lahum mina l-lahi min wāqin
Tajik Оё онҳое, ки ба паёмбарии ту бовар надоранд дар замин сайр намекунанд, то бингаранд, ки оқибати пешиниёнашон чӣ гуна будааст? Тавоноии онҳо ва ёдгориҳое, ки дар рӯйи замин падид оварда буданд, аз инҳо бештар буд. Вале қувват ва бузургии тану ҷисмашон ба онҳо фоидае нарасонд. Сипас Аллоҳ онҳоро ба сабаби гуноҳашон ба азоб гирифтор кард ва аз қаҳри Аллоҳ онҳоро нигаҳдорандае набуд.
Verse 22
ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ كَانَت تَّأْتِيهِمْ رُسُلُهُم بِٱلْبَيِّنَـٰتِ فَكَفَرُوا۟ فَأَخَذَهُمُ ٱللَّهُ ۚ إِنَّهُۥ قَوِىٌّ شَدِيدُ ٱلْعِقَابِ
Transliteration dhālika bi-annahum kānat tatīhim rusuluhum bil-bayināti fakafarū fa-akhadhahumu l-lahu innahu qawiyyun shadīdu l-ʿiqābi
Tajik Ин азоб аз он сабаб буд, ки паёмбаронашон бо далелҳои равшан наздашон омаданд, вале паёмбаронашро инкор карданд ва Аллоҳ ҳам ононро ба азобаш фурӯ гирифт. Ва ҳароина, Аллоҳ нерӯманд аст, касе Ӯро мағлуб натавонад кард ва сахтуқубат аст ба касоне, ки ба Ӯ имон наоварданд ва нофармонбардорӣ кардаанд!
Verse 23
وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مُوسَىٰ بِـَٔايَـٰتِنَا وَسُلْطَـٰنٍ مُّبِينٍ
Transliteration walaqad arsalnā mūsā biāyātinā wasul'ṭānin mubīnin
Tajik Ва ба таҳқиқ, Мо Мӯсоро бо оёти Худ ва ҳуҷҷати ошкоре, ки далолат бар ҳақиқати рисолатии ӯ мекард, фиристодем ӯро
Verse 24
إِلَىٰ فِرْعَوْنَ وَهَـٰمَـٰنَ وَقَـٰرُونَ فَقَالُوا۟ سَـٰحِرٌ كَذَّابٌ
Transliteration ilā fir'ʿawna wahāmāna waqārūna faqālū sāḥirun kadhābun
Tajik ба сӯи Фиръавн подшоҳи Миср ва Ҳомон, ки вазираш ва Қорун, ки соҳиби молу мулки замонаш буд. Вале онҳо рисолатии ӯро инкор карданд ва такаббур варзиданд. Ва гуфтанд, ки ӯ ҷодугари дурӯғгӯст!
Verse 25
فَلَمَّا جَآءَهُم بِٱلْحَقِّ مِنْ عِندِنَا قَالُوا۟ ٱقْتُلُوٓا۟ أَبْنَآءَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ مَعَهُۥ وَٱسْتَحْيُوا۟ نِسَآءَهُمْ ۚ وَمَا كَيْدُ ٱلْكَـٰفِرِينَ إِلَّا فِى ضَلَـٰلٍ
Transliteration falammā jāahum bil-ḥaqi min ʿindinā qālū uq'tulū abnāa alladhīna āmanū maʿahu wa-is'taḥyū nisāahum wamā kaydu l-kāfirīna illā fī ḍalālin
Tajik Пас чун Мӯсо дини ҳақро аз ҷониби Мо барои Фиръавн, Ҳомон, ва Қорун бо мӯъҷизоти равшан овард, вале бо инкор карданашон ҳақро кифоят накарда, балки гуфтанд: Писарони касонеро, ки ба ӯ имон овардаанд, бикушед ва занонашонро барои хидматгорӣ ва гуломӣ зинда бигузоред? Ва ҳиласозии кофирон ҷуз дар гумроҳӣ ва табоҳӣ нест.
Verse 26
وَقَالَ فِرْعَوْنُ ذَرُونِىٓ أَقْتُلْ مُوسَىٰ وَلْيَدْعُ رَبَّهُۥٓ ۖ إِنِّىٓ أَخَافُ أَن يُبَدِّلَ دِينَكُمْ أَوْ أَن يُظْهِرَ فِى ٱلْأَرْضِ ٱلْفَسَادَ
Transliteration waqāla fir'ʿawnu dharūnī aqtul mūsā walyadʿu rabbahu innī akhāfu an yubaddila dīnakum aw an yuẓ'hira fī l-arḍi l-fasāda
Tajik Ва Фиръавн ба бузургони қавмаш гуфт: Бигузоред маро, то Мӯсоро бикушам ва ӯ Парвардигори худро ба ёрӣ талабад чи тавре, ки ӯ гумон мекунад, ки Парвардигораш ӯро ба сӯи мо фиристодааст ва ӯро аз мо нигаҳ медорад. Метарсам, ки Мӯсо динатонро дигаргун кунад ё дар ин сарзамини Миср фасоде барангезад!
Verse 27
وَقَالَ مُوسَىٰٓ إِنِّى عُذْتُ بِرَبِّى وَرَبِّكُم مِّن كُلِّ مُتَكَبِّرٍ لَّا يُؤْمِنُ بِيَوْمِ ٱلْحِسَابِ
Transliteration waqāla mūsā innī ʿudh'tu birabbī warabbikum min kulli mutakabbirin lā yu'minu biyawmi l-ḥisābi
Tajik Мӯсо барои Фиръавн ва ёронаш гуфт: Эй қавм! Ман ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо аз ҳар мутакаббире, ки аз ҳақ ва тоати Аллоҳ саркашӣ кардааст ва ба рӯзи ҳисоб бовар надорад, паноҳ мебарам!
Verse 28
وَقَالَ رَجُلٌ مُّؤْمِنٌ مِّنْ ءَالِ فِرْعَوْنَ يَكْتُمُ إِيمَـٰنَهُۥٓ أَتَقْتُلُونَ رَجُلًا أَن يَقُولَ رَبِّىَ ٱللَّهُ وَقَدْ جَآءَكُم بِٱلْبَيِّنَـٰتِ مِن رَّبِّكُمْ ۖ وَإِن يَكُ كَـٰذِبًا فَعَلَيْهِ كَذِبُهُۥ ۖ وَإِن يَكُ صَادِقًا يُصِبْكُم بَعْضُ ٱلَّذِى يَعِدُكُمْ ۖ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهْدِى مَنْ هُوَ مُسْرِفٌ كَذَّابٌ
Transliteration waqāla rajulun mu'minun min āli fir'ʿawna yaktumu īmānahu ataqtulūna rajulan an yaqūla rabbiya l-lahu waqad jāakum bil-bayināti min rabbikum wa-in yaku kādhiban faʿalayhi kadhibuhu wa-in yaku ṣādiqan yuṣib'kum baʿḍu alladhī yaʿidukum inna l-laha lā yahdī man huwa mus'rifun kadhābun
Tajik Ва марди мӯъмине аз хонадони Фиръавн, ки имонашро аз қавми худ пинҳон дошта буд, гуфт: Оё куштани мардеро раво медоред, ки мегӯяд, Парвардигори ман Аллоҳи барҳақ аст ва бо далелҳои равшан аз ҷониби Парвардигоратон омадааст, мекушед? Агар Мӯсо дурӯғ мегӯяд, гуноҳи дурӯғаш бар гардани худи ӯст ва агар рост мегӯяд, баъзе аз ваъдаҳое, ки додааст, ба шумо хоҳад расид. Албатта, Аллоҳ ҳеҷ таҷовузкори дурӯғгӯеро, ки ҳақро тарк намуда рӯй ба ноҳаққи меоварад, ҳидоят намекунад!
Verse 29
يَـٰقَوْمِ لَكُمُ ٱلْمُلْكُ ٱلْيَوْمَ ظَـٰهِرِينَ فِى ٱلْأَرْضِ فَمَن يَنصُرُنَا مِنۢ بَأْسِ ٱللَّهِ إِن جَآءَنَا ۚ قَالَ فِرْعَوْنُ مَآ أُرِيكُمْ إِلَّا مَآ أَرَىٰ وَمَآ أَهْدِيكُمْ إِلَّا سَبِيلَ ٱلرَّشَادِ
Transliteration yāqawmi lakumu l-mul'ku l-yawma ẓāhirīna fī l-arḍi faman yanṣurunā min basi l-lahi in jāanā qāla fir'ʿawnu mā urīkum illā mā arā wamā ahdīkum illā sabīla l-rashādi
Tajik Он мард гуфт: Эй қавми ман, имрӯз фармонравоӣ аз они шумост. Бар ин сарзамини Миср ғалаба доред. Вале агар азоби Аллоҳ бар сари мо ояд, чӣ касе ёриамон хоҳад кард? Фиръавн гуфт: Эй мардум! Шуморо ҷуз он чӣ худ маслиҳат мебинам, роҳе нанамоям ва ҷуз ба роҳи савоб роҳнамоӣ накунам.
Verse 30
وَقَالَ ٱلَّذِىٓ ءَامَنَ يَـٰقَوْمِ إِنِّىٓ أَخَافُ عَلَيْكُم مِّثْلَ يَوْمِ ٱلْأَحْزَابِ
Transliteration waqāla alladhī āmana yāqawmi innī akhāfu ʿalaykum mith'la yawmi l-aḥzābi
Tajik Ва он марде, ки имон оварда буд, гуфт: Эй қавми ман, ба ростӣ ман метарсам аз он рӯзе, ки балоҳое бар шумо бирасад ҳамонанди рӯзе бар гурӯҳҳои гузашта расидааст, агар шумо Мӯсоро бикушед.
Verse 31
مِثْلَ دَأْبِ قَوْمِ نُوحٍ وَعَادٍ وَثَمُودَ وَٱلَّذِينَ مِنۢ بَعْدِهِمْ ۚ وَمَا ٱللَّهُ يُرِيدُ ظُلْمًا لِّلْعِبَادِ
Transliteration mith'la dabi qawmi nūḥin waʿādin wathamūda wa-alladhīna min baʿdihim wamā l-lahu yurīdu ẓul'man lil'ʿibādi
Tajik Монанди қавми Нӯҳ ва Од ва Самуд ва касоне, ки аз он пас омадаанд ва Аллоҳ ба сабаби куфру такзибашон ҳалокашон кард. Ҳол он ки Аллоҳ барои бандагонаш хоҳони ситам нест, ки онҳоро бегуноҳ азоб диҳад. Пок аст Аллоҳ таоло аз ин гуна зулм ва камбудиҳо.
Verse 32
وَيَـٰقَوْمِ إِنِّىٓ أَخَافُ عَلَيْكُمْ يَوْمَ ٱلتَّنَادِ
Transliteration wayāqawmi innī akhāfu ʿalaykum yawma l-tanādi
Tajik Ва эй қавми ман, аз азоби рӯзи қиёмат, ки мардум якдигарро ба фарёд бихонанд, бар шумо бимнокам.
Verse 33
يَوْمَ تُوَلُّونَ مُدْبِرِينَ مَا لَكُم مِّنَ ٱللَّهِ مِنْ عَاصِمٍ ۗ وَمَن يُضْلِلِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِنْ هَادٍ
Transliteration yawma tuwallūna mud'birīna mā lakum mina l-lahi min ʿāṣimin waman yuḍ'lili l-lahu famā lahu min hādin
Tajik Он рӯз, ки ҳамагӣ пуштгардону гурезонед ва ҳеҷ кас шуморо аз азоби Аллоҳ нигаҳдоранда нест ва низ ёридиҳандае нест, ки шуморо ёрӣ диҳад. Ва ҳар касро, ки Аллоҳ хораш кунад ва гумроҳаш кунад, ҳеҷ роҳнамое надорад, ки ӯро ба роҳи рост ҳидоят намояд!
Verse 34
وَلَقَدْ جَآءَكُمْ يُوسُفُ مِن قَبْلُ بِٱلْبَيِّنَـٰتِ فَمَا زِلْتُمْ فِى شَكٍّ مِّمَّا جَآءَكُم بِهِۦ ۖ حَتَّىٰٓ إِذَا هَلَكَ قُلْتُمْ لَن يَبْعَثَ ٱللَّهُ مِنۢ بَعْدِهِۦ رَسُولًا ۚ كَذَٰلِكَ يُضِلُّ ٱللَّهُ مَنْ هُوَ مُسْرِفٌ مُّرْتَابٌ
Transliteration walaqad jāakum yūsufu min qablu bil-bayināti famā zil'tum fī shakkin mimmā jāakum bihi ḥattā idhā halaka qul'tum lan yabʿatha l-lahu min baʿdihi rasūlan kadhālika yuḍillu l-lahu man huwa mus'rifun mur'tābun
Tajik Юсуф, ки писари Яъқуб алайҳиссалом пеш аз Мӯсо бо далелҳои равшан бар шумо фиристода шуд ва шуморо ба ибодати Аллоҳи якто амр карда буд, пас аз он чӣ барои шумо оварда буд, ҳамеша дар шак будед, то замоне, ки Юсуф аз дунё бирафт, шак ва ширки шумо зиёд шуд ва гуфтед: Аллоҳ пас аз ӯ, ҳаргиз дигар паёмбаре нахоҳад фиристод! Аллоҳ таҷовузкори шакковарандаро ин гуна гумроҳ месозад!
Verse 35
ٱلَّذِينَ يُجَـٰدِلُونَ فِىٓ ءَايَـٰتِ ٱللَّهِ بِغَيْرِ سُلْطَـٰنٍ أَتَىٰهُمْ ۖ كَبُرَ مَقْتًا عِندَ ٱللَّهِ وَعِندَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ ۚ كَذَٰلِكَ يَطْبَعُ ٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ قَلْبِ مُتَكَبِّرٍ جَبَّارٍ
Transliteration alladhīna yujādilūna fī āyāti l-lahi bighayri sul'ṭānin atāhum kabura maqtan ʿinda l-lahi waʿinda alladhīna āmanū kadhālika yaṭbaʿu l-lahu ʿalā kulli qalbi mutakabbirin jabbārin
Tajik Касоне, ки бе ҳеҷ ҳуҷҷати дар даст дошта дар оёти Аллоҳ баҳсу ҷидол мекунанд. Кори онон назди Аллоҳу ва назди мӯъминон сахт нописанд аст. Аллоҳ бар дили ҳар мутакаббири ҷабборе инчунин мӯҳр мениҳад!
Verse 36
وَقَالَ فِرْعَوْنُ يَـٰهَـٰمَـٰنُ ٱبْنِ لِى صَرْحًا لَّعَلِّىٓ أَبْلُغُ ٱلْأَسْبَـٰبَ
Transliteration waqāla fir'ʿawnu yāhāmānu ib'ni lī ṣarḥan laʿallī ablughu l-asbāba
Tajik Фиръавн ба офаридагори ҷаҳониён мункир шуд ва дурӯғ баровард ва ба вазираш гуфт: Эй Ҳомон, барои ман қалъаи баланде бисоз, шояд ба он дарҳо (роҳҳо) даст ёбам:
Verse 37
أَسْبَـٰبَ ٱلسَّمَـٰوَٰتِ فَأَطَّلِعَ إِلَىٰٓ إِلَـٰهِ مُوسَىٰ وَإِنِّى لَأَظُنُّهُۥ كَـٰذِبًا ۚ وَكَذَٰلِكَ زُيِّنَ لِفِرْعَوْنَ سُوٓءُ عَمَلِهِۦ وَصُدَّ عَنِ ٱلسَّبِيلِ ۚ وَمَا كَيْدُ فِرْعَوْنَ إِلَّا فِى تَبَابٍ
Transliteration asbāba l-samāwāti fa-aṭṭaliʿa ilā ilāhi mūsā wa-innī la-aẓunnuhu kādhiban wakadhālika zuyyina lifir'ʿawna sūu ʿamalihi waṣudda ʿani l-sabīli wamā kaydu fir'ʿawna illā fī tabābin
Tajik роҳҳо ва дарҳои осмонҳо бирасам. Ва Аллоҳи Мӯсоро бубинам, зеро ҳароина, гумон мебарам, ки ӯ дар он иддиояш, ки мо Парвардигоре дорем ва ин Парвардигор болои осмонҳост, дурӯғгӯ ҳаст. Ба ин тарз кирдори зишти Фиръавн дар назараш ороста шуд ва ӯ аз роҳ бозмонд ва ҳила ва найранги ӯ дар ботил сохтани мӯъҷизаҳои Мӯсо ҷуз зиён ҳеҷ набуд. Ва дар дунёву охират ба ҷуз бадбахтӣ фоидае ба худ набурд.
Verse 38
وَقَالَ ٱلَّذِىٓ ءَامَنَ يَـٰقَوْمِ ٱتَّبِعُونِ أَهْدِكُمْ سَبِيلَ ٱلرَّشَادِ
Transliteration waqāla alladhī āmana yāqawmi ittabiʿūni ahdikum sabīla l-rashādi
Tajik Он марде, ки имон оварда буд, гуфт: Эй қавми ман, аз пайи ман биёед, то ба роҳи савоб шуморо ҳидоят кунам.
Verse 39
يَـٰقَوْمِ إِنَّمَا هَـٰذِهِ ٱلْحَيَوٰةُ ٱلدُّنْيَا مَتَـٰعٌ وَإِنَّ ٱلْـَٔاخِرَةَ هِىَ دَارُ ٱلْقَرَارِ
Transliteration yāqawmi innamā hādhihi l-ḥayatu l-dun'yā matāʿun wa-inna l-ākhirata hiya dāru l-qarāri
Tajik Эй қавми ман, ин зиндагии дунё баҳраи андакест зудгузар, ки инсон чанд рӯзе баҳраманд мешавад ва сипас нобуд мегардад. Ва охират сарои ҳамешагӣ ва заволнопазир аст. Пас бояд, ки шумо охиратро бар дунё азиз ва муқаддам донед ва амалеро анҷом диҳед, ки шуморо дар он ҷо саодатманд намояд
Verse 40
مَنْ عَمِلَ سَيِّئَةً فَلَا يُجْزَىٰٓ إِلَّا مِثْلَهَا ۖ وَمَنْ عَمِلَ صَـٰلِحًا مِّن ذَكَرٍ أَوْ أُنثَىٰ وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَأُو۟لَـٰٓئِكَ يَدْخُلُونَ ٱلْجَنَّةَ يُرْزَقُونَ فِيهَا بِغَيْرِ حِسَابٍ
Transliteration man ʿamila sayyi-atan falā yuj'zā illā mith'lahā waman ʿamila ṣāliḥan min dhakarin aw unthā wahuwa mu'minun fa-ulāika yadkhulūna l-janata yur'zaqūna fīhā bighayri ḥisābin
Tajik Ҳар кас дар ин дунё кори баде бикунад, дар охират ҷуз монанди амалаш ҷазо наёбад. Ва ҳар кас аз марду зан, ки мӯъмин бошад ва амали солеҳе ба ҷой орад, пас онҳо ба биҳишт дохил шаванд ва аз неъматҳои ҷаннат беҳисоб рӯзиашон диҳанд.
Verse 41
۞ وَيَـٰقَوْمِ مَا لِىٓ أَدْعُوكُمْ إِلَى ٱلنَّجَوٰةِ وَتَدْعُونَنِىٓ إِلَى ٱلنَّارِ
Transliteration wayāqawmi mā lī adʿūkum ilā l-najati watadʿūnanī ilā l-nāri
Tajik Эй қавми ман, чист, ки ман шуморо ба сӯи наҷот даъват мекунам, ки он роҳ ба сӯи имон ба Аллоҳ ва пайравии расулаш Мӯсо аст ва ниҳояти даъвати ман расидан ба ҷаннат аст ва дур будан аз оташи дӯзах аст ва шумо бошед маро ба сӯи оташи дӯзах даъват менамоед?
Verse 42
تَدْعُونَنِى لِأَكْفُرَ بِٱللَّهِ وَأُشْرِكَ بِهِۦ مَا لَيْسَ لِى بِهِۦ عِلْمٌ وَأَنَا۠ أَدْعُوكُمْ إِلَى ٱلْعَزِيزِ ٱلْغَفَّـٰرِ
Transliteration tadʿūnanī li-akfura bil-lahi wa-ush'rika bihi mā laysa lī bihi ʿil'mun wa-anā adʿūkum ilā l-ʿazīzi l-ghafāri
Tajik Маро даъват мекунед, ки ба Аллоҳ кофир шавам ва чизеро, ки ба он илм надорам, шарики ӯ қарор диҳам, ҳол он ки ширк аз бузургтарин гуноҳон аст ман шуморо даъват мекунам ба Аллоҳи пирӯзманди тавоно ва ғолиб бар халқаш ва омурзанда ба касоне, ки аз гуноҳи худ тавба кардаанд.
Verse 43
لَا جَرَمَ أَنَّمَا تَدْعُونَنِىٓ إِلَيْهِ لَيْسَ لَهُۥ دَعْوَةٌ فِى ٱلدُّنْيَا وَلَا فِى ٱلْـَٔاخِرَةِ وَأَنَّ مَرَدَّنَآ إِلَى ٱللَّهِ وَأَنَّ ٱلْمُسْرِفِينَ هُمْ أَصْحَـٰبُ ٱلنَّارِ
Transliteration lā jarama annamā tadʿūnanī ilayhi laysa lahu daʿwatun fī l-dun'yā walā fī l-ākhirati wa-anna maraddanā ilā l-lahi wa-anna l-mus'rifīna hum aṣḥābu l-nāri
Tajik Бешак, он чи шумо маро ба бутҳоятон даъват мекунед, на ҳаққи даъват дар дунё доранд ва на дар охират ва албатта, бозгашти мо ба сӯи Аллоҳи барҳақ аст ва У ҳар як амалкунандаро мувофиқи амалаш ҷазои муносиб медиҳад ва ҳатман, исрофкороне, ки бо куфру гуноҳ ва хунрезиҳо аз андоза берун рафтанд, дар ҷаҳаннам бошанд.
Verse 44
فَسَتَذْكُرُونَ مَآ أَقُولُ لَكُمْ ۚ وَأُفَوِّضُ أَمْرِىٓ إِلَى ٱللَّهِ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ بَصِيرٌۢ بِٱلْعِبَادِ
Transliteration fasatadhkurūna mā aqūlu lakum wa-ufawwiḍu amrī ilā l-lahi inna l-laha baṣīrun bil-ʿibādi
Tajik Он шахси мӯъмин, чун онҳоро насиҳат кард, ӯро итоат накарданд, барояшон гуфт: Ба зудӣ он чиро, ки акнун мегӯям, ба ёд хоҳед овард ва пушаймон хоҳед шуд, вале пушаймонӣ манфиат надиҳад. Ва ман кори хеш ба Аллоҳ месупорам ва бар Ӯ таваккал мекунам, албатта, Аллоҳ ба ҳоли бандагон биност ва чизе бар Ӯ пӯшида намемонад!
Verse 45
فَوَقَىٰهُ ٱللَّهُ سَيِّـَٔاتِ مَا مَكَرُوا۟ ۖ وَحَاقَ بِـَٔالِ فِرْعَوْنَ سُوٓءُ ٱلْعَذَابِ
Transliteration fawaqāhu l-lahu sayyiāti mā makarū waḥāqa biāli fir'ʿawna sūu l-ʿadhābi
Tajik Сипас Аллоҳ марди мӯъминро аз осеби макре, ки Фиръавн ва гурӯҳаш барояш андешида буданд, нигоҳ дошт ва он азоби бад хонадони Фиръавнро ба ғарқ шудан дар дарё фурӯ гирифт.
Verse 46
ٱلنَّارُ يُعْرَضُونَ عَلَيْهَا غُدُوًّا وَعَشِيًّا ۖ وَيَوْمَ تَقُومُ ٱلسَّاعَةُ أَدْخِلُوٓا۟ ءَالَ فِرْعَوْنَ أَشَدَّ ٱلْعَذَابِ
Transliteration al-nāru yuʿ'raḍūna ʿalayhā ghuduwwan waʿashiyyan wayawma taqūmu l-sāʿatu adkhilū āla fir'ʿawna ashadda l-ʿadhābi
Tajik Сипас дар қабрҳояшон азоб дода мешаванд ба оташ. Ҳар субҳу шом то рӯзи қиёмат онҳо бар он оташ гирифтор шаванд ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад ба фариштагон нидо карда шавад, ки, хонадони Фиръавнро ба сахттарин азобҳо дароваред! Ин ҷазои аъмоли бади шумост, ки дар дунё касб карда будед.
Verse 47
وَإِذْ يَتَحَآجُّونَ فِى ٱلنَّارِ فَيَقُولُ ٱلضُّعَفَـٰٓؤُا۟ لِلَّذِينَ ٱسْتَكْبَرُوٓا۟ إِنَّا كُنَّا لَكُمْ تَبَعًا فَهَلْ أَنتُم مُّغْنُونَ عَنَّا نَصِيبًا مِّنَ ٱلنَّارِ
Transliteration wa-idh yataḥājjūna fī l-nāri fayaqūlu l-ḍuʿafāu lilladhīna is'takbarū innā kunnā lakum tabaʿan fahal antum mugh'nūna ʿannā naṣīban mina l-nāri
Tajik Ва он гоҳ дар даруни оташ бо якдигар ба муҷодала ва сарзаниши яқдигар бархезанд, пас нотавонон ба касоне, ки такаббур варзиданд, гӯянд, ки мо пайравони шумо будем ва даъвати шуморо дар дунё пазируфтем, оё метавонед андаке аз ин оташеро, ки насиби мо шудааст, онро аз мо дур кунед?
Verse 48
قَالَ ٱلَّذِينَ ٱسْتَكْبَرُوٓا۟ إِنَّا كُلٌّ فِيهَآ إِنَّ ٱللَّهَ قَدْ حَكَمَ بَيْنَ ٱلْعِبَادِ
Transliteration qāla alladhīna is'takbarū innā kullun fīhā inna l-laha qad ḥakama bayna l-ʿibādi
Tajik Онон, ки саркашӣ карда буданд, нотавонии худро баён карда мегӯянд: Наметавонем аз шумо чизеро аз азоб бардорем, зеро ҳамаи мо дар оташем. Ва аз он ҷо барои мо халосӣ нест. Албатта, Аллоҳ аст, ки миёни бандагонаш доварӣ кардааст ва барои ҳар яке баҳрае аз азоб муқаррар намудааст, пас ба он намеафзояд ва на кам мекунад!
Verse 49
وَقَالَ ٱلَّذِينَ فِى ٱلنَّارِ لِخَزَنَةِ جَهَنَّمَ ٱدْعُوا۟ رَبَّكُمْ يُخَفِّفْ عَنَّا يَوْمًا مِّنَ ٱلْعَذَابِ
Transliteration waqāla alladhīna fī l-nāri likhazanati jahannama id'ʿū rabbakum yukhaffif ʿannā yawman mina l-ʿadhābi
Tajik Ва онҳо, ки дар оташанд, аз такаббуркунандагон ва нотавонон ба нигаҳбонони ҷаҳаннам мегӯянд: Аз Парвардигоратон бихоҳед, то як рӯз аз азоби мо сабук кунад, то андаке роҳат кунем.
Verse 50
قَالُوٓا۟ أَوَلَمْ تَكُ تَأْتِيكُمْ رُسُلُكُم بِٱلْبَيِّنَـٰتِ ۖ قَالُوا۟ بَلَىٰ ۚ قَالُوا۟ فَٱدْعُوا۟ ۗ وَمَا دُعَـٰٓؤُا۟ ٱلْكَـٰفِرِينَ إِلَّا فِى ضَلَـٰلٍ
Transliteration qālū awalam taku tatīkum rusulukum bil-bayināti qālū balā qālū fa-id'ʿū wamā duʿāu l-kāfirīna illā fī ḍalālin
Tajik Нигаҳбонони дӯзах дар ҷавоби онҳо мегӯянд: Ин дуо ба шумо чизе фоида надиҳад, оё паёмбаронатон бо далелҳои равшан назди шумо наёмада буданд, пас шумо онҳоро дурӯғ баровардед? Мегӯянд дӯзахиён: Бале. Нигаҳбонони дӯзах мегӯянд: Мо барои шумо дуо намекунем ва дар ҳаққи шумо шафоат ҳам наметалабем. Пас, худ дуо кунед. Лекин ин дуо ба шумо чизе фоида надиҳад, зеро шумо кофир ҳастед. Ва дуои кофирон, ҷуз он ки табоҳ шавад, ҳеҷ чизе нахоҳад буд. Ва ҳаргиз мавриди иҷобат қарор намегирад.
Verse 51
إِنَّا لَنَنصُرُ رُسُلَنَا وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ فِى ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا وَيَوْمَ يَقُومُ ٱلْأَشْهَـٰدُ
Transliteration innā lananṣuru rusulanā wa-alladhīna āmanū fī l-ḥayati l-dun'yā wayawma yaqūmu l-ashhādu
Tajik Яқинан, Мо ёрӣ мекунем паёмбарони худ ва касонеро, ки имон овардаанд дар зиндагии дунё ва низ ёрӣ мекунем дар рӯзи қиёмат, ки гувоҳон аз фариштагон, паёмбарон ва мӯъминон барои гувоҳӣ додан бар умматҳое, ки паёмбарони худро дурӯғ бароварданд барпой мехезанд, ва ту низ эй Муҳаммад, гувоҳӣ медиҳӣ, ки паёмбарон рисолати Парвардигорашонро ба умматонашон расонданд ва умматҳояшон онҳоро тасдиқ накарданд.
Verse 52
يَوْمَ لَا يَنفَعُ ٱلظَّـٰلِمِينَ مَعْذِرَتُهُمْ ۖ وَلَهُمُ ٱللَّعْنَةُ وَلَهُمْ سُوٓءُ ٱلدَّارِ
Transliteration yawma lā yanfaʿu l-ẓālimīna maʿdhiratuhum walahumu l-laʿnatu walahum sūu l-dāri
Tajik Дар рӯзе, ки ҳисобу ҷазо аст ситамкоронро узр хостан фоида надиҳад ва насиби онҳо лаънат аст ва барояшон дар охират ҷойгоҳи бад аст! Аз сабабе, ки онҳо паёмбарони худро дурӯғ мебароварданд.
Verse 53
وَلَقَدْ ءَاتَيْنَا مُوسَى ٱلْهُدَىٰ وَأَوْرَثْنَا بَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ ٱلْكِتَـٰبَ
Transliteration walaqad ātaynā mūsā l-hudā wa-awrathnā banī is'rāīla l-kitāba
Tajik Мо ба ростӣ ба Мӯсо ҳидоят (Таврот ва мӯъҷизаҳо) ато кардем ва банӣ Исроилро ворисони китоб намудем.
Verse 54
هُدًى وَذِكْرَىٰ لِأُو۟لِى ٱلْأَلْبَـٰبِ
Transliteration hudan wadhik'rā li-ulī l-albābi
Tajik Китобе, ки раҳнамо ва андарзгӯйи хирадмандон аст.
Verse 55
فَٱصْبِرْ إِنَّ وَعْدَ ٱللَّهِ حَقٌّ وَٱسْتَغْفِرْ لِذَنۢبِكَ وَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ بِٱلْعَشِىِّ وَٱلْإِبْكَـٰرِ
Transliteration fa-iṣ'bir inna waʿda l-lahi ḥaqqun wa-is'taghfir lidhanbika wasabbiḥ biḥamdi rabbika bil-ʿashiyi wal-ib'kāri
Tajik Пас сабр кун, эй Расул, аз озори мушрикон, ки албатта, ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст ва ҳеҷ хилофе дар он нест. Ва барои гуноҳат омурзиш бихоҳ ва ҳар шому саҳар ба сипос ва ситоиши Парвардигорат бипардоз.
Verse 56
إِنَّ ٱلَّذِينَ يُجَـٰدِلُونَ فِىٓ ءَايَـٰتِ ٱللَّهِ بِغَيْرِ سُلْطَـٰنٍ أَتَىٰهُمْ ۙ إِن فِى صُدُورِهِمْ إِلَّا كِبْرٌ مَّا هُم بِبَـٰلِغِيهِ ۚ فَٱسْتَعِذْ بِٱللَّهِ ۖ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلْبَصِيرُ
Transliteration inna alladhīna yujādilūna fī āyāti l-lahi bighayri sul'ṭānin atāhum in fī ṣudūrihim illā kib'run mā hum bibālighīhi fa-is'taʿidh bil-lahi innahu huwa l-samīʿu l-baṣīru
Tajik Ба ростӣ, касоне, ки дар оёти Аллоҳ бе он ки ҳуҷҷате барояшон омада бошад ба гумонҳои фосиду ботил муҷодала мекунанд ва мехоҳанд бо ботиле, ки бо худ доранд бар ҳақ бартарӣ ҷӯянд, дар синаҳои онҳо ҷуз кибр нест ва ҳасадбаранда ҳастанд бар фазлу каромате, ки Аллоҳ ба паёмбараш додааст, вале ба он мақсад нахоҳанд расид. Пас, ба Аллоҳ паноҳ бибар, ки албатта, Ӯ бисёр шунаво аст ба гуфторашон, биност ба кирдорашон ва ҳар якеро ҷазои муносиб хоҳад дод!
Verse 57
لَخَلْقُ ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ أَكْبَرُ مِنْ خَلْقِ ٱلنَّاسِ وَلَـٰكِنَّ أَكْثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ
Transliteration lakhalqu l-samāwāti wal-arḍi akbaru min khalqi l-nāsi walākinna akthara l-nāsi lā yaʿlamūna
Tajik Бегумон офариниши осмону замин аз офариниши мардум ва аз зинда гардонидани онҳо баъд аз мирониданашон бузургтар аст, вале бештари мардум намедонанд, ки офариниши ҳама махлуқот бар Аллоҳ осон аст!
Verse 58
وَمَا يَسْتَوِى ٱلْأَعْمَىٰ وَٱلْبَصِيرُ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّـٰلِحَـٰتِ وَلَا ٱلْمُسِىٓءُ ۚ قَلِيلًا مَّا تَتَذَكَّرُونَ
Transliteration wamā yastawī l-aʿmā wal-baṣīru wa-alladhīna āmanū waʿamilū l-ṣāliḥāti walā l-musīu qalīlan mā tatadhakkarūna
Tajik Ва нобинову бино баробар нестанд. Ва онҳое, ки имон ба ягонагии Аллоҳ овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва амал ба шариати Ӯ кардаанд, бо зишткорон, ки ягонагии Аллоҳро инкор кардаанд ва паёмбаронро дурӯғ баровардаанд ва ба шариати Ӯ амал накардаанд, ҳаргиз баробар набошанд. Аммо шумо кам панд мегиред!
Verse 59
إِنَّ ٱلسَّاعَةَ لَـَٔاتِيَةٌ لَّا رَيْبَ فِيهَا وَلَـٰكِنَّ أَكْثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يُؤْمِنُونَ
Transliteration inna l-sāʿata laātiyatun lā rayba fīhā walākinna akthara l-nāsi lā yu'minūna
Tajik Бегумон қиёмат омаданӣ аст ва дар он шубҳае нест, пас дар омадани он шак накунед, чунон ки паёмбарон ба он хабар додаанд, вале бештари мардум ба омадани қиёмат имон намеоваранд ва амал намекунанд.
Verse 60
وَقَالَ رَبُّكُمُ ٱدْعُونِىٓ أَسْتَجِبْ لَكُمْ ۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَسْتَكْبِرُونَ عَنْ عِبَادَتِى سَيَدْخُلُونَ جَهَنَّمَ دَاخِرِينَ
Transliteration waqāla rabbukumu id'ʿūnī astajib lakum inna alladhīna yastakbirūna ʿan ʿibādatī sayadkhulūna jahannama dākhirīna
Tajik Ва Парвардигоратон гуфт: Эй бандагон! Дуову илтиҷо кунед Маро, то дуои шуморо иҷобат кунам. Бегумон онҳое, ки аз парастиши Ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ бо хорӣ ба ҷаҳаннам медароянд!
Verse 61
ٱللَّهُ ٱلَّذِى جَعَلَ لَكُمُ ٱلَّيْلَ لِتَسْكُنُوا۟ فِيهِ وَٱلنَّهَارَ مُبْصِرًا ۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَذُو فَضْلٍ عَلَى ٱلنَّاسِ وَلَـٰكِنَّ أَكْثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَشْكُرُونَ
Transliteration al-lahu alladhī jaʿala lakumu al-layla litaskunū fīhi wal-nahāra mub'ṣiran inna l-laha ladhū faḍlin ʿalā l-nāsi walākinna akthara l-nāsi lā yashkurūna
Tajik Аллоҳ аст, он ки шабро бароятон офарид, то дар он биёромед ва роҳат кунед ва рӯзро равшаноӣ бахшид то ниёзҳои худро дар он анҷом диҳед. Ҳароина, Аллоҳ бар мардум фазлу карам дорад. Вале бештари мардум Ӯро ба тоат ва ихлос дар ибодат шукргузорӣ намекунанд.
Verse 62
ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ رَبُّكُمْ خَـٰلِقُ كُلِّ شَىْءٍ لَّآ إِلَـٰهَ إِلَّا هُوَ ۖ فَأَنَّىٰ تُؤْفَكُونَ
Transliteration dhālikumu l-lahu rabbukum khāliqu kulli shayin lā ilāha illā huwa fa-annā tu'fakūna
Tajik Ин аст Аллоҳи барҳақ, ки бар шумо ин неъматҳоро арзонӣ кард, Ӯст Парвардигори шумо, Офаридгори ҳама чиз. Аллоҳе барҳақ ҷуз Ӯ касе сазовори ибодат нест. Пас, чӣ гуна аз ҳақ баргардонида мешавед баъд аз он ки далел ва роҳ бароятон равшан шудааст, ғайри Ӯро боз парастиш мекунед?
Verse 63
كَذَٰلِكَ يُؤْفَكُ ٱلَّذِينَ كَانُوا۟ بِـَٔايَـٰتِ ٱللَّهِ يَجْحَدُونَ
Transliteration kadhālika yu'faku alladhīna kānū biāyāti l-lahi yajḥadūna
Tajik Чуноне ки ҳақро дурӯғ баровардед эй кофирони Қурайш ва аз он рӯй гардонидед, ҳамчунин аз роҳи ҳақ баргардонида мешаванд ононе, ки оёти Аллоҳро инкор мекарданд.
Verse 64
ٱللَّهُ ٱلَّذِى جَعَلَ لَكُمُ ٱلْأَرْضَ قَرَارًا وَٱلسَّمَآءَ بِنَآءً وَصَوَّرَكُمْ فَأَحْسَنَ صُوَرَكُمْ وَرَزَقَكُم مِّنَ ٱلطَّيِّبَـٰتِ ۚ ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ رَبُّكُمْ ۖ فَتَبَارَكَ ٱللَّهُ رَبُّ ٱلْعَـٰلَمِينَ
Transliteration al-lahu alladhī jaʿala lakumu l-arḍa qarāran wal-samāa bināan waṣawwarakum fa-aḥsana ṣuwarakum warazaqakum mina l-ṭayibāti dhālikumu l-lahu rabbukum fatabāraka l-lahu rabbu l-ʿālamīna
Tajik Аллоҳ аст, ки заминро қароргоҳи шумо сохт то дар он қарор гиред ва бар он зиндагиро бароятон муяссар кард ва осмонро барои замин чун биное барафрохт. Ва шуморо сурат бахшид ва суратҳоятонро некӯ сохт. Ва аз чизҳои покизаву хуш рӯзиятон дод. Ин аст Аллоҳи барҳақ, ки бар шумо ин неъматҳоро арзонӣ кард. Парвардигори шумост. Аллоҳ пурбаракату бузургвор аст, ва аз ҳама сифатҳои ношоистае, ки лоиқи зоти Ӯ нест, пок аст. Ӯст Парвардигори ҷаҳониён!
Verse 65
هُوَ ٱلْحَىُّ لَآ إِلَـٰهَ إِلَّا هُوَ فَٱدْعُوهُ مُخْلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ ۗ ٱلْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلْعَـٰلَمِينَ
Transliteration huwa l-ḥayu lā ilāha illā huwa fa-id'ʿūhu mukh'liṣīna lahu l-dīna l-ḥamdu lillahi rabbi l-ʿālamīna
Tajik Ӯ зинда ва боқӣ аст ва Ӯро ҳаёти комил аст, ҳаргиз фано намешавад, Аллоҳе барҳақ, ғайри Ӯ ҳеҷ кас сазовори ибодат нест. Танҳо Ӯро ибодат кунед ва Ӯро бо дуо бихонед, дар ҳоле, ки дини Ӯро ба ихлос пазируфта бошед, ки ситоиши комил аз они Аллоҳест, ки Парвардигори ҷаҳониён аст!
Verse 66
۞ قُلْ إِنِّى نُهِيتُ أَنْ أَعْبُدَ ٱلَّذِينَ تَدْعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ لَمَّا جَآءَنِىَ ٱلْبَيِّنَـٰتُ مِن رَّبِّى وَأُمِرْتُ أَنْ أُسْلِمَ لِرَبِّ ٱلْعَـٰلَمِينَ
Transliteration qul innī nuhītu an aʿbuda alladhīna tadʿūna min dūni l-lahi lammā jāaniya l-bayinātu min rabbī wa-umir'tu an us'lima lirabbi l-ʿālamīna
Tajik Бигӯ эй Расул барои мушрикони қавми худ: Ман наҳй шудаам, ки чизҳоеро, ки ғайри Аллоҳи барҳақ мепарастед, парастиш кунам, дар ҳоле, ки аз ҷониби Парвардигорам барои ман далелҳое равшан омадааст. Ва ба ман фармон дода шуд, ки дар баробари Парвардигори ҷаҳониён куллан таслим бошам.
Verse 67
هُوَ ٱلَّذِى خَلَقَكُم مِّن تُرَابٍ ثُمَّ مِن نُّطْفَةٍ ثُمَّ مِنْ عَلَقَةٍ ثُمَّ يُخْرِجُكُمْ طِفْلًا ثُمَّ لِتَبْلُغُوٓا۟ أَشُدَّكُمْ ثُمَّ لِتَكُونُوا۟ شُيُوخًا ۚ وَمِنكُم مَّن يُتَوَفَّىٰ مِن قَبْلُ ۖ وَلِتَبْلُغُوٓا۟ أَجَلًا مُّسَمًّى وَلَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ
Transliteration huwa alladhī khalaqakum min turābin thumma min nuṭ'fatin thumma min ʿalaqatin thumma yukh'rijukum ṭif'lan thumma litablughū ashuddakum thumma litakūnū shuyūkhan waminkum man yutawaffā min qablu walitablughū ajalan musamman walaʿallakum taʿqilūna
Tajik Ӯст, он Аллоҳе, ки падари шумо (Одам алайҳиссалом)- ро аз хок офарид, сипас шуморо ба қудраташ аз нутфаи манӣ ба вуҷуд овард, сипас шуморо дар раҳми модарон аз хуни баста биёфаридааст. Он гоҳ шуморо, дар ҳоле, ки тифли навзоде будед, аз раҳми модар берун овард, сипас калон мешавед, то ба синни ҷавонӣ бирасед, сипас зиндагӣ мекунед, то баъд аз он пир мешавед. Баъзе аз миёни шумо касе аст, ки пеш аз пирӣ бимирад ва ба баъзе аз шумо мӯҳлат медиҳад то ба аҷали муъайян бирасед ва бошад, ки далелҳои Аллоҳро ба ақл дарёбед ва дар оёти Ӯ биандешед ва бидонед, ки инҳо, ҳама аз амр, такдир ва тадбири Ӯ содир мешаванд, пас бояд, ки ба ҷуз Ӯ касе дигарро парастиш карда нашавад.
Verse 68
هُوَ ٱلَّذِى يُحْىِۦ وَيُمِيتُ ۖ فَإِذَا قَضَىٰٓ أَمْرًا فَإِنَّمَا يَقُولُ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ
Transliteration huwa alladhī yuḥ'yī wayumītu fa-idhā qaḍā amran fa-innamā yaqūlu lahu kun fayakūnu
Tajik Танҳо Ӯст, ки зинда мекунад ва мемиронад. Ва чун иродаи чизе кунад, ба он мегӯяд: «Мавҷуд шав!». Пас, мавҷуд мешавад. Ҳеҷ кас ҳукми Ӯро радкунанда нест.
Verse 69
أَلَمْ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ يُجَـٰدِلُونَ فِىٓ ءَايَـٰتِ ٱللَّهِ أَنَّىٰ يُصْرَفُونَ
Transliteration alam tara ilā alladhīna yujādilūna fī āyāti l-lahi annā yuṣ'rafūna
Tajik Оё надидаӣ эй Расул, онҳое, ки дар оёти Аллоҳ кашмакаш мекунанд, ҳол он ки ба ягонагии Ӯ ва қудраташ далелҳои равшан омадаст, пас чӣ гуна баъд аз ин далелҳои равшан аз дини ҳақ бероҳа мешаванд?
Verse 70
ٱلَّذِينَ كَذَّبُوا۟ بِٱلْكِتَـٰبِ وَبِمَآ أَرْسَلْنَا بِهِۦ رُسُلَنَا ۖ فَسَوْفَ يَعْلَمُونَ
Transliteration alladhīna kadhabū bil-kitābi wabimā arsalnā bihi rusulanā fasawfa yaʿlamūna
Tajik Касоне, ки ин китоби Қуръонро ва низ он чиро, ба василаи паёмбарон фиристодаем аз китобҳои осмонӣ, ки Аллоҳ таоло онҳоро барои ҳидояти мардум нозил кардааст, дурӯғ мешуморанд, ба зудӣ оқибати куфрашонро хоҳанд донист,
Verse 71
إِذِ ٱلْأَغْلَـٰلُ فِىٓ أَعْنَـٰقِهِمْ وَٱلسَّلَـٰسِلُ يُسْحَبُونَ
Transliteration idhi l-aghlālu fī aʿnāqihim wal-salāsilu yus'ḥabūna
Tajik Он гоҳ ки тавқҳо ва занҷирҳо дар гарданашон хоҳад буд ва кашида мешаванд
Verse 72
فِى ٱلْحَمِيمِ ثُمَّ فِى ٱلنَّارِ يُسْجَرُونَ
Transliteration fī l-ḥamīmi thumma fī l-nāri yus'jarūna
Tajik дар оби ҷӯшон, сипас дар оташи ҷаҳаннам афрӯхта мешаванд.
Verse 73
ثُمَّ قِيلَ لَهُمْ أَيْنَ مَا كُنتُمْ تُشْرِكُونَ
Transliteration thumma qīla lahum ayna mā kuntum tush'rikūna
Tajik Он гоҳ ба онҳо аз рӯи сарзаниш гуфта шавад: Он шарикон, ки барои Аллоҳ мепиндоштед ва парастиш мекардед, куҷо ҳастанд, то шуморо имрӯз ёрӣ диҳанд? Пас онҳоро бихонед, агар тавонанд шуморо аз ин бало наҷот диҳанд.
Verse 74
مِن دُونِ ٱللَّهِ ۖ قَالُوا۟ ضَلُّوا۟ عَنَّا بَل لَّمْ نَكُن نَّدْعُوا۟ مِن قَبْلُ شَيْـًٔا ۚ كَذَٰلِكَ يُضِلُّ ٱللَّهُ ٱلْكَـٰفِرِينَ
Transliteration min dūni l-lahi qālū ḍallū ʿannā bal lam nakun nadʿū min qablu shayan kadhālika yuḍillu l-lahu l-kāfirīna
Tajik Такзибкунандагон мегӯянд: Аз назари мо нопадид шуданд, балки мо ҳаргиз пеш аз ин чизеро (маъбуди хеш) намехондем. Аллоҳ кофиронро ин гуна гумроҳ мекунад.
Verse 75
ذَٰلِكُم بِمَا كُنتُمْ تَفْرَحُونَ فِى ٱلْأَرْضِ بِغَيْرِ ٱلْحَقِّ وَبِمَا كُنتُمْ تَمْرَحُونَ
Transliteration dhālikum bimā kuntum tafraḥūna fī l-arḍi bighayri l-ḥaqi wabimā kuntum tamraḥūna
Tajik Ин азобе, ки ба шумо расид, ба он сабаб аст, ки дар дунё дар ғафлат будед ва ба ноҳақ дар замин шодмонӣ мекардед ва аз рӯи гуноҳ ва ситам бар бандагони Аллоҳ такаббур ва нозу карашма мекардед.
Verse 76
ٱدْخُلُوٓا۟ أَبْوَٰبَ جَهَنَّمَ خَـٰلِدِينَ فِيهَا ۖ فَبِئْسَ مَثْوَى ٱلْمُتَكَبِّرِينَ
Transliteration ud'khulū abwāba jahannama khālidīna fīhā fabi'sa mathwā l-mutakabirīna
Tajik Ба сабаби оқибати куфратон ба Аллоҳ ва нофармонбардориатон Ӯро, аз дарҳои ҷаҳаннам дохил шавед. Ҳамеша дар он ҷо бимонед. Ва ҷойгоҳи саркашон чӣ ҷойгоҳи бадест!
Verse 77
فَٱصْبِرْ إِنَّ وَعْدَ ٱللَّهِ حَقٌّ ۚ فَإِمَّا نُرِيَنَّكَ بَعْضَ ٱلَّذِى نَعِدُهُمْ أَوْ نَتَوَفَّيَنَّكَ فَإِلَيْنَا يُرْجَعُونَ
Transliteration fa-iṣ'bir inna waʿda l-lahi ḥaqqun fa-immā nuriyannaka baʿḍa alladhī naʿiduhum aw natawaffayannaka fa-ilaynā yur'jaʿūna
Tajik Эй Расул, пас, сабр кун ва дар роҳи даъвати худ давомат кун албатта, ваъдаи Аллоҳ рост аст. Он чӣ ба ту ваъда додаем, зуд аст, ки барои ту онро иҷро намоем, ё баъзе аз он чизҳоро, ки ба он мушрикон ваъда додаем, ба ту нишон медиҳем, то онро мушоҳида кунӣ, ё туро пеш аз фаро расидани азоб бар онҳо бимиронем, пас рӯзи қиёмат онҳо ба назди Мо бозгардонида шаванд ва ба сабаби куфре, ки варзидаанд, онҳоро зуд ба азоби сахте бичашонем.
Verse 78
وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلًا مِّن قَبْلِكَ مِنْهُم مَّن قَصَصْنَا عَلَيْكَ وَمِنْهُم مَّن لَّمْ نَقْصُصْ عَلَيْكَ ۗ وَمَا كَانَ لِرَسُولٍ أَن يَأْتِىَ بِـَٔايَةٍ إِلَّا بِإِذْنِ ٱللَّهِ ۚ فَإِذَا جَآءَ أَمْرُ ٱللَّهِ قُضِىَ بِٱلْحَقِّ وَخَسِرَ هُنَالِكَ ٱلْمُبْطِلُونَ
Transliteration walaqad arsalnā rusulan min qablika min'hum man qaṣaṣnā ʿalayka wamin'hum man lam naqṣuṣ ʿalayka wamā kāna lirasūlin an yatiya biāyatin illā bi-idh'ni l-lahi fa-idhā jāa amru l-lahi quḍiya bil-ḥaqi wakhasira hunālika l-mub'ṭilūna
Tajik Пеш аз ту эй Расул, бисёр паёмбароне ба сӯи қавмашон фиристодаем, то онҳоро даъват намоянд ва бар озори онҳо сабру тоқат кунанд. Аз онҳо достони баъзеро бароят гуфтаем ва достони баъзеро нагуфтаем. Ва ҳама паёмбарон амр шуда буданд, ки ваҳйи илоҳиро ба қавмашон бирасонанд. Ва ҳеҷ паёмбареро насазад, ки мӯъҷизае биёварад, магар ба фармони Аллоҳ. Ва чун фармони Аллоҳ барои азоби такзибкунандагон даррасад, миёни паёмбарон ва дурӯғбаровардагонашон барҳақ доварӣ гардад ва онон, ки бар ботил будаанд, он ҷо зиён хоҳанд дид.
Verse 79
ٱللَّهُ ٱلَّذِى جَعَلَ لَكُمُ ٱلْأَنْعَـٰمَ لِتَرْكَبُوا۟ مِنْهَا وَمِنْهَا تَأْكُلُونَ
Transliteration al-lahu alladhī jaʿala lakumu l-anʿāma litarkabū min'hā wamin'hā takulūna
Tajik Аллоҳ аст, ки чорпоёнро бароятон офарид, то ба василаи онҳо манфиат баред; бар баъзеяшон савор шавед ва аз баъзеяшон бихӯред.
Verse 80
وَلَكُمْ فِيهَا مَنَـٰفِعُ وَلِتَبْلُغُوا۟ عَلَيْهَا حَاجَةً فِى صُدُورِكُمْ وَعَلَيْهَا وَعَلَى ٱلْفُلْكِ تُحْمَلُونَ
Transliteration walakum fīhā manāfiʿu walitablughū ʿalayhā ḥājatan fī ṣudūrikum waʿalayhā waʿalā l-ful'ki tuḥ'malūna
Tajik Ва барои шумо дар онҳо манфиатҳоест ва то бо савор шудан бар онҳо ба мақсаде, ки дар дил доред, ба маконҳои дур бирасед. Ва бар он чаҳорпоён дар хушкиҳо ва низ бар киштиҳо дар баҳр савор шавед.
Verse 81
وَيُرِيكُمْ ءَايَـٰتِهِۦ فَأَىَّ ءَايَـٰتِ ٱللَّهِ تُنكِرُونَ
Transliteration wayurīkum āyātihi fa-ayya āyāti l-lahi tunkirūna
Tajik Аллоҳ таоло оёти равшани хешро, ки далолат бар қудрат ва тадбири Ӯ дар халқаш мекунад, бар шумо менамоёнад. Пас, кадом як аз оёти Аллоҳро инкор мекунед ва ба он эътироф намекунед?
Verse 82
أَفَلَمْ يَسِيرُوا۟ فِى ٱلْأَرْضِ فَيَنظُرُوا۟ كَيْفَ كَانَ عَـٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ ۚ كَانُوٓا۟ أَكْثَرَ مِنْهُمْ وَأَشَدَّ قُوَّةً وَءَاثَارًا فِى ٱلْأَرْضِ فَمَآ أَغْنَىٰ عَنْهُم مَّا كَانُوا۟ يَكْسِبُونَ
Transliteration afalam yasīrū fī l-arḍi fayanẓurū kayfa kāna ʿāqibatu alladhīna min qablihim kānū akthara min'hum wa-ashadda quwwatan waāthāran fī l-arḍi famā aghnā ʿanhum mā kānū yaksibūna
Tajik Оё ин дурӯғбаровардагон дар замин сайр накардаанд, то бингаранд, ки оқибати касоне, ки паёмбаронашонро дурӯғ бароварданд, пеш аз онҳо мезистаанд, чӣ гуна будааст? Онҳо мардуме, буданд, ки нерӯяшон бештар ва осорашон дар рӯи замин фаровонтар буд. Пас, он чизҳо, аз биноҳо, боғҳо ва киштзорҳо, ки ба даст меоварданд, ҳангоми фаро расидани азоб ба онҳо фоидае набахшид.
Verse 83
فَلَمَّا جَآءَتْهُمْ رُسُلُهُم بِٱلْبَيِّنَـٰتِ فَرِحُوا۟ بِمَا عِندَهُم مِّنَ ٱلْعِلْمِ وَحَاقَ بِهِم مَّا كَانُوا۟ بِهِۦ يَسْتَهْزِءُونَ
Transliteration falammā jāathum rusuluhum bil-bayināti fariḥū bimā ʿindahum mina l-ʿil'mi waḥāqa bihim mā kānū bihi yastahziūna
Tajik Чун паёмбаронашон бо далелҳои равшан ба сӯяшон омаданд, ба илму дониши худ аз рӯи ҷаҳолаташон дилхуш буданд ва он чиро, ки масхарааш мекарданд, онҳоро азоб фаро гирифт.
Verse 84
فَلَمَّا رَأَوْا۟ بَأْسَنَا قَالُوٓا۟ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ وَحْدَهُۥ وَكَفَرْنَا بِمَا كُنَّا بِهِۦ مُشْرِكِينَ
Transliteration falammā ra-aw basanā qālū āmannā bil-lahi waḥdahu wakafarnā bimā kunnā bihi mush'rikīna
Tajik Ва чун азоби Моро диданд, гуфтанд: Ба Аллоҳи якто имон овардем ва ба он чизҳое, ки шарики Аллоҳ қарор дода будем, кофир шудем.
Verse 85
فَلَمْ يَكُ يَنفَعُهُمْ إِيمَـٰنُهُمْ لَمَّا رَأَوْا۟ بَأْسَنَا ۖ سُنَّتَ ٱللَّهِ ٱلَّتِى قَدْ خَلَتْ فِى عِبَادِهِۦ ۖ وَخَسِرَ هُنَالِكَ ٱلْكَـٰفِرُونَ
Transliteration falam yaku yanfaʿuhum īmānuhum lammā ra-aw basanā sunnata l-lahi allatī qad khalat fī ʿibādihi wakhasira hunālika l-kāfirūna
Tajik Аммо он ҳангом ки азоби Маро диданд, дигар имонашон барояшон фоидае набахшид. Зеро имонашон аз рӯи ночорӣ ва маҷбурӣ буд, на аз рӯи ихтиёрӣ. Ин суннати Аллоҳ аст, ки миёни бандагонаш гузоштааст, ки имон овардан ҳангоми мушоҳидаи азоб ба ҳолашон фоидае надорад. Ва кофирон дар он рӯз аз чашондани азоб зиён мебинанд!
Read Surah Ghafir in another language
- English (word by word)
- Albanian
- Amazigh
- Amharic
- Assamese
- Azerbaijani
- Bambara
- Bangla
- Bosnian
- Bulgarian
- Chechen
- Chinese
- Czech
- Dari
- Dhivehi
- Dutch
- Finnish
- French
- German
- Gujarati
- Hausa
- Hebrew
- Hindi
- Indonesian
- Italian
- Japanese
- Kannada
- Kazakh
- Khmer
- Kinyarwanda
- Korean
- Kurdish
- Luganda
- Malay
- Malayalam
- Maranao
- Marathi
- Nepali
- Norwegian
- Oromo
- Pashto
- Persian
- Polish
- Portuguese
- Romanian
- Russian
- Sindhi
- Sinhala
- Somali
- Spanish
- Swahili
- Swedish
- Tagalog
- Tamil
- Tatar
- Telugu
- Thai
- Turkish
- Ukrainian
- Urdu
- Uyghur
- Uzbek
- Vietnamese
- Yao
- Yoruba
All 114 surahs in Tajik: the Qur’an in Tajik.
Tajik translation: Khawaja Mirof & Khawaja Mir, from Quran.com. Transliteration: Quran.com. Recitation: Mishary Alafasy, from EveryAyah.com. MyDugsi is a learning aid, not a replacement for a qualified teacher.