MyDugsiStart learning

Surah At-Taghabun in Tajik: translation and audio

Surah 64 · التغابن · The Mutual Disillusion · 18 verses

Surah At-Taghabun verse by verse: the Arabic with a recitation you can repeat, the transliteration, and the Tajik translation by Khawaja Mirof & Khawaja Mir. For the meaning of every word, see Surah At-Taghabun word by word in English.

Verse 1

يُسَبِّحُ لِلَّهِ مَا فِى ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَمَا فِى ٱلْأَرْضِ ۖ لَهُ ٱلْمُلْكُ وَلَهُ ٱلْحَمْدُ ۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ

Transliteration yusabbiḥu lillahi mā fī l-samāwāti wamā fī l-arḍi lahu l-mul'ku walahu l-ḥamdu wahuwa ʿalā kulli shayin qadīrun

Tajik Аллоҳро тасбеҳ мегӯянд ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст. Фармонравоӣ ва ҳокимият аз они Ӯст ва сипос ва ситоиши некӯ сазовори Ӯст ва Ӯ ба ҳар чизе тавоност!

Verse 2

هُوَ ٱلَّذِى خَلَقَكُمْ فَمِنكُمْ كَافِرٌ وَمِنكُم مُّؤْمِنٌ ۚ وَٱللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ

Transliteration huwa alladhī khalaqakum faminkum kāfirun waminkum mu'minun wal-lahu bimā taʿmalūna baṣīrun

Tajik Ӯст, ки шуморо биёфарид. Баъзе аз шумо ба Илоҳи бар ҳақ будани Ӯ кофиранд ва баъзе мӯъминанд ва ба шариъати Ӯ амалкунандаанд. Ва ҳамаи корҳое, ки мекунед, мебинад ва ҳеҷ чиз аз он бар Ӯ пинҳон намемонад ва дар баробари амалҳоятон ҷазодиҳандааст!

Verse 3

خَلَقَ ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ بِٱلْحَقِّ وَصَوَّرَكُمْ فَأَحْسَنَ صُوَرَكُمْ ۖ وَإِلَيْهِ ٱلْمَصِيرُ

Transliteration khalaqa l-samāwāti wal-arḍa bil-ḥaqi waṣawwarakum fa-aḥsana ṣuwarakum wa-ilayhi l-maṣīru

Tajik Осмонҳову заминро барҳақ ва ба ҳикмати расо биёфарид ва шуморо тасвир кард ва некӯ тасвир кард. Ва оқибати бозгашти ҳама дар рӯзи қиёмат ба сӯи Ӯст!

Verse 4

يَعْلَمُ مَا فِى ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَيَعْلَمُ مَا تُسِرُّونَ وَمَا تُعْلِنُونَ ۚ وَٱللَّهُ عَلِيمٌۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ

Transliteration yaʿlamu mā fī l-samāwāti wal-arḍi wayaʿlamu mā tusirrūna wamā tuʿ'linūna wal-lahu ʿalīmun bidhāti l-ṣudūri

Tajik Эй мардум! Ҳар чиро дар осмонҳову замин аст, Аллоҳ таъоло медонад ва низ медонад ба он чӣ пинҳон медоред байни якдигар ё ошкор месозед. Ва Аллоҳ ба ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад ва пинҳондошта мешавад, доно аст!

Verse 5

أَلَمْ يَأْتِكُمْ نَبَؤُا۟ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ مِن قَبْلُ فَذَاقُوا۟ وَبَالَ أَمْرِهِمْ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ

Transliteration alam yatikum naba-u alladhīna kafarū min qablu fadhāqū wabāla amrihim walahum ʿadhābun alīmun

Tajik Оё эй мушрикон шуморо хабари касоне, ки аз ин пеш кофир шуда буданд, нарасидааст? Уқубати ногувори амалашонро дар дунё чашиданд ва барояшон дар охират азоби дардовар аст.

Verse 6

ذَٰلِكَ بِأَنَّهُۥ كَانَت تَّأْتِيهِمْ رُسُلُهُم بِٱلْبَيِّنَـٰتِ فَقَالُوٓا۟ أَبَشَرٌ يَهْدُونَنَا فَكَفَرُوا۟ وَتَوَلَّوا۟ ۚ وَّٱسْتَغْنَى ٱللَّهُ ۚ وَٱللَّهُ غَنِىٌّ حَمِيدٌ

Transliteration dhālika bi-annahu kānat tatīhim rusuluhum bil-bayināti faqālū abasharun yahdūnanā fakafarū watawallaw wa-is'taghnā l-lahu wal-lahu ghaniyyun ḥamīdun

Tajik Ин азоби дардноке, ки дар дунё дучорашон шуд, ба сабаби он буд, ки ҳароина, паёмбаронашон бо далелҳои равшан бар онон фиристода шуданд: Ва онҳо бо тааҷҷуб ва инкор гуфтанд: «Оё монанди мо одамиён моро ҳидоят мекунанд?» Пас, ба Аллоҳ кофир шуданд ва рисолати расулонашро инкор карданд ва аз ҳақ рӯй гардониданд ва онро қабул накарданд ва Аллоҳ бениёз аз имон ва итоъати онҳо буд ва ҳамеша Аллоҳ бениёз аст ва сазовори ситоиш аст дар гуфтору корҳо ва сифоташ.

Verse 7

زَعَمَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓا۟ أَن لَّن يُبْعَثُوا۟ ۚ قُلْ بَلَىٰ وَرَبِّى لَتُبْعَثُنَّ ثُمَّ لَتُنَبَّؤُنَّ بِمَا عَمِلْتُمْ ۚ وَذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٌ

Transliteration zaʿama alladhīna kafarū an lan yub'ʿathū qul balā warabbī latub'ʿathunna thumma latunabba-unna bimā ʿamil'tum wadhālika ʿalā l-lahi yasīrun

Tajik Онон, ки кофир шуданд, пиндоштанд, ки онҳо ҳаргиз баъд аз мурданашон зинда карда намешаванд. Бигӯ барояшон эй Расул: «оре, ба Парвардигорам савганд, ки шуморо, ҳатман, баъд аз мурданатон зинда хоҳад кард. Сипас ба он чӣ дар дунё кардаед, ҳатман, огоҳ сохта мешавед. Ва ин бар Аллоҳ осон аст».

Verse 8

فَـَٔامِنُوا۟ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَٱلنُّورِ ٱلَّذِىٓ أَنزَلْنَا ۚ وَٱللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ

Transliteration faāminū bil-lahi warasūlihi wal-nūri alladhī anzalnā wal-lahu bimā taʿmalūna khabīrun

Tajik Пас, эй мушрикон ба Аллоҳу паёмбараш ва ин нур, Қуръон, ки нозил кардем, имон биёваред. Ва Аллоҳ ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст! Пас чизе аз суханон ва афъолатон бар Ӯ пӯшида намемонад ва рӯзи қиёмат дар баробари амалҳоятон ҷазоятон хоҳад дод.

Verse 9

يَوْمَ يَجْمَعُكُمْ لِيَوْمِ ٱلْجَمْعِ ۖ ذَٰلِكَ يَوْمُ ٱلتَّغَابُنِ ۗ وَمَن يُؤْمِنۢ بِٱللَّهِ وَيَعْمَلْ صَـٰلِحًا يُكَفِّرْ عَنْهُ سَيِّـَٔاتِهِۦ وَيُدْخِلْهُ جَنَّـٰتٍ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا ٱلْأَنْهَـٰرُ خَـٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدًا ۚ ذَٰلِكَ ٱلْفَوْزُ ٱلْعَظِيمُ

Transliteration yawma yajmaʿukum liyawmi l-jamʿi dhālika yawmu l-taghābuni waman yu'min bil-lahi wayaʿmal ṣāliḥan yukaffir ʿanhu sayyiātihi wayud'khil'hu jannātin tajrī min taḥtihā l-anhāru khālidīna fīhā abadan dhālika l-fawzu l-ʿaẓīmu

Tajik Рӯзе, ки ҳамаи шуморо барои рӯзи ҷамъ (рӯзи қиёмат, ки аввалин то охирин) гирд оварад, он рӯз, рӯзи тағобун аст. Ва ҳар кӣ ба Аллоҳ имон биёварад ва кори шоиста кунад, гуноҳонашро мебахшад ва ба биҳиштҳое, ки дар қасрҳои онҳо дарёҳо ҷорист, дохил кунад. Он ҷо ҷовидона хоҳад буд. Ин комёбии бузургест, ки ҳеҷ комёбии дигаре бо он баробар наметавонад шуд!

Verse 10

وَٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ وَكَذَّبُوا۟ بِـَٔايَـٰتِنَآ أُو۟لَـٰٓئِكَ أَصْحَـٰبُ ٱلنَّارِ خَـٰلِدِينَ فِيهَا ۖ وَبِئْسَ ٱلْمَصِيرُ

Transliteration wa-alladhīna kafarū wakadhabū biāyātinā ulāika aṣḥābu l-nāri khālidīna fīhā wabi'sa l-maṣīru

Tajik Ва онон, ки ба ягонагии Аллоҳ куфр варзиданд ва оёти Моро, ки паёмбарон ба далелҳои равшан овардаанд, дурӯғ шумориданд, он гурӯҳ аз аҳли оташанд. Дар он ҷовидонаанд ва ҷаҳаннам чи бад саранҷомест!

Verse 11

مَآ أَصَابَ مِن مُّصِيبَةٍ إِلَّا بِإِذْنِ ٱللَّهِ ۗ وَمَن يُؤْمِنۢ بِٱللَّهِ يَهْدِ قَلْبَهُۥ ۚ وَٱللَّهُ بِكُلِّ شَىْءٍ عَلِيمٌ

Transliteration mā aṣāba min muṣībatin illā bi-idh'ni l-lahi waman yu'min bil-lahi yahdi qalbahu wal-lahu bikulli shayin ʿalīmun

Tajik Ҳеҷ мусибате ҷуз ба фармони Аллоҳ ва қазову қадараш ба касе намерасад. Ва ҳар кӣ ба Аллоҳ имон биёварад, Аллоҳ дилашро ба таслими амраш ва хушнудӣ ба қазову қадараш ва ба беҳтарин гуфтору кирдор ва аҳвол ҳидоят мекунад. Зеро асли ҳидоят дил аст ва аъзои бадан тобеъи он аст. Ва Аллоҳ ба ҳар чизе доност ва чизе аз Ӯ пинҳон намемонад!

Verse 12

وَأَطِيعُوا۟ ٱللَّهَ وَأَطِيعُوا۟ ٱلرَّسُولَ ۚ فَإِن تَوَلَّيْتُمْ فَإِنَّمَا عَلَىٰ رَسُولِنَا ٱلْبَلَـٰغُ ٱلْمُبِينُ

Transliteration wa-aṭīʿū l-laha wa-aṭīʿū l-rasūla fa-in tawallaytum fa-innamā ʿalā rasūlinā l-balāghu l-mubīnu

Tajik Эй мардум, Аллоҳро итоъат кунед дар он чи ба шумо фармудааст ва аз он чи шуморо манъ кардааст ва паёмбарро итоъат кунед дар он чи ба шумо аз ҷониби Парвардигоратон овардааст. Пас, агар аз тоъати Аллоҳ ва расулаш шумо рӯй гардонед, пас, ҳароина, ба фиристодаи Мо зараре нест аз рӯй гардонидани шумо, зеро барои ӯ ҳеҷ вазифае ҷуз расонидани паёми ошкор нест.

Verse 13

ٱللَّهُ لَآ إِلَـٰهَ إِلَّا هُوَ ۚ وَعَلَى ٱللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ ٱلْمُؤْمِنُونَ

Transliteration al-lahu lā ilāha illā huwa waʿalā l-lahi falyatawakkali l-mu'minūna

Tajik Аллоҳи яктост, ки ҳеҷ Аллоҳе барҳақ ҷуз Ӯ нест. Пас, мӯъминон бояд дар ҳамаи кори зиндагиашон бар Аллоҳи якто таваккал кунанд.

Verse 14

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِنَّ مِنْ أَزْوَٰجِكُمْ وَأَوْلَـٰدِكُمْ عَدُوًّا لَّكُمْ فَٱحْذَرُوهُمْ ۚ وَإِن تَعْفُوا۟ وَتَصْفَحُوا۟ وَتَغْفِرُوا۟ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ

Transliteration yāayyuhā alladhīna āmanū inna min azwājikum wa-awlādikum ʿaduwwan lakum fa-iḥ'dharūhum wa-in taʿfū wataṣfaḥū wataghfirū fa-inna l-laha ghafūrun raḥīmun

Tajik Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед, ҳароина, баъзе аз занону фарзандонатон душмани шумо ҳастанд, ки шуморо аз роҳи Аллоҳ бозмедоранд ва аз тоъаташ суст мегардонанд. Аз онҳо ҳазар кунед ва онҳоро итоъат макунед. Ва агар афв кунед ва чашм бипӯшеду гуноҳашонро пӯшида доред, ҳароина, Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст гуноҳони шуморо меомӯрзад, зеро Ӯ бисёр бахшанда ва дорои раҳмати васеъ аст!

Verse 15

إِنَّمَآ أَمْوَٰلُكُمْ وَأَوْلَـٰدُكُمْ فِتْنَةٌ ۚ وَٱللَّهُ عِندَهُۥٓ أَجْرٌ عَظِيمٌ

Transliteration innamā amwālukum wa-awlādukum fit'natun wal-lahu ʿindahu ajrun ʿaẓīmun

Tajik Чуз ин нест, ки амволу авлоди шумо озмоише ҳастанд. Ва ҳол он ки савоби бузург назди Аллоҳ аст барои касе, ки тоъати Ӯро бар тоъати дигарон муқаддам дошта бошад ва ҳаққи Аллоҳро дар молаш адо намуда бошад.

Verse 16

فَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ مَا ٱسْتَطَعْتُمْ وَٱسْمَعُوا۟ وَأَطِيعُوا۟ وَأَنفِقُوا۟ خَيْرًا لِّأَنفُسِكُمْ ۗ وَمَن يُوقَ شُحَّ نَفْسِهِۦ فَأُو۟لَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلْمُفْلِحُونَ

Transliteration fa-ittaqū l-laha mā is'taṭaʿtum wa-is'maʿū wa-aṭīʿū wa-anfiqū khayran li-anfusikum waman yūqa shuḥḥa nafsihi fa-ulāika humu l-muf'liḥūna

Tajik То тавонед, эй мӯъминон саъю кӯшиш ва тавони тоқати худро дар тақвои Аллоҳ сарф намоед ва аз Аллоҳ битарсед ва ба Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо тадаббур ва тафаккур гӯш фаро доред ва дар амру наҳяш итоъат кунед ва аз он чи Аллоҳ рӯзӣ додааст шуморо ба манфиъати худ аз молатон хайр кунед. Ва онон, ки аз бухли нафси хеш дар амон мондаанд, растагоронд ба ҳар хайре ва дастёфтагонанд ба ҳар матлубе.

Verse 17

إِن تُقْرِضُوا۟ ٱللَّهَ قَرْضًا حَسَنًا يُضَـٰعِفْهُ لَكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ۚ وَٱللَّهُ شَكُورٌ حَلِيمٌ

Transliteration in tuq'riḍū l-laha qarḍan ḥasanan yuḍāʿif'hu lakum wayaghfir lakum wal-lahu shakūrun ḥalīmun

Tajik Агар ба нияти холис ба Аллоҳ қарзи некӯ садақа диҳед, бароятон савоби онро дучанд мегардонад. Ва шуморо меомӯрзад, ки Ӯ шукркунанда қадршинос аз хайри кам ва савоби бисёр медиҳад ва бурдбор аст осиёнро зуд ба азобаш намегирад.

Verse 18

عَـٰلِمُ ٱلْغَيْبِ وَٱلشَّهَـٰدَةِ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ

Transliteration ʿālimu l-ghaybi wal-shahādati l-ʿazīzu l-ḥakīmu

Tajik Ӯ таъоло донои ҳар ниҳону ошкор аст, пирӯзманд бар ҳама чиз, ғолиб аст ва дар гуфтору корҳояш бо ҳикмат аст!

Read Surah At-Taghabun in another language

All languages

All 114 surahs in Tajik: the Qur’an in Tajik.

Learn it in MyDugsi

Tajik translation: Khawaja Mirof & Khawaja Mir, from Quran.com. Transliteration: Quran.com. Recitation: Mishary Alafasy, from EveryAyah.com. MyDugsi is a learning aid, not a replacement for a qualified teacher.