MyDugsiStart learning

Surah Al-Qamar in Tajik: translation and audio

Surah 54 · القمر · The Moon · 55 verses

Surah Al-Qamar verse by verse: the Arabic with a recitation you can repeat, the transliteration, and the Tajik translation by Khawaja Mirof & Khawaja Mir. For the meaning of every word, see Surah Al-Qamar word by word in English.

Verse 1

ٱقْتَرَبَتِ ٱلسَّاعَةُ وَٱنشَقَّ ٱلْقَمَرُ

Transliteration iq'tarabati l-sāʿatu wa-inshaqqa l-qamaru

Tajik Қиёмат наздик шуд ва моҳ ба ду ним пора гардид.

Verse 2

وَإِن يَرَوْا۟ ءَايَةً يُعْرِضُوا۟ وَيَقُولُوا۟ سِحْرٌ مُّسْتَمِرٌّ

Transliteration wa-in yaraw āyatan yuʿ'riḍū wayaqūlū siḥ'run mus'tamirrun

Tajik Ва агар мушрикон мӯъҷизае бубинанд, ки бар сидқи паёмбарии Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам далолат кунад, аз имон овардан рӯй бигардонанд ва баъд аз ин далелҳои равшан бигӯянд: Ин «ҷодуи бузурге аст,» ки гузаро ва нопойдор аст.

Verse 3

وَكَذَّبُوا۟ وَٱتَّبَعُوٓا۟ أَهْوَآءَهُمْ ۚ وَكُلُّ أَمْرٍ مُّسْتَقِرٌّ

Transliteration wakadhabū wa-ittabaʿū ahwāahum wakullu amrin mus'taqirrun

Tajik Ва дурӯғ шумурданд кофирон паёмбарии Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро ва аз паи ҳавою ҳавасҳои хеш пайравӣ карданд. Ва ҳар коре, ки дар дунё анҷом мешавад аз неку бад барои соҳиби худ дар рӯзи қиёмат қароргоҳе дорад.

Verse 4

وَلَقَدْ جَآءَهُم مِّنَ ٱلْأَنۢبَآءِ مَا فِيهِ مُزْدَجَرٌ

Transliteration walaqad jāahum mina l-anbāi mā fīhi muz'dajarun

Tajik Ва ба таҳқиқ барояшон хабарҳое, ки омадааст, аз дурӯғ баровардани умматони пешина паёмбарони худро ва муҷиби азоб гардиданашон, барои кофирони Қурайш ибратест боздоранда, ки аз куфрашон бозистанд.

Verse 5

حِكْمَةٌۢ بَـٰلِغَةٌ ۖ فَمَا تُغْنِ ٱلنُّذُرُ

Transliteration ḥik'matun bālighatun famā tugh'ni l-nudhuru

Tajik Ин Қуръоне, ки ба наздашон оварда шуд, ҳикмати расо ва басанда аст. Вале бимдиҳандагонро он қавмеро, ки аз Қуръон рӯ гардондаанд ва имон наовардаанд фоида надиҳад.

Verse 6

فَتَوَلَّ عَنْهُمْ ۘ يَوْمَ يَدْعُ ٱلدَّاعِ إِلَىٰ شَىْءٍ نُّكُرٍ

Transliteration fatawalla ʿanhum yawma yadʿu l-dāʿi ilā shayin nukurin

Tajik Пас, эй Расул аз онҳо рӯй бигардон ва то рӯзи бузург мунтазир бош, ки дар он рӯз, ки он даъваткунанда (Исрофил) ононро ба чизе нохуш фаро мехонад ва он рӯз, рӯзи ҳисобу ҷазо аст.

Verse 7

خُشَّعًا أَبْصَـٰرُهُمْ يَخْرُجُونَ مِنَ ٱلْأَجْدَاثِ كَأَنَّهُمْ جَرَادٌ مُّنتَشِرٌ

Transliteration khushaʿan abṣāruhum yakhrujūna mina l-ajdāthi ka-annahum jarādun muntashirun

Tajik Дар ҳоле ки чашмонашон хору залил аст. Чун малахҳое пароканда аз қабрҳо берун меоянд ва ба сӯи ҳисоб бо шитоб мераванд.

Verse 8

مُّهْطِعِينَ إِلَى ٱلدَّاعِ ۖ يَقُولُ ٱلْكَـٰفِرُونَ هَـٰذَا يَوْمٌ عَسِرٌ

Transliteration muh'ṭiʿīna ilā l-dāʿi yaqūlu l-kāfirūna hādhā yawmun ʿasirun

Tajik Сарҳоро боло гирифта ба сӯи он даъваткунанда (Исрофил) мешитобанд. Кофирон мегуянд: «Ин рӯз бениҳоят рӯзи душворест!»

Verse 9

۞ كَذَّبَتْ قَبْلَهُمْ قَوْمُ نُوحٍ فَكَذَّبُوا۟ عَبْدَنَا وَقَالُوا۟ مَجْنُونٌ وَٱزْدُجِرَ

Transliteration kadhabat qablahum qawmu nūḥin fakadhabū ʿabdanā waqālū majnūnun wa-uz'dujira

Tajik Эй Расул, пеш аз инҳо (яъне, мушрикони қавмат) қавми Нӯҳ паёмбарашон Нӯҳро дурӯғ шуморида буданд. Пас бандаи Моро дурӯғгӯ шуморида ва гуфтанд: Ӯ «девона аст!» «Ва бо ӯ бо дуруштӣ рафтор шуд.

Verse 10

فَدَعَا رَبَّهُۥٓ أَنِّى مَغْلُوبٌ فَٱنتَصِرْ

Transliteration fadaʿā rabbahu annī maghlūbun fa-intaṣir

Tajik Пас Нӯҳ дуъо кард ба ҷониби Парвардигори хеш, ки: «Ҳароина, ман мағлуб шудаам ва тавони муқобил шудани онҳоро надорам аз онҳо, интиқом бигир!»

Verse 11

فَفَتَحْنَآ أَبْوَٰبَ ٱلسَّمَآءِ بِمَآءٍ مُّنْهَمِرٍ

Transliteration fafataḥnā abwāba l-samāi bimāin mun'hamirin

Tajik Пас мо дуъояшро иҷобат кардем ва дарҳои осмонро ба обе, ки бисёр ба шиддат резандааст, кушодем.

Verse 12

وَفَجَّرْنَا ٱلْأَرْضَ عُيُونًا فَٱلْتَقَى ٱلْمَآءُ عَلَىٰٓ أَمْرٍ قَدْ قُدِرَ

Transliteration wafajjarnā l-arḍa ʿuyūnan fal-taqā l-māu ʿalā amrin qad qudira

Tajik Ва аз замин чашмаҳо шикофтем, сипас об барои коре, ки муқаддар шуда буд, фароҳам омад.

Verse 13

وَحَمَلْنَـٰهُ عَلَىٰ ذَاتِ أَلْوَٰحٍ وَدُسُرٍ

Transliteration waḥamalnāhu ʿalā dhāti alwāḥin wadusurin

Tajik Ва ӯро (яъне, Нӯҳ ва қавмашро) бар он киштии аз тахтаҳову мехҳо сохта шудааст, савор кардем.

Verse 14

تَجْرِى بِأَعْيُنِنَا جَزَآءً لِّمَن كَانَ كُفِرَ

Transliteration tajrī bi-aʿyuninā jazāan liman kāna kufira

Tajik Киштӣ зери назари Мо равон шуд. Ва такзибкунандагонро ба сабаби куфрашон ғарқ кардем. Ин буд ҷазои касоне, ки куфр варзиданд.

Verse 15

وَلَقَد تَّرَكْنَـٰهَآ ءَايَةً فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ

Transliteration walaqad taraknāhā āyatan fahal min muddakirin

Tajik Ва албатта, қиссаи Нӯҳ бо қавми худ ва он киштиро барои ояндагон нишонае сохтем, то ибрат ва панд бигиранд. Оё ҳеҷ пандгирандае ҳаст аз ин нишона панду ибрат бигирад?

Verse 16

فَكَيْفَ كَانَ عَذَابِى وَنُذُرِ

Transliteration fakayfa kāna ʿadhābī wanudhuri

Tajik Пас, азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд, барои касоне, ки куфр варзиданд ва паёмбаронро дурӯғ шумориданд?

Verse 17

وَلَقَدْ يَسَّرْنَا ٱلْقُرْءَانَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ

Transliteration walaqad yassarnā l-qur'āna lildhik'ri fahal min muddakirin

Tajik Ва ҳамоно лафзи Қуръонро барои хондан ва ҳифзи он ва андеша намудан ва фаҳмидани маъноҳояш осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?

Verse 18

كَذَّبَتْ عَادٌ فَكَيْفَ كَانَ عَذَابِى وَنُذُرِ

Transliteration kadhabat ʿādun fakayfa kāna ʿadhābī wanudhuri

Tajik Қавми Од, ки паёмбарашон Ҳудро такзиб карданд, ба азоб гирифторашон кардем. Пас, бингаред, ки азоби Ман барояшон дар ҳоли куфрашон ва бим доданиҳои Ман бар дурӯғ шуморидани паёмбаронашон чи гуна буд?

Verse 19

إِنَّآ أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ رِيحًا صَرْصَرًا فِى يَوْمِ نَحْسٍ مُّسْتَمِرٍّ

Transliteration innā arsalnā ʿalayhim rīḥan ṣarṣaran fī yawmi naḥsin mus'tamirrin

Tajik Ҳароина, Мо бар онҳо дар рӯзи шум барои ҳалок намуданашон пай дар пай боди сарди сахт фиристодем,

Verse 20

تَنزِعُ ٱلنَّاسَ كَأَنَّهُمْ أَعْجَازُ نَخْلٍ مُّنقَعِرٍ

Transliteration tanziʿu l-nāsa ka-annahum aʿjāzu nakhlin munqaʿirin

Tajik боде, ки мардумонро аз замин бармеканд ва бар сарҳояшон маҳкам бар замин мекуфт ва сарҳояшон аз баданҳояшон ҷудо мешуд ва гӯё, ки онҳо танаҳои дарахтони хурмои аз реша баркандае буданд.

Verse 21

فَكَيْفَ كَانَ عَذَابِى وَنُذُرِ

Transliteration fakayfa kāna ʿadhābī wanudhuri

Tajik Пас, азоби Ман барояшон дар ҳоли куфрашон ва бим доданиҳои Ман бар дурӯғ шуморидани паёмбаронашон чи гуна буд? (Оре, азоби бузургу дарднок буд!)

Verse 22

وَلَقَدْ يَسَّرْنَا ٱلْقُرْءَانَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ

Transliteration walaqad yassarnā l-qur'āna lildhik'ri fahal min muddakirin

Tajik Ба ҳамоно лафзи Қуръонро барои хондан, ва ҳифзи он ва андеша намудан ва фаҳмидани маъноҳояш осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?

Verse 23

كَذَّبَتْ ثَمُودُ بِٱلنُّذُرِ

Transliteration kadhabat thamūdu bil-nudhuri

Tajik Қавми Самуд (яъне, қавми Солеҳ паёмбар) бимдиҳандагонро дурӯғгӯ бароварданд.

Verse 24

فَقَالُوٓا۟ أَبَشَرًا مِّنَّا وَٰحِدًا نَّتَّبِعُهُۥٓ إِنَّآ إِذًا لَّفِى ضَلَـٰلٍ وَسُعُرٍ

Transliteration faqālū abasharan minnā wāḥidan nattabiʿuhu innā idhan lafī ḍalālin wasuʿurin

Tajik Сипас гуфтанд: «Оё танҳо башаре аз худамонро пайравӣ кунем? Ӯ яккаву танҳост ва бар даъвати худ ҳеҷ пайравӣ надорад, ҳароина, мо дар ин сурат гумроҳу девона бошем!

Verse 25

أَءُلْقِىَ ٱلذِّكْرُ عَلَيْهِ مِنۢ بَيْنِنَا بَلْ هُوَ كَذَّابٌ أَشِرٌ

Transliteration a-ul'qiya l-dhik'ru ʿalayhi min bayninā bal huwa kadhābun ashirun

Tajik Оё аз миёни ҳамаи мо каломи Аллоҳ хос ба ӯ нозил шудааст? Балки, ӯ дурӯғгӯи худписанде аст».

Verse 26

سَيَعْلَمُونَ غَدًا مَّنِ ٱلْكَذَّابُ ٱلْأَشِرُ

Transliteration sayaʿlamūna ghadan mani l-kadhābu l-ashiru

Tajik Ба зудӣ фардо (яъне, дар вақти фуруд омадани азоб дар дунё ва рӯзи қиёмат онҳо) хоҳанд донист, ки чӣ касе дурӯггӯйи худписанд аст!

Verse 27

إِنَّا مُرْسِلُوا۟ ٱلنَّاقَةِ فِتْنَةً لَّهُمْ فَٱرْتَقِبْهُمْ وَٱصْطَبِرْ

Transliteration innā mur'silū l-nāqati fit'natan lahum fa-ir'taqib'hum wa-iṣ'ṭabir

Tajik Ҳароина, Мо мувофиқи талаботашон модашутурро аз санг берун оварандаем ва барои озмоиши онҳо фиристанда ҳастем. Пас, эй Солеҳ то фуруд омадани азоб мунтазири онҳо бош ва бар даъвати худ ва бар азиятдоданашон туро сабр кун!

Verse 28

وَنَبِّئْهُمْ أَنَّ ٱلْمَآءَ قِسْمَةٌۢ بَيْنَهُمْ ۖ كُلُّ شِرْبٍ مُّحْتَضَرٌ

Transliteration wanabbi'hum anna l-māa qis'matun baynahum kullu shir'bin muḥ'taḍarun

Tajik Ва ба онҳо бигӯй, ки об миёни онҳо ва шутур тақсим шудааст. (Яъне, рӯзе навбати шутур ва рӯзе навбати онҳо) навбати ҳар кадоме, ки бошад, танҳо он сари об меравад.

Verse 29

فَنَادَوْا۟ صَاحِبَهُمْ فَتَعَاطَىٰ فَعَقَرَ

Transliteration fanādaw ṣāḥibahum fataʿāṭā faʿaqara

Tajik Ёрашонро барои куштани шутур нидо доданд, пас ӯ шамшер баргирифту онро бо дасти худ бикушт.

Verse 30

فَكَيْفَ كَانَ عَذَابِى وَنُذُرِ

Transliteration fakayfa kāna ʿadhābī wanudhuri

Tajik Пас, азоби Ман барояшон дар ҳолати куфрашон ва бим доданиҳои Ман барои касе, ки паёмбарони Маро нофармонбардорӣ кардааст, чи гуна буд?

Verse 31

إِنَّآ أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ صَيْحَةً وَٰحِدَةً فَكَانُوا۟ كَهَشِيمِ ٱلْمُحْتَظِرِ

Transliteration innā arsalnā ʿalayhim ṣayḥatan wāḥidatan fakānū kahashīmi l-muḥ'taẓiri

Tajik Ҳароина, Мо бар онҳо як наъраи даҳшатнок фиристодем. Пас, монанди он алафҳои хушки оғили чаҳорпоён шуданд.

Verse 32

وَلَقَدْ يَسَّرْنَا ٱلْقُرْءَانَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ

Transliteration walaqad yassarnā l-qur'āna lildhik'ri fahal min muddakirin

Tajik Ва ҳамоно лафзи Қуръонро барои хондан ва ҳифзи он ва андеша намудан ва фаҳмидани маъноҳояш осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?

Verse 33

كَذَّبَتْ قَوْمُ لُوطٍۭ بِٱلنُّذُرِ

Transliteration kadhabat qawmu lūṭin bil-nudhuri

Tajik Қавми Лут бимдиҳандагонро дурӯғгӯ бароварданд.

Verse 34

إِنَّآ أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ حَاصِبًا إِلَّآ ءَالَ لُوطٍ ۖ نَّجَّيْنَـٰهُم بِسَحَرٍ

Transliteration innā arsalnā ʿalayhim ḥāṣiban illā āla lūṭin najjaynāhum bisaḥarin

Tajik Ҳароина, Мо бар онҳо сангбоде фиристодем ва ҳамаро ҳалок кардем ғайри хонадони Лут, ки онҳоро саҳаргоҳ (яъне, дар охири шаб) наҷот додем.

Verse 35

نِّعْمَةً مِّنْ عِندِنَا ۚ كَذَٰلِكَ نَجْزِى مَن شَكَرَ

Transliteration niʿ'matan min ʿindinā kadhālika najzī man shakara

Tajik Ин наҷот додан неъмате буд аз ҷониби Мо бар Лут ва бар оли ӯ ва ононро, ки сипос гӯянд, чунин подош медиҳем.

Verse 36

وَلَقَدْ أَنذَرَهُم بَطْشَتَنَا فَتَمَارَوْا۟ بِٱلنُّذُرِ

Transliteration walaqad andharahum baṭshatanā fatamāraw bil-nudhuri

Tajik Ва ҳақиқатан Лут онҳоро аз азоби Мо сахт бим дода буд, вале бар шакку гумони худ ба ӯ гӯш надоданд, балки бо бимдиҳандагон ба ҷидол бархостанд.

Verse 37

وَلَقَدْ رَٰوَدُوهُ عَن ضَيْفِهِۦ فَطَمَسْنَآ أَعْيُنَهُمْ فَذُوقُوا۟ عَذَابِى وَنُذُرِ

Transliteration walaqad rāwadūhu ʿan ḍayfihi faṭamasnā aʿyunahum fadhūqū ʿadhābī wanudhuri

Tajik Ва бегумон бо Лут дар бораи меҳмононаш (яъне, аз фариштагоне, ки ба сурати мардони ҷавон омада буданд), сухани зиште гуфтанд. Пас Мо чашмонашонро кӯр гардонидем чизеро дида натавонистанд. Ва барояшон гуфта шуд: Бичашед азобу бимдоданиҳои Маро!

Verse 38

وَلَقَدْ صَبَّحَهُم بُكْرَةً عَذَابٌ مُّسْتَقِرٌّ

Transliteration walaqad ṣabbaḥahum buk'ratan ʿadhābun mus'taqirrun

Tajik Ва ба таҳқиқ, бомдодон азоби пойдору бардавом ба суроғашон омад.

Verse 39

فَذُوقُوا۟ عَذَابِى وَنُذُرِ

Transliteration fadhūqū ʿadhābī wanudhuri

Tajik Пас, ба сабаби куфру такзибатон азоби Ман ва бимдоданиҳои Маро, ки Лут алайҳиссалом ба шумо бим карда буд, бичашед!

Verse 40

وَلَقَدْ يَسَّرْنَا ٱلْقُرْءَانَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ

Transliteration walaqad yassarnā l-qur'āna lildhik'ri fahal min muddakirin

Tajik Ва ҳамоно лафзи Қуръонро барои хондан, ва ҳифзи он ва андеша намудан ва фаҳмидани маъноҳояш осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?

Verse 41

وَلَقَدْ جَآءَ ءَالَ فِرْعَوْنَ ٱلنُّذُرُ

Transliteration walaqad jāa āla fir'ʿawna l-nudhuru

Tajik Ва ба ростӣ, бимдиҳандагони азоб назди хонадони Фиръавн омаданд.

Verse 42

كَذَّبُوا۟ بِـَٔايَـٰتِنَا كُلِّهَا فَأَخَذْنَـٰهُمْ أَخْذَ عَزِيزٍ مُّقْتَدِرٍ

Transliteration kadhabū biāyātinā kullihā fa-akhadhnāhum akhdha ʿazīzin muq'tadirin

Tajik Ҳамаи оёти Моро, ки далолат бар тавҳиди Мо ва ҳақиқати паёмбаронамон мекард, дурӯғ шумориданд. Он гоҳ Мо низ онҳоро азоб кардем, чун азоб кардани пирӯзманди пурқудрат.

Verse 43

أَكُفَّارُكُمْ خَيْرٌ مِّنْ أُو۟لَـٰٓئِكُمْ أَمْ لَكُم بَرَآءَةٌ فِى ٱلزُّبُرِ

Transliteration akuffārukum khayrun min ulāikum am lakum barāatun fī l-zuburi

Tajik Эй ҷамоъати Қурайш, оё кофирони шумо аз онҳо (яъне, аз кофирони қавмҳои гузашта, ки ба сабаби такзибашон ҳалок шуданд,) бартаранд ё дар китобҳои нозилшудаи пешина омадааст, ки аз азоб илоҳӣ дар амон ҳастед? (На! Ҳаргиз чунин нест.)

Verse 44

أَمْ يَقُولُونَ نَحْنُ جَمِيعٌ مُّنتَصِرٌ

Transliteration am yaqūlūna naḥnu jamīʿun muntaṣirun

Tajik Балки кофирони Макка мегӯянд, ки мо ҳамагӣ муттаҳид ва шикастнопазир ҳастем ба интиқом бармехезем ва ҳеҷ гурӯҳ моро мағлуб натавонад кард?

Verse 45

سَيُهْزَمُ ٱلْجَمْعُ وَيُوَلُّونَ ٱلدُّبُرَ

Transliteration sayuh'zamu l-jamʿu wayuwallūna l-dubura

Tajik Ба зудӣ он ҷамъ аз кофирони Макка назди мӯъминон шикаст хоҳанд хӯрд ва пушт гардонда бозгарданд.

Verse 46

بَلِ ٱلسَّاعَةُ مَوْعِدُهُمْ وَٱلسَّاعَةُ أَدْهَىٰ وَأَمَرُّ

Transliteration bali l-sāʿatu mawʿiduhum wal-sāʿatu adhā wa-amarru

Tajik Балки ваъдагоҳи онҳо қиёмат аст ва ба ҷазои мустаҳиқ гирифтор хоҳанд шуд ва азоби қиёмат аз азоби рӯзи Бадр сахттару талхтар аст.

Verse 47

إِنَّ ٱلْمُجْرِمِينَ فِى ضَلَـٰلٍ وَسُعُرٍ

Transliteration inna l-muj'rimīna fī ḍalālin wasuʿurin

Tajik Ҳароина, гунаҳкорон дар гумроҳӣ ва девонагианд.

Verse 48

يَوْمَ يُسْحَبُونَ فِى ٱلنَّارِ عَلَىٰ وُجُوهِهِمْ ذُوقُوا۟ مَسَّ سَقَرَ

Transliteration yawma yus'ḥabūna fī l-nāri ʿalā wujūhihim dhūqū massa saqara

Tajik Рӯзе, ки онҳоро ба чеҳраҳояшон дар ҷаҳаннам кашанд, барояшон гуфта мешавад: Бичашед азоби сақарро (дӯзахро)!

Verse 49

إِنَّا كُلَّ شَىْءٍ خَلَقْنَـٰهُ بِقَدَرٍ

Transliteration innā kulla shayin khalaqnāhu biqadarin

Tajik Ҳароина, Мо ҳар чизро ба андоза офаридаем! (Ва илми Мо дар он пеш рафтааст ва дар Лавҳи Маҳфуз сабт шудааст.)

Verse 50

وَمَآ أَمْرُنَآ إِلَّا وَٰحِدَةٌ كَلَمْحٍۭ بِٱلْبَصَرِ

Transliteration wamā amrunā illā wāḥidatun kalamḥin bil-baṣari

Tajik Ва фармони Мо танҳо як фармон аст ва он гуфтани як калима аст: "Шав!" пас, мешавад, монанди чашм бар ҳам задан аст.

Verse 51

وَلَقَدْ أَهْلَكْنَآ أَشْيَاعَكُمْ فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ

Transliteration walaqad ahlaknā ashyāʿakum fahal min muddakirin

Tajik Ва касоне, ки монанди шумо дар доираи куфр буданд, аз умматони гузашта албатта, онҳоро ҳалок кардем. Оё аз ин азобҳое, ки ба онҳо расид, пандгирандае ҳаст?

Verse 52

وَكُلُّ شَىْءٍ فَعَلُوهُ فِى ٱلزُّبُرِ

Transliteration wakullu shayin faʿalūhu fī l-zuburi

Tajik Ҳар коре, ки кардаанд, аз неку бад дар дафтарҳост навишта ва сабтшуда бо дасти фариштагони маъмуре, ки ба ин кор амр шудаанд.

Verse 53

وَكُلُّ صَغِيرٍ وَكَبِيرٍ مُّسْتَطَرٌ

Transliteration wakullu ṣaghīrin wakabīrin mus'taṭarun

Tajik Ҳар кори бузургу хурде, ки дар дунё кардаанд, дар дафтарҳои махсус навишта шудааст ва ба он ҷазо дода мешаванд.

Verse 54

إِنَّ ٱلْمُتَّقِينَ فِى جَنَّـٰتٍ وَنَهَرٍ

Transliteration inna l-mutaqīna fī jannātin wanaharin

Tajik Ҳароина, парҳезгорон рӯзи қиёмат дар боғҳои бузург ва ҷӯйборони васеъи биҳишт қарор доранд,

Verse 55

فِى مَقْعَدِ صِدْقٍ عِندَ مَلِيكٍ مُّقْتَدِرٍۭ

Transliteration fī maqʿadi ṣid'qin ʿinda malīkin muq'tadirin

Tajik дар маҷлиси ростин, ки беҳудагӯӣ ва бадкорӣ дар он вуҷуд надорад назди подшоҳи тавоно, ки Офаридгори ҳамаи коинот аст!

Read Surah Al-Qamar in another language

All languages

All 114 surahs in Tajik: the Qur’an in Tajik.

Learn it in MyDugsi

Tajik translation: Khawaja Mirof & Khawaja Mir, from Quran.com. Transliteration: Quran.com. Recitation: Mishary Alafasy, from EveryAyah.com. MyDugsi is a learning aid, not a replacement for a qualified teacher.