Surah Al-Mulk in Tajik: translation and audio
Surah 67 · الملك · The Sovereignty · 30 verses
Surah Al-Mulk verse by verse: the Arabic with a recitation you can repeat, the transliteration, and the Tajik translation by Khawaja Mirof & Khawaja Mir. For the meaning of every word, see Surah Al-Mulk word by word in English.
Verse 1
تَبَـٰرَكَ ٱلَّذِى بِيَدِهِ ٱلْمُلْكُ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ
Transliteration tabāraka alladhī biyadihi l-mul'ku wahuwa ʿalā kulli shayin qadīrun
Tajik Пурбаракат ва бузургвор аст (яъне, хайри Аллоҳ бисёр ва инъомаш бузург аст,) он ки ба дасти Уст мулк ва подшоҳии дунёву охират аз они Уст ва амру қазояш дар ҳар ду ҷаҳон гузарост ва Ӯ бар ҳама чиз тавоност.
Verse 2
ٱلَّذِى خَلَقَ ٱلْمَوْتَ وَٱلْحَيَوٰةَ لِيَبْلُوَكُمْ أَيُّكُمْ أَحْسَنُ عَمَلًا ۚ وَهُوَ ٱلْعَزِيزُ ٱلْغَفُورُ
Transliteration alladhī khalaqa l-mawta wal-ḥayata liyabluwakum ayyukum aḥsanu ʿamalan wahuwa l-ʿazīzu l-ghafūru
Tajik Он, ки марг ва зиндагиро офарид, то шуморо эй мардум, биёзмояд, ки кадом як аз шумо некӯкирдортар, холистару дурусттар аст ва Ӯст пирӯзманди тавоно, ки Ӯро чизе нотавон нахоҳад кард, бахшанда аст барои касе, ки тавба кардааст.
Verse 3
ٱلَّذِى خَلَقَ سَبْعَ سَمَـٰوَٰتٍ طِبَاقًا ۖ مَّا تَرَىٰ فِى خَلْقِ ٱلرَّحْمَـٰنِ مِن تَفَـٰوُتٍ ۖ فَٱرْجِعِ ٱلْبَصَرَ هَلْ تَرَىٰ مِن فُطُورٍ
Transliteration alladhī khalaqa sabʿa samāwātin ṭibāqan mā tarā fī khalqi l-raḥmāni min tafāwutin fa-ir'jiʿi l-baṣara hal tarā min fuṭūrin
Tajik Он, ки ҳафт осмонро табақа-табақа (яъне, болои ҳам) офарид. Дар офариниши Аллоҳи меҳрубон ҳеҷ халал ва камбудие намебинӣ. Бознигар, оё ҳеҷ нуқсоне ва шикофӣ дар он мебинӣ?
Verse 4
ثُمَّ ٱرْجِعِ ٱلْبَصَرَ كَرَّتَيْنِ يَنقَلِبْ إِلَيْكَ ٱلْبَصَرُ خَاسِئًا وَهُوَ حَسِيرٌ
Transliteration thumma ir'jiʿi l-baṣara karratayni yanqalib ilayka l-baṣaru khāsi-an wahuwa ḥasīrun
Tajik Сипас бори дигар чашм бигардон, чашми ту дар ҳоле, ки хаста ва нотавон аст ба сӯи ту боз мегардад.
Verse 5
وَلَقَدْ زَيَّنَّا ٱلسَّمَآءَ ٱلدُّنْيَا بِمَصَـٰبِيحَ وَجَعَلْنَـٰهَا رُجُومًا لِّلشَّيَـٰطِينِ ۖ وَأَعْتَدْنَا لَهُمْ عَذَابَ ٱلسَّعِيرِ
Transliteration walaqad zayyannā l-samāa l-dun'yā bimaṣābīḥa wajaʿalnāhā rujūman lilshayāṭīni wa-aʿtadnā lahum ʿadhāba l-saʿīri
Tajik Ва ҳароина осмони дунёро ба чароғҳои азим, дурахшанда зиннат додем ва онҳоро барои рондани шайтонҳо (сӯзонанда) қарор додем, зеро шайтонҳо мехоҳанд, ки аз ахбори осмон гӯш диҳанд ва дузданд ва барои онҳо дар охират азоб ва оташи сӯзон омода сохтем, ки ба он чашонда мешаванд.
Verse 6
وَلِلَّذِينَ كَفَرُوا۟ بِرَبِّهِمْ عَذَابُ جَهَنَّمَ ۖ وَبِئْسَ ٱلْمَصِيرُ
Transliteration walilladhīna kafarū birabbihim ʿadhābu jahannama wabi'sa l-maṣīru
Tajik Ва барои касоне, ки ба Парвардигорашон кофир шуданд, азоби ҷаҳаннам аст ва барояшон чӣ бад ҷойгаҳе аст.
Verse 7
إِذَآ أُلْقُوا۟ فِيهَا سَمِعُوا۟ لَهَا شَهِيقًا وَهِىَ تَفُورُ
Transliteration idhā ul'qū fīhā samiʿū lahā shahīqan wahiya tafūru
Tajik Ҳангоме ки дар он дӯзах андохта шаванд, аз он овозе бениҳоят сахти бад, ваҳшатнок мешунаванд, дар ҳоле ки дӯзах бар он меҷӯшад.
Verse 8
تَكَادُ تَمَيَّزُ مِنَ ٱلْغَيْظِ ۖ كُلَّمَآ أُلْقِىَ فِيهَا فَوْجٌ سَأَلَهُمْ خَزَنَتُهَآ أَلَمْ يَأْتِكُمْ نَذِيرٌ
Transliteration takādu tamayyazu mina l-ghayẓi kullamā ul'qiya fīhā fawjun sa-alahum khazanatuhā alam yatikum nadhīrun
Tajik Аз шиддати хашм наздик аст, ки дӯзах бар кофирон пора пора шавад, ҳаргоҳ, ки гурӯҳе аз одамон дар он дӯзах андохта мешаванд, фариштагони нигоҳбони он дӯзах аз онҳо мепурсанд: «Оё бимдиҳандае ба суроғи шумо наёмад, ки аз ин азоб шуморо бим намояд?!»
Verse 9
قَالُوا۟ بَلَىٰ قَدْ جَآءَنَا نَذِيرٌ فَكَذَّبْنَا وَقُلْنَا مَا نَزَّلَ ٱللَّهُ مِن شَىْءٍ إِنْ أَنتُمْ إِلَّا فِى ضَلَـٰلٍ كَبِيرٍ
Transliteration qālū balā qad jāanā nadhīrun fakadhabnā waqul'nā mā nazzala l-lahu min shayin in antum illā fī ḍalālin kabīrin
Tajik Гӯянд: «Оре, бимдиҳандае аз назди Аллоҳ ба сӯи мо омад ва моро бим дод, пас мо ӯро дурӯғ шуморидем ва гуфтем, ҳаргиз Аллоҳ чизе бар касе аз одамӣ нозил накардааст, шумо эй Расулон ҷуз дар гумроҳии бузург нестед».
Verse 10
وَقَالُوا۟ لَوْ كُنَّا نَسْمَعُ أَوْ نَعْقِلُ مَا كُنَّا فِىٓ أَصْحَـٰبِ ٱلسَّعِيرِ
Transliteration waqālū law kunnā nasmaʿu aw naʿqilu mā kunnā fī aṣḥābi l-saʿīri
Tajik Ва кофирон гӯянд: «Агар мо дар дунё ба шунавоии қабул мешунидем ё таъаққул (фикр) мекардем, мисли ҳақталабон, имрӯз дар зумраи дӯзахиён набудем.»
Verse 11
فَٱعْتَرَفُوا۟ بِذَنۢبِهِمْ فَسُحْقًا لِّأَصْحَـٰبِ ٱلسَّعِيرِ
Transliteration fa-iʿ'tarafū bidhanbihim fasuḥ'qan li-aṣḥābi l-saʿīri
Tajik Пас онҳо ба гуноҳи худ эътироф карданд ва ба сабаби куфрашон сазовори азоби дӯзах шуданд. Дур бод ахди дӯзах аз раҳмати Аллоҳ.
Verse 12
إِنَّ ٱلَّذِينَ يَخْشَوْنَ رَبَّهُم بِٱلْغَيْبِ لَهُم مَّغْفِرَةٌ وَأَجْرٌ كَبِيرٌ
Transliteration inna alladhīna yakhshawna rabbahum bil-ghaybi lahum maghfiratun wa-ajrun kabīrun
Tajik Бегумон касоне ки ғоибона аз Парвардигорашон метарсанд, ҳатто дар ҳолатҳое, ки гайр аз Аллоҳ касе дигар хабар надорад ва Ӯро ибодат мекунанд ва нофармонбардорӣ намекунанд, барои онҳо омӯрзиш аз гуноҳҳо ва подоши бузурге (ҷаннат) аст.
Verse 13
وَأَسِرُّوا۟ قَوْلَكُمْ أَوِ ٱجْهَرُوا۟ بِهِۦٓ ۖ إِنَّهُۥ عَلِيمٌۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ
Transliteration wa-asirrū qawlakum awi ij'harū bihi innahu ʿalīmun bidhāti l-ṣudūri
Tajik Ва гуфтори худро пинҳон доред ё онро ошкор созед, ба ҳар ҳол назди Аллоҳ баробар аст ва чизе аз гуфтору кирдори шумо бар Вай пинҳон намемонад, ҳатто Ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст.
Verse 14
أَلَا يَعْلَمُ مَنْ خَلَقَ وَهُوَ ٱللَّطِيفُ ٱلْخَبِيرُ
Transliteration alā yaʿlamu man khalaqa wahuwa l-laṭīfu l-khabīru
Tajik Оё касе, ки ҳамаи мавҷудотро офаридааст, халқияти онро хуб ва маҳкам кардааст, пас чӣ гуна аз ҳоли онҳо намедонад? Дар ҳоле, ки Ӯ нозукбину огоҳ аст ба аъмоли бандагонаш.
Verse 15
هُوَ ٱلَّذِى جَعَلَ لَكُمُ ٱلْأَرْضَ ذَلُولًا فَٱمْشُوا۟ فِى مَنَاكِبِهَا وَكُلُوا۟ مِن رِّزْقِهِۦ ۖ وَإِلَيْهِ ٱلنُّشُورُ
Transliteration huwa alladhī jaʿala lakumu l-arḍa dhalūlan fa-im'shū fī manākibihā wakulū min riz'qihi wa-ilayhi l-nushūru
Tajik Ӯ Зотест, ки заминро барои шумо ром ҳамвор ва нарм гардонид, то бар он қарор гиред пас дар гӯшаву канори он роҳ биравед ва аз ризқу рӯзии Ӯ бихӯред ва зинда шудани дубора пас аз марг барои ҳисобу ҷазо ба сӯи Ӯст.
Verse 16
ءَأَمِنتُم مَّن فِى ٱلسَّمَآءِ أَن يَخْسِفَ بِكُمُ ٱلْأَرْضَ فَإِذَا هِىَ تَمُورُ
Transliteration a-amintum man fī l-samāi an yakhsifa bikumu l-arḍa fa-idhā hiya tamūru
Tajik Оё эй кофирони Макка, худро аз Зоте, ки дар осмон Аллоҳ аст дар амон медонед, ки фармон диҳад замин шуморо фурӯ барад, пас он ногаҳон ба ларзиш дарояд, то ҳама ҳалок шавед?
Verse 17
أَمْ أَمِنتُم مَّن فِى ٱلسَّمَآءِ أَن يُرْسِلَ عَلَيْكُمْ حَاصِبًا ۖ فَسَتَعْلَمُونَ كَيْفَ نَذِيرِ
Transliteration am amintum man fī l-samāi an yur'sila ʿalaykum ḥāṣiban fasataʿlamūna kayfa nadhīri
Tajik Ё худро аз Зоте, ки дар осмон аст, дар амон медонед, ки тундбоде ҳамроҳ бо сангреза бар шумо фиристад? Пас эй кофирон, ба зудӣ хоҳед донист, ки ҳушдори ман чӣ гуна аст ва он замоне, ки бо чашми худ азобро мушоҳида кардед, донистан ба шумо фоидае надиҳад!
Verse 18
وَلَقَدْ كَذَّبَ ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ فَكَيْفَ كَانَ نَكِيرِ
Transliteration walaqad kadhaba alladhīna min qablihim fakayfa kāna nakīri
Tajik Ва ба ростӣ, касоне ки пеш аз он кофирони Макка буданд, монанди қавми Нуҳ, Од ва Самуд даъвати паёмбаронро дурӯғ шумориданд. Пас азоби Ман дар баробари дурӯғ шумориданашон паёмбаронро чӣ хуна буд!
Verse 19
أَوَلَمْ يَرَوْا۟ إِلَى ٱلطَّيْرِ فَوْقَهُمْ صَـٰٓفَّـٰتٍ وَيَقْبِضْنَ ۚ مَا يُمْسِكُهُنَّ إِلَّا ٱلرَّحْمَـٰنُ ۚ إِنَّهُۥ بِكُلِّ شَىْءٍۭ بَصِيرٌ
Transliteration awalam yaraw ilā l-ṭayri fawqahum ṣāffātin wayaqbiḍ'na mā yum'sikuhunna illā l-raḥmānu innahu bikulli shayin baṣīrun
Tajik Оё ин кофирон бехабаранд, ба паррандагоне, ки бар болои сарашон аст, ки гоҳе болҳои худро мекушоянд ва гоҳе фурӯ мебанданд, нигоҳ накарданд?! Ҷуз Аллоҳи меҳрубон касе онҳоро бар фарози осмон нигоҳ намедорад. Бегумон Ӯ ба ҳар чиз биност.
Verse 20
أَمَّنْ هَـٰذَا ٱلَّذِى هُوَ جُندٌ لَّكُمْ يَنصُرُكُم مِّن دُونِ ٱلرَّحْمَـٰنِ ۚ إِنِ ٱلْكَـٰفِرُونَ إِلَّا فِى غُرُورٍ
Transliteration amman hādhā alladhī huwa jundun lakum yanṣurukum min dūni l-raḥmāni ini l-kāfirūna illā fī ghurūrin
Tajik Ё ба гумони шумо он касе ки худ барои шумо чун сипоҳе аст, ки шуморо дар баробари Аллоҳи меҳрубон ёрӣ мекунад, кист? Кофирон ҷуз дар фиреб ва ғурурашон нестанд.
Verse 21
أَمَّنْ هَـٰذَا ٱلَّذِى يَرْزُقُكُمْ إِنْ أَمْسَكَ رِزْقَهُۥ ۚ بَل لَّجُّوا۟ فِى عُتُوٍّ وَنُفُورٍ
Transliteration amman hādhā alladhī yarzuqukum in amsaka riz'qahu bal lajjū fī ʿutuwwin wanufūrin
Tajik Ё кист, он Зот, ки ба шумо ризқу рӯзӣ диҳад, агар Ӯ ризқи худро аз шумо боздорад? Балки он кофирон дар саркашӣ ва рамидагӣ аз ҳақ маҳкам пайвастаанд. Яъне, аз ҳақ нафрат ва такаббур меварзанд ва на панд мегиранд ва на пайравӣ мекунанд.
Verse 22
أَفَمَن يَمْشِى مُكِبًّا عَلَىٰ وَجْهِهِۦٓ أَهْدَىٰٓ أَمَّن يَمْشِى سَوِيًّا عَلَىٰ صِرَٰطٍ مُّسْتَقِيمٍ
Transliteration afaman yamshī mukibban ʿalā wajhihi ahdā amman yamshī sawiyyan ʿalā ṣirāṭin mus'taqīmin
Tajik Оё касе, ки ба рӯ афтода ҳаракат мекунад ва намедонад куҷо меравад ва чӣ гуна меравад, ба ҳидоят наздиктараст, ё он касе ки истода ба роҳи рост меравад, ки дар он ҳеҷ каҷӣ нест?
Verse 23
قُلْ هُوَ ٱلَّذِىٓ أَنشَأَكُمْ وَجَعَلَ لَكُمُ ٱلسَّمْعَ وَٱلْأَبْصَـٰرَ وَٱلْأَفْـِٔدَةَ ۖ قَلِيلًا مَّا تَشْكُرُونَ
Transliteration qul huwa alladhī ansha-akum wajaʿala lakumu l-samʿa wal-abṣāra wal-afidata qalīlan mā tashkurūna
Tajik Бигӯ эй Расул: «Ӯ Зотест, ки шуморо нахустин бор офарид, баъд аз он ки чизе набудед ва дар адам (нестӣ) қарор доштед ва барои шумо гӯш, дод, то ба василаи он бишнавед ва чашмон дод, то ба василаи он бубинед ва дилҳоро қарор дод, то ба василаи онҳо дар махлуқоти Аллоҳ биандешед, аммо шумо эй кофирон андаке сипосгузорӣ мекунед».
Verse 24
قُلْ هُوَ ٱلَّذِى ذَرَأَكُمْ فِى ٱلْأَرْضِ وَإِلَيْهِ تُحْشَرُونَ
Transliteration qul huwa alladhī dhara-akum fī l-arḍi wa-ilayhi tuḥ'sharūna
Tajik Бигӯ: «Ӯ Зотест шуморо биёфарид ва дар замин пароканда сохт ва баъд аз ин парокандагӣ барои ҳисобу ҷазо ба сӯи Ӯ гирд оварда мешавед».
Verse 25
وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَـٰذَا ٱلْوَعْدُ إِن كُنتُمْ صَـٰدِقِينَ
Transliteration wayaqūlūna matā hādhā l-waʿdu in kuntum ṣādiqīna
Tajik Ва кофирон мегӯянд: Эй Муҳаммад ва эй мӯъминон ба мо хабар диҳед ва равшан созед «Агар рост мегӯед ин ваъдаи қиёмат чӣ замонест?»
Verse 26
قُلْ إِنَّمَا ٱلْعِلْمُ عِندَ ٱللَّهِ وَإِنَّمَآ أَنَا۠ نَذِيرٌ مُّبِينٌ
Transliteration qul innamā l-ʿil'mu ʿinda l-lahi wa-innamā anā nadhīrun mubīnun
Tajik Бигӯ эй Паёмбар барояшон: «Илми қиёмат танҳо назди Аллоҳ аст ва ман фақат ҳушдордиҳандаи ошкор ҳастам ва аз оқибати куфратон шуморо бим медиҳам ва барои шумо он чиро, ки Аллоҳ таъоло маро ба баёни он амр намудааст, баён мекунам».
Verse 27
فَلَمَّا رَأَوْهُ زُلْفَةً سِيٓـَٔتْ وُجُوهُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ وَقِيلَ هَـٰذَا ٱلَّذِى كُنتُم بِهِۦ تَدَّعُونَ
Transliteration falammā ra-awhu zul'fatan sīat wujūhu alladhīna kafarū waqīla hādhā alladhī kuntum bihi taddaʿūna
Tajik Пас чун он кофирон ваъдаи Аллоҳро аз наздик бинанд, чеҳраи касоне, ки кофир шуданд сиёҳу андӯҳгин мегардад ва ба онҳо сарзаниш карда гуфта мешавад: Ин ҳамон чизест, ки шумо онро дар дунё бо шитоб металабидед.
Verse 28
قُلْ أَرَءَيْتُمْ إِنْ أَهْلَكَنِىَ ٱللَّهُ وَمَن مَّعِىَ أَوْ رَحِمَنَا فَمَن يُجِيرُ ٱلْكَـٰفِرِينَ مِنْ عَذَابٍ أَلِيمٍ
Transliteration qul ara-aytum in ahlakaniya l-lahu waman maʿiya aw raḥimanā faman yujīru l-kāfirīna min ʿadhābin alīmin
Tajik Бигӯ эй Расул барои инҳо кофирон: «Ба ман хабар диҳед, агар Аллоҳ маро ва касоне, ки бо ман ҳастанд, ҳалок кунад, ҳамчунон ки таманно мекунед, ё бар мо раҳмат оварад ва аҷали моро ба таъхир андозад ва аз азобаш нигоҳ дорад, пас чӣ касе кофиронро аз азоби дарднок паноҳ медиҳад?!»
Verse 29
قُلْ هُوَ ٱلرَّحْمَـٰنُ ءَامَنَّا بِهِۦ وَعَلَيْهِ تَوَكَّلْنَا ۖ فَسَتَعْلَمُونَ مَنْ هُوَ فِى ضَلَـٰلٍ مُّبِينٍ
Transliteration qul huwa l-raḥmānu āmannā bihi waʿalayhi tawakkalnā fasataʿlamūna man huwa fī ḍalālin mubīnin
Tajik Бигӯ: «Ӯ Аллоҳи меҳрубон аст ба Ӯ имон овардем ва ба шариати Ӯ амал кардем ва бар Ӯ дар ҳамаи умури зиндагиамон таваккал кардем, пас эй кофирон ба зудӣ хоҳед донист, чӣ касе дар гумроҳии ошкор аст мо ё шумо?!»
Verse 30
قُلْ أَرَءَيْتُمْ إِنْ أَصْبَحَ مَآؤُكُمْ غَوْرًا فَمَن يَأْتِيكُم بِمَآءٍ مَّعِينٍۭ
Transliteration qul ara-aytum in aṣbaḥa māukum ghawran faman yatīkum bimāin maʿīnin
Tajik Бигу эй Расул барои ин мушрикон: «Ба ман хабар диҳед агар оби нӯшокии шумо дар замин фурӯ равад ва ба ҳеҷ василае дастрасе ёфта натавонед, пас чӣ касе метавонад барои шумо оби равон биёварад?!»
Read Surah Al-Mulk in another language
- English (word by word)
- Albanian
- Amazigh
- Amharic
- Assamese
- Azerbaijani
- Bambara
- Bangla
- Bosnian
- Bulgarian
- Chechen
- Chinese
- Czech
- Dari
- Dhivehi
- Dutch
- Finnish
- French
- German
- Gujarati
- Hausa
- Hebrew
- Hindi
- Indonesian
- Italian
- Japanese
- Kannada
- Kazakh
- Khmer
- Kinyarwanda
- Korean
- Kurdish
- Luganda
- Malay
- Malayalam
- Maranao
- Marathi
- Nepali
- Norwegian
- Oromo
- Pashto
- Persian
- Polish
- Portuguese
- Romanian
- Russian
- Sindhi
- Sinhala
- Somali
- Spanish
- Swahili
- Swedish
- Tagalog
- Tamil
- Tatar
- Telugu
- Thai
- Turkish
- Ukrainian
- Urdu
- Uyghur
- Uzbek
- Vietnamese
- Yao
- Yoruba
All 114 surahs in Tajik: the Qur’an in Tajik.
Tajik translation: Khawaja Mirof & Khawaja Mir, from Quran.com. Transliteration: Quran.com. Recitation: Mishary Alafasy, from EveryAyah.com. MyDugsi is a learning aid, not a replacement for a qualified teacher.