Surah Al-Mumtahanah in Tajik: translation and audio
Surah 60 · الممتحنة · She that is to be examined · 13 verses
Surah Al-Mumtahanah verse by verse: the Arabic with a recitation you can repeat, the transliteration, and the Tajik translation by Khawaja Mirof & Khawaja Mir. For the meaning of every word, see Surah Al-Mumtahanah word by word in English.
Verse 1
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ لَا تَتَّخِذُوا۟ عَدُوِّى وَعَدُوَّكُمْ أَوْلِيَآءَ تُلْقُونَ إِلَيْهِم بِٱلْمَوَدَّةِ وَقَدْ كَفَرُوا۟ بِمَا جَآءَكُم مِّنَ ٱلْحَقِّ يُخْرِجُونَ ٱلرَّسُولَ وَإِيَّاكُمْ ۙ أَن تُؤْمِنُوا۟ بِٱللَّهِ رَبِّكُمْ إِن كُنتُمْ خَرَجْتُمْ جِهَـٰدًا فِى سَبِيلِى وَٱبْتِغَآءَ مَرْضَاتِى ۚ تُسِرُّونَ إِلَيْهِم بِٱلْمَوَدَّةِ وَأَنَا۠ أَعْلَمُ بِمَآ أَخْفَيْتُمْ وَمَآ أَعْلَنتُمْ ۚ وَمَن يَفْعَلْهُ مِنكُمْ فَقَدْ ضَلَّ سَوَآءَ ٱلسَّبِيلِ
Transliteration yāayyuhā alladhīna āmanū lā tattakhidhū ʿaduwwī waʿaduwwakum awliyāa tul'qūna ilayhim bil-mawadati waqad kafarū bimā jāakum mina l-ḥaqi yukh'rijūna l-rasūla wa-iyyākum an tu'minū bil-lahi rabbikum in kuntum kharajtum jihādan fī sabīlī wa-ib'tighāa marḍātī tusirrūna ilayhim bil-mawadati wa-anā aʿlamu bimā akhfaytum wamā aʿlantum waman yafʿalhu minkum faqad ḍalla sawāa l-sabīli
Tajik Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед, ва ба шариати Ӯ амал кардаед, душмани Ману душмани худро ба дӯстӣ ихтиёр макунед. Шумо бо мушрикон тарҳи дӯстӣ меафканед ва ахбори Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва мӯъминонро ба онҳо мегӯед ва ҳол он ки онҳо ба сухани ҳаққе, ки Қуръон аст, бар шумо омадааст, имон надоранд. Ва ба хотири он, ки шумо ба Аллоҳ, Парвардигори хеш имон оварда будед, Паёмбар ва шуморо аз Макка берун ронданд. Эй мӯъминон, агар барои ҷиҳод дар роҳи Ман ва талаби ризои Ман берун омадаед, пинҳонан бо онҳо дӯстӣ макунед ва Ман ба ҳар чӣ пинҳон медоред ё ошкор месозед, огоҳтарам. Пас, ҳамоно ҳар кӣ чунин мекунад, аз роҳи рост хато карда гумроҳ гаштааст.
Verse 2
إِن يَثْقَفُوكُمْ يَكُونُوا۟ لَكُمْ أَعْدَآءً وَيَبْسُطُوٓا۟ إِلَيْكُمْ أَيْدِيَهُمْ وَأَلْسِنَتَهُم بِٱلسُّوٓءِ وَوَدُّوا۟ لَوْ تَكْفُرُونَ
Transliteration in yathqafūkum yakūnū lakum aʿdāan wayabsuṭū ilaykum aydiyahum wa-alsinatahum bil-sūi wawaddū law takfurūna
Tajik Агар бар шумо даст ёбанд, (зафар ёбанд,) бароятон душман бошанд ва барои озор доданатон дасту забон мекушоянд, (яъне, бо латукӯб, қатл ва дашном ва монанди он) ва низ дӯст доранд, ки шумо кофир гардед.
Verse 3
لَن تَنفَعَكُمْ أَرْحَامُكُمْ وَلَآ أَوْلَـٰدُكُمْ ۚ يَوْمَ ٱلْقِيَـٰمَةِ يَفْصِلُ بَيْنَكُمْ ۚ وَٱللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ
Transliteration lan tanfaʿakum arḥāmukum walā awlādukum yawma l-qiyāmati yafṣilu baynakum wal-lahu bimā taʿmalūna baṣīrun
Tajik Ҳаргиз хешовандон ва фарзандони шумо ба шумо дар рӯзи қиёмат чизеро фоида намерасонанд, гарчӣ шумо ба хотири онон бо куффор дӯстӣ ва меҳрубонӣ варзед. Рӯзи қиёмат Аллоҳ миёнатон ҷудоӣ меафканад, пас аҳли тоъати худро ба биҳишт ва аҳли маъсияти худро ба дӯзах дохил мекунад ва Аллоҳ ба он чӣ мекунед, биност ва чизе аз гуфтору амалҳоятон бар Ӯ пӯшида намемонад.
Verse 4
قَدْ كَانَتْ لَكُمْ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ فِىٓ إِبْرَٰهِيمَ وَٱلَّذِينَ مَعَهُۥٓ إِذْ قَالُوا۟ لِقَوْمِهِمْ إِنَّا بُرَءَٰٓؤُا۟ مِنكُمْ وَمِمَّا تَعْبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ كَفَرْنَا بِكُمْ وَبَدَا بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمُ ٱلْعَدَٰوَةُ وَٱلْبَغْضَآءُ أَبَدًا حَتَّىٰ تُؤْمِنُوا۟ بِٱللَّهِ وَحْدَهُۥٓ إِلَّا قَوْلَ إِبْرَٰهِيمَ لِأَبِيهِ لَأَسْتَغْفِرَنَّ لَكَ وَمَآ أَمْلِكُ لَكَ مِنَ ٱللَّهِ مِن شَىْءٍ ۖ رَّبَّنَا عَلَيْكَ تَوَكَّلْنَا وَإِلَيْكَ أَنَبْنَا وَإِلَيْكَ ٱلْمَصِيرُ
Transliteration qad kānat lakum us'watun ḥasanatun fī ib'rāhīma wa-alladhīna maʿahu idh qālū liqawmihim innā buraāu minkum wamimmā taʿbudūna min dūni l-lahi kafarnā bikum wabadā baynanā wabaynakumu l-ʿadāwatu wal-baghḍāu abadan ḥattā tu'minū bil-lahi waḥdahu illā qawla ib'rāhīma li-abīhi la-astaghfiranna laka wamā amliku laka mina l-lahi min shayin rabbanā ʿalayka tawakkalnā wa-ilayka anabnā wa-ilayka l-maṣīru
Tajik Ҳароина, барои шумо эй мӯъминон, дар зиндагии Иброҳим ва касоне, ки ҳамроҳи ӯ аз мӯъминон буданд, сармашқи некӯест. Онгоҳ ба қавмашон гуфтанд: «Ҳароина, мо аз шумо безор ва дур ҳастем ва аз он чи ғайри Аллоҳ мепарстед аз ширку бутҳоятон ба шумо кофир ва мункир шудаем ва миёни мо ва миёни шумо ба таври ҳамеша душманӣ ва кина падид омад, модоме, ки бар куфри худ пойдоред, то ба вақте ки фақат ба Аллоҳ имон оваред,» магар дар ин сухани Иброҳим ба падараш, (Озар гуфт,) ки ҳатман барои ту омӯрзиш талаб мекунам ва дар баробари Аллоҳ барои ту ихтиёри чизеро надорам: Парвардигоро! Бар Ту таваккал кардаем ва ба Ту рӯй овардаем ва бозгашти ҳама рӯзи қиёмат ба сӯи Туст.
Verse 5
رَبَّنَا لَا تَجْعَلْنَا فِتْنَةً لِّلَّذِينَ كَفَرُوا۟ وَٱغْفِرْ لَنَا رَبَّنَآ ۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ
Transliteration rabbanā lā tajʿalnā fit'natan lilladhīna kafarū wa-igh'fir lanā rabbanā innaka anta l-ʿazīzu l-ḥakīmu
Tajik Эй Парвардигори мо, моро ба сабаби гуноҳамон барои кофирон фитанае магардон ва онҳоро бар мо ғолиб магардон, то нагӯянд агар онҳо (яъне, аҳли имон) барҳақ мебуданд, ба азобу хорӣ гирифтор намешуданд, пас онгоҳ ин боиси зиёдшавии куфри онон мешавад. Ва гуноҳони моро биёмурз, ки ҳароина, Ту пирӯзмандӣ, ҳаргиз мағлуб намешавӣ ва дар гуфтору корҳоят бо ҳикмат ҳастӣ!
Verse 6
لَقَدْ كَانَ لَكُمْ فِيهِمْ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ لِّمَن كَانَ يَرْجُوا۟ ٱللَّهَ وَٱلْيَوْمَ ٱلْـَٔاخِرَ ۚ وَمَن يَتَوَلَّ فَإِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلْغَنِىُّ ٱلْحَمِيدُ
Transliteration laqad kāna lakum fīhim us'watun ḥasanatun liman kāna yarjū l-laha wal-yawma l-ākhira waman yatawalla fa-inna l-laha huwa l-ghaniyu l-ḥamīdu
Tajik Ҳароина, барои шумо эй мӯъминон дар зиндагии Иброҳим алайҳиссалом ва пайравонаш сармашқи хубе аст барои касе, ки ба дидори Аллоҳ ва наҷоти рӯзи қиёмат умед дорад ва ҳар кӣ иқтидо аз паёмбарони Ӯ рӯй гардонад ва ба душманони Аллоҳ робитаи дӯстона кунад, пас албатта, Аллоҳ аз имон ва тоъати бандагонаш бениёз аст ва дар назди дӯстон ва аҳли тоъаташ сутуда аст!
Verse 7
۞ عَسَى ٱللَّهُ أَن يَجْعَلَ بَيْنَكُمْ وَبَيْنَ ٱلَّذِينَ عَادَيْتُم مِّنْهُم مَّوَدَّةً ۚ وَٱللَّهُ قَدِيرٌ ۚ وَٱللَّهُ غَفُورٌ رَّحِيمٌ
Transliteration ʿasā l-lahu an yajʿala baynakum wabayna alladhīna ʿādaytum min'hum mawaddatan wal-lahu qadīrun wal-lahu ghafūrun raḥīmun
Tajik Шояд Аллоҳ дар миёни шумо эй мӯъминон ва дар миёни касоне, ки бо онҳо душманӣ доштед, аз хешовандонатон аз мушрикон бо тавфиқ додани онон ба имон ва қабули ислом дӯстӣ падид оварад. Аллоҳ бар ҳама чиз қодир аст ва Аллоҳ барои бандагонаш омӯрзандаву меҳрубон аст!
Verse 8
لَّا يَنْهَىٰكُمُ ٱللَّهُ عَنِ ٱلَّذِينَ لَمْ يُقَـٰتِلُوكُمْ فِى ٱلدِّينِ وَلَمْ يُخْرِجُوكُم مِّن دِيَـٰرِكُمْ أَن تَبَرُّوهُمْ وَتُقْسِطُوٓا۟ إِلَيْهِمْ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلْمُقْسِطِينَ
Transliteration lā yanhākumu l-lahu ʿani alladhīna lam yuqātilūkum fī l-dīni walam yukh'rijūkum min diyārikum an tabarrūhum watuq'siṭū ilayhim inna l-laha yuḥibbu l-muq'siṭīna
Tajik Аллоҳ шуморо эй мӯъминон аз некӣ кардан ва адолат варзидан ба онон, ки бо шумо дар дин наҷангидаанд ва аз сарзаминатон берун нарондаанд, бознамедорад. ҳароина, Аллоҳ касонеро, ки дар гуфтор ва кирдорашон ба адолат рафтор мекунанд, дӯст медорад.
Verse 9
إِنَّمَا يَنْهَىٰكُمُ ٱللَّهُ عَنِ ٱلَّذِينَ قَـٰتَلُوكُمْ فِى ٱلدِّينِ وَأَخْرَجُوكُم مِّن دِيَـٰرِكُمْ وَظَـٰهَرُوا۟ عَلَىٰٓ إِخْرَاجِكُمْ أَن تَوَلَّوْهُمْ ۚ وَمَن يَتَوَلَّهُمْ فَأُو۟لَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلظَّـٰلِمُونَ
Transliteration innamā yanhākumu l-lahu ʿani alladhīna qātalūkum fī l-dīni wa-akhrajūkum min diyārikum waẓāharū ʿalā ikh'rājikum an tawallawhum waman yatawallahum fa-ulāika humu l-ẓālimūna
Tajik Фақат Аллоҳ аз дӯстӣ варзидан бо касоне, ки бо шумо дар дин ҷангидаанд ва аз сарзаминатон (яъне, Макка) берунатон рондаанд ва аз барои берун рондани шумо дигаронро кӯмак ва пуштибонӣ кардаанд, шуморо манъ мекунад. Ва ҳар кӣ бо онҳо дӯстӣ варзад, пас он гурӯҳ ситамкоронанд ва аз ҳудуди муқаррар кардаи Аллоҳ хориҷанд.
Verse 10
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِذَا جَآءَكُمُ ٱلْمُؤْمِنَـٰتُ مُهَـٰجِرَٰتٍ فَٱمْتَحِنُوهُنَّ ۖ ٱللَّهُ أَعْلَمُ بِإِيمَـٰنِهِنَّ ۖ فَإِنْ عَلِمْتُمُوهُنَّ مُؤْمِنَـٰتٍ فَلَا تَرْجِعُوهُنَّ إِلَى ٱلْكُفَّارِ ۖ لَا هُنَّ حِلٌّ لَّهُمْ وَلَا هُمْ يَحِلُّونَ لَهُنَّ ۖ وَءَاتُوهُم مَّآ أَنفَقُوا۟ ۚ وَلَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ أَن تَنكِحُوهُنَّ إِذَآ ءَاتَيْتُمُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ ۚ وَلَا تُمْسِكُوا۟ بِعِصَمِ ٱلْكَوَافِرِ وَسْـَٔلُوا۟ مَآ أَنفَقْتُمْ وَلْيَسْـَٔلُوا۟ مَآ أَنفَقُوا۟ ۚ ذَٰلِكُمْ حُكْمُ ٱللَّهِ ۖ يَحْكُمُ بَيْنَكُمْ ۚ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ
Transliteration yāayyuhā alladhīna āmanū idhā jāakumu l-mu'minātu muhājirātin fa-im'taḥinūhunna l-lahu aʿlamu biīmānihinna fa-in ʿalim'tumūhunna mu'minātin falā tarjiʿūhunna ilā l-kufāri lā hunna ḥillun lahum walā hum yaḥillūna lahunna waātūhum mā anfaqū walā junāḥa ʿalaykum an tankiḥūhunna idhā ātaytumūhunna ujūrahunna walā tum'sikū biʿiṣami l-kawāfiri wasalū mā anfaqtum walyasalū mā anfaqū dhālikum ḥuk'mu l-lahi yaḥkumu baynakum wal-lahu ʿalīmun ḥakīmun
Tajik Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариати ӯ амал кардаед, чун занони мӯъмине, ки ҳиҷрат кардаанд, аз дори куфр ба дори ислом ба наздатон оянд, пас онҳоро озмоиш кунед, то аз ҳақиқати имонашон огоҳӣ пайдо намоед. Аллоҳ ба ҳақиқати имонашон донотар аст. Пас, агар донистед аз зоҳири ҳолашон, ки имон овардаанд, ононро ба сӯи кофирон бознагардонед. Зеро инҳо мӯъмина занҳо бар никоҳи мардони кофир ҳалол нестанд ва мардони кофир низ бар никоҳи онҳо ҳалол нестанд. Ва он чиро шавҳарони кофир дар ҳаққи заноне, ки ба сӯи шумо рафтаанд, харҷ кардаанд ба онҳо бидиҳед. Ва агар онҳоро никоҳ кунед ва маҳрашонро бидиҳед, гуноҳе бар шумо нест. Ва занони кофири худро нигоҳ мадоред. Ва шумо низ эй мӯъминон, ҳар чӣ харҷ кардаед, ба заноне, ки аз никоҳи шумо берун рафтаанд, аз мардони кофир харҷи маҳрро талаб кунед ва онҳо низ ҳар чӣ сарф кардаанд дар маҳри он заноне, ки ба никоҳи шумо даромадаанд, аз шумо талаб кунанд. Ин ҳукми Аллоҳ аст. Аллоҳ миёни шумо ҳукм мекунад, пас, ҳукми Аллоҳро мухолифат накунед ва Ӯ доно аст ҳеҷ чиз бар Ӯ пӯшида намемонад ва ҳаким аст дар гуфтору корҳояш.
Verse 11
وَإِن فَاتَكُمْ شَىْءٌ مِّنْ أَزْوَٰجِكُمْ إِلَى ٱلْكُفَّارِ فَعَاقَبْتُمْ فَـَٔاتُوا۟ ٱلَّذِينَ ذَهَبَتْ أَزْوَٰجُهُم مِّثْلَ مَآ أَنفَقُوا۟ ۚ وَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ ٱلَّذِىٓ أَنتُم بِهِۦ مُؤْمِنُونَ
Transliteration wa-in fātakum shayon min azwājikum ilā l-kufāri faʿāqabtum faātū alladhīna dhahabat azwājuhum mith'la mā anfaqū wa-ittaqū l-laha alladhī antum bihi mu'minūna
Tajik Ва агар яке аз занони шумо муртад шуд ва ба кофирон пайваст ва кофирон маҳре, ки шумо дар ҳаққи он занон сарф намудаед, ба шумо надоданд ва он гоҳ шумо дар ҷанг бар онон пирӯз шудед ва ба интиқом аз кофирон бархостед, пас аз амволи ғанимат гирифта шуда ба касоне, ки занонашон ба сӯи кофирон рафтаанд, монанди он чизе, ки харҷ кардаанд дар маҳри он занон, бидиҳед ва аз Аллоҳе, ки ба Ӯ имон доред, битарсед!
Verse 12
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِىُّ إِذَا جَآءَكَ ٱلْمُؤْمِنَـٰتُ يُبَايِعْنَكَ عَلَىٰٓ أَن لَّا يُشْرِكْنَ بِٱللَّهِ شَيْـًٔا وَلَا يَسْرِقْنَ وَلَا يَزْنِينَ وَلَا يَقْتُلْنَ أَوْلَـٰدَهُنَّ وَلَا يَأْتِينَ بِبُهْتَـٰنٍ يَفْتَرِينَهُۥ بَيْنَ أَيْدِيهِنَّ وَأَرْجُلِهِنَّ وَلَا يَعْصِينَكَ فِى مَعْرُوفٍ ۙ فَبَايِعْهُنَّ وَٱسْتَغْفِرْ لَهُنَّ ٱللَّهَ ۖ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ
Transliteration yāayyuhā l-nabiyu idhā jāaka l-mu'minātu yubāyiʿ'naka ʿalā an lā yush'rik'na bil-lahi shayan walā yasriq'na walā yaznīna walā yaqtul'na awlādahunna walā yatīna bibuh'tānin yaftarīnahu bayna aydīhinna wa-arjulihinna walā yaʿṣīnaka fī maʿrūfin fabāyiʿ'hunna wa-is'taghfir lahunna l-laha inna l-laha ghafūrun raḥīmun
Tajik Эй Паёмбар, агар занони мӯъмин назди ту омаданд, то байъат (аҳду паймон) кунанд, ба ин шарт, ки ҳеҷ касро бо Аллоҳи барҳақ дар ибодаташ шарик накунанд ва чизеро дуздӣ накунанд ва зино накунанд ва фарзандони худро пеш ё баъд аз таваллуд накушанд ва фарзандонеро, ки аз шавҳаронашон нестанд, ба дурӯғ ба онҳо нисбат надиҳанд ва дар корҳои нек нофармонии ту накунанд, пас дар ин сурат, бо онҳо байъат кун ва барояшон аз Аллоҳ омӯрзиш бихоҳ, ки ҳароина, Аллоҳ барои бандагоне, ки тавба мекунанд, омӯрзандаву меҳрубон аст!
Verse 13
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ لَا تَتَوَلَّوْا۟ قَوْمًا غَضِبَ ٱللَّهُ عَلَيْهِمْ قَدْ يَئِسُوا۟ مِنَ ٱلْـَٔاخِرَةِ كَمَا يَئِسَ ٱلْكُفَّارُ مِنْ أَصْحَـٰبِ ٱلْقُبُورِ
Transliteration yāayyuhā alladhīna āmanū lā tatawallaw qawman ghaḍiba l-lahu ʿalayhim qad ya-isū mina l-ākhirati kamā ya-isa l-kufāru min aṣḥābi l-qubūri
Tajik Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед, бо мардуме, ки Аллоҳ бар онҳо хашм гирифтааст, дӯстӣ макунед. Инҳо ба сабаби куфрашон аз раҳмати Аллоҳ ва савоби охират ноумед шуданд, ҳамчунон ки он кофироне, ки дар гӯр хуфта аз ҳақиқати кор воқиф шуданд ва бо илми яқин донистанд, ки аз савоби охират ноумед ҳастанд.
Read Surah Al-Mumtahanah in another language
- English (word by word)
- Albanian
- Amazigh
- Amharic
- Assamese
- Azerbaijani
- Bambara
- Bangla
- Bosnian
- Bulgarian
- Chechen
- Chinese
- Czech
- Dari
- Dhivehi
- Dutch
- Finnish
- French
- German
- Gujarati
- Hausa
- Hebrew
- Hindi
- Indonesian
- Italian
- Japanese
- Kannada
- Kazakh
- Khmer
- Kinyarwanda
- Korean
- Kurdish
- Luganda
- Malay
- Malayalam
- Maranao
- Marathi
- Nepali
- Norwegian
- Oromo
- Pashto
- Persian
- Polish
- Portuguese
- Romanian
- Russian
- Sindhi
- Sinhala
- Somali
- Spanish
- Swahili
- Swedish
- Tagalog
- Tamil
- Tatar
- Telugu
- Thai
- Turkish
- Ukrainian
- Urdu
- Uyghur
- Uzbek
- Vietnamese
- Yao
- Yoruba
All 114 surahs in Tajik: the Qur’an in Tajik.
Tajik translation: Khawaja Mirof & Khawaja Mir, from Quran.com. Transliteration: Quran.com. Recitation: Mishary Alafasy, from EveryAyah.com. MyDugsi is a learning aid, not a replacement for a qualified teacher.