MyDugsiStart learning

Surah Al-Baqarah in Tajik: translation and audio

Surah 2 · البقرة · The Cow · 286 verses

Surah Al-Baqarah verse by verse: the Arabic with a recitation you can repeat, the transliteration, and the Tajik translation by Khawaja Mirof & Khawaja Mir. For the meaning of every word, see Surah Al-Baqarah word by word in English.

Verse 1

الٓمٓ

Transliteration alif-lam-meem

Tajik Алиф. Лом. Мим. Ин гуна ҳарфҳо, ҳарфҳои муқаттаъаанд, дар аввали сураҳо меоянд. Дар ин ишораест ба эъҷози Қуръон ва ҳуҷҷат овардан бар мушрикон. Ин ба он далолат мекунад, ки арабҳо мисли ин гуна ваҳйи илоҳӣ овардан натавонанд.

Verse 2

ذَٰلِكَ ٱلْكِتَـٰبُ لَا رَيْبَ ۛ فِيهِ ۛ هُدًى لِّلْمُتَّقِينَ

Transliteration dhālika l-kitābu lā rayba fīhi hudan lil'muttaqīna

Tajik Ин аст ҳамон китобе, ки дар он ҳеҷ шакке нест ва аз ҷиҳати равшан буданаш ба ҳеҷ кас дуруст нест, ки дар он шак кунад. Аз ин китоб баҳра мебаранд муттақиён, онон, ки аз Аллоҳ метарсанд ва ҳукмҳои Уро пайраванд. Ин китоб парҳезгоронро роҳнамост:

Verse 3

ٱلَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِٱلْغَيْبِ وَيُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَمِمَّا رَزَقْنَـٰهُمْ يُنفِقُونَ

Transliteration alladhīna yu'minūna bil-ghaybi wayuqīmūna l-ṣalata wamimmā razaqnāhum yunfiqūna

Tajik онон, ки имон меоваранд ба ғайб, ки ҳиссиёту ақлашон онро дарк намекунад, магар ба тариқи ваҳйе, ки Аллоҳ ба расулонаш мефиристад. (Имон ин калимаест, ки дарбар мегирад иқрор кардани ба Аллоҳ, малоикаҳо, китобҳо, расулон, рӯзи охират ва тақдири некӣ ва бадиро ва низ иқрор кардани бо забон ва амал кардан бо дил, забон ва ҷавореҳ аст)[1] ва онон бинобар тасдиқашон ба ғайб намозро дар вақташ мувофиқи шариъати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам адо менамоянд ва аз он чи рӯзияшон додаем, нафақа медиҳанд (нафақаи воҷибӣ; монанди закот, нафақаи зану фарзанд... ва нафақаи мустаҳабӣ; монанди ҳамаи корҳои хайр[2]).

Verse 4

وَٱلَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِمَآ أُنزِلَ إِلَيْكَ وَمَآ أُنزِلَ مِن قَبْلِكَ وَبِٱلْـَٔاخِرَةِ هُمْ يُوقِنُونَ

Transliteration wa-alladhīna yu'minūna bimā unzila ilayka wamā unzila min qablika wabil-ākhirati hum yūqinūna

Tajik ва онон, ки ба он чи бар ту нозил шуд, Қуръон ва ҳикмат (суннат) ва бар паёмбарони пеш аз ту монанди Таврот, Инҷил ва ғайраҳо нозил шудааст, имон меоваранд ва ба охират бовар доранд. Яъне, зинда гардонидани баъд аз миронидан ва он чӣ дар он аз ҳисобу ҷазо аст. Дар оят зикри охират баёншудааст, зеро имон овардан ба он аз бузургтарин чизест, ки мӯъмини парҳезгорро бар иҷрои тоъат водор мекунад ва аз муҳаррамот дур месозад ва ба муҳосабаи нафс бедор мекунад.

Verse 5

أُو۟لَـٰٓئِكَ عَلَىٰ هُدًى مِّن رَّبِّهِمْ ۖ وَأُو۟لَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلْمُفْلِحُونَ

Transliteration ulāika ʿalā hudan min rabbihim wa-ulāika humu l-muf'liḥūna

Tajik Касоне, ки дорои ин гуна сифотанд, бо нури Парвардигорашон ва тавфиқ аз ҷониби холиқашон, дар ҳаёти дунё умр ба сар мебаранд ва худ наҷот ёфтагонанд. Он чиро ки талаб карданд, дарёфтанд ва аз бадии он чӣ, ки гурехтанд, наҷот ёфтанд.

Verse 6

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ سَوَآءٌ عَلَيْهِمْ ءَأَنذَرْتَهُمْ أَمْ لَمْ تُنذِرْهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ

Transliteration inna alladhīna kafarū sawāon ʿalayhim a-andhartahum am lam tundhir'hum lā yu'minūna

Tajik Касоне, ки он чӣ ба ту нозил шуд, аз ҷониби Парвардигорат, инкор карданд ва такаббур варзиданд ва зулму ситам карданд, ҳаргиз дар онҳо имон воқеъ нашавад. Онон кофиронанд, баробар аст, хоҳ битарсонӣ ё натарсонӣ, имон намеоваранд.

Verse 7

خَتَمَ ٱللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ وَعَلَىٰ سَمْعِهِمْ ۖ وَعَلَىٰٓ أَبْصَـٰرِهِمْ غِشَـٰوَةٌ ۖ وَلَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ

Transliteration khatama l-lahu ʿalā qulūbihim waʿalā samʿihim waʿalā abṣārihim ghishāwatun walahum ʿadhābun ʿaẓīmun

Tajik Аллоҳ бар дилҳояшон ва бар шунавоиашон муҳр ва барбиноиашон парда ниҳодааст ва ба сабаби куфру саркашиашон, дар ҷаҳаннам барояшон азоби бузурге омода кардааст.

Verse 8

وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَقُولُ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ وَبِٱلْيَوْمِ ٱلْـَٔاخِرِ وَمَا هُم بِمُؤْمِنِينَ

Transliteration wamina l-nāsi man yaqūlu āmannā bil-lahi wabil-yawmi l-ākhiri wamā hum bimu'minīna

Tajik Ва баъзе аз мардум, ки байни мӯъминон ва кофирон ҳайрону сарсон мегарданд, мегуянд бо забонашон: «Ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон овардаем». Ҳол он ки сидқан имон наовардаанд.

Verse 9

يُخَـٰدِعُونَ ٱللَّهَ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَمَا يَخْدَعُونَ إِلَّآ أَنفُسَهُمْ وَمَا يَشْعُرُونَ

Transliteration yukhādiʿūna l-laha wa-alladhīna āmanū wamā yakhdaʿūna illā anfusahum wamā yashʿurūna

Tajik Ин гурӯҳ мунофиқон бо ҷаҳолати худ Аллоҳу мӯъминонро ба изҳор кардани имонашон ва пинҳон кардани куфрашон мефиребанд ва намедонанд, ки оқибати фиребашон бар худашон бармегардад. Ва ҳол он ки инро ҳис намекунанд[1].

Verse 10

فِى قُلُوبِهِم مَّرَضٌ فَزَادَهُمُ ٱللَّهُ مَرَضًا ۖ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌۢ بِمَا كَانُوا۟ يَكْذِبُونَ

Transliteration fī qulūbihim maraḍun fazādahumu l-lahu maraḍan walahum ʿadhābun alīmun bimā kānū yakdhibūna

Tajik Дар дилҳояшон беморие ҳаст (шак, нифоқ, палидӣ ва фасод)[1] ва Аллоҳ низ бар касалиашон бияфзудааст ва ба ҷазои дурӯғе, ки гуфтаанд, барояшон азобест дардовар.

Verse 11

وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ لَا تُفْسِدُوا۟ فِى ٱلْأَرْضِ قَالُوٓا۟ إِنَّمَا نَحْنُ مُصْلِحُونَ

Transliteration wa-idhā qīla lahum lā tuf'sidū fī l-arḍi qālū innamā naḥnu muṣ'liḥūna

Tajik Ва чун ба онҳо насиҳатҳо гуфта шавад, ки дар замин фасод накунед, (бинобар фош кардани сирри мӯъминон ва дӯст гирифтани кофирон)[1] мегӯянд: «Мо муслиҳонем» (некӯкоронем).

Verse 12

أَلَآ إِنَّهُمْ هُمُ ٱلْمُفْسِدُونَ وَلَـٰكِن لَّا يَشْعُرُونَ

Transliteration alā innahum humu l-muf'sidūna walākin lā yashʿurūna

Tajik Огоҳ бошед, ки инҳо худ фасодкоронанд, вале ба сабаби ҷаҳлу саркашиашон ҳис намекунанд.

Verse 13

وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ ءَامِنُوا۟ كَمَآ ءَامَنَ ٱلنَّاسُ قَالُوٓا۟ أَنُؤْمِنُ كَمَآ ءَامَنَ ٱلسُّفَهَآءُ ۗ أَلَآ إِنَّهُمْ هُمُ ٱلسُّفَهَآءُ وَلَـٰكِن لَّا يَعْلَمُونَ

Transliteration wa-idhā qīla lahum āminū kamā āmana l-nāsu qālū anu'minu kamā āmana l-sufahāu alā innahum humu l-sufahāu walākin lā yaʿlamūna

Tajik Ба чун ба онон (мунофиқон) гуфта шавад, ки шумо низ монанди дигар мардумон (мисли имони саҳобагон)[1] имон биёваред, мегуянд: «Оё мо низ ҳам монанди бехирадон имон биёварем?» Аллоҳ таъоло сухани ононро рад кард ва фармуд: Огоҳ бошед, ки онон худ бехирадонанду намедонанд.

Verse 14

وَإِذَا لَقُوا۟ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ قَالُوٓا۟ ءَامَنَّا وَإِذَا خَلَوْا۟ إِلَىٰ شَيَـٰطِينِهِمْ قَالُوٓا۟ إِنَّا مَعَكُمْ إِنَّمَا نَحْنُ مُسْتَهْزِءُونَ

Transliteration wa-idhā laqū alladhīna āmanū qālū āmannā wa-idhā khalaw ilā shayāṭīnihim qālū innā maʿakum innamā naḥnu mus'tahziūna

Tajik Ва чун мунофиқон ба мӯъминон вомехӯранд, мегуянд: «Имон овардем». Ва чун ба назди шайтонҳои хеш (пешравони куфр) баргашта рафтанд, мегӯянд: «Мо бо шумо ҳастем, мо мӯъминонро масхара мекунем».

Verse 15

ٱللَّهُ يَسْتَهْزِئُ بِهِمْ وَيَمُدُّهُمْ فِى طُغْيَـٰنِهِمْ يَعْمَهُونَ

Transliteration al-lahu yastahzi-u bihim wayamudduhum fī ṭugh'yānihim yaʿmahūna

Tajik Аллоҳ аст, ки онҳоро масхара мекунад ва онҳоро ба ҳоли худ мегузорад, то ҳамчунон дар туғёни хеш саргардон бимонанд. Ва гумроҳиву ҳайраташон зиёд гардад ва онҳоро бар масхара карданашон ҷазо диҳад.

Verse 16

أُو۟لَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ ٱشْتَرَوُا۟ ٱلضَّلَـٰلَةَ بِٱلْهُدَىٰ فَمَا رَبِحَت تِّجَـٰرَتُهُمْ وَمَا كَانُوا۟ مُهْتَدِينَ

Transliteration ulāika alladhīna ish'tarawū l-ḍalālata bil-hudā famā rabiḥat tijāratuhum wamā kānū muh'tadīna

Tajik Инҳо (мунофиқон) гумроҳиро ба ҳидоят хариданд, пас тиҷораташон суд накард, яъне, куфрро ихтиёр карданд бар имон ва дар шумори ҳидоятёфтагон дарнаёмадаанд. Ин аст, зиёне ошкоро.

Verse 17

مَثَلُهُمْ كَمَثَلِ ٱلَّذِى ٱسْتَوْقَدَ نَارًا فَلَمَّآ أَضَآءَتْ مَا حَوْلَهُۥ ذَهَبَ ٱللَّهُ بِنُورِهِمْ وَتَرَكَهُمْ فِى ظُلُمَـٰتٍ لَّا يُبْصِرُونَ

Transliteration mathaluhum kamathali alladhī is'tawqada nāran falammā aḍāat mā ḥawlahu dhahaba l-lahu binūrihim watarakahum fī ẓulumātin lā yub'ṣirūna

Tajik Ҳоли як гурӯҳ аз мунофиқон, ки (- ба забон на ба дил- ба рисолати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон оварданд ва баъд аз он кофир шуданд), мисолашон мисли он касест, ки оташе афрӯхт, чун атрофашро равшан сохт, Аллоҳ рӯшноӣ аз онон бозгирифт ва нобино дар торикӣ раҳояшон кард ва на роҳе ёфтанд ва на аз он ҷо берун омаданд

Verse 18

صُمٌّۢ بُكْمٌ عُمْىٌ فَهُمْ لَا يَرْجِعُونَ

Transliteration ṣummun buk'mun ʿum'yun fahum lā yarjiʿūna

Tajik Кар ҳастанд ва хубиҳоро намешунаванд, гунганд ва наметавонанд сухани нек бар забон оваранд ва дар муқобили ҳақ кӯр ҳастанд. Ва аз ин сабаб наметавонанд, ки ба сӯи имонеро, ки тарк карда буданд, бозгарданд!

Verse 19

أَوْ كَصَيِّبٍ مِّنَ ٱلسَّمَآءِ فِيهِ ظُلُمَـٰتٌ وَرَعْدٌ وَبَرْقٌ يَجْعَلُونَ أَصَـٰبِعَهُمْ فِىٓ ءَاذَانِهِم مِّنَ ٱلصَّوَٰعِقِ حَذَرَ ٱلْمَوْتِ ۚ وَٱللَّهُ مُحِيطٌۢ بِٱلْكَـٰفِرِينَ

Transliteration aw kaṣayyibin mina l-samāi fīhi ẓulumātun waraʿdun wabarqun yajʿalūna aṣābiʿahum fī ādhānihim mina l-ṣawāʿiqi ḥadhara l-mawti wal-lahu muḥīṭun bil-kāfirīna

Tajik Ё ҳоли дигар мунофиқон, ки барояшон ҳақ зоҳир мегардад ва бори дигар дар он шак мекунанд, ба монанди ҳоли ҷамоъатест, ки дар саҳро роҳ мераванд ва чун ба борони сахте гирифтор омада бошанд, ки аз осмон фурӯ резад ва дар он торикиҳо раъд ва барқ бошад ва аз тарси садои онҳо ва тарсидан аз марг ангуштони худро дар гушҳояшон ниҳанд. Аллоҳ аз ҳарсӯ онҳоро (кофиронро) иҳота намудааст.

Verse 20

يَكَادُ ٱلْبَرْقُ يَخْطَفُ أَبْصَـٰرَهُمْ ۖ كُلَّمَآ أَضَآءَ لَهُم مَّشَوْا۟ فِيهِ وَإِذَآ أَظْلَمَ عَلَيْهِمْ قَامُوا۟ ۚ وَلَوْ شَآءَ ٱللَّهُ لَذَهَبَ بِسَمْعِهِمْ وَأَبْصَـٰرِهِمْ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ

Transliteration yakādu l-barqu yakhṭafu abṣārahum kullamā aḍāa lahum mashaw fīhi wa-idhā aẓlama ʿalayhim qāmū walaw shāa l-lahu ladhahaba bisamʿihim wa-abṣārihim inna l-laha ʿalā kulli shayin qadīrun

Tajik Наздик аст, ки барқ чашмҳояшонро бирабояд; ҳар гоҳ барқ ба онҳо равшанӣ диҳад, дар он равшанӣ роҳ раванд; ва чун роҳро бар онҳо торик кунад, биистанд. Ва агар Аллоҳ мехост, ҳароина шунавоӣ ва биноиҳои онҳоро мебурд. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ дар ҳама вақт бар ҳама чиз тавоно аст.

Verse 21

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ ٱعْبُدُوا۟ رَبَّكُمُ ٱلَّذِى خَلَقَكُمْ وَٱلَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ

Transliteration yāayyuhā l-nāsu uʿ'budū rabbakumu alladhī khalaqakum wa-alladhīna min qablikum laʿallakum tattaqūna

Tajik Аллоҳ барои тамоми мардум нидо карда мегӯяд: Эй мардум, Парвардигоратонро бо тавҳид ибодат кунед, ки шуморо бо неъматҳои худ тарбия намуд. Ва аз Ӯ битарсед ва дини Ӯро мухолифат макунед; ҳароина шуморо аз нестӣ ва касоне, ки пеш аз шумо буданд, ба вуҷуд овард, то ин ки шумо аз парҳезгороне бошед, ки Аллоҳ аз онҳо розӣ аст ва онҳо аз Аллоҳ розӣ ҳастанд.

Verse 22

ٱلَّذِى جَعَلَ لَكُمُ ٱلْأَرْضَ فِرَٰشًا وَٱلسَّمَآءَ بِنَآءً وَأَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءً فَأَخْرَجَ بِهِۦ مِنَ ٱلثَّمَرَٰتِ رِزْقًا لَّكُمْ ۖ فَلَا تَجْعَلُوا۟ لِلَّهِ أَندَادًا وَأَنتُمْ تَعْلَمُونَ

Transliteration alladhī jaʿala lakumu l-arḍa firāshan wal-samāa bināan wa-anzala mina l-samāi māan fa-akhraja bihi mina l-thamarāti riz'qan lakum falā tajʿalū lillahi andādan wa-antum taʿlamūna

Tajik Он Аллоҳе, ки заминро чун гилеме бияндохт ва осмонро чун биное барафрохт ва аз осмон обе фиристод ва бо он об барои рӯзии шумо аз замин ҳар гуна самарае бирӯёнид ва худ медонед, ки Аллоҳ дар офариниши махлуқоти худ касеро шарик нагирифтааст, инчунин набояд барои Аллоҳ дар ибодаташ чизҳоеро шарикони Ӯ қарор диҳед!

Verse 23

وَإِن كُنتُمْ فِى رَيْبٍ مِّمَّا نَزَّلْنَا عَلَىٰ عَبْدِنَا فَأْتُوا۟ بِسُورَةٍ مِّن مِّثْلِهِۦ وَٱدْعُوا۟ شُهَدَآءَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ إِن كُنتُمْ صَـٰدِقِينَ

Transliteration wa-in kuntum fī raybin mimmā nazzalnā ʿalā ʿabdinā fatū bisūratin min mith'lihi wa-id'ʿū shuhadāakum min dūni l-lahi in kuntum ṣādiqīna

Tajik Ва —эй кофирони саркаш - агар дар он чӣ бар бандаи хеш нозил кардаем, дар шак ҳастед ва гумон мекунед, ки он аз назди Аллоҳ нест, пас сурае низ монанди он биёваред ва ғайри Аллоҳ ҳамаи мададгоронатонро фаро хонед, агар дар даъвоятон ростгӯ бошед.

Verse 24

فَإِن لَّمْ تَفْعَلُوا۟ وَلَن تَفْعَلُوا۟ فَٱتَّقُوا۟ ٱلنَّارَ ٱلَّتِى وَقُودُهَا ٱلنَّاسُ وَٱلْحِجَارَةُ ۖ أُعِدَّتْ لِلْكَـٰفِرِينَ

Transliteration fa-in lam tafʿalū walan tafʿalū fa-ittaqū l-nāra allatī waqūduhā l-nāsu wal-ḥijāratu uʿiddat lil'kāfirīna

Tajik Ва ҳар гоҳ чунин накардаед, ки ҳаргиз натавонед кард, пас битарсед аз оташе, ки барои кофирон муҳайё шуда, ҳезуми он мардумон ва сангҳо ҳастанд.

Verse 25

وَبَشِّرِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّـٰلِحَـٰتِ أَنَّ لَهُمْ جَنَّـٰتٍ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا ٱلْأَنْهَـٰرُ ۖ كُلَّمَا رُزِقُوا۟ مِنْهَا مِن ثَمَرَةٍ رِّزْقًا ۙ قَالُوا۟ هَـٰذَا ٱلَّذِى رُزِقْنَا مِن قَبْلُ ۖ وَأُتُوا۟ بِهِۦ مُتَشَـٰبِهًا ۖ وَلَهُمْ فِيهَآ أَزْوَٰجٌ مُّطَهَّرَةٌ ۖ وَهُمْ فِيهَا خَـٰلِدُونَ

Transliteration wabashiri alladhīna āmanū waʿamilū l-ṣāliḥāti anna lahum jannātin tajrī min taḥtihā l-anhāru kullamā ruziqū min'hā min thamaratin riz'qan qālū hādhā alladhī ruziq'nā min qablu wa-utū bihi mutashābihan walahum fīhā azwājun muṭahharatun wahum fīhā khālidūna

Tajik Ва ба он касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, мужда деҳ, ки дар охират барояшон бустонҳоест ва қасрҳои олимартаба ва дарахтони сояафкан, ки зери онҳо ҷӯйҳо ҷорӣ мешаванд. Ва ҳар гоҳ аз он ҷо аз меваҳои туногун рӯзӣ дода шаванд, гӯянд: «Пеш аз ин дар дунё аз чунин меваҳое дода шуда будем ва ҳар вақте ки аз он меваҳо чашиданд, таъм ва лаззати наверо ёфтанд, гарчанде ки ин меваҳо монанд ба якдигаранд». Ва низ дар он ҷо ҳамсароне покиза доранд ва дар ҷаннат намемиранд ва аз он ҷо берун намешаванд ва он ҷо ҷовидона бошанд.

Verse 26

۞ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَسْتَحْىِۦٓ أَن يَضْرِبَ مَثَلًا مَّا بَعُوضَةً فَمَا فَوْقَهَا ۚ فَأَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ فَيَعْلَمُونَ أَنَّهُ ٱلْحَقُّ مِن رَّبِّهِمْ ۖ وَأَمَّا ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ فَيَقُولُونَ مَاذَآ أَرَادَ ٱللَّهُ بِهَـٰذَا مَثَلًا ۘ يُضِلُّ بِهِۦ كَثِيرًا وَيَهْدِى بِهِۦ كَثِيرًا ۚ وَمَا يُضِلُّ بِهِۦٓ إِلَّا ٱلْفَـٰسِقِينَ

Transliteration inna l-laha lā yastaḥyī an yaḍriba mathalan mā baʿūḍatan famā fawqahā fa-ammā alladhīna āmanū fayaʿlamūna annahu l-ḥaqu min rabbihim wa-ammā alladhīna kafarū fayaqūlūna mādhā arāda l-lahu bihādhā mathalan yuḍillu bihi kathīran wayahdī bihi kathīran wamā yuḍillu bihi illā l-fāsiqīna

Tajik Ҳамоно Аллоҳ аз ҳақ шарм надорад, ки чизеро хотиррасон кунад, гарчанде кам ё зиёд бошад, ба монанди пашша ва болотар аз он, масал бизанад; аммо онҳое, ки имон овардаанд, медонанд, ки ин масал рост ва аз Парвардигорашон аст; ва аммо онҳое, ки кофиранд, масхара мекунанд ва мегӯянд: "Аллоҳ ба он масал чӣ чиз хостааст?" Аллоҳ ба онҳо ҷавоб медиҳад, ки мурод аз ин имтиҳон аст. Байни мӯъмин ва кофирро ҷудо мекунад ва ба сабаби вай бисёреро гумроҳ мекунад ва ба сабаби вай бисёреро ҳидоят мекунад. Ва Аллоҳ касеро зулм намекунад ва касеро аз роҳи ҳақ боз намедорад, ба ҷуз фосиқоне (бадкороне), ки аз тоъати Парвардигорашон хориҷ мешаванд.

Verse 27

ٱلَّذِينَ يَنقُضُونَ عَهْدَ ٱللَّهِ مِنۢ بَعْدِ مِيثَـٰقِهِۦ وَيَقْطَعُونَ مَآ أَمَرَ ٱللَّهُ بِهِۦٓ أَن يُوصَلَ وَيُفْسِدُونَ فِى ٱلْأَرْضِ ۚ أُو۟لَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلْخَـٰسِرُونَ

Transliteration alladhīna yanquḍūna ʿahda l-lahi min baʿdi mīthāqihi wayaqṭaʿūna mā amara l-lahu bihi an yūṣala wayuf'sidūna fī l-arḍi ulāika humu l-khāsirūna

Tajik Касоне, ки паймони Аллоҳро пас аз бастани он мешикананд ва он чиро, ки Аллоҳ ба пайвастани он (наздикӣ кардан ба хешовандон) фармон дода, мебуранд ва дар замин фасод мекунанд, зиёнкоронанд.

Verse 28

كَيْفَ تَكْفُرُونَ بِٱللَّهِ وَكُنتُمْ أَمْوَٰتًا فَأَحْيَـٰكُمْ ۖ ثُمَّ يُمِيتُكُمْ ثُمَّ يُحْيِيكُمْ ثُمَّ إِلَيْهِ تُرْجَعُونَ

Transliteration kayfa takfurūna bil-lahi wakuntum amwātan fa-aḥyākum thumma yumītukum thumma yuḥ'yīkum thumma ilayhi tur'jaʿūna

Tajik Эй мушрикон чӣ гуна Аллоҳро инкор мекунед ва ба У шарик меоред, дар ҳоле ки мурда будед ва Ӯ шуморо зинда сохт, боз шуморо мемиронад ва дар қабр қарор медиҳад ва рӯзи қиёмат шуморо зинда мекунад ва он гоҳ барои ҳисобу ҷазо ба назди Ӯ бозмегардед.

Verse 29

هُوَ ٱلَّذِى خَلَقَ لَكُم مَّا فِى ٱلْأَرْضِ جَمِيعًا ثُمَّ ٱسْتَوَىٰٓ إِلَى ٱلسَّمَآءِ فَسَوَّىٰهُنَّ سَبْعَ سَمَـٰوَٰتٍ ۚ وَهُوَ بِكُلِّ شَىْءٍ عَلِيمٌ

Transliteration huwa alladhī khalaqa lakum mā fī l-arḍi jamīʿan thumma is'tawā ilā l-samāi fasawwāhunna sabʿa samāwātin wahuwa bikulli shayin ʿalīmun

Tajik Ӯст, ки ҳамаи чизҳоеро, ки дар рӯи замин аст, бароятон биёфарид, то ки шумо аз он манфиат баред ва он гоҳ ба офаридани осмон пардохт ва ҳар ҳафт осмонро биёфарид ва Ӯ аз ҳар чизе огоҳ аст!

Verse 30

وَإِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلَـٰٓئِكَةِ إِنِّى جَاعِلٌ فِى ٱلْأَرْضِ خَلِيفَةً ۖ قَالُوٓا۟ أَتَجْعَلُ فِيهَا مَن يُفْسِدُ فِيهَا وَيَسْفِكُ ٱلدِّمَآءَ وَنَحْنُ نُسَبِّحُ بِحَمْدِكَ وَنُقَدِّسُ لَكَ ۖ قَالَ إِنِّىٓ أَعْلَمُ مَا لَا تَعْلَمُونَ

Transliteration wa-idh qāla rabbuka lil'malāikati innī jāʿilun fī l-arḍi khalīfatan qālū atajʿalu fīhā man yuf'sidu fīhā wayasfiku l-dimāa wanaḥnu nusabbiḥu biḥamdika wanuqaddisu laka qāla innī aʿlamu mā lā taʿlamūna

Tajik Ва Эй Паёмбар, ба ёд ор, чун Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ман дар замин халифае меофарам», гуфтанд: Парвардигоро, моро огоҳ ва баён кун, ҳикмат дар халқ шудани онон чист, ки онҳо дар рӯи замин фасод кунанд ва ситамгарона ва душманона хуни ноҳақ резонанд ва ҳол он ки мо Туро ситоиш мекунем ва тасбеҳ мегӯем ва ба бузургӣ ёд мекунем?». Гуфт:«Ман он донам, ки шумо намедонед».

Verse 31

وَعَلَّمَ ءَادَمَ ٱلْأَسْمَآءَ كُلَّهَا ثُمَّ عَرَضَهُمْ عَلَى ٱلْمَلَـٰٓئِكَةِ فَقَالَ أَنۢبِـُٔونِى بِأَسْمَآءِ هَـٰٓؤُلَآءِ إِن كُنتُمْ صَـٰدِقِينَ

Transliteration waʿallama ādama l-asmāa kullahā thumma ʿaraḍahum ʿalā l-malāikati faqāla anbiūnī bi-asmāi hāulāi in kuntum ṣādiqīna

Tajik Ва омӯзонид ба Одам ҳамаи номҳоро. Сипас онҳоро ба фариштагон арза кард. Ва гуфт: «Агар рост мегӯед, Манро ба номҳои инҳо хабар Диҳед».

Verse 32

قَالُوا۟ سُبْحَـٰنَكَ لَا عِلْمَ لَنَآ إِلَّا مَا عَلَّمْتَنَآ ۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلْعَلِيمُ ٱلْحَكِيمُ

Transliteration qālū sub'ḥānaka lā ʿil'ma lanā illā mā ʿallamtanā innaka anta l-ʿalīmu l-ḥakīmu

Tajik Фариштагон гуфтанд: «Туро ба покӣ ёд мекунем. Моро ҳеҷ дониш нест, магар он чи Ту ба мо омӯзонидаӣ. Ба дурустӣ, ки Ту доно ва бо ҳикмат ҳастӣ! »

Verse 33

قَالَ يَـٰٓـَٔادَمُ أَنۢبِئْهُم بِأَسْمَآئِهِمْ ۖ فَلَمَّآ أَنۢبَأَهُم بِأَسْمَآئِهِمْ قَالَ أَلَمْ أَقُل لَّكُمْ إِنِّىٓ أَعْلَمُ غَيْبَ ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَأَعْلَمُ مَا تُبْدُونَ وَمَا كُنتُمْ تَكْتُمُونَ

Transliteration qāla yāādamu anbi'hum bi-asmāihim falammā anba-ahum bi-asmāihim qāla alam aqul lakum innī aʿlamu ghayba l-samāwāti wal-arḍi wa-aʿlamu mā tub'dūna wamā kuntum taktumūna

Tajik Аллоҳ гуфт: «Эй Одам, онҳоро аз номҳое, ки аз донистани он оҷиз монданд, огоҳ кун! » Чун аз он номҳо огаҳашон кард, Аллоҳ ба малоикаҳо гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам, ки Ман пинҳони осмонҳову заминро медонам ва бар он чӣ ошкор мекунед ва пинҳон медоштед, огаҳам? ».

Verse 34

وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلَـٰٓئِكَةِ ٱسْجُدُوا۟ لِـَٔادَمَ فَسَجَدُوٓا۟ إِلَّآ إِبْلِيسَ أَبَىٰ وَٱسْتَكْبَرَ وَكَانَ مِنَ ٱلْكَـٰفِرِينَ

Transliteration wa-idh qul'nā lil'malāikati us'judū liādama fasajadū illā ib'līsa abā wa-is'takbara wakāna mina l-kāfirīna

Tajik Ва чун ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед!», ҳама саҷда карданд, ҷуз Иблис, ки рӯй гардонд ва худсарона худро аз инсон боло донист. Ва ӯ аз зумраи инкоркунандагон ва нофармонравоёни Аллоҳ гардид ва кофир шуд.

Verse 35

وَقُلْنَا يَـٰٓـَٔادَمُ ٱسْكُنْ أَنتَ وَزَوْجُكَ ٱلْجَنَّةَ وَكُلَا مِنْهَا رَغَدًا حَيْثُ شِئْتُمَا وَلَا تَقْرَبَا هَـٰذِهِ ٱلشَّجَرَةَ فَتَكُونَا مِنَ ٱلظَّـٰلِمِينَ

Transliteration waqul'nā yāādamu us'kun anta wazawjuka l-janata wakulā min'hā raghadan ḥaythu shi'tumā walā taqrabā hādhihi l-shajarata fatakūnā mina l-ẓālimīna

Tajik Ва гуфтем: " Эй Одам, худ ва ҳамсарат (Ҳаво) дар биҳишт ҷой гиред. Ва ҳар чӣ хоҳед, ва ҳар ҷо, ки хоҳед, аз самароти он баа хушӣ бихӯред. Ва ба ин дарахт наздик машавед, ки ба гурӯҳи ситамкорон дароед"

Verse 36

فَأَزَلَّهُمَا ٱلشَّيْطَـٰنُ عَنْهَا فَأَخْرَجَهُمَا مِمَّا كَانَا فِيهِ ۖ وَقُلْنَا ٱهْبِطُوا۟ بَعْضُكُمْ لِبَعْضٍ عَدُوٌّ ۖ وَلَكُمْ فِى ٱلْأَرْضِ مُسْتَقَرٌّ وَمَتَـٰعٌ إِلَىٰ حِينٍ

Transliteration fa-azallahumā l-shayṭānu ʿanhā fa-akhrajahumā mimmā kānā fīhi waqul'nā ih'biṭū baʿḍukum libaʿḍin ʿaduwwun walakum fī l-arḍi mus'taqarrun wamatāʿun ilā ḥīnin

Tajik Пас шайтон ҳардуро ба хатогӣ андохт - яъне, аз васвасаи шайтон фирефта шуда, аз он дарахти манъшуда бихурданд - ва он ду нафар (Одам ва Ҳавво (алайҳима-с-салом)-ро аз биҳиште, ки дар он буданд, берун ронд. Гуфтем: «Фуруд оед, баъзе аз шумо душмани баъзеи дигар хоҳед буд (яъне Одам, Ҳаво ва шайтон) Ба қароргоҳу ҷои бархурдории шумо то рӯзи қиёмат дар замин бошад ва барои шумо дар замин то муддате оромгоҳ ва баҳрамандӣ аст».

Verse 37

فَتَلَقَّىٰٓ ءَادَمُ مِن رَّبِّهِۦ كَلِمَـٰتٍ فَتَابَ عَلَيْهِ ۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلتَّوَّابُ ٱلرَّحِيمُ

Transliteration fatalaqqā ādamu min rabbihi kalimātin fatāba ʿalayhi innahu huwa l-tawābu l-raḥīmu

Tajik Ба Одам аз Парвардигораш чанд калимае таълим гирифт. Пас Аллоҳ тавбаи ӯро пазируфт, зеро ба таҳқиқ тавбапазир ва меҳрубон аст!

Verse 38

قُلْنَا ٱهْبِطُوا۟ مِنْهَا جَمِيعًا ۖ فَإِمَّا يَأْتِيَنَّكُم مِّنِّى هُدًى فَمَن تَبِعَ هُدَاىَ فَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ

Transliteration qul'nā ih'biṭū min'hā jamīʿan fa-immā yatiyannakum minnī hudan faman tabiʿa hudāya falā khawfun ʿalayhim walā hum yaḥzanūna

Tajik Гуфтем: «Ҳама аз биҳишт фуруд оед: пас агар аз ҷониби Ман роҳнамоӣ бароятон омад ва касоне, ки ҳидояти Маро пайравӣ кунанд, барои онҳо дар охират ҳеҷ тарсе нест ва онҳо ғамгин намегарданд.»

Verse 39

وَٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ وَكَذَّبُوا۟ بِـَٔايَـٰتِنَآ أُو۟لَـٰٓئِكَ أَصْحَـٰبُ ٱلنَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَـٰلِدُونَ

Transliteration wa-alladhīna kafarū wakadhabū biāyātinā ulāika aṣḥābu l-nāri hum fīhā khālidūna

Tajik Ва касоне, ки инкор кунанд ва оётҳои Моро дурӯғ бароранд, худ ахли ҷаҳаннаманд ва ҷовидона дар он ҷо хоҳанд буд.

Verse 40

يَـٰبَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ ٱذْكُرُوا۟ نِعْمَتِىَ ٱلَّتِىٓ أَنْعَمْتُ عَلَيْكُمْ وَأَوْفُوا۟ بِعَهْدِىٓ أُوفِ بِعَهْدِكُمْ وَإِيَّـٰىَ فَٱرْهَبُونِ

Transliteration yābanī is'rāīla udh'kurū niʿ'matiya allatī anʿamtu ʿalaykum wa-awfū biʿahdī ūfi biʿahdikum wa-iyyāya fa-ir'habūni

Tajik Эй бани Исроил, неъматеро, ки ба шумо арзонӣ доштам, ба ёд биёваред ва шукри Маро ба ҷо оваред. Ва ба аҳди Ман вафо кунед, то ба аҳдатон вафо кунам. Ва аз Ман битарсед!

Verse 41

وَءَامِنُوا۟ بِمَآ أَنزَلْتُ مُصَدِّقًا لِّمَا مَعَكُمْ وَلَا تَكُونُوٓا۟ أَوَّلَ كَافِرٍۭ بِهِۦ ۖ وَلَا تَشْتَرُوا۟ بِـَٔايَـٰتِى ثَمَنًا قَلِيلًا وَإِيَّـٰىَ فَٱتَّقُونِ

Transliteration waāminū bimā anzaltu muṣaddiqan limā maʿakum walā takūnū awwala kāfirin bihi walā tashtarū biāyātī thamanan qalīlan wa-iyyāya fa-ittaqūni

Tajik Эй бани Исроил, ба он чи ки нозил кардаам китоби шуморо тасдиқ мекунад, имон биёваред ва аз нахустин касоне, ки инкораш мекунанд, мабошед. Ва оёти Манро ба баҳои андак нафурӯшед ва аз Ман битарсед! Ва танҳо ба тоъати Ман амал намоед ва аз нофармонии Ман дур истед.

Verse 42

وَلَا تَلْبِسُوا۟ ٱلْحَقَّ بِٱلْبَـٰطِلِ وَتَكْتُمُوا۟ ٱلْحَقَّ وَأَنتُمْ تَعْلَمُونَ

Transliteration walā talbisū l-ḥaqa bil-bāṭili wataktumū l-ḥaqa wa-antum taʿlamūna

Tajik Ва ҳақро, ки бароятон баён кардам ба ботил маёмезед ва бо он ки ҳақиқатро равшан медонед, аз сифати расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки дар китобатон зикр шудааст, пинҳонаш макунед!

Verse 43

وَأَقِيمُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُوا۟ ٱلزَّكَوٰةَ وَٱرْكَعُوا۟ مَعَ ٱلرَّٰكِعِينَ

Transliteration wa-aqīmū l-ṣalata waātū l-zakata wa-ir'kaʿū maʿa l-rākiʿīna

Tajik (Ва дар дини ислом дохил шавед) ва намозро (ба тариқе, ки Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гузоштааст), барпой доред ва закоти фарзиро бидиҳед ва бо рукуъкунандагон, (ки аз уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мебошанд,) рукӯъ кунед!

Verse 44

۞ أَتَأْمُرُونَ ٱلنَّاسَ بِٱلْبِرِّ وَتَنسَوْنَ أَنفُسَكُمْ وَأَنتُمْ تَتْلُونَ ٱلْكِتَـٰبَ ۚ أَفَلَا تَعْقِلُونَ

Transliteration atamurūna l-nāsa bil-biri watansawna anfusakum wa-antum tatlūna l-kitāba afalā taʿqilūna

Tajik чӣ бад аст ҳоли шумо ва ҳоли уламои шумо, вақте ки мардумро ба некӣ (яъне, тоъат) фармон медиҳед ва худро фаромӯш мекунед? Ва мардумро ба некии бузург амр намекунед, ки вай ислом аст ва ҳол он ки Тавротро мехонед, ки дар он имон овардан ба расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам амр шуда ва сифатҳояш зикр шудаанд. Оё ақлро кор намефармоед!

Verse 45

وَٱسْتَعِينُوا۟ بِٱلصَّبْرِ وَٱلصَّلَوٰةِ ۚ وَإِنَّهَا لَكَبِيرَةٌ إِلَّا عَلَى ٱلْخَـٰشِعِينَ

Transliteration wa-is'taʿīnū bil-ṣabri wal-ṣalati wa-innahā lakabīratun illā ʿalā l-khāshiʿīna

Tajik Ва дар ҳама корҳоятон бо тамоми навъҳои сабр ва инчунин аз намоз ёрӣ ҷӯед. Ба дурустӣ, ки намоз душвор аст, ҷуз барои аҳли хушӯъ (хоксорон, фурӯтанон дар тоъат ),

Verse 46

ٱلَّذِينَ يَظُنُّونَ أَنَّهُم مُّلَـٰقُوا۟ رَبِّهِمْ وَأَنَّهُمْ إِلَيْهِ رَٰجِعُونَ

Transliteration alladhīna yaẓunnūna annahum mulāqū rabbihim wa-annahum ilayhi rājiʿūna

Tajik онон, ки медонанд бо Парвардигори худ дидор хоҳанд кард ва яқин медонанд, ки баъди марг рӯзи қиёмат назди Ӯ барои ҳисобу ҷазо бозмегарданд

Verse 47

يَـٰبَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ ٱذْكُرُوا۟ نِعْمَتِىَ ٱلَّتِىٓ أَنْعَمْتُ عَلَيْكُمْ وَأَنِّى فَضَّلْتُكُمْ عَلَى ٱلْعَـٰلَمِينَ

Transliteration yābanī is'rāīla udh'kurū niʿ'matiya allatī anʿamtu ʿalaykum wa-annī faḍḍaltukum ʿalā l-ʿālamīna

Tajik Эй бани Исроил , неъмати бисёреро, ки бар шумо арзонй доштам ва шуморо дар замони худ ба бисёр омадани паёмбарон аз шумо ва китобҳои нозилшуда ба монанди Таврот ва Инҷил бар ҷаҳониён бартарӣ додам, ба ёд биёваред.

Verse 48

وَٱتَّقُوا۟ يَوْمًا لَّا تَجْزِى نَفْسٌ عَن نَّفْسٍ شَيْـًٔا وَلَا يُقْبَلُ مِنْهَا شَفَـٰعَةٌ وَلَا يُؤْخَذُ مِنْهَا عَدْلٌ وَلَا هُمْ يُنصَرُونَ

Transliteration wa-ittaqū yawman lā tajzī nafsun ʿan nafsin shayan walā yuq'balu min'hā shafāʿatun walā yu'khadhu min'hā ʿadlun walā hum yunṣarūna

Tajik Ва аз рӯзе битарсед, ки касе аз касе чизеро кифоят накунад; ва аз касе шафоат пазируфта нашавад; ва аз ҳеҷ кас иваз гирифта нашавад ва онҳо ёрӣ дода нашаванд!

Verse 49

وَإِذْ نَجَّيْنَـٰكُم مِّنْ ءَالِ فِرْعَوْنَ يَسُومُونَكُمْ سُوٓءَ ٱلْعَذَابِ يُذَبِّحُونَ أَبْنَآءَكُمْ وَيَسْتَحْيُونَ نِسَآءَكُمْ ۚ وَفِى ذَٰلِكُم بَلَآءٌ مِّن رَّبِّكُمْ عَظِيمٌ

Transliteration wa-idh najjaynākum min āli fir'ʿawna yasūmūnakum sūa l-ʿadhābi yudhabbiḥūna abnāakum wayastaḥyūna nisāakum wafī dhālikum balāon min rabbikum ʿaẓīmun

Tajik Ва неъматамонро ба ёд оред он гоҳ, ки шуморо аз зулми фиръавниён раҳонидем: шуморо шиканҷаҳои сахт мекарданд, писаронатонро мекуштанд ва занонатонро зинда мегузоштанд, то барои онҳо хизмат кунанд. Ва дар ин, озмоиши бузурге буд, аз сӯи Парвардигоратон. Мебоист, ки шумо дар ҳар асру замон, шукри Аллоҳро ба ҷо оваред!

Verse 50

وَإِذْ فَرَقْنَا بِكُمُ ٱلْبَحْرَ فَأَنجَيْنَـٰكُمْ وَأَغْرَقْنَآ ءَالَ فِرْعَوْنَ وَأَنتُمْ تَنظُرُونَ

Transliteration wa-idh faraqnā bikumu l-baḥra fa-anjaynākum wa-aghraqnā āla fir'ʿawna wa-antum tanẓurūna

Tajik Ва неъматамонро ба ёд оред, ҳангоме ки дарёро бароятон шикофтем, пас шуморо наҷот додем ва Фиръавн ва лашкарашро ғарқ сохтем, ва шумо нигоҳ мекардед.

Verse 51

وَإِذْ وَٰعَدْنَا مُوسَىٰٓ أَرْبَعِينَ لَيْلَةً ثُمَّ ٱتَّخَذْتُمُ ٱلْعِجْلَ مِنۢ بَعْدِهِۦ وَأَنتُمْ ظَـٰلِمُونَ

Transliteration wa-idh wāʿadnā mūsā arbaʿīna laylatan thumma ittakhadhtumu l-ʿij'la min baʿdihi wa-antum ẓālimūna

Tajik Ва неъматамонро, ки ба шумо арзонӣ намудем, ба ёд оваред, вақте ки Мо ваъда намудем ба Мӯсо чиҳил шаб барои фурӯд омадани Таврот, ки дар он ҳидоят ва нур аст барои шумо. Ва шумо дар муддати набудани Мӯсо фурсатеро ғанимат дониста, гӯсолаеро, ки бо дастони худ сохта будед, парастиш кардед ва ҳол он ки ситамгар будед.

Verse 52

ثُمَّ عَفَوْنَا عَنكُم مِّنۢ بَعْدِ ذَٰلِكَ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ

Transliteration thumma ʿafawnā ʿankum min baʿdi dhālika laʿallakum tashkurūna

Tajik Пас гуноҳонатонро афв кардем ва баъд аз (бозгаштани Мӯсо алайҳи- с-салом) тавбаатонро қабул кардем, бояд, ки сипосгузор бошед!

Verse 53

وَإِذْ ءَاتَيْنَا مُوسَى ٱلْكِتَـٰبَ وَٱلْفُرْقَانَ لَعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ

Transliteration wa-idh ātaynā mūsā l-kitāba wal-fur'qāna laʿallakum tahtadūna

Tajik Ва ба ёд оред он ҳангомро, ки ба Мӯсо китоб ва фурқон додем, (ки ҷудокунандаи байни ҳақ ва ботил ва он Таврот аст) то бувад, ки роҳ ёбед ва ба гумроҳӣ дучор нагардед.

Verse 54

وَإِذْ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوْمِهِۦ يَـٰقَوْمِ إِنَّكُمْ ظَلَمْتُمْ أَنفُسَكُم بِٱتِّخَاذِكُمُ ٱلْعِجْلَ فَتُوبُوٓا۟ إِلَىٰ بَارِئِكُمْ فَٱقْتُلُوٓا۟ أَنفُسَكُمْ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌ لَّكُمْ عِندَ بَارِئِكُمْ فَتَابَ عَلَيْكُمْ ۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلتَّوَّابُ ٱلرَّحِيمُ

Transliteration wa-idh qāla mūsā liqawmihi yāqawmi innakum ẓalamtum anfusakum bi-ittikhādhikumu l-ʿij'la fatūbū ilā bāri-ikum fa-uq'tulū anfusakum dhālikum khayrun lakum ʿinda bāri-ikum fatāba ʿalaykum innahu huwa l-tawābu l-raḥīmu

Tajik Ва неъматеро, ки ба шумо арзонй намудам, ба ёд оваред; вақте ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, шумо ба сабабе, ки гӯсоларо парастидед, бар худ ситам раво доштед: инак ба даргоҳи Офаридгоратон тавба кунед ва якдигарро бикушед, ки чунин коре дар назди Офаридгоратон беҳтар аст аз ҷовид мондан дар дӯзах». Пас шумо чунин амрро ба ҷо овардед, Аллоҳ тавбаи шуморо пазируфт, зеро тавбапазир ва меҳрубон аст.

Verse 55

وَإِذْ قُلْتُمْ يَـٰمُوسَىٰ لَن نُّؤْمِنَ لَكَ حَتَّىٰ نَرَى ٱللَّهَ جَهْرَةً فَأَخَذَتْكُمُ ٱلصَّـٰعِقَةُ وَأَنتُمْ تَنظُرُونَ

Transliteration wa-idh qul'tum yāmūsā lan nu'mina laka ḥattā narā l-laha jahratan fa-akhadhatkumu l-ṣāʿiqatu wa-antum tanẓurūna

Tajik Ва ба ёд оваред, ки гуфтед: «Эй Мӯсо, мо то Аллоҳро ба ошкор набинем, ба ту имон намеоварем». Ва ҳамчунон ки менигаристед, соиқа (оташак, барқ) аз осмон фурӯд омад ва шуморо ба сабаби гуноҳатон ҳалок сохт.

Verse 56

ثُمَّ بَعَثْنَـٰكُم مِّنۢ بَعْدِ مَوْتِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ

Transliteration thumma baʿathnākum min baʿdi mawtikum laʿallakum tashkurūna

Tajik Ва шуморо пас аз мурдан зинда сохтем, бояд ки сипосгузор шавед! Ин марг барои онҳо уқубат буд. Баъд аз он ба аҷали хеш фавтиданд.

Verse 57

وَظَلَّلْنَا عَلَيْكُمُ ٱلْغَمَامَ وَأَنزَلْنَا عَلَيْكُمُ ٱلْمَنَّ وَٱلسَّلْوَىٰ ۖ كُلُوا۟ مِن طَيِّبَـٰتِ مَا رَزَقْنَـٰكُمْ ۖ وَمَا ظَلَمُونَا وَلَـٰكِن كَانُوٓا۟ أَنفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ

Transliteration waẓallalnā ʿalaykumu l-ghamāma wa-anzalnā ʿalaykumu l-mana wal-salwā kulū min ṭayyibāti mā razaqnākum wamā ẓalamūnā walākin kānū anfusahum yaẓlimūna

Tajik Ва ба ёд оред, он неъматеро, ки бар шумо арзонӣ намудем, вақте ки дар замин саргардон будед ва аз гармии офтоб абрро соябонатон гардонидем ва бароятон манну салво фиристодем ва бароятон гуфтем: «Бихӯред аз ин чизҳои покиза, ки шуморо рӯзӣ додаем. Ва дар мухолифати дин маравед! Вале онҳо баҷо наоварданд. Ва онон бар Мо ситам накарданд, балки бар худ ситам мекарданд, зеро оқибати зулм бар худашон бозгардандааст».

Verse 58

وَإِذْ قُلْنَا ٱدْخُلُوا۟ هَـٰذِهِ ٱلْقَرْيَةَ فَكُلُوا۟ مِنْهَا حَيْثُ شِئْتُمْ رَغَدًا وَٱدْخُلُوا۟ ٱلْبَابَ سُجَّدًا وَقُولُوا۟ حِطَّةٌ نَّغْفِرْ لَكُمْ خَطَـٰيَـٰكُمْ ۚ وَسَنَزِيدُ ٱلْمُحْسِنِينَ

Transliteration wa-idh qul'nā ud'khulū hādhihi l-qaryata fakulū min'hā ḥaythu shi'tum raghadan wa-ud'khulū l-bāba sujjadan waqūlū ḥiṭṭatun naghfir lakum khaṭāyākum wasanazīdu l-muḥ'sinīna

Tajik Ва ба ёд оред он неъматеро, ки ба шумо арзонӣ намудем ва гуфтем, ки: «Ба ин шаҳр (Байтулмуқаддас) дароед ва аз неъматҳои он ҳар чӣ ва ҳар ҷо, ки хоста бошед, ба фаровонӣ бихуред! Вале саҷдакунон аз дарвоза дохил шавед ва бигуед: «Парвардигоро! Гуноҳ аз мо кам кун». То хатоҳои шуморо биёмӯрзем ва ба подоши некукорон бияфзоем.

Verse 59

فَبَدَّلَ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ قَوْلًا غَيْرَ ٱلَّذِى قِيلَ لَهُمْ فَأَنزَلْنَا عَلَى ٱلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ رِجْزًا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ بِمَا كَانُوا۟ يَفْسُقُونَ

Transliteration fabaddala alladhīna ẓalamū qawlan ghayra alladhī qīla lahum fa-anzalnā ʿalā alladhīna ẓalamū rij'zan mina l-samāi bimā kānū yafsuqūna

Tajik Пас ситамгорон аз бани Исроил он суханро ба сухани дигаре ғайр аз он чӣ ба онон гуфта шуда буд табдил карданд. Ва бар онон ба сабаби саркашиашон ва берун омаданашон аз тоъати Парвардигор, азобе осмонӣ фуруд овардем.

Verse 60

۞ وَإِذِ ٱسْتَسْقَىٰ مُوسَىٰ لِقَوْمِهِۦ فَقُلْنَا ٱضْرِب بِّعَصَاكَ ٱلْحَجَرَ ۖ فَٱنفَجَرَتْ مِنْهُ ٱثْنَتَا عَشْرَةَ عَيْنًا ۖ قَدْ عَلِمَ كُلُّ أُنَاسٍ مَّشْرَبَهُمْ ۖ كُلُوا۟ وَٱشْرَبُوا۟ مِن رِّزْقِ ٱللَّهِ وَلَا تَعْثَوْا۟ فِى ٱلْأَرْضِ مُفْسِدِينَ

Transliteration wa-idhi is'tasqā mūsā liqawmihi faqul'nā iḍ'rib biʿaṣāka l-ḥajara fa-infajarat min'hu ith'natā ʿashrata ʿaynan qad ʿalima kullu unāsin mashrabahum kulū wa-ish'rabū min riz'qi l-lahi walā taʿthaw fī l-arḍi muf'sidīna

Tajik Ва ба ёд оред он гоҳ, ки ташналабону саргардон будед, пас Мӯсо барои қавми худ об хост. Гуфтем: «Асоятро бар санг бизан». Пас дувоздаҳ чашма аз он баромад. Ҳар гурӯҳе маҳалли обнӯшии худро бидонист, то байнашон кашмакаш нашавад. Ва барояшон гуфтем: Аз рӯзии Аллоҳ бихӯреду биёшомед ва дар рӯи замин бо фасод саркашӣ макунед!

Verse 61

وَإِذْ قُلْتُمْ يَـٰمُوسَىٰ لَن نَّصْبِرَ عَلَىٰ طَعَامٍ وَٰحِدٍ فَٱدْعُ لَنَا رَبَّكَ يُخْرِجْ لَنَا مِمَّا تُنۢبِتُ ٱلْأَرْضُ مِنۢ بَقْلِهَا وَقِثَّآئِهَا وَفُومِهَا وَعَدَسِهَا وَبَصَلِهَا ۖ قَالَ أَتَسْتَبْدِلُونَ ٱلَّذِى هُوَ أَدْنَىٰ بِٱلَّذِى هُوَ خَيْرٌ ۚ ٱهْبِطُوا۟ مِصْرًا فَإِنَّ لَكُم مَّا سَأَلْتُمْ ۗ وَضُرِبَتْ عَلَيْهِمُ ٱلذِّلَّةُ وَٱلْمَسْكَنَةُ وَبَآءُو بِغَضَبٍ مِّنَ ٱللَّهِ ۗ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ كَانُوا۟ يَكْفُرُونَ بِـَٔايَـٰتِ ٱللَّهِ وَيَقْتُلُونَ ٱلنَّبِيِّـۧنَ بِغَيْرِ ٱلْحَقِّ ۗ ذَٰلِكَ بِمَا عَصَوا۟ وَّكَانُوا۟ يَعْتَدُونَ

Transliteration wa-idh qul'tum yāmūsā lan naṣbira ʿalā ṭaʿāmin wāḥidin fa-ud'ʿu lanā rabbaka yukh'rij lanā mimmā tunbitu l-arḍu min baqlihā waqithāihā wafūmihā waʿadasihā wabaṣalihā qāla atastabdilūna alladhī huwa adnā bi-alladhī huwa khayrun ih'biṭū miṣ'ran fa-inna lakum mā sa-altum waḍuribat ʿalayhimu l-dhilatu wal-maskanatu wabāū bighaḍabin mina l-lahi dhālika bi-annahum kānū yakfurūna biāyāti l-lahi wayaqtulūna l-nabiyīna bighayri l-ḥaqi dhālika bimā ʿaṣaw wakānū yaʿtadūna

Tajik Ва ба ёд оред, вақте ки Мо ба шумо таоме (ширин ва паррандаи иштиҳобахш) фурӯд овардем, мисли одататон ношукрӣ кардед ва ба тангӣ ва малол дучор гаштед. Пас гуфтед: «Эй Мӯсо, мо бар як навъи таъом натавонем сабр кард, аз Парвардигорат бихоҳ, то барои мо аз он чӣ аз замин мерӯяд, чун сабзӣ, бодиринг, гандум ва наску пиёз бируёнад». Мӯсо гуфт: «Оё мехоҳед он чиро, ки беҳтар аст ба он чӣ пасттар аст, иваз кунед? Аз бодия ба шаҳре бозгардед, ки дар он ҷо ҳар чӣ хоҳед, ба шумо бидиҳанд. Онҳо хохиши нафси худро бар хости Аллоҳ боло донистанд. Вақте ки ба шаҳр ворид шуданд, муқаррар шуд бар онҳо хориву бечорагӣ ва бо хашми Аллоҳ наздик шуданд! Ва ин бад-он сабаб буд, ки ба оёти Аллоҳ кофир шуданд ва паёмбаронро ба ноҳақ куштанд ва нофармонӣ карданд ва таҷовуз намуданд».

Verse 62

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَٱلَّذِينَ هَادُوا۟ وَٱلنَّصَـٰرَىٰ وَٱلصَّـٰبِـِٔينَ مَنْ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَٱلْيَوْمِ ٱلْـَٔاخِرِ وَعَمِلَ صَـٰلِحًا فَلَهُمْ أَجْرُهُمْ عِندَ رَبِّهِمْ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ

Transliteration inna alladhīna āmanū wa-alladhīna hādū wal-naṣārā wal-ṣābiīna man āmana bil-lahi wal-yawmi l-ākhiri waʿamila ṣāliḥan falahum ajruhum ʿinda rabbihim walā khawfun ʿalayhim walā hum yaḥzanūna

Tajik Касоне, ки аз ин уммат имон овардаанд ба Аллоҳ ва расулаш ва амал кардаанд ба шариъати ӯ ва касоне, ки пеш аз биъсати Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз умматҳои пешина аз яҳудиён ва насрониён ва собиён, ки бар фитраташон боқӣ буданд ва ҳамагон холис ба Аллоҳ ва ба рӯзи ҷазо имон овардаанд ва кори шоистае кардаанд, Аллоҳ ба онҳо ҷазои нек медиҳад ва на бимнок мешаванд ва на ғамгин.

Verse 63

وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَـٰقَكُمْ وَرَفَعْنَا فَوْقَكُمُ ٱلطُّورَ خُذُوا۟ مَآ ءَاتَيْنَـٰكُم بِقُوَّةٍ وَٱذْكُرُوا۟ مَا فِيهِ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ

Transliteration wa-idh akhadhnā mīthāqakum warafaʿnā fawqakumu l-ṭūra khudhū mā ātaynākum biquwwatin wa-udh'kurū mā fīhi laʿallakum tattaqūna

Tajik Ба ба ёд оред, эй бани Исроил, он замонро, ки бо шумо паймони сахт бастем, ки имон ба Аллоҳ оред ва ягона Ӯро ибодат кунед ва кӯҳи Турро бар болои саратон бидоштем. Ва барои шумо гуфтем: Он чиро, ки ба шумо додаем, мустаҳкам бигиред, вагарна кӯҳи Турро бар болоятон сарнагун созем ва он чиро, ки дар он аст, ба хотир бидоред! То бувад, ки парҳезгор бошед.

Verse 64

ثُمَّ تَوَلَّيْتُم مِّنۢ بَعْدِ ذَٰلِكَ ۖ فَلَوْلَا فَضْلُ ٱللَّهِ عَلَيْكُمْ وَرَحْمَتُهُۥ لَكُنتُم مِّنَ ٱلْخَـٰسِرِينَ

Transliteration thumma tawallaytum min baʿdi dhālika falawlā faḍlu l-lahi ʿalaykum waraḥmatuhu lakuntum mina l-khāsirīna

Tajik Бори дигар, баъд аз гирифтани паймон ва нигоҳ доштани кӯҳ бар болоятон, рӯ гардонидед. Ва агар фазлу раҳмати Аллоҳ намебуд, ҳамоно шумо дар дунёву охират аз зиёнкорон мешудед.

Verse 65

وَلَقَدْ عَلِمْتُمُ ٱلَّذِينَ ٱعْتَدَوْا۟ مِنكُمْ فِى ٱلسَّبْتِ فَقُلْنَا لَهُمْ كُونُوا۟ قِرَدَةً خَـٰسِـِٔينَ

Transliteration walaqad ʿalim'tumu alladhīna iʿ'tadaw minkum fī l-sabti faqul'nā lahum kūnū qiradatan khāsiīna

Tajik Ва эй ҷамоати яҳудиён, бешак донистед он гурӯҳро, ки рӯзи шанбе аз ҳадди худ таҷовуз карданд, яъне ҳилае андешиданд рӯзи шанбе барои сайд кардани моҳиҳо ва тур гузоштанд ва хандақе канданд, то моҳиҳоро ба даст оваранд. Ва рӯзи якшанбе моҳиҳои сайдшударо гирифтанд. Зеро сайди рӯзи шанбе барояшон ҳаром буд. Пас ба онҳо хитоб кардем: «Маймунҳои хоршуда бошед!».

Verse 66

فَجَعَلْنَـٰهَا نَكَـٰلًا لِّمَا بَيْنَ يَدَيْهَا وَمَا خَلْفَهَا وَمَوْعِظَةً لِّلْمُتَّقِينَ

Transliteration fajaʿalnāhā nakālan limā bayna yadayhā wamā khalfahā wamawʿiẓatan lil'muttaqīna

Tajik Ва онҳоро барои гуноҳашон ибрати ҳамзамононашон ва ояндагон ва панде барои парҳезгорон гардонидем.

Verse 67

وَإِذْ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوْمِهِۦٓ إِنَّ ٱللَّهَ يَأْمُرُكُمْ أَن تَذْبَحُوا۟ بَقَرَةً ۖ قَالُوٓا۟ أَتَتَّخِذُنَا هُزُوًا ۖ قَالَ أَعُوذُ بِٱللَّهِ أَنْ أَكُونَ مِنَ ٱلْجَـٰهِلِينَ

Transliteration wa-idh qāla mūsā liqawmihi inna l-laha yamurukum an tadhbaḥū baqaratan qālū atattakhidhunā huzuwan qāla aʿūdhu bil-lahi an akūna mina l-jāhilīna

Tajik Эй бани Исроил, ҷинояти пешгузаштагони худ, саркашӣ ва ҷидолашон бо Мӯсо алайҳиссаломро ба ёд оред, ки он вақт Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Аллоҳ фармон медиҳад, ки говеро бикушед!» Худписандона гуфтанд: «Оё Моро масхара мекунӣ?» Гуфт: «Ба Аллоҳ паноҳ мебарам, ки аз нодонон (масхаракунандагон) бошам».

Verse 68

قَالُوا۟ ٱدْعُ لَنَا رَبَّكَ يُبَيِّن لَّنَا مَا هِىَ ۚ قَالَ إِنَّهُۥ يَقُولُ إِنَّهَا بَقَرَةٌ لَّا فَارِضٌ وَلَا بِكْرٌ عَوَانٌۢ بَيْنَ ذَٰلِكَ ۖ فَٱفْعَلُوا۟ مَا تُؤْمَرُونَ

Transliteration qālū ud'ʿu lanā rabbaka yubayyin lanā mā hiya qāla innahu yaqūlu innahā baqaratun lā fāriḍun walā bik'run ʿawānun bayna dhālika fa-if'ʿalū mā tu'marūna

Tajik Гуфтанд: «Барои мо Парвардигоратро бихон, то баён кунад, ки он чӣ гуна говест?» Мӯсо гуфт: «Аллоҳ мегӯяд: «Говест, на сахт пиру аз кор афтода, на ҷавону корнокарда, миёнасол». Акнун барои иҷро намудани амри Парвардигоратон бишитобед!

Verse 69

قَالُوا۟ ٱدْعُ لَنَا رَبَّكَ يُبَيِّن لَّنَا مَا لَوْنُهَا ۚ قَالَ إِنَّهُۥ يَقُولُ إِنَّهَا بَقَرَةٌ صَفْرَآءُ فَاقِعٌ لَّوْنُهَا تَسُرُّ ٱلنَّـٰظِرِينَ

Transliteration qālū ud'ʿu lanā rabbaka yubayyin lanā mā lawnuhā qāla innahu yaqūlu innahā baqaratun ṣafrāu fāqiʿun lawnuhā tasurru l-nāẓirīna

Tajik Гуфтанд: «Барои мо Парвардигоратро бихон, то бигӯяд, ки ранги он чист?» Гуфт: «Мегӯяд: «Говест, зарди сахт, ки рангаш бинандагонро шод мегардонад».

Verse 70

قَالُوا۟ ٱدْعُ لَنَا رَبَّكَ يُبَيِّن لَّنَا مَا هِىَ إِنَّ ٱلْبَقَرَ تَشَـٰبَهَ عَلَيْنَا وَإِنَّآ إِن شَآءَ ٱللَّهُ لَمُهْتَدُونَ

Transliteration qālū ud'ʿu lanā rabbaka yubayyin lanā mā hiya inna l-baqara tashābaha ʿalaynā wa-innā in shāa l-lahu lamuh'tadūna

Tajik Бани Исроил гуфтанд: «Барои мо Парвардигоратро бихон, то бигуяд он чӣ гуна говест? Ки он гов бар гови хостаи мо монанд шудааст ва ҳароина агар Аллоҳ хоста бошад, роҳёфтагонем».

Verse 71

قَالَ إِنَّهُۥ يَقُولُ إِنَّهَا بَقَرَةٌ لَّا ذَلُولٌ تُثِيرُ ٱلْأَرْضَ وَلَا تَسْقِى ٱلْحَرْثَ مُسَلَّمَةٌ لَّا شِيَةَ فِيهَا ۚ قَالُوا۟ ٱلْـَٔـٰنَ جِئْتَ بِٱلْحَقِّ ۚ فَذَبَحُوهَا وَمَا كَادُوا۟ يَفْعَلُونَ

Transliteration qāla innahu yaqūlu innahā baqaratun lā dhalūlun tuthīru l-arḍa walā tasqī l-ḥartha musallamatun lā shiyata fīhā qālū l-āna ji'ta bil-ḥaqi fadhabaḥūhā wamā kādū yafʿalūna

Tajik Мӯсо барояшон гуфт: «Аллоҳ мефармояд: «ки вай гови меҳнаткаш нест, ки ром бошад ва заминро ҷуфт кунад ва киштзорро об диҳад. Беайбу нуқсон асту якранг». Гуфтанд: «Акнун ҳақиқатро гуфтӣ». Пас баъди пурсуҷӯи бисёр онро куштанд, ҳарчанд ки наздик буд, ки аз он кор рӯй гардонанд. Инчунин буд, ки бар худ машаққат карданд, Аллоҳ бар онҳо машаққат овард.

Verse 72

وَإِذْ قَتَلْتُمْ نَفْسًا فَٱدَّٰرَْٰٔتُمْ فِيهَا ۖ وَٱللَّهُ مُخْرِجٌ مَّا كُنتُمْ تَكْتُمُونَ

Transliteration wa-idh qataltum nafsan fa-iddāratum fīhā wal-lahu mukh'rijun mā kuntum taktumūna

Tajik Ва ба ёд оред он вақтро, ки касеро куштед ва дар он ихтилоф кардед ва Аллоҳ он чиро, ки пинҳон мекардед, ошкоркунандааст.

Verse 73

فَقُلْنَا ٱضْرِبُوهُ بِبَعْضِهَا ۚ كَذَٰلِكَ يُحْىِ ٱللَّهُ ٱلْمَوْتَىٰ وَيُرِيكُمْ ءَايَـٰتِهِۦ لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ

Transliteration faqul'nā iḍ'ribūhu bibaʿḍihā kadhālika yuḥ'yī l-lahu l-mawtā wayurīkum āyātihi laʿallakum taʿqilūna

Tajik Сипас гуфтем: «Порае аз он гови кушташуда бар он одами кушташуда бизанед. Аллоҳ ӯро зинда мегардонад ва аз кушандаи худ шуморо хабар медиҳад. Пас бо порае аз он гов мурдаро заданд ва Аллоҳ ӯро зинда гардонд ва ӯ кушандаи худро хабар дод. Аллоҳ мурдагонро инчунин рӯзи қиёмат зинда месозад ва нишонаҳои қудрати хешро инчунин ба шумо, эй бани Исроил, намоён мекунад, то ки ба ақли худ дарк кунед ва аз нофармонии Ӯ бозистед!».

Verse 74

ثُمَّ قَسَتْ قُلُوبُكُم مِّنۢ بَعْدِ ذَٰلِكَ فَهِىَ كَٱلْحِجَارَةِ أَوْ أَشَدُّ قَسْوَةً ۚ وَإِنَّ مِنَ ٱلْحِجَارَةِ لَمَا يَتَفَجَّرُ مِنْهُ ٱلْأَنْهَـٰرُ ۚ وَإِنَّ مِنْهَا لَمَا يَشَّقَّقُ فَيَخْرُجُ مِنْهُ ٱلْمَآءُ ۚ وَإِنَّ مِنْهَا لَمَا يَهْبِطُ مِنْ خَشْيَةِ ٱللَّهِ ۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَـٰفِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ

Transliteration thumma qasat qulūbukum min baʿdi dhālika fahiya kal-ḥijārati aw ashaddu qaswatan wa-inna mina l-ḥijārati lamā yatafajjaru min'hu l-anhāru wa-inna min'hā lamā yashaqqaqu fayakhruju min'hu l-māu wa-inna min'hā lamā yahbiṭu min khashyati l-lahi wamā l-lahu bighāfilin ʿammā taʿmalūna

Tajik Лекин шуморо ин манфиат набахшид, балки баъд аз дидани чунин мӯъҷизаҳо дилҳои шумо чун санг сахт гардид, ҳатто сахттар аз санг гардид, зеро ки аз баъзе сангҳо гоҳо ҷуйҳо равон мешаванд ва чун баъзеи дигар шикофта шавад, об аз он берун ояд ва гоҳ санг аз тарси Аллоҳ аз боло ба нишеб фурӯ афтад ва Аллоҳ аз он чизе, ки мекунед, ғофил нест!

Verse 75

۞ أَفَتَطْمَعُونَ أَن يُؤْمِنُوا۟ لَكُمْ وَقَدْ كَانَ فَرِيقٌ مِّنْهُمْ يَسْمَعُونَ كَلَـٰمَ ٱللَّهِ ثُمَّ يُحَرِّفُونَهُۥ مِنۢ بَعْدِ مَا عَقَلُوهُ وَهُمْ يَعْلَمُونَ

Transliteration afataṭmaʿūna an yu'minū lakum waqad kāna farīqun min'hum yasmaʿūna kalāma l-lahi thumma yuḥarrifūnahu min baʿdi mā ʿaqalūhu wahum yaʿlamūna

Tajik Эй мусалмонон, оё рафтори бани Исроилро фаромӯш кардед ва умедвор ҳастед, ки яҳудиён ба дини шумо имон биёваранд, ҳол он ки гурӯҳе аз олимонашон каломи Аллоҳ Тавротро мешуниданд ва бо он ки ҳақиқати онро меёфтанд ва қасдан онро дар маъно ё лафз тағйир медоданд ва аз кори хеш огоҳ буданд?

Verse 76

وَإِذَا لَقُوا۟ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ قَالُوٓا۟ ءَامَنَّا وَإِذَا خَلَا بَعْضُهُمْ إِلَىٰ بَعْضٍ قَالُوٓا۟ أَتُحَدِّثُونَهُم بِمَا فَتَحَ ٱللَّهُ عَلَيْكُمْ لِيُحَآجُّوكُم بِهِۦ عِندَ رَبِّكُمْ ۚ أَفَلَا تَعْقِلُونَ

Transliteration wa-idhā laqū alladhīna āmanū qālū āmannā wa-idhā khalā baʿḍuhum ilā baʿḍin qālū atuḥaddithūnahum bimā fataḥa l-lahu ʿalaykum liyuḥājjūkum bihi ʿinda rabbikum afalā taʿqilūna

Tajik Инҳо, яҳудиён, чун бо мӯъминон вохуранд, бо забонашон гуянд: «Мо ҳам ба дини шумо ва расуле, ки дар Таврот башорат дода шудааст, имон овардем». Ба чун бо якдигар танҳо шаванд, гуянд: «Оё бо мӯъминон, аз донише, ки Аллоҳ ба шумо арзонӣ дошта (дар Таврот аз амри Муҳаммад) сухан мегӯед, то ба ёрии он рӯзи қиёмат дар назди Парвардигоратон бар шумо ҳуҷҷат оранд? Оё ба ақл дарнамеёбед? Яъне андеша намекунед.».

Verse 77

أَوَلَا يَعْلَمُونَ أَنَّ ٱللَّهَ يَعْلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعْلِنُونَ

Transliteration awalā yaʿlamūna anna l-laha yaʿlamu mā yusirrūna wamā yuʿ'linūna

Tajik Оё намедонанд, ки ҳар як гуноҳеро мекунанд ва онро пинҳон медоранд ва ё ошкор месозанд, Аллоҳ медонад?

Verse 78

وَمِنْهُمْ أُمِّيُّونَ لَا يَعْلَمُونَ ٱلْكِتَـٰبَ إِلَّآ أَمَانِىَّ وَإِنْ هُمْ إِلَّا يَظُنُّونَ

Transliteration wamin'hum ummiyyūna lā yaʿlamūna l-kitāba illā amāniyya wa-in hum illā yaẓunnūna

Tajik Баъзе аз яҳудиён бесаводоне ҳастанд, ки намедонанд Тавротро ва он чӣ дар он аз сифоти Паёмбари Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) - ро, ҷуз орзуҳои дурӯғ, ки шунидаанд. Инҳо танҳо пойбанди гумонҳои худ ҳастанд.

Verse 79

فَوَيْلٌ لِّلَّذِينَ يَكْتُبُونَ ٱلْكِتَـٰبَ بِأَيْدِيهِمْ ثُمَّ يَقُولُونَ هَـٰذَا مِنْ عِندِ ٱللَّهِ لِيَشْتَرُوا۟ بِهِۦ ثَمَنًا قَلِيلًا ۖ فَوَيْلٌ لَّهُم مِّمَّا كَتَبَتْ أَيْدِيهِمْ وَوَيْلٌ لَّهُم مِّمَّا يَكْسِبُونَ

Transliteration fawaylun lilladhīna yaktubūna l-kitāba bi-aydīhim thumma yaqūlūna hādhā min ʿindi l-lahi liyashtarū bihi thamanan qalīlan fawaylun lahum mimmā katabat aydīhim wawaylun lahum mimmā yaksibūna

Tajik Пас ҳалок ва ваъиди сахт бод бар олимони яҳудиён, ки китобро худ ба дасти худ менависанд ва мегӯянд ин аз назди Аллоҳ аст ва ҳол он ки мухолифи он чӣ ки Аллоҳ бар паёмбараш Мӯсо нозил карда мебошад, то фоидае андак баранд. Пас ҳалокӣ бод бар онҳо аз он чӣ навиштанд ва ҳалокӣ бод бар онҳо аз фоидае, ки мебаранд!

Verse 80

وَقَالُوا۟ لَن تَمَسَّنَا ٱلنَّارُ إِلَّآ أَيَّامًا مَّعْدُودَةً ۚ قُلْ أَتَّخَذْتُمْ عِندَ ٱللَّهِ عَهْدًا فَلَن يُخْلِفَ ٱللَّهُ عَهْدَهُۥٓ ۖ أَمْ تَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ مَا لَا تَعْلَمُونَ

Transliteration waqālū lan tamassanā l-nāru illā ayyāman maʿdūdatan qul attakhadhtum ʿinda l-lahi ʿahdan falan yukh'lifa l-lahu ʿahdahu am taqūlūna ʿalā l-lahi mā lā taʿlamūna

Tajik Ва бани Исроил гуфтанд: «Оташи дӯзах ҷуз чанд рӯзе Моро насӯзонад». Эй Паёмбар, бигӯ: «Оё бо Аллоҳ чунин паймоне бастаед, то Аллоҳ хилофи паймони худ накунад? Ё он ки бар Аллоҳ он чиро мегӯед, ки худ намедонед?».

Verse 81

بَلَىٰ مَن كَسَبَ سَيِّئَةً وَأَحَـٰطَتْ بِهِۦ خَطِيٓـَٔتُهُۥ فَأُو۟لَـٰٓئِكَ أَصْحَـٰبُ ٱلنَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَـٰلِدُونَ

Transliteration balā man kasaba sayyi-atan wa-aḥāṭat bihi khaṭīatuhu fa-ulāika aṣḥābu l-nāri hum fīhā khālidūna

Tajik Оре, ҳар касе кори баде анҷом диҳад ва гуноҳаш ӯро фаро гирад, пас онон аҳли дӯзаханд. Ва онон дар он ҷовидона хоҳанд монд.

Verse 82

وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّـٰلِحَـٰتِ أُو۟لَـٰٓئِكَ أَصْحَـٰبُ ٱلْجَنَّةِ ۖ هُمْ فِيهَا خَـٰلِدُونَ

Transliteration wa-alladhīna āmanū waʿamilū l-ṣāliḥāti ulāika aṣḥābu l-janati hum fīhā khālidūna

Tajik Ва ҳукми Аллоҳ дар муқобили чунин касон ҳам ҷорӣ аст. Яъне онон, ки имон овардаанд ва тибқи шариъате, ки Аллоҳ бар расулаш фиристодааст, корҳои шоиста кардаанд ва онҳо аз аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд.

Verse 83

وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَـٰقَ بَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ لَا تَعْبُدُونَ إِلَّا ٱللَّهَ وَبِٱلْوَٰلِدَيْنِ إِحْسَانًا وَذِى ٱلْقُرْبَىٰ وَٱلْيَتَـٰمَىٰ وَٱلْمَسَـٰكِينِ وَقُولُوا۟ لِلنَّاسِ حُسْنًا وَأَقِيمُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُوا۟ ٱلزَّكَوٰةَ ثُمَّ تَوَلَّيْتُمْ إِلَّا قَلِيلًا مِّنكُمْ وَأَنتُم مُّعْرِضُونَ

Transliteration wa-idh akhadhnā mīthāqa banī is'rāīla lā taʿbudūna illā l-laha wabil-wālidayni iḥ'sānan wadhī l-qur'bā wal-yatāmā wal-masākīni waqūlū lilnnāsi ḥus'nan wa-aqīmū l-ṣalata waātū l-zakata thumma tawallaytum illā qalīlan minkum wa-antum muʿ'riḍūna

Tajik Эй бани Исроил, ба ёд оред он вақтро, ки аҳду паймони сахт гирифтем, ки ғайри Аллоҳро напарастед ва ба падару модару хешовандон ва ятимону дарвешон некӣ кунед ва ба мардумон сухани нек гуед ва намоз бихонед ва закот бидиҳед! Сипас рӯй гардонидед ва сарпечӣ кардед, магар шумори андаке аз шумо.

Verse 84

وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَـٰقَكُمْ لَا تَسْفِكُونَ دِمَآءَكُمْ وَلَا تُخْرِجُونَ أَنفُسَكُم مِّن دِيَـٰرِكُمْ ثُمَّ أَقْرَرْتُمْ وَأَنتُمْ تَشْهَدُونَ

Transliteration wa-idh akhadhnā mīthāqakum lā tasfikūna dimāakum walā tukh'rijūna anfusakum min diyārikum thumma aqrartum wa-antum tashhadūna

Tajik Ва эй бани Исроил, ба ёд оред он вақтро, ки бо шумо паймон ниҳодем, дар Таврот, ки хуни якдигарро нарезед ва қавми хешро аз хонаҳои худ берун макунед. Сипас худ иқрор кардаед ва худ гувоҳед.

Verse 85

ثُمَّ أَنتُمْ هَـٰٓؤُلَآءِ تَقْتُلُونَ أَنفُسَكُمْ وَتُخْرِجُونَ فَرِيقًا مِّنكُم مِّن دِيَـٰرِهِمْ تَظَـٰهَرُونَ عَلَيْهِم بِٱلْإِثْمِ وَٱلْعُدْوَٰنِ وَإِن يَأْتُوكُمْ أُسَـٰرَىٰ تُفَـٰدُوهُمْ وَهُوَ مُحَرَّمٌ عَلَيْكُمْ إِخْرَاجُهُمْ ۚ أَفَتُؤْمِنُونَ بِبَعْضِ ٱلْكِتَـٰبِ وَتَكْفُرُونَ بِبَعْضٍ ۚ فَمَا جَزَآءُ مَن يَفْعَلُ ذَٰلِكَ مِنكُمْ إِلَّا خِزْىٌ فِى ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا ۖ وَيَوْمَ ٱلْقِيَـٰمَةِ يُرَدُّونَ إِلَىٰٓ أَشَدِّ ٱلْعَذَابِ ۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَـٰفِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ

Transliteration thumma antum hāulāi taqtulūna anfusakum watukh'rijūna farīqan minkum min diyārihim taẓāharūna ʿalayhim bil-ith'mi wal-ʿud'wāni wa-in yatūkum usārā tufādūhum wahuwa muḥarramun ʿalaykum ikh'rājuhum afatu'minūna bibaʿḍi l-kitābi watakfurūna bibaʿḍin famā jazāu man yafʿalu dhālika minkum illā khiz'yun fī l-ḥayati l-dun'yā wayawma l-qiyāmati yuraddūna ilā ashaddi l-ʿadhābi wamā l-lahu bighāfilin ʿammā taʿmalūna

Tajik Пас шумо чунин ҷамоъате ҳастед, ки якдигарро мекушед ва аз қавми худ гурӯҳеро аз диёрашон берун мекунед; (барои ситам кардан) ва бар зидди онҳо ба гуноҳ ва душманӣ ба ҳамдастии якдигар бармехезед ва агар асир шуда ба назди шумо биёянд, дар баробари озодияшон фидя мегиред ва ҳол он ки берун ронданашон бар шумо ҳаром буд. Чӣ бад аст афъоли шумо, ки ба баъзе аз аҳкоми Таврот имон меоваред ва баъзе дигарро инкор мекунед! Ҷазои касе, ки чунин кунад, дар дунё ҷуз хорӣ нест ва дар рӯзи қиёмат ба сахттарин тарз шиканҷа мешавад ва Аллоҳ аз он чи ки анҷом медиҳед, ғофил нест!

Verse 86

أُو۟لَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ ٱشْتَرَوُا۟ ٱلْحَيَوٰةَ ٱلدُّنْيَا بِٱلْـَٔاخِرَةِ ۖ فَلَا يُخَفَّفُ عَنْهُمُ ٱلْعَذَابُ وَلَا هُمْ يُنصَرُونَ

Transliteration ulāika alladhīna ish'tarawū l-ḥayata l-dun'yā bil-ākhirati falā yukhaffafu ʿanhumu l-ʿadhābu walā hum yunṣarūna

Tajik Инҳо ҳамон касонанд, ки ба ивази охират зиндагии дунёро харидаанд. Пас азоб аз онҳо сабук карда нашавад ва касе ёриашон накунад.

Verse 87

وَلَقَدْ ءَاتَيْنَا مُوسَى ٱلْكِتَـٰبَ وَقَفَّيْنَا مِنۢ بَعْدِهِۦ بِٱلرُّسُلِ ۖ وَءَاتَيْنَا عِيسَى ٱبْنَ مَرْيَمَ ٱلْبَيِّنَـٰتِ وَأَيَّدْنَـٰهُ بِرُوحِ ٱلْقُدُسِ ۗ أَفَكُلَّمَا جَآءَكُمْ رَسُولٌۢ بِمَا لَا تَهْوَىٰٓ أَنفُسُكُمُ ٱسْتَكْبَرْتُمْ فَفَرِيقًا كَذَّبْتُمْ وَفَرِيقًا تَقْتُلُونَ

Transliteration walaqad ātaynā mūsā l-kitāba waqaffaynā min baʿdihi bil-rusuli waātaynā ʿīsā ib'na maryama l-bayināti wa-ayyadnāhu birūḥi l-qudusi afakullamā jāakum rasūlun bimā lā tahwā anfusukumu is'takbartum fafarīqan kadhabtum wafarīqan taqtulūna

Tajik Ба таҳқиқ ба Мӯсо китоби Таврот додем ва аз паи ӯ паёмбарон фиристодем. Ва ба Исо писари Марям мӯъҷизаҳои равшан иноят кардем ва ӯро бо Рӯҳулқудс (яъне, Ҷабраил) қувват додем. Ва ҳар гоҳ паёмбаре омад ва чизҳое овард, ки писанди шумо набуд, саркашӣ кардед ва гурӯҳеро дурӯғгӯ хондед ва гурӯҳеро куштед.

Verse 88

وَقَالُوا۟ قُلُوبُنَا غُلْفٌۢ ۚ بَل لَّعَنَهُمُ ٱللَّهُ بِكُفْرِهِمْ فَقَلِيلًا مَّا يُؤْمِنُونَ

Transliteration waqālū qulūbunā ghul'fun bal laʿanahumu l-lahu bikuf'rihim faqalīlan mā yu'minūna

Tajik Бани Исроил барои Паёмбари Аллоҳ ва расулаш Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: «Дилҳои мо дар парда аст ва сухани ту ба қалби мо намегузарад». На, амр ин тавр нест, чунон ки иддао карданд, балки дилашон лаънат карда шудааст ва бар он муҳре ниҳода шудааст ва аз раҳмати Аллоҳ, ба сабаби куфре, ки меварзанд, берун шуданд. Пас каме аз онҳо имон меоваранд ва ҳол он ки имонашон ба онҳо нафъ намерасонад.

Verse 89

وَلَمَّا جَآءَهُمْ كِتَـٰبٌ مِّنْ عِندِ ٱللَّهِ مُصَدِّقٌ لِّمَا مَعَهُمْ وَكَانُوا۟ مِن قَبْلُ يَسْتَفْتِحُونَ عَلَى ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ فَلَمَّا جَآءَهُم مَّا عَرَفُوا۟ كَفَرُوا۟ بِهِۦ ۚ فَلَعْنَةُ ٱللَّهِ عَلَى ٱلْكَـٰفِرِينَ

Transliteration walammā jāahum kitābun min ʿindi l-lahi muṣaddiqun limā maʿahum wakānū min qablu yastaftiḥūna ʿalā alladhīna kafarū falammā jāahum mā ʿarafū kafarū bihi falaʿnatu l-lahi ʿalā l-kāfirīna

Tajik Ва чун онҳоро аз ҷониби Аллоҳ китоби Қуръон омад, ки тасдиқкунандаи китоби онон (Таврот) буд, онро инкор карданд ва паёмбарии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро низ инкор карданд. Ва ҳол он ки онҳо пеш аз ин бар мушрикони араб пирӯзӣ металабиданд ва мегуфтанд: Биъсати паёмбари охири замон наздик омад ва мо пайрави ӯ шуда, ҳамроҳи ӯ бо шумо меҷангем. Вақте ки паёмбар омад, ӯро шинохтанд, сифот ва сидқи ӯро донистанд, ӯро мункир шуданд. Пас лаънати Аллоҳ бар ҳар касе, ки ба Паёмбари охири замон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) куфр меорад ва китобашро тасдиқ намекунад!

Verse 90

بِئْسَمَا ٱشْتَرَوْا۟ بِهِۦٓ أَنفُسَهُمْ أَن يَكْفُرُوا۟ بِمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ بَغْيًا أَن يُنَزِّلَ ٱللَّهُ مِن فَضْلِهِۦ عَلَىٰ مَن يَشَآءُ مِنْ عِبَادِهِۦ ۖ فَبَآءُو بِغَضَبٍ عَلَىٰ غَضَبٍ ۚ وَلِلْكَـٰفِرِينَ عَذَابٌ مُّهِينٌ

Transliteration bi'samā ish'taraw bihi anfusahum an yakfurū bimā anzala l-lahu baghyan an yunazzila l-lahu min faḍlihi ʿalā man yashāu min ʿibādihi fabāū bighaḍabin ʿalā ghaḍabin walil'kāfirīna ʿadhābun muhīnun

Tajik Чи бадиест, ки бани Исроил барои худ онро ихтиёр намуданд; (яъне, куфрро ба ҷои имон баргузиданд.) Ва ин рафтор аз сабаби зулму ҳасади онон буд, зеро Аллоҳ аз фазлу карами хеш ба кадом бандае , ки ихтиёр кунад, Қуръонро нозил мекунад. Ва ба сабаби мункир шуданашон ба Паёмбари охири замон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ба сабаби тағйирдоданашон китоби Тавротро, хашме болои хашм оварданд. Ва кофиронро азобест хоркунанда!

Verse 91

وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ ءَامِنُوا۟ بِمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ قَالُوا۟ نُؤْمِنُ بِمَآ أُنزِلَ عَلَيْنَا وَيَكْفُرُونَ بِمَا وَرَآءَهُۥ وَهُوَ ٱلْحَقُّ مُصَدِّقًا لِّمَا مَعَهُمْ ۗ قُلْ فَلِمَ تَقْتُلُونَ أَنۢبِيَآءَ ٱللَّهِ مِن قَبْلُ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ

Transliteration wa-idhā qīla lahum āminū bimā anzala l-lahu qālū nu'minu bimā unzila ʿalaynā wayakfurūna bimā warāahu wahuwa l-ḥaqu muṣaddiqan limā maʿahum qul falima taqtulūna anbiyāa l-lahi min qablu in kuntum mu'minīna

Tajik Ва чун баъзе мусалмонон ба яҳудиён гуфтанд; ки ба он чи Аллоҳ нозил кардааст, имон биёваред, мегуянд: «Мо ба он чи бар худамон нозил шудааст, имон меоварем». Ва ба ғайри он (Таврот) ҳарчанд бо ҳақиқат ҳамроҳ бошад ва китобашонро ҳам тасдиқ кунад, имон намеоваранд. Агар онҳо ба Таврот ҳаққонӣ имон меоварданд, ҳароина Қуръонро тасдиқ менамуданд. Эй Муҳаммад, барояшон бигу: «Агар шумо имон оварда будед, аз чӣ сабаб паёмбарони Аллоҳро пеш аз ин мекуштед?».

Verse 92

۞ وَلَقَدْ جَآءَكُم مُّوسَىٰ بِٱلْبَيِّنَـٰتِ ثُمَّ ٱتَّخَذْتُمُ ٱلْعِجْلَ مِنۢ بَعْدِهِۦ وَأَنتُمْ ظَـٰلِمُونَ

Transliteration walaqad jāakum mūsā bil-bayināti thumma ittakhadhtumu l-ʿij'la min baʿdihi wa-antum ẓālimūna

Tajik Мӯсо ба шумо мӯъҷизаҳои равшан овард, ки далолаткунанда бар сидқи ӯст. Ба монанди тӯфон, малах, шабушк ва қурбоққа ва ғайр аз ин он чи ки Аллоҳ дар Қуръони азим зикр намудааст. Бо вуҷуди ин, шумо пас аз рафтани Мӯсо ба ваъдагоҳи Парвардигораш, гӯсоларо маъбуди худ гирифтед. Ва шумо ситамгор будед.

Verse 93

وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَـٰقَكُمْ وَرَفَعْنَا فَوْقَكُمُ ٱلطُّورَ خُذُوا۟ مَآ ءَاتَيْنَـٰكُم بِقُوَّةٍ وَٱسْمَعُوا۟ ۖ قَالُوا۟ سَمِعْنَا وَعَصَيْنَا وَأُشْرِبُوا۟ فِى قُلُوبِهِمُ ٱلْعِجْلَ بِكُفْرِهِمْ ۚ قُلْ بِئْسَمَا يَأْمُرُكُم بِهِۦٓ إِيمَـٰنُكُمْ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ

Transliteration wa-idh akhadhnā mīthāqakum warafaʿnā fawqakumu l-ṭūra khudhū mā ātaynākum biquwwatin wa-is'maʿū qālū samiʿ'nā waʿaṣaynā wa-ush'ribū fī qulūbihimu l-ʿij'la bikuf'rihim qul bi'samā yamurukum bihi īmānukum in kuntum mu'minīna

Tajik Ва ба ёд оред, - эй бани Исроил, вақте ки бо шумо паймони сахт бастем, ки қабул намоед он чӣ ки Мӯсо аз Таврот овард, пас аҳдро шикастед. Ва Мо кӯҳи Турро бар болои саратон бидоштем. Ва бароятон гуфтем: Акнун он чиро, ки бароятон фиристодем, маҳкам бигиред ва устувор бошед ва каломи Аллоҳро бишнавед. Пас гуфтед: «Шунидем суханатро ва нофармонӣ кардем». Зеро бар асари куфрашон парастиши гусола (яъне, муҳаббати гусола) дар дилҳояшон ҷой гирифта буд. Бигу: «Агар ба он чӣ мегуед, имон дошта бошед, имонатон шуморо ба бадкорӣ амр мекунад!».

Verse 94

قُلْ إِن كَانَتْ لَكُمُ ٱلدَّارُ ٱلْـَٔاخِرَةُ عِندَ ٱللَّهِ خَالِصَةً مِّن دُونِ ٱلنَّاسِ فَتَمَنَّوُا۟ ٱلْمَوْتَ إِن كُنتُمْ صَـٰدِقِينَ

Transliteration qul in kānat lakumu l-dāru l-ākhiratu ʿinda l-lahi khāliṣatan min dūni l-nāsi fatamannawū l-mawta in kuntum ṣādiqīna

Tajik Эй Паёмбар, ба яҳудиён, ки даъво мекунанд, ҷаннат хос барои онҳост ва гумон мекунанд, ки онҳо фарзандон ва дӯстони Аллоҳ ҳастанд, бигу: «Агар рост мегуед, ки сарои охират (ҷаннат) назди Аллоҳ хос барои шумост, на барои мардуми дигар, пас орзуи марг кунед».

Verse 95

وَلَن يَتَمَنَّوْهُ أَبَدًۢا بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ ۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌۢ بِٱلظَّـٰلِمِينَ

Transliteration walan yatamannawhu abadan bimā qaddamat aydīhim wal-lahu ʿalīmun bil-ẓālimīna

Tajik Вале ба сабаби аъмоле, ки кардаанд, ҳаргиз орзуи марг нахоҳанд кард. (Зеро онҳо аз сидқи Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бохабаранд. Ва ба сабаби он чи ки муртакиб шуданд аз куфру исён, худро аз ҷаннат маҳрум ва ба даромадани дӯзах лозим гардонданд.) Аллоҳ ситамкоронро мешиносад ва мувофиқи кирдорашон ҷазо хоҳад дод!

Verse 96

وَلَتَجِدَنَّهُمْ أَحْرَصَ ٱلنَّاسِ عَلَىٰ حَيَوٰةٍ وَمِنَ ٱلَّذِينَ أَشْرَكُوا۟ ۚ يَوَدُّ أَحَدُهُمْ لَوْ يُعَمَّرُ أَلْفَ سَنَةٍ وَمَا هُوَ بِمُزَحْزِحِهِۦ مِنَ ٱلْعَذَابِ أَن يُعَمَّرَ ۗ وَٱللَّهُ بَصِيرٌۢ بِمَا يَعْمَلُونَ

Transliteration walatajidannahum aḥraṣa l-nāsi ʿalā ḥayatin wamina alladhīna ashrakū yawaddu aḥaduhum law yuʿammaru alfa sanatin wamā huwa bimuzaḥziḥihi mina l-ʿadhābi an yuʿammara wal-lahu baṣīrun bimā yaʿmalūna

Tajik Албатта, медонӣ, эй Расул, яҳудиён сахт ҳаристаранд, ки умри бисёр бинанд, новобаста ҳаёт ҳарчанд бо хорию пастй бошад. Балки рағбаташон дар бисёр ҳаёт дидан, аз рағбати мушрикон ҳам зиёдтар аст. Яҳудиён таманно доранд, ки ҳазор сол дар ин дунё зиндагӣ кунанд, вале ин умри дароз онҳоро аз азоби Аллоҳ дур нахоҳад сохт. Бар Аллоҳ ҳеҷ чизе аз аъмолашон пинҳон нест ва зуд аст, ки онҳоро бар амалҳое, ки сазовори азоби Парвардигорашон аст, ҷазо хоҳад дод.

Verse 97

قُلْ مَن كَانَ عَدُوًّا لِّجِبْرِيلَ فَإِنَّهُۥ نَزَّلَهُۥ عَلَىٰ قَلْبِكَ بِإِذْنِ ٱللَّهِ مُصَدِّقًا لِّمَا بَيْنَ يَدَيْهِ وَهُدًى وَبُشْرَىٰ لِلْمُؤْمِنِينَ

Transliteration qul man kāna ʿaduwwan lijib'rīla fa-innahu nazzalahu ʿalā qalbika bi-idh'ni l-lahi muṣaddiqan limā bayna yadayhi wahudan wabush'rā lil'mu'minīna

Tajik (Эй Расул, ба яхудиён, ҳангоме ки гуфтанд:) "Ҷабраил душмани мо аст" бигӯ: Касе, ки душмани Ҷабраил бошад, пас ба дурустӣ, ки Ҷабраил Қуръонро бар дили ту ба ҳукми Аллоҳи мутаъол фуруд овардааст, ки тасдиқкунандаи китобҳои пешина ва роҳнамо ба сӯи ҳақ ва муждадиҳанда барои мӯъминон аст.

Verse 98

مَن كَانَ عَدُوًّا لِّلَّهِ وَمَلَـٰٓئِكَتِهِۦ وَرُسُلِهِۦ وَجِبْرِيلَ وَمِيكَىٰلَ فَإِنَّ ٱللَّهَ عَدُوٌّ لِّلْكَـٰفِرِينَ

Transliteration man kāna ʿaduwwan lillahi wamalāikatihi warusulihi wajib'rīla wamīkāla fa-inna l-laha ʿaduwwun lil'kāfirīna

Tajik Ҳар кӣ душмани Аллоҳ ва фариштагони Ӯ ва паёмбаронаш ва хусусан душмани Ҷабраилу Микоил бошад, пас ҳамоно Аллоҳ кофиронро душман аст, зеро яҳудиён гумон доштанд, ки Ҷабраил душман ва Микоил дӯсти онон аст, пас Аллоҳ ба онҳо огоҳ кард, ки касе ба яке аз он малоик душманӣ кунад, ба дигаре низ душманӣ кардаст

Verse 99

وَلَقَدْ أَنزَلْنَآ إِلَيْكَ ءَايَـٰتٍۭ بَيِّنَـٰتٍ ۖ وَمَا يَكْفُرُ بِهَآ إِلَّا ٱلْفَـٰسِقُونَ

Transliteration walaqad anzalnā ilayka āyātin bayyinātin wamā yakfuru bihā illā l-fāsiqūna

Tajik Ва ба дурустӣ, ки ба сӯи ту, эй Расул, оятҳои равшан (яъне, ахбор ва сирру асрори яҳудиёни бани Исроил) - ро фуруд овардем, ки онҳо сидқан ва ҳақиқатан далолат бар паёмбарии ту мекунанд. Ба ҷуз фосиқон касе мункири ин оятҳо нахоҳад шуд.

Verse 100

أَوَكُلَّمَا عَـٰهَدُوا۟ عَهْدًا نَّبَذَهُۥ فَرِيقٌ مِّنْهُم ۚ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ

Transliteration awakullamā ʿāhadū ʿahdan nabadhahu farīqun min'hum bal aktharuhum lā yu'minūna

Tajik (Чи бадрафторӣ аст дар паймоншикании бани Исроил!) Ҳар бор ки бо Аллоҳ паймоне бастанд, гурӯҳе аз эшон паймоншиканӣ карданд. Пас ононро мебинӣ, ки имрӯз аҳд мебанданд ва фардо аҳд мешикананд, балки бештарашон (ба он чи ки Паёмбари Аллоҳ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) овардааст,) бовар намекунанд!

Verse 101

وَلَمَّا جَآءَهُمْ رَسُولٌ مِّنْ عِندِ ٱللَّهِ مُصَدِّقٌ لِّمَا مَعَهُمْ نَبَذَ فَرِيقٌ مِّنَ ٱلَّذِينَ أُوتُوا۟ ٱلْكِتَـٰبَ كِتَـٰبَ ٱللَّهِ وَرَآءَ ظُهُورِهِمْ كَأَنَّهُمْ لَا يَعْلَمُونَ

Transliteration walammā jāahum rasūlun min ʿindi l-lahi muṣaddiqun limā maʿahum nabadha farīqun mina alladhīna ūtū l-kitāba kitāba l-lahi warāa ẓuhūrihim ka-annahum lā yaʿlamūna

Tajik Ва замоне, ки Паёмбаре аз ҷониби Аллоҳ назди онҳо омад, ки тасдиқкунандаи чизе буд, ки бо худ доштанд, гурӯҳе аз аҳли китоб, китоби Аллоҳро пушти сарашон андохтанд, гуё ки аз он ҳеҷ намедонанд.

Verse 102

وَٱتَّبَعُوا۟ مَا تَتْلُوا۟ ٱلشَّيَـٰطِينُ عَلَىٰ مُلْكِ سُلَيْمَـٰنَ ۖ وَمَا كَفَرَ سُلَيْمَـٰنُ وَلَـٰكِنَّ ٱلشَّيَـٰطِينَ كَفَرُوا۟ يُعَلِّمُونَ ٱلنَّاسَ ٱلسِّحْرَ وَمَآ أُنزِلَ عَلَى ٱلْمَلَكَيْنِ بِبَابِلَ هَـٰرُوتَ وَمَـٰرُوتَ ۚ وَمَا يُعَلِّمَانِ مِنْ أَحَدٍ حَتَّىٰ يَقُولَآ إِنَّمَا نَحْنُ فِتْنَةٌ فَلَا تَكْفُرْ ۖ فَيَتَعَلَّمُونَ مِنْهُمَا مَا يُفَرِّقُونَ بِهِۦ بَيْنَ ٱلْمَرْءِ وَزَوْجِهِۦ ۚ وَمَا هُم بِضَآرِّينَ بِهِۦ مِنْ أَحَدٍ إِلَّا بِإِذْنِ ٱللَّهِ ۚ وَيَتَعَلَّمُونَ مَا يَضُرُّهُمْ وَلَا يَنفَعُهُمْ ۚ وَلَقَدْ عَلِمُوا۟ لَمَنِ ٱشْتَرَىٰهُ مَا لَهُۥ فِى ٱلْـَٔاخِرَةِ مِنْ خَلَـٰقٍ ۚ وَلَبِئْسَ مَا شَرَوْا۟ بِهِۦٓ أَنفُسَهُمْ ۚ لَوْ كَانُوا۟ يَعْلَمُونَ

Transliteration wa-ittabaʿū mā tatlū l-shayāṭīnu ʿalā mul'ki sulaymāna wamā kafara sulaymānu walākinna l-shayāṭīna kafarū yuʿallimūna l-nāsa l-siḥ'ra wamā unzila ʿalā l-malakayni bibābila hārūta wamārūta wamā yuʿallimāni min aḥadin ḥattā yaqūlā innamā naḥnu fit'natun falā takfur fayataʿallamūna min'humā mā yufarriqūna bihi bayna l-mari wazawjihi wamā hum biḍārrīna bihi min aḥadin illā bi-idh'ni l-lahi wayataʿallamūna mā yaḍurruhum walā yanfaʿuhum walaqad ʿalimū lamani ish'tarāhu mā lahu fī l-ākhirati min khalāqin walabi'sa mā sharaw bihi anfusahum law kānū yaʿlamūna

Tajik Яҳудиён пайравӣ карданд, ба он чи шайтонҳо ҷодугаронро дар аҳди подшоҳии Сулаймон писари Довуд сухан мегуфтанд. Ва Сулаймон кофир нашуд ва ҷодуро наомӯхт, валекин шайтонҳо, ки ба Аллоҳ кофир шуданд, мардумро барои вайрон кардани динашон, ҷоду меомӯзониданд. Ҳаминчунин яҳудиён пайравӣ карданд ҷодуе, ки ба ду малоика Ҳорут ва Морут фуруд оварда шуданд дар замини Бобил дар Ироқ. Ва ин имтиҳон ва санҷиши Аллоҳ барои бандагонаш буд. Ва он ду малоика ҳеҷ касро намеомӯзанд, магар он ки насиҳат мекарданд ва аз таълим гирифтани он бим мекарданд. Ва мегуфтанд: Мо барои озмоишем, ба таълим гирифтани ҷоду ва итоъат кардани шайтонҳо кофир машав! Пас мардум аз ду малоика ҷодуро ёд мегиранд, ки ба сабаби вай дар миёни мард ва зани вай ҷудоӣ меафкананд. Ва ҷодугарон ба он сеҳр наметавонанд ба касе зиён расонанд, магар ба хост ва ҳукми Аллоҳ. Ва мардум он чиро ёд мегиранд, ки ба онҳо зиён мерасонад ва фоидае барояшон намедиҳад. Ба таҳқиқ шайтонҳо ин ҷодуро ба яҳудиён равон карданд ва дар байнашон ин авҷ гирифт, ҳатто ба гумроҳӣ дучор шуданд. Ва яҳудиён медонистанд, ҳар кас ҷодуро ихтиёр намояд ва ҳақро тарк кунад, ӯро дар охират ҳеҷ баҳрае нест. Чи бадие аст, ки онҳо ҷоду ва куфрро бар имон ва мутобиати расул иваз карданд. Кош инро медонистанд.

Verse 103

وَلَوْ أَنَّهُمْ ءَامَنُوا۟ وَٱتَّقَوْا۟ لَمَثُوبَةٌ مِّنْ عِندِ ٱللَّهِ خَيْرٌ ۖ لَّوْ كَانُوا۟ يَعْلَمُونَ

Transliteration walaw annahum āmanū wa-ittaqaw lamathūbatun min ʿindi l-lahi khayrun law kānū yaʿlamūna

Tajik Агар яҳудиён имон меоварданд ва метарсиданд, ҳароина медонистанд подоши Аллоҳ барояшон беҳтар аст аз ҷоду ва он чиро ки ба он касб намуданд. Агар медонистанд дар имону тақво чӣ савоб ҳосил мешуд, албатта имон меоварданд.

Verse 104

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ لَا تَقُولُوا۟ رَٰعِنَا وَقُولُوا۟ ٱنظُرْنَا وَٱسْمَعُوا۟ ۗ وَلِلْكَـٰفِرِينَ عَذَابٌ أَلِيمٌ

Transliteration yāayyuhā alladhīna āmanū lā taqūlū rāʿinā waqūlū unẓur'nā wa-is'maʿū walil'kāfirīna ʿadhābun alīmun

Tajik Эй касоне, ки имон овардаед, магуед ба Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-«роъино», зеро яҳудиён ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам "роъино" мегуфтанд. Ва қасди онҳо дашном буд. Бигуед эй мӯъминон: ба ивази "Роъино", "Унзурно", яъне. "ба мо нигоҳ кун!". Ва нек бишнавед, аз китоби Парвардигоратон, он чи ки тиловат карда мешавад. Ва инкоркунандагонро азоби дардовар аст.

Verse 105

مَّا يَوَدُّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ مِنْ أَهْلِ ٱلْكِتَـٰبِ وَلَا ٱلْمُشْرِكِينَ أَن يُنَزَّلَ عَلَيْكُم مِّنْ خَيْرٍ مِّن رَّبِّكُمْ ۗ وَٱللَّهُ يَخْتَصُّ بِرَحْمَتِهِۦ مَن يَشَآءُ ۚ وَٱللَّهُ ذُو ٱلْفَضْلِ ٱلْعَظِيمِ

Transliteration mā yawaddu alladhīna kafarū min ahli l-kitābi walā l-mush'rikīna an yunazzala ʿalaykum min khayrin min rabbikum wal-lahu yakhtaṣṣu biraḥmatihi man yashāu wal-lahu dhū l-faḍli l-ʿaẓīmi

Tajik Аз миёни аҳли китоб онон, ки кофир шуданд ва низ мушрикон дӯст намедоранд, ки аз ҷониби Парвардигор ба шумо хайре (яъне, Куръон, илм, нусрат ё башорат) бирасад. Ва ҳол он ки Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ба раҳмати хеш хос мегардонад ва Алдоҳ дорои фазли бузург аст.

Verse 106

۞ مَا نَنسَخْ مِنْ ءَايَةٍ أَوْ نُنسِهَا نَأْتِ بِخَيْرٍ مِّنْهَآ أَوْ مِثْلِهَآ ۗ أَلَمْ تَعْلَمْ أَنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ

Transliteration mā nansakh min āyatin aw nunsihā nati bikhayrin min'hā aw mith'lihā alam taʿlam anna l-laha ʿalā kulli shayin qadīrun

Tajik Ҳеҷ оятеро бекор ё тарк намекунем, магар он ки беҳтар аз он ё ба монанди онро меоварем. Оё намедонӣ, Эй Паёмбар, ки Аллоҳ ба ҳар коре тавоност ва Ӯро ҳеҷ чиз оҷиз карда наметавонад?

Verse 107

أَلَمْ تَعْلَمْ أَنَّ ٱللَّهَ لَهُۥ مُلْكُ ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ ۗ وَمَا لَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ مِن وَلِىٍّ وَلَا نَصِيرٍ

Transliteration alam taʿlam anna l-laha lahu mul'ku l-samāwāti wal-arḍi wamā lakum min dūni l-lahi min waliyyin walā naṣīrin

Tajik Оё намедонӣ, ки Аллоҳ подшоҳи осмонҳо ва замин аст, он чи ки хоҳад мекунад ва чӣ гунае, ки хоҳад бандагонашро амр ва наҳй мекунад. Ва ба ҷуз Аллоҳ барои шумо дигаре ҳеҷ дӯсту ёридиҳандае нест.

Verse 108

أَمْ تُرِيدُونَ أَن تَسْـَٔلُوا۟ رَسُولَكُمْ كَمَا سُئِلَ مُوسَىٰ مِن قَبْلُ ۗ وَمَن يَتَبَدَّلِ ٱلْكُفْرَ بِٱلْإِيمَـٰنِ فَقَدْ ضَلَّ سَوَآءَ ٱلسَّبِيلِ

Transliteration am turīdūna an tasalū rasūlakum kamā su-ila mūsā min qablu waman yatabaddali l-kuf'ra bil-īmāni faqad ḍalla sawāa l-sabīli

Tajik Оё мехоҳед аз паёмбари худ чизе бипурсед, (ба қасди саркашӣ), ҳамчунон ки қавми Мӯсо пеш аз ин аз Мӯсо пурсида буданд? Он кас, ки куфрро ба ҷои имон ихтиёр кунад, чун касест, ки роҳи ростро гум карда бошад.

Verse 109

وَدَّ كَثِيرٌ مِّنْ أَهْلِ ٱلْكِتَـٰبِ لَوْ يَرُدُّونَكُم مِّنۢ بَعْدِ إِيمَـٰنِكُمْ كُفَّارًا حَسَدًا مِّنْ عِندِ أَنفُسِهِم مِّنۢ بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ ٱلْحَقُّ ۖ فَٱعْفُوا۟ وَٱصْفَحُوا۟ حَتَّىٰ يَأْتِىَ ٱللَّهُ بِأَمْرِهِۦٓ ۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ

Transliteration wadda kathīrun min ahli l-kitābi law yaruddūnakum min baʿdi īmānikum kuffāran ḥasadan min ʿindi anfusihim min baʿdi mā tabayyana lahumu l-ḥaqu fa-iʿ'fū wa-iṣ'faḥū ḥattā yatiya l-lahu bi-amrihi inna l-laha ʿalā kulli shayin qadīrun

Tajik Бисёре аз аҳли китоб, бо он ки ҳақиқат бар онҳо ошкор шуда, аз рӯӣ ҳасад дӯст доранд шуморо пас аз имон оварданатон ба куфр бозгардонанд. Афв кунед аз камбудӣ ва хатогиҳояшон ва гузашт кунед аз ҷаҳолаташон, то Аллоҳ фармонашро биёварад, ва ба афъоли бадашон онҳоро ба азоб гирифтор кунад, ки Ӯ бар ҳар коре тавоност!

Verse 110

وَأَقِيمُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُوا۟ ٱلزَّكَوٰةَ ۚ وَمَا تُقَدِّمُوا۟ لِأَنفُسِكُم مِّنْ خَيْرٍ تَجِدُوهُ عِندَ ٱللَّهِ ۗ إِنَّ ٱللَّهَ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ

Transliteration wa-aqīmū l-ṣalata waātū l-zakata wamā tuqaddimū li-anfusikum min khayrin tajidūhu ʿinda l-lahi inna l-laha bimā taʿmalūna baṣīrun

Tajik Эй мӯъминон, намозро барпо доред ба тариқи саҳеҳ ва закоти фарзшударо адо намоед! Ба бидонед, ҳар некиеро, ки пешопеш барои худ мефиристед, подоши онро назди Аллоҳ хоҳед ёфт. Албатта Аллоҳ ба корҳое, ки мекунед, биност.

Verse 111

وَقَالُوا۟ لَن يَدْخُلَ ٱلْجَنَّةَ إِلَّا مَن كَانَ هُودًا أَوْ نَصَـٰرَىٰ ۗ تِلْكَ أَمَانِيُّهُمْ ۗ قُلْ هَاتُوا۟ بُرْهَـٰنَكُمْ إِن كُنتُمْ صَـٰدِقِينَ

Transliteration waqālū lan yadkhula l-janata illā man kāna hūdan aw naṣārā til'ka amāniyyuhum qul hātū bur'hānakum in kuntum ṣādiqīna

Tajik Ҳар як аз яҳудиён ё насрониён даъво карда гуфтанд: «Ғайр аз яҳудиён ва насрониён касе ба биҳишт намеравад». Ин орзуи ботили онҳост. Бигу барояшон, эй Расул: Бар саҳеҳ будани даъвоятон ҳуҷҷататонро биёваред, агар шумо ростгу бошед.

Verse 112

بَلَىٰ مَنْ أَسْلَمَ وَجْهَهُۥ لِلَّهِ وَهُوَ مُحْسِنٌ فَلَهُۥٓ أَجْرُهُۥ عِندَ رَبِّهِۦ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ

Transliteration balā man aslama wajhahu lillahi wahuwa muḥ'sinun falahu ajruhu ʿinda rabbihi walā khawfun ʿalayhim walā hum yaḥzanūna

Tajik Амр ин тавр нест, чунон ки гумон кардаанд, ки ҷаннат барои тоифаи махсусе аст. Оре, ҳар кас, ки аз рӯи ихлос рӯ ба Аллоҳ кунад ва ба Ӯ касеро шарик наорад, некӯкор бувад. Ва дар гуфтор ва кирдораш ва бо Паёмбари Аллоҳ Муҳаммад -саллаллоҳу алайҳи ва саллам пайравӣ намояд, пас ҳар касе, ки инҳоро анҷом дод, дар охират муздашро аз Парвардигораш хоҳад гирифт. Дохил шудани биҳишт чунин аст. Ва онҳо аз биму ҳароси охират дар тарс нестанд ва андӯҳгин намешаванд.

Verse 113

وَقَالَتِ ٱلْيَهُودُ لَيْسَتِ ٱلنَّصَـٰرَىٰ عَلَىٰ شَىْءٍ وَقَالَتِ ٱلنَّصَـٰرَىٰ لَيْسَتِ ٱلْيَهُودُ عَلَىٰ شَىْءٍ وَهُمْ يَتْلُونَ ٱلْكِتَـٰبَ ۗ كَذَٰلِكَ قَالَ ٱلَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ مِثْلَ قَوْلِهِمْ ۚ فَٱللَّهُ يَحْكُمُ بَيْنَهُمْ يَوْمَ ٱلْقِيَـٰمَةِ فِيمَا كَانُوا۟ فِيهِ يَخْتَلِفُونَ

Transliteration waqālati l-yahūdu laysati l-naṣārā ʿalā shayin waqālati l-naṣārā laysati l-yahūdu ʿalā shayin wahum yatlūna l-kitāba kadhālika qāla alladhīna lā yaʿlamūna mith'la qawlihim fal-lahu yaḥkumu baynahum yawma l-qiyāmati fīmā kānū fīhi yakhtalifūna

Tajik Ва яҳудиён гуфтанд: Насрониён бар ҳеҷ чиз аз дини ҳақ нестанд ва инчунин насрониён дар ҳаққи яҳудиён гуфтанд. Ва ҳол он ки онон Таврот ва Инҷилро мехонданд. Ҳамчунин монанди қавли онҳо ба ҳар як диндор гуфтанд: Ту бар ҳеҷ чиз дар дини ҳақ нестӣ! Пас, Аллоҳ рӯзи қиёмат миёни онҳо дар он чӣ ихтилоф доранд, ҳукм мекунад. Ва ҳар якеро мувофиқ бар амалаш ҷазо хоҳад дод.

Verse 114

وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّن مَّنَعَ مَسَـٰجِدَ ٱللَّهِ أَن يُذْكَرَ فِيهَا ٱسْمُهُۥ وَسَعَىٰ فِى خَرَابِهَآ ۚ أُو۟لَـٰٓئِكَ مَا كَانَ لَهُمْ أَن يَدْخُلُوهَآ إِلَّا خَآئِفِينَ ۚ لَهُمْ فِى ٱلدُّنْيَا خِزْىٌ وَلَهُمْ فِى ٱلْـَٔاخِرَةِ عَذَابٌ عَظِيمٌ

Transliteration waman aẓlamu mimman manaʿa masājida l-lahi an yudh'kara fīhā us'muhu wasaʿā fī kharābihā ulāika mā kāna lahum an yadkhulūhā illā khāifīna lahum fī l-dun'yā khiz'yun walahum fī l-ākhirati ʿadhābun ʿaẓīmun

Tajik Ва нест касе золимтар аз онон, ки ёд кардани номи Аллоҳро дар масҷидҳо аз барпо доштани намоз ва тиловати Қуръон ва монанди он манъ мекунанд ва дар вайронии онҳо мекӯшанд. Ин гурӯҳ золимонро сазовор аст, ки ҳаросону тарсон ба масҷидҳо дароянд. Онҳоро дар дунё хорӣ ва дар охират азоби бузургест.

Verse 115

وَلِلَّهِ ٱلْمَشْرِقُ وَٱلْمَغْرِبُ ۚ فَأَيْنَمَا تُوَلُّوا۟ فَثَمَّ وَجْهُ ٱللَّهِ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ وَٰسِعٌ عَلِيمٌ

Transliteration walillahi l-mashriqu wal-maghribu fa-aynamā tuwallū fathamma wajhu l-lahi inna l-laha wāsiʿun ʿalīmun

Tajik Машриқу Мағриб ва мобайни он аз они Аллоҳ аст. Ӯ подшоҳи ҳамаи замин аст. Пас бар ҳар ҷое, ки рӯ оред (дар намоз) ҳамон ҷо рӯ ба Аллоҳ аст. Шумо аз мулк ва тоъати Ӯ берун нестед. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ фарохнеъмату доност!

Verse 116

وَقَالُوا۟ ٱتَّخَذَ ٱللَّهُ وَلَدًا ۗ سُبْحَـٰنَهُۥ ۖ بَل لَّهُۥ مَا فِى ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ ۖ كُلٌّ لَّهُۥ قَـٰنِتُونَ

Transliteration waqālū ittakhadha l-lahu waladan sub'ḥānahu bal lahu mā fī l-samāwāti wal-arḍi kullun lahu qānitūna

Tajik Яҳудиён, насрониён ва мушрикон гуфтанд, ки Аллоҳ барои худ фарзанде гирифт. Пок аст Ӯ! Балки ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст ва ҳама фармонбардори Ӯянд!

Verse 117

بَدِيعُ ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ ۖ وَإِذَا قَضَىٰٓ أَمْرًا فَإِنَّمَا يَقُولُ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ

Transliteration badīʿu l-samāwāti wal-arḍi wa-idhā qaḍā amran fa-innamā yaqūlu lahu kun fayakūnu

Tajik Аллоҳ таъоло офаринандаи осмонҳо ва замин аст. Чун иродаи чизе кунад, мегӯяд: «Мавҷуд шав!» Ва он чиз мавҷуд мешавад.

Verse 118

وَقَالَ ٱلَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ لَوْلَا يُكَلِّمُنَا ٱللَّهُ أَوْ تَأْتِينَآ ءَايَةٌ ۗ كَذَٰلِكَ قَالَ ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِهِم مِّثْلَ قَوْلِهِمْ ۘ تَشَـٰبَهَتْ قُلُوبُهُمْ ۗ قَدْ بَيَّنَّا ٱلْـَٔايَـٰتِ لِقَوْمٍ يُوقِنُونَ

Transliteration waqāla alladhīna lā yaʿlamūna lawlā yukallimunā l-lahu aw tatīnā āyatun kadhālika qāla alladhīna min qablihim mith'la qawlihim tashābahat qulūbuhum qad bayyannā l-āyāti liqawmin yūqinūna

Tajik Нодонони ахли китоб ва ғайри онҳо (аз рӯи кибрашон ба Паёмбари Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: «Чаро Аллоҳ бо мо сухан намегӯяд, ки ту ҳақиқатан фиристодаи Ӯ ҳастӣ? Ё мӯъҷизае бар мо намеояд, ки бар сидқи паёмбарии ту далолат кунад?» Касоне, ки пеш аз онҳо буданд, низ саркашона чунин суханоне мегуфтанд. Ба сабабе, ки дилҳояшон ҳамонанди якдигар аст. Ҳамоно Мо барои гурӯҳе, ки ба Аллоҳ имони ҳақиқӣ ки доранд, нишонаҳое баён кардаем.

Verse 119

إِنَّآ أَرْسَلْنَـٰكَ بِٱلْحَقِّ بَشِيرًا وَنَذِيرًا ۖ وَلَا تُسْـَٔلُ عَنْ أَصْحَـٰبِ ٱلْجَحِيمِ

Transliteration innā arsalnāka bil-ḥaqi bashīran wanadhīran walā tus'alu ʿan aṣḥābi l-jaḥīmi

Tajik Мо туро ба дини ҳақ, ки асоси он бар Қуръону Суннат аст, ба паёмбарӣ фиристодем, то мужда диҳӣ ба мардум хайри дунёву охиратро ва битарсонӣ саркашонро аз азоби Аллоҳ. Ту масъул нестӣ ба онон, ки ба ту куфр овардаанд. Пас албатта онон рӯзи қиёмат дохили дӯзах шаванд ва аз он берун наоянд.

Verse 120

وَلَن تَرْضَىٰ عَنكَ ٱلْيَهُودُ وَلَا ٱلنَّصَـٰرَىٰ حَتَّىٰ تَتَّبِعَ مِلَّتَهُمْ ۗ قُلْ إِنَّ هُدَى ٱللَّهِ هُوَ ٱلْهُدَىٰ ۗ وَلَئِنِ ٱتَّبَعْتَ أَهْوَآءَهُم بَعْدَ ٱلَّذِى جَآءَكَ مِنَ ٱلْعِلْمِ ۙ مَا لَكَ مِنَ ٱللَّهِ مِن وَلِىٍّ وَلَا نَصِيرٍ

Transliteration walan tarḍā ʿanka l-yahūdu walā l-naṣārā ḥattā tattabiʿa millatahum qul inna hudā l-lahi huwa l-hudā wala-ini ittabaʿta ahwāahum baʿda alladhī jāaka mina l-ʿil'mi mā laka mina l-lahi min waliyyin walā naṣīrin

Tajik Яҳудон ва насрониён аз ту, эй Расул, ҳаргиз хушнуд намешаванд, то ки ба динашон пайравӣ накунӣ! Ба онҳо бигӯ: Дини ислом ин дини саҳеҳ аст. Ва агар ту орзуҳои ботили онҳоро пайравӣ кунӣ, баъди он чи аз ваҳй туро омад, пас туро барои халос аз азоби Аллоҳ ҳеҷ дӯсте ва ёридиҳандае набошад. (Гарчанде ин оят хитоб ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бошад, вале ба ҳамаи уммат далолат мекунад).

Verse 121

ٱلَّذِينَ ءَاتَيْنَـٰهُمُ ٱلْكِتَـٰبَ يَتْلُونَهُۥ حَقَّ تِلَاوَتِهِۦٓ أُو۟لَـٰٓئِكَ يُؤْمِنُونَ بِهِۦ ۗ وَمَن يَكْفُرْ بِهِۦ فَأُو۟لَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلْخَـٰسِرُونَ

Transliteration alladhīna ātaynāhumu l-kitāba yatlūnahu ḥaqqa tilāwatihi ulāika yu'minūna bihi waman yakfur bihi fa-ulāika humu l-khāsirūna

Tajik Касоне, ки аз яҳудиён ва насрониён ба онон китоби Тавротро додаем ва ончунон, ки лоиқ аст, онро мехонанд ва ба тамоми фармудаи он пайравӣ мекунанд ва ба ҷамиъи паёмбарон имон меоранд ва хусусан ба паёмбари охир замон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ба он чи ба ӯ фуруд оварда шудааст, имон меоранд. Аммо онон, ки баъзе китобро тағйиру табдил доданд ва баъзе аз оёташро пинҳон карданд. Ин касон ба Паёмбар Муҳаммад (саллаллоху алайҳи ва саллам) ва ба он чи ба ӯ фуруд оварда шудааст, кофир ҳастанд. Онҳо дар назди Аллоҳ аз сахттарин зиёнкорон ҳастанд.

Verse 122

يَـٰبَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ ٱذْكُرُوا۟ نِعْمَتِىَ ٱلَّتِىٓ أَنْعَمْتُ عَلَيْكُمْ وَأَنِّى فَضَّلْتُكُمْ عَلَى ٱلْعَـٰلَمِينَ

Transliteration yābanī is'rāīla udh'kurū niʿ'matiya allatī anʿamtu ʿalaykum wa-annī faḍḍaltukum ʿalā l-ʿālamīna

Tajik Эй бани Исроил, ёд кунед, аз он неъмате, ки бар шумо фаровон ато кардам ва шуморо дар он замон ба бисёр будани паёмбарон аз шумо ва ба он чи фуруд оварда шуд ба онҳо аз китобҳо, бар ҷаҳониён, бартарӣ ва бузургӣ додам!

Verse 123

وَٱتَّقُوا۟ يَوْمًا لَّا تَجْزِى نَفْسٌ عَن نَّفْسٍ شَيْـًٔا وَلَا يُقْبَلُ مِنْهَا عَدْلٌ وَلَا تَنفَعُهَا شَفَـٰعَةٌ وَلَا هُمْ يُنصَرُونَ

Transliteration wa-ittaqū yawman lā tajzī nafsun ʿan nafsin shayan walā yuq'balu min'hā ʿadlun walā tanfaʿuhā shafāʿatun walā hum yunṣarūna

Tajik Ва битарсед аз рӯзи қиёмат, ки касе аз касе чизеро манъ насозад ва фидя пазируфта нашавад, ки вайро аз азоб наҷот диҳад ва касеро шафоъат суд надиҳад ва онҳо ёрӣ дода нашаванд.

Verse 124

۞ وَإِذِ ٱبْتَلَىٰٓ إِبْرَٰهِـۧمَ رَبُّهُۥ بِكَلِمَـٰتٍ فَأَتَمَّهُنَّ ۖ قَالَ إِنِّى جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامًا ۖ قَالَ وَمِن ذُرِّيَّتِى ۖ قَالَ لَا يَنَالُ عَهْدِى ٱلظَّـٰلِمِينَ

Transliteration wa-idhi ib'talā ib'rāhīma rabbuhu bikalimātin fa-atammahunna qāla innī jāʿiluka lilnnāsi imāman qāla wamin dhurriyyatī qāla lā yanālu ʿahdī l-ẓālimīna

Tajik Эй Паёмбар, ба ёд ор вақтеро, ки Парвардигори Иброҳим ӯро ба чанд калимае биёзмуд ва Иброҳим ҳамаи он корҳоро пурра ба анҷом расонид. Аллоҳ ба ӯ гуфт: «Ман туро пешвои мардум мегардонам». Иброҳим гуфт: «Ва аз фарзандони ман низ пешвоён пайдо кун!» Аллоҳ фармуд: «Пешвоӣ дар дин ба ситамкорон намерасад».

Verse 125

وَإِذْ جَعَلْنَا ٱلْبَيْتَ مَثَابَةً لِّلنَّاسِ وَأَمْنًا وَٱتَّخِذُوا۟ مِن مَّقَامِ إِبْرَٰهِـۧمَ مُصَلًّى ۖ وَعَهِدْنَآ إِلَىٰٓ إِبْرَٰهِـۧمَ وَإِسْمَـٰعِيلَ أَن طَهِّرَا بَيْتِىَ لِلطَّآئِفِينَ وَٱلْعَـٰكِفِينَ وَٱلرُّكَّعِ ٱلسُّجُودِ

Transliteration wa-idh jaʿalnā l-bayta mathābatan lilnnāsi wa-amnan wa-ittakhidhū min maqāmi ib'rāhīma muṣallan waʿahid'nā ilā ib'rāhīma wa-is'māʿīla an ṭahhirā baytiya lilṭṭāifīna wal-ʿākifīna wal-rukaʿi l-sujūdi

Tajik Эй Паёмбар, ба ёд ор, вақте ки Каъбаро ҷои ҷамъшавӣ (барои ҳаҷ, умра, тавоф ва намоз) ва макони амни мардум сохтем. Ва душман ба онҷо ғайрати даромадан надорад. Ва гуфтем: Мақоми Иброҳимро намозгоҳи хеш гиред. Ба сӯи Иброҳим ва писараш Исмоил ваҳй фиристодем: «Хонаи маро барои тавофкунандагону эътикофкунандагон ва рукӯъу саҷдакунандагон покиза доред!»

Verse 126

وَإِذْ قَالَ إِبْرَٰهِـۧمُ رَبِّ ٱجْعَلْ هَـٰذَا بَلَدًا ءَامِنًا وَٱرْزُقْ أَهْلَهُۥ مِنَ ٱلثَّمَرَٰتِ مَنْ ءَامَنَ مِنْهُم بِٱللَّهِ وَٱلْيَوْمِ ٱلْـَٔاخِرِ ۖ قَالَ وَمَن كَفَرَ فَأُمَتِّعُهُۥ قَلِيلًا ثُمَّ أَضْطَرُّهُۥٓ إِلَىٰ عَذَابِ ٱلنَّارِ ۖ وَبِئْسَ ٱلْمَصِيرُ

Transliteration wa-idh qāla ib'rāhīmu rabbi ij'ʿal hādhā baladan āminan wa-ur'zuq ahlahu mina l-thamarāti man āmana min'hum bil-lahi wal-yawmi l-ākhiri qāla waman kafara fa-umattiʿuhu qalīlan thumma aḍṭarruhu ilā ʿadhābi l-nāri wabi'sa l-maṣīru

Tajik Эй Паёмбар, ба ёд ор, вақте ки Иброҳим дар дуъояш гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин шаҳри Маккаро ҷои амн гардон ва аз сокинонаш касеро, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон доранд, аз ҳар меваҳо рӯзӣ деҳ!». Аллоҳ фармуд: «Ҳар кас, ки кофир шуд, ӯро андаке дар ин дунё баҳраманд гардонам, сипас ба азоби оташ дучораш гардонам», чӣ ҷои бозгашти бадест!

Verse 127

وَإِذْ يَرْفَعُ إِبْرَٰهِـۧمُ ٱلْقَوَاعِدَ مِنَ ٱلْبَيْتِ وَإِسْمَـٰعِيلُ رَبَّنَا تَقَبَّلْ مِنَّآ ۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلسَّمِيعُ ٱلْعَلِيمُ

Transliteration wa-idh yarfaʿu ib'rāhīmu l-qawāʿida mina l-bayti wa-is'māʿīlu rabbanā taqabbal minnā innaka anta l-samīʿu l-ʿalīmu

Tajik Эй Паёмбар, ба ёд ор, вақте ки Иброҳим ва Исмоил асосҳои хонаро баланд мекарданд, ва ҳар ду бо хушӯъ дуъо карда гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, аз мо амалҳои шоиста ва дуъоямонро бипазир, ки ту шунаво ба суханони бандагонат ва доно ҳастӣ ба аҳволи онҳо!»

Verse 128

رَبَّنَا وَٱجْعَلْنَا مُسْلِمَيْنِ لَكَ وَمِن ذُرِّيَّتِنَآ أُمَّةً مُّسْلِمَةً لَّكَ وَأَرِنَا مَنَاسِكَنَا وَتُبْ عَلَيْنَآ ۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلتَّوَّابُ ٱلرَّحِيمُ

Transliteration rabbanā wa-ij'ʿalnā mus'limayni laka wamin dhurriyyatinā ummatan mus'limatan laka wa-arinā manāsikanā watub ʿalaynā innaka anta l-tawābu l-raḥīmu

Tajik Эй Парвардигори мо, моро устувор бар ислом ва фармонбардори аҳкоми хеш соз ва низ фарзандони моро фармонбардори хеш гардон ва тарзи ибодатҳои моро ба мо нишон бидеҳ ва тавбаи мо бипазир, ки Ту тавбапазиранда ва меҳрубон ҳастӣ!

Verse 129

رَبَّنَا وَٱبْعَثْ فِيهِمْ رَسُولًا مِّنْهُمْ يَتْلُوا۟ عَلَيْهِمْ ءَايَـٰتِكَ وَيُعَلِّمُهُمُ ٱلْكِتَـٰبَ وَٱلْحِكْمَةَ وَيُزَكِّيهِمْ ۚ إِنَّكَ أَنتَ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ

Transliteration rabbanā wa-ib'ʿath fīhim rasūlan min'hum yatlū ʿalayhim āyātika wayuʿallimuhumu l-kitāba wal-ḥik'mata wayuzakkīhim innaka anta l-ʿazīzu l-ḥakīmu

Tajik Эй Парвардигори мо, дар ин уммат (аз зурриёти Исмоил) паёмбаре бар онҳо бифирист, то оёти туро бар онҳо бихонад ва ба онҳо китобу ҳикмат биёмӯзонад ва онҳоро аз ширку бадахлоқӣ покиза созад ва Ту азизӣ, чизе монеъи Ту шуда наметавонад ва ҳаким ҳастӣ, ҳама чизро дар мавзеъи худаш мегузорӣ!

Verse 130

وَمَن يَرْغَبُ عَن مِّلَّةِ إِبْرَٰهِـۧمَ إِلَّا مَن سَفِهَ نَفْسَهُۥ ۚ وَلَقَدِ ٱصْطَفَيْنَـٰهُ فِى ٱلدُّنْيَا ۖ وَإِنَّهُۥ فِى ٱلْـَٔاخِرَةِ لَمِنَ ٱلصَّـٰلِحِينَ

Transliteration waman yarghabu ʿan millati ib'rāhīma illā man safiha nafsahu walaqadi iṣ'ṭafaynāhu fī l-dun'yā wa-innahu fī l-ākhirati lamina l-ṣāliḥīna

Tajik Ва касе, ки аз дини Иброҳим (яъне дини Ислом) рӯй барметобад, худро хор кард. Ва ба таҳқиқ Иброҳимро дар дунё баргузидем ва ӯро низ аз шоистагоне қарор додем, ки барояшон дар охират олитарин дараҷаҳо аст.

Verse 131

إِذْ قَالَ لَهُۥ رَبُّهُۥٓ أَسْلِمْ ۖ قَالَ أَسْلَمْتُ لِرَبِّ ٱلْعَـٰلَمِينَ

Transliteration idh qāla lahu rabbuhu aslim qāla aslamtu lirabbi l-ʿālamīna

Tajik Ва сабаби ин ихтиёр бетараддуд қабул кардани ӯ дини ислом аст. Вақте ки Парвардигораш ба ӯ гуфт: «Ба тоъати Парвардигорат таслим шав». Иброҳим гуфт: «Ман дар баробари Парвардигори ҷаҳониён бо ихлосу тавҳид ва муҳаббату тавба таслимам».

Verse 132

وَوَصَّىٰ بِهَآ إِبْرَٰهِـۧمُ بَنِيهِ وَيَعْقُوبُ يَـٰبَنِىَّ إِنَّ ٱللَّهَ ٱصْطَفَىٰ لَكُمُ ٱلدِّينَ فَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنتُم مُّسْلِمُونَ

Transliteration wawaṣṣā bihā ib'rāhīmu banīhi wayaʿqūbu yābaniyya inna l-laha iṣ'ṭafā lakumu l-dīna falā tamūtunna illā wa-antum mus'limūna

Tajik Иброҳим ва Яъқуб ба фарзандони худ ба ин калима васият карданд, «Эй фарзандони ман, Аллоҳ барои шумо ин динро ихтиёр кардааст, ва ин дини ислом аст, ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ин дин омад ва дар айёми зиндагиатон аз он ҷудо машавед, пас аз ин ҷаҳон намиред, магар ин ки шумо фармонбардор бошед». (Яъне, дар дини ислом бошед.)

Verse 133

أَمْ كُنتُمْ شُهَدَآءَ إِذْ حَضَرَ يَعْقُوبَ ٱلْمَوْتُ إِذْ قَالَ لِبَنِيهِ مَا تَعْبُدُونَ مِنۢ بَعْدِى قَالُوا۟ نَعْبُدُ إِلَـٰهَكَ وَإِلَـٰهَ ءَابَآئِكَ إِبْرَٰهِـۧمَ وَإِسْمَـٰعِيلَ وَإِسْحَـٰقَ إِلَـٰهًا وَٰحِدًا وَنَحْنُ لَهُۥ مُسْلِمُونَ

Transliteration am kuntum shuhadāa idh ḥaḍara yaʿqūba l-mawtu idh qāla libanīhi mā taʿbudūna min baʿdī qālū naʿbudu ilāhaka wa-ilāha ābāika ib'rāhīma wa-is'māʿīla wa-is'ḥāqa ilāhan wāḥidan wanaḥnu lahu mus'limūna

Tajik Эй яҳудиён, оё шумо ҳозир будед, он гоҳ, ки марги Яъқуб фаро расид ва ба фарзандонаш гуфт: «Пас аз ман, чӣ чизро мепарастед?» Гуфтанд: «Маъбуди ту ва маъбуди падарони туро, ки Иброҳиму Исмоилу Исҳоқанд ва ба яктоӣ хоҳем парастид ва дар баробари Ӯ фармонбардор ҳастем».

Verse 134

تِلْكَ أُمَّةٌ قَدْ خَلَتْ ۖ لَهَا مَا كَسَبَتْ وَلَكُم مَّا كَسَبْتُمْ ۖ وَلَا تُسْـَٔلُونَ عَمَّا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ

Transliteration til'ka ummatun qad khalat lahā mā kasabat walakum mā kasabtum walā tus'alūna ʿammā kānū yaʿmalūna

Tajik Онҳо умматҳое буданд, ки дар ҳақиқат даргузаштаанд. Он чӣ карда буданд, аз они онҳост ва он чӣ шумо кунед, аз они шумост ва шуморо аз аъмоле, ки онҳо кардаанд, намепурсанд. Ва ҳар касе ба он чи кард, ҷазо хоҳад дид ва касе ба гуноҳи касе азоб карда намешавад.

Verse 135

وَقَالُوا۟ كُونُوا۟ هُودًا أَوْ نَصَـٰرَىٰ تَهْتَدُوا۟ ۗ قُلْ بَلْ مِلَّةَ إِبْرَٰهِـۧمَ حَنِيفًا ۖ وَمَا كَانَ مِنَ ٱلْمُشْرِكِينَ

Transliteration waqālū kūnū hūdan aw naṣārā tahtadū qul bal millata ib'rāhīma ḥanīfan wamā kāna mina l-mush'rikīna

Tajik Яҳудиён ба уммати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: Ба дини яҳудӣ дохил шавед, то роҳи рост ёбед ва насрониён низ чунин гуфтанд. Эй Расул барояшон бигӯ: Балки ҳидоят пайравӣ намудани миллати Иброҳим аст, ки ӯ аз мушрикон набуд».

Verse 136

قُولُوٓا۟ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ وَمَآ أُنزِلَ إِلَيْنَا وَمَآ أُنزِلَ إِلَىٰٓ إِبْرَٰهِـۧمَ وَإِسْمَـٰعِيلَ وَإِسْحَـٰقَ وَيَعْقُوبَ وَٱلْأَسْبَاطِ وَمَآ أُوتِىَ مُوسَىٰ وَعِيسَىٰ وَمَآ أُوتِىَ ٱلنَّبِيُّونَ مِن رَّبِّهِمْ لَا نُفَرِّقُ بَيْنَ أَحَدٍ مِّنْهُمْ وَنَحْنُ لَهُۥ مُسْلِمُونَ

Transliteration qūlū āmannā bil-lahi wamā unzila ilaynā wamā unzila ilā ib'rāhīma wa-is'māʿīla wa-is'ḥāqa wayaʿqūba wal-asbāṭi wamā ūtiya mūsā waʿīsā wamā ūtiya l-nabiyūna min rabbihim lā nufarriqu bayna aḥadin min'hum wanaḥnu lahu mus'limūna

Tajik Эй мӯъминон ба яҳудиён ва насрониён бигуед: «Мо ба Аллоҳ ва оёте, ки бар мо нозил шуда ва низ он чӣ бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наберагонаш нозил шуда ва низ он чӣ ба Мӯсо ва Исо фиристода шуда ва он чӣ бар паёмбарони дигар аз ҷониби Парвардигорашон омадааст, имон овардем. Миёни ҳеҷ як аз паёмбарон фарқе намениҳем ва ҳама дар баробари Аллоҳ бо тоъату ибодат таслим ҳастем».

Verse 137

فَإِنْ ءَامَنُوا۟ بِمِثْلِ مَآ ءَامَنتُم بِهِۦ فَقَدِ ٱهْتَدَوا۟ ۖ وَّإِن تَوَلَّوْا۟ فَإِنَّمَا هُمْ فِى شِقَاقٍ ۖ فَسَيَكْفِيكَهُمُ ٱللَّهُ ۚ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلْعَلِيمُ

Transliteration fa-in āmanū bimith'li mā āmantum bihi faqadi ih'tadaw wa-in tawallaw fa-innamā hum fī shiqāqin fasayakfīkahumu l-lahu wahuwa l-samīʿu l-ʿalīmu

Tajik Агар ба он чӣ шумо имон овардед, яҳудиён ва насрониён ва дигарон низ ба мисли шумо имон биёваранд, ҳидоят ёфтаанд. Аммо агар рӯй тофтанд, пас бо ту дар душманиву хилофанд ва дар баробари онҳо Аллоҳ туро, эй Расул, аз шарри онҳо кифоят мекунад ва Ӯ шунаво ва доност!

Verse 138

صِبْغَةَ ٱللَّهِ ۖ وَمَنْ أَحْسَنُ مِنَ ٱللَّهِ صِبْغَةً ۖ وَنَحْنُ لَهُۥ عَـٰبِدُونَ

Transliteration ṣib'ghata l-lahi waman aḥsanu mina l-lahi ṣib'ghatan wanaḥnu lahu ʿābidūna

Tajik Дини Аллоҳро лозим гиред, ки шуморо бар он дин пайдо кардааст. Беҳтар аз дини Аллоҳ, ки мардумро бар он пайдо кард, дин нест. Пас онро лозим гиред ва бигӯед. Мо фармонбардор ва парастандагони Ӯ ва пайрави миллати Иброҳим ҳастем.

Verse 139

قُلْ أَتُحَآجُّونَنَا فِى ٱللَّهِ وَهُوَ رَبُّنَا وَرَبُّكُمْ وَلَنَآ أَعْمَـٰلُنَا وَلَكُمْ أَعْمَـٰلُكُمْ وَنَحْنُ لَهُۥ مُخْلِصُونَ

Transliteration qul atuḥājjūnanā fī l-lahi wahuwa rabbunā warabbukum walanā aʿmālunā walakum aʿmālukum wanaḥnu lahu mukh'liṣūna

Tajik Эй Паёмбар, ба аҳли китоб бигу: «Оё дар бораи тавҳиди Аллоҳ бо мо баҳсу муҷодала мекунед? Ӯ Парвардигори мову шумост. Аъмоли мо аз они мо ва аъмоли шумо аз они шумост ва мо ба ихлос парастандагони Ӯ ҳастем ва ба Ӯ чизеро шарик намеорем.».

Verse 140

أَمْ تَقُولُونَ إِنَّ إِبْرَٰهِـۧمَ وَإِسْمَـٰعِيلَ وَإِسْحَـٰقَ وَيَعْقُوبَ وَٱلْأَسْبَاطَ كَانُوا۟ هُودًا أَوْ نَصَـٰرَىٰ ۗ قُلْ ءَأَنتُمْ أَعْلَمُ أَمِ ٱللَّهُ ۗ وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّن كَتَمَ شَهَـٰدَةً عِندَهُۥ مِنَ ٱللَّهِ ۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَـٰفِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ

Transliteration am taqūlūna inna ib'rāhīma wa-is'māʿīla wa-is'ḥāqa wayaʿqūba wal-asbāṭa kānū hūdan aw naṣārā qul a-antum aʿlamu ami l-lahu waman aẓlamu mimman katama shahādatan ʿindahu mina l-lahi wamā l-lahu bighāfilin ʿammā taʿmalūna

Tajik Оё мегӯед, ки Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наберагони ӯ бар дини яҳудӣ ё насронӣ буданд? (Ин дурӯғи маҳз аст, зеро ки онҳо қабл аз нузули Таврот ва Инҷил ба паёмбарй мабъус шуда буданд ва аз дунё гузашта буданд). Эй Паёмбар, барояшон бигӯ: «Оё шумо донотаред аз дини онҳо ё Аллоҳ? Ба дурустӣ, ки дар Қуръон хабар дода шуда буд, ки онҳо мусалмонони пок аз ширк буданд. Кист ситамгартар аз касе, ки гувоҳиеро, ки аз ҷониби Аллоҳ наздаш аст, бипӯшад!? Ва Аллоҳ аз он чи ки мекунед, бехабар нест, балки ҳисобгиранда ва ҷазодиҳандаи амалҳост.

Verse 141

تِلْكَ أُمَّةٌ قَدْ خَلَتْ ۖ لَهَا مَا كَسَبَتْ وَلَكُم مَّا كَسَبْتُمْ ۖ وَلَا تُسْـَٔلُونَ عَمَّا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ

Transliteration til'ka ummatun qad khalat lahā mā kasabat walakum mā kasabtum walā tus'alūna ʿammā kānū yaʿmalūna

Tajik Онон умматҳое буданд, ки дар ҳақиқат даргузаштаанд. Он чӣ онҳо карданд, аз они онҳост ва он чӣ шумо мекунед, аз они шумост ва шуморо аз аъмоли онҳо намепурсанд. (Оят далолат ба он мекунад, инсон такя бар махлуқҳо макунад ва ба насабҳо фирефта нашавад.). Ва касе ба як паёмбар куфр оварад, ба тамоми паёмбарон куфр овардааст.

Verse 142

۞ سَيَقُولُ ٱلسُّفَهَآءُ مِنَ ٱلنَّاسِ مَا وَلَّىٰهُمْ عَن قِبْلَتِهِمُ ٱلَّتِى كَانُوا۟ عَلَيْهَا ۚ قُل لِّلَّهِ ٱلْمَشْرِقُ وَٱلْمَغْرِبُ ۚ يَهْدِى مَن يَشَآءُ إِلَىٰ صِرَٰطٍ مُّسْتَقِيمٍ

Transliteration sayaqūlu l-sufahāu mina l-nāsi mā wallāhum ʿan qib'latihimu allatī kānū ʿalayhā qul lillahi l-mashriqu wal-maghribu yahdī man yashāu ilā ṣirāṭin mus'taqīmin

Tajik Мардумони бехирад аз яҳуду насрониён ва аҳли нифоқ онон, ки ақлашон заиф аст, тамасхурона хоҳанд гуфт: «чӣ чиз онҳоро аз қиблае, ки рӯ ба рӯи он меистоданд, баргардонид?» Эй Расул, ба онҳо бигӯ: «Машриқу Мағриб ва мобайни он мулки Аллоҳ аст ва Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад!». (Танбеҳ: Ҳама чиз мулки Аллоҳ аст, ҳатто ҳамаи ҷиҳат ва атроф аз мулки Ӯ хориҷ нест ва дар ҳама ҳол ба ҷо овардани амри Аллоҳ лозим аст. Пас ба кадом тараф амр намояд, ба ҳамон тараф рӯ меорем.)

Verse 143

وَكَذَٰلِكَ جَعَلْنَـٰكُمْ أُمَّةً وَسَطًا لِّتَكُونُوا۟ شُهَدَآءَ عَلَى ٱلنَّاسِ وَيَكُونَ ٱلرَّسُولُ عَلَيْكُمْ شَهِيدًا ۗ وَمَا جَعَلْنَا ٱلْقِبْلَةَ ٱلَّتِى كُنتَ عَلَيْهَآ إِلَّا لِنَعْلَمَ مَن يَتَّبِعُ ٱلرَّسُولَ مِمَّن يَنقَلِبُ عَلَىٰ عَقِبَيْهِ ۚ وَإِن كَانَتْ لَكَبِيرَةً إِلَّا عَلَى ٱلَّذِينَ هَدَى ٱللَّهُ ۗ وَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيُضِيعَ إِيمَـٰنَكُمْ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ بِٱلنَّاسِ لَرَءُوفٌ رَّحِيمٌ

Transliteration wakadhālika jaʿalnākum ummatan wasaṭan litakūnū shuhadāa ʿalā l-nāsi wayakūna l-rasūlu ʿalaykum shahīdan wamā jaʿalnā l-qib'lata allatī kunta ʿalayhā illā linaʿlama man yattabiʿu l-rasūla mimman yanqalibu ʿalā ʿaqibayhi wa-in kānat lakabīratan illā ʿalā alladhīna hadā l-lahu wamā kāna l-lahu liyuḍīʿa īmānakum inna l-laha bil-nāsi laraūfun raḥīmun

Tajik Ва ҳамчунин шуморо ба роҳи рост роҳ намудем ва шуморо беҳтарини умматҳо гардонидем, то ба мардум дар охират гувоҳ бошед ва низ паёмбар бар шумо гувоҳ бошад, ки ӯ рисолати Парвардигорашро ба мардум расонид. Ва он қиблаеро, ки рӯ ба сӯи он мекардӣ, дигаргун накардем, магар ба он сабаб, ки ононро, ки ба паёмбар пайравӣ мекунанд, аз онон, ки пайравӣ намекунанд, бозшиносем. Ва касоне, ки имонашон заиф буд аз сабаби шак ва нифоқашон аз динашон бедин шуданд. Ба дурустӣ, ки гардонидани қибла аз Байтулмуқаддас ба сӯи Каъба душвор аст, магар бар касоне, ки Аллоҳ ба онҳо ҳидоят ва имону тақво арзонӣ намудааст. Аллоҳ имон ва намозатонро табоҳ намекунад. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ ба мардум меҳрубон ва бахшоянда аст!

Verse 144

قَدْ نَرَىٰ تَقَلُّبَ وَجْهِكَ فِى ٱلسَّمَآءِ ۖ فَلَنُوَلِّيَنَّكَ قِبْلَةً تَرْضَىٰهَا ۚ فَوَلِّ وَجْهَكَ شَطْرَ ٱلْمَسْجِدِ ٱلْحَرَامِ ۚ وَحَيْثُ مَا كُنتُمْ فَوَلُّوا۟ وُجُوهَكُمْ شَطْرَهُۥ ۗ وَإِنَّ ٱلَّذِينَ أُوتُوا۟ ٱلْكِتَـٰبَ لَيَعْلَمُونَ أَنَّهُ ٱلْحَقُّ مِن رَّبِّهِمْ ۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَـٰفِلٍ عَمَّا يَعْمَلُونَ

Transliteration qad narā taqalluba wajhika fī l-samāi falanuwalliyannaka qib'latan tarḍāhā fawalli wajhaka shaṭra l-masjidi l-ḥarāmi waḥaythu mā kuntum fawallū wujūhakum shaṭrahu wa-inna alladhīna ūtū l-kitāba layaʿlamūna annahu l-ḥaqu min rabbihim wamā l-lahu bighāfilin ʿammā yaʿmalūna

Tajik Эй Паёмбар, Мо чашм дӯхтан ва нигоҳ кардани туро ба тамоми ҷиҳатҳои осмон мебинем, ки бо шавқ дар интизори он ҳастӣ, ки ваҳй нозил шавад. Пас албатта туро ба он қиблае мегардонем, ки ба вай хушнуд шавӣ. Пас рӯй ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед, эй мусалмонон чун иродаи намоз кардед, рӯй ба он ҷониб кунед. Аҳли китоб медонанд, ки гардонидани қибла ба сӯи Каъба ҳақ аст ва дар китобашон собит аст. Ва Аллоҳ аз он чӣ мекунанд, бехабар нест!

Verse 145

وَلَئِنْ أَتَيْتَ ٱلَّذِينَ أُوتُوا۟ ٱلْكِتَـٰبَ بِكُلِّ ءَايَةٍ مَّا تَبِعُوا۟ قِبْلَتَكَ ۚ وَمَآ أَنتَ بِتَابِعٍ قِبْلَتَهُمْ ۚ وَمَا بَعْضُهُم بِتَابِعٍ قِبْلَةَ بَعْضٍ ۚ وَلَئِنِ ٱتَّبَعْتَ أَهْوَآءَهُم مِّنۢ بَعْدِ مَا جَآءَكَ مِنَ ٱلْعِلْمِ ۙ إِنَّكَ إِذًا لَّمِنَ ٱلظَّـٰلِمِينَ

Transliteration wala-in atayta alladhīna ūtū l-kitāba bikulli āyatin mā tabiʿū qib'lataka wamā anta bitābiʿin qib'latahum wamā baʿḍuhum bitābiʿin qib'lata baʿḍin wala-ini ittabaʿta ahwāahum min baʿdi mā jāaka mina l-ʿil'mi innaka idhan lamina l-ẓālimīna

Tajik Эй Расул, барои онон ки Таврот ва Инҷил дода шуд, ҳар далелу нишонае, ки биёварӣ, ки гардонидани қибла ба сӯи Каъба ҳақ аст, ҳаргиз қиблаи туро пайравӣ нахоҳанд кард ва нестӣ ту пайравикунанда қиблаи онҳоро; ва баъзеи онҳо қиблаи баъзеи дигарро пайравикунанда нестанд. Ва агар ту, баъди он чи ки аз дониш ба ту омадааст, ба хоҳишҳои нафсонии онҳо пайравӣ кунӣ, он гоҳ ҳамоно аз ситамгарон бошӣ. (Ин оят хитоб барои ҷамиъи уммат аст. Ва он таҳдид ва ваъидест ба ҳар шахсе ки хоҳишҳои зидди шариъати исломро пайравӣ мекунад.)

Verse 146

ٱلَّذِينَ ءَاتَيْنَـٰهُمُ ٱلْكِتَـٰبَ يَعْرِفُونَهُۥ كَمَا يَعْرِفُونَ أَبْنَآءَهُمْ ۖ وَإِنَّ فَرِيقًا مِّنْهُمْ لَيَكْتُمُونَ ٱلْحَقَّ وَهُمْ يَعْلَمُونَ

Transliteration alladhīna ātaynāhumu l-kitāba yaʿrifūnahu kamā yaʿrifūna abnāahum wa-inna farīqan min'hum layaktumūna l-ḥaqa wahum yaʿlamūna

Tajik Онон, ки аҳли Таврот ва Инҷил ҳастанд аз олимони яхуд ва насоро, ҳамчунон, ки фарзандони худро мешиносанд, Расули Аллоҳ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) - ро бо сифатҳое, ки дар китобҳояшон зикр шудааст, мешиносанд, вале гурӯҳе аз онҳо ҳақро дониста мепушанд.

Verse 147

ٱلْحَقُّ مِن رَّبِّكَ ۖ فَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلْمُمْتَرِينَ

Transliteration al-ḥaqu min rabbika falā takūnanna mina l-mum'tarīna

Tajik Эй Паёмбар, он чӣ аз ҷониби Аллоҳ бар ту нозил шуда, ҳақ ҳамон аст, пас дар он шубҳа макун! (Оят агар чанде хитоб барои Расули Аллоҳ саллаллоху алайҳи ва саллам бошад ҳам, вале ин хитоб ҳамаи умматро дарбар мегирад.)

Verse 148

وَلِكُلٍّ وِجْهَةٌ هُوَ مُوَلِّيهَا ۖ فَٱسْتَبِقُوا۟ ٱلْخَيْرَٰتِ ۚ أَيْنَ مَا تَكُونُوا۟ يَأْتِ بِكُمُ ٱللَّهُ جَمِيعًا ۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ

Transliteration walikullin wij'hatun huwa muwallīhā fa-is'tabiqū l-khayrāti ayna mā takūnū yati bikumu l-lahu jamīʿan inna l-laha ʿalā kulli shayin qadīrun

Tajik Ҳар касеро қиблае аст, ки ба он рӯй меоварад дар намозаш. Пас, эй мӯъминон, дар амалҳои шоистае, ки Аллоҳ барои шумо дар дини ислом фармудааст, пас барои ба ҷо овардани ин хубиҳо бишитобед. Ҳар ҷо ки бошед, Аллоҳ шуморо рӯзи қиёмат ҳозир меоварад, ки Ӯ бар ҳар коре тавоност!

Verse 149

وَمِنْ حَيْثُ خَرَجْتَ فَوَلِّ وَجْهَكَ شَطْرَ ٱلْمَسْجِدِ ٱلْحَرَامِ ۖ وَإِنَّهُۥ لَلْحَقُّ مِن رَّبِّكَ ۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَـٰفِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ

Transliteration wamin ḥaythu kharajta fawalli wajhaka shaṭra l-masjidi l-ḥarāmi wa-innahu lalḥaqqu min rabbika wamā l-lahu bighāfilin ʿammā taʿmalūna

Tajik Эй Паёмбар ва аз ҳар ҷое, ки берун шавӣ барои сафар ва ҳар вақте ки иродаи намоз кардӣ, рӯи худ ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ҳақ ҳамон аст, ки Парвардигорат ба он амр фармуда. Ва Аллоҳ аз он чи ки мекунед, бехабар нест!

Verse 150

وَمِنْ حَيْثُ خَرَجْتَ فَوَلِّ وَجْهَكَ شَطْرَ ٱلْمَسْجِدِ ٱلْحَرَامِ ۚ وَحَيْثُ مَا كُنتُمْ فَوَلُّوا۟ وُجُوهَكُمْ شَطْرَهُۥ لِئَلَّا يَكُونَ لِلنَّاسِ عَلَيْكُمْ حُجَّةٌ إِلَّا ٱلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ مِنْهُمْ فَلَا تَخْشَوْهُمْ وَٱخْشَوْنِى وَلِأُتِمَّ نِعْمَتِى عَلَيْكُمْ وَلَعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ

Transliteration wamin ḥaythu kharajta fawalli wajhaka shaṭra l-masjidi l-ḥarāmi waḥaythu mā kuntum fawallū wujūhakum shaṭrahu li-allā yakūna lilnnāsi ʿalaykum ḥujjatun illā alladhīna ẓalamū min'hum falā takhshawhum wa-ikh'shawnī wali-utimma niʿ'matī ʿalaykum walaʿallakum tahtadūna

Tajik Ва аз ҳар ҷое, ки берун шавӣ, эй Паёмбар, рӯи хеш ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед, эй мусалмонон, шумо низ рӯи хеш ба ҷониби Масҷидулҳаром кунед, то ҳеҷ касро, ҷуз ситамкорон, бо шумо баҳсу муҷодалае набошад. Баъд аз рӯй оварданатон ба сӯи Масҷидулҳаром аҳли зулм ва саркашони онон ҳамеша бо шумо баҳсу муҷодала кунанд, аз онҳо натарсед, аз ман битарсед то неъмати хеш бар шумо комил кунам ва бошад, ки шумо ба сӯи ҳақ роҳ биёбед.

Verse 151

كَمَآ أَرْسَلْنَا فِيكُمْ رَسُولًا مِّنكُمْ يَتْلُوا۟ عَلَيْكُمْ ءَايَـٰتِنَا وَيُزَكِّيكُمْ وَيُعَلِّمُكُمُ ٱلْكِتَـٰبَ وَٱلْحِكْمَةَ وَيُعَلِّمُكُم مَّا لَمْ تَكُونُوا۟ تَعْلَمُونَ

Transliteration kamā arsalnā fīkum rasūlan minkum yatlū ʿalaykum āyātinā wayuzakkīkum wayuʿallimukumu l-kitāba wal-ḥik'mata wayuʿallimukum mā lam takūnū taʿlamūna

Tajik Ҳамчунон, ки неъматҳоямонро ба шумо арзонӣ намудем, (яъне, рӯй ба ҷониби Каъба кардан) низ дар миёни шумо паёмбаре аз қавми шумо фиристодем, то оятҳои Моро бароятон бихонад ва шуморо аз ширк ва бадахлоқӣ покиза гардонад ва китобу ҳикмат ва аҳкоми шаръиат биёмӯзад ва аз ахбор ва қиссаҳои паёмбарони гузашта он чиро, ки намедонистед, ба шумо ёд диҳад.

Verse 152

فَٱذْكُرُونِىٓ أَذْكُرْكُمْ وَٱشْكُرُوا۟ لِى وَلَا تَكْفُرُونِ

Transliteration fa-udh'kurūnī adhkur'kum wa-ush'kurū lī walā takfurūni

Tajik Пас Маро ёд кунед, то шуморо ёд кунам. Маро сипос гӯед ва носипосии неъмати Ман накунед. (Дар ин оят Аллоҳ мӯъминонро ба зикри худ амр кард ва бар он бузургтарин мукофотро ваъда дод. Ва он мукофот мадҳу санои Ӯст назди малоикаҳо бар касоне ки Ӯро зикр кардаанд.)

Verse 153

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ ٱسْتَعِينُوا۟ بِٱلصَّبْرِ وَٱلصَّلَوٰةِ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلصَّـٰبِرِينَ

Transliteration yāayyuhā alladhīna āmanū is'taʿīnū bil-ṣabri wal-ṣalati inna l-laha maʿa l-ṣābirīna

Tajik Эй касоне, ки имон овардаед, дар ҳама коратон аз Аллоҳ ба сабр кардан бар душворию мусибатҳо ва тарки маъсият ва гуноҳҳо ва сабр кардан бар тоъатҳо ва наздик шудан ба Аллоҳ ва бар намоз, ки бо он нафс оромиш меёбад ва аз кори беҳаёӣ ва феъли бад инсонро боз медорад, мадад ҷӯед, ки Аллоҳ бо сабркунандагон аст.

Verse 154

وَلَا تَقُولُوا۟ لِمَن يُقْتَلُ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ أَمْوَٰتٌۢ ۚ بَلْ أَحْيَآءٌ وَلَـٰكِن لَّا تَشْعُرُونَ

Transliteration walā taqūlū liman yuq'talu fī sabīli l-lahi amwātun bal aḥyāon walākin lā tashʿurūna

Tajik Эй мӯъминон, касонеро ки дар роҳи Аллоҳ кушта мешаванд, мурда наҳисобед. Балки онҳо дар қабрҳояшон ба ҳаёти махсусе зиндаанд ва чигунагии ин ҳаётро ба ҷуз Аллоҳ касе надонад ва лекин шумо онро ҳис намекунед. (Ин оят далелест, ки дар қабр роҳат низ вуҷуд Дорад).

Verse 155

وَلَنَبْلُوَنَّكُم بِشَىْءٍ مِّنَ ٱلْخَوْفِ وَٱلْجُوعِ وَنَقْصٍ مِّنَ ٱلْأَمْوَٰلِ وَٱلْأَنفُسِ وَٱلثَّمَرَٰتِ ۗ وَبَشِّرِ ٱلصَّـٰبِرِينَ

Transliteration walanabluwannakum bishayin mina l-khawfi wal-jūʿi wanaqṣin mina l-amwāli wal-anfusi wal-thamarāti wabashiri l-ṣābirīna

Tajik Албатта, шуморо ба андаке тарс ва гуруснагӣ ва нуқсони молҳо ки ба душворӣ ба даст оварда мешавад, ё аз даст меравад ва ҷонҳо; ба фаро расидани марг, ё қатл ва кам шудани меваҳо меозмоем. Ва, эй Паёмбар, сабркунандагонро хабари хуш деҳ, ки ба сабаби сабрашон дар дунёву охират шоду хуррам мегарданд.

Verse 156

ٱلَّذِينَ إِذَآ أَصَـٰبَتْهُم مُّصِيبَةٌ قَالُوٓا۟ إِنَّا لِلَّهِ وَإِنَّآ إِلَيْهِ رَٰجِعُونَ

Transliteration alladhīna idhā aṣābathum muṣībatun qālū innā lillahi wa-innā ilayhi rājiʿūna

Tajik Сифати ин гуна сабркунандагон чунин аст, ки чун мусибате ба онҳо расид, гуфтанд: «Мо бандагони Аллоҳ ҳастем ва зери амру тадбири Ӯ ҳастем, он чӣ хост бо мо мекунад ва мо ба сӯи Ӯ бозхоҳем гардид. Ва баъд аз он барои ҳисобу ҷазо аз нав зинда хоҳем шуд».

Verse 157

أُو۟لَـٰٓئِكَ عَلَيْهِمْ صَلَوَٰتٌ مِّن رَّبِّهِمْ وَرَحْمَةٌ ۖ وَأُو۟لَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلْمُهْتَدُونَ

Transliteration ulāika ʿalayhim ṣalawātun min rabbihim waraḥmatun wa-ulāika humu l-muh'tadūna

Tajik Онон, ки собирон ҳастанд, салавот ва раҳмати Парвардигорашон бар онон бод, ки роҳёфтагонанд.

Verse 158

۞ إِنَّ ٱلصَّفَا وَٱلْمَرْوَةَ مِن شَعَآئِرِ ٱللَّهِ ۖ فَمَنْ حَجَّ ٱلْبَيْتَ أَوِ ٱعْتَمَرَ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْهِ أَن يَطَّوَّفَ بِهِمَا ۚ وَمَن تَطَوَّعَ خَيْرًا فَإِنَّ ٱللَّهَ شَاكِرٌ عَلِيمٌ

Transliteration inna l-ṣafā wal-marwata min shaʿāiri l-lahi faman ḥajja l-bayta awi iʿ'tamara falā junāḥa ʿalayhi an yaṭṭawwafa bihimā waman taṭawwaʿa khayran fa-inna l-laha shākirun ʿalīmun

Tajik Сафо ва Марва аз шиорҳои дини Аллоҳ ҳастанд. Пас касе, ки қасди хонаи Аллоҳ карда, ҳаҷи хонаро ба ҷой меоварад ё умра мегузорад, пас, бар вай гуноҳе нест, ки дар миёни ин ҳар ду тавоф кунад, балки тавоф кардан бар вай воҷиб аст. Ҳар кӣ ба рағбати худ амали неке анҷом диҳад, бидонад, ки Аллоҳ шукргузори доност!

Verse 159

إِنَّ ٱلَّذِينَ يَكْتُمُونَ مَآ أَنزَلْنَا مِنَ ٱلْبَيِّنَـٰتِ وَٱلْهُدَىٰ مِنۢ بَعْدِ مَا بَيَّنَّـٰهُ لِلنَّاسِ فِى ٱلْكِتَـٰبِ ۙ أُو۟لَـٰٓئِكَ يَلْعَنُهُمُ ٱللَّهُ وَيَلْعَنُهُمُ ٱللَّـٰعِنُونَ

Transliteration inna alladhīna yaktumūna mā anzalnā mina l-bayināti wal-hudā min baʿdi mā bayyannāhu lilnnāsi fī l-kitābi ulāika yalʿanuhumu l-lahu wayalʿanuhumu l-lāʿinūna

Tajik Албатта он касоне, ки далели равшан ва ҳидоятеро, ки Мо фуруд фиристодаем ва онро дар китоби Таврот ва Инҷил баён кардаем, пинҳон мекунанд. Аллоҳ таъоло онҳоро (яъне олимони яҳуд ва насоро) ро аз раҳмати худ дур мекунад ва Ӯ ва ҷамиъи махлуқот онҳоро лаънат мекунанд.

Verse 160

إِلَّا ٱلَّذِينَ تَابُوا۟ وَأَصْلَحُوا۟ وَبَيَّنُوا۟ فَأُو۟لَـٰٓئِكَ أَتُوبُ عَلَيْهِمْ ۚ وَأَنَا ٱلتَّوَّابُ ٱلرَّحِيمُ

Transliteration illā alladhīna tābū wa-aṣlaḥū wabayyanū fa-ulāika atūbu ʿalayhim wa-anā l-tawābu l-raḥīmu

Tajik Магар онҳое, ки аз хатогиҳои худ тавба карданд ва худро ислоҳ карданд ва он чӣ пинҳон дошта буданд, ошкор сохтанд, тавбаашонро мепазирам ва Ман тавбапазиру меҳрубонам!

Verse 161

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ وَمَاتُوا۟ وَهُمْ كُفَّارٌ أُو۟لَـٰٓئِكَ عَلَيْهِمْ لَعْنَةُ ٱللَّهِ وَٱلْمَلَـٰٓئِكَةِ وَٱلنَّاسِ أَجْمَعِينَ

Transliteration inna alladhīna kafarū wamātū wahum kuffārun ulāika ʿalayhim laʿnatu l-lahi wal-malāikati wal-nāsi ajmaʿīna

Tajik Ба дурустӣ, онон ки имонро инкор карданд ва ҳақро пинҳон карданд ва бар куфрашон давом карданд, лаънати Аллоҳ ва фариштагону ҳамаи мардум бар онҳо бод!

Verse 162

خَـٰلِدِينَ فِيهَا ۖ لَا يُخَفَّفُ عَنْهُمُ ٱلْعَذَابُ وَلَا هُمْ يُنظَرُونَ

Transliteration khālidīna fīhā lā yukhaffafu ʿanhumu l-ʿadhābu walā hum yunẓarūna

Tajik Ҷовидона дар лаънатанд ва дар азобашон сабукӣ дода нашавад ва лаҳзае барои узр талабидан мӯхлаташон надиҳанд.

Verse 163

وَإِلَـٰهُكُمْ إِلَـٰهٌ وَٰحِدٌ ۖ لَّآ إِلَـٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلرَّحْمَـٰنُ ٱلرَّحِيمُ

Transliteration wa-ilāhukum ilāhun wāḥidun lā ilāha illā huwa l-raḥmānu l-raḥīmu

Tajik Эй мардум, маъбуди шумо Аллоҳи ягона аст дар зот, ном, сифот, афъол ва парастиш ва ба ҷуз Ӯ ҳеҷ кас сазовори ибодат нест. Маъбуде ғайри Ӯ нест, бахшоянда аст барои ҷамиъи халқ ва меҳрубон аст бо мӯъминон!

Verse 164

إِنَّ فِى خَلْقِ ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَٱخْتِلَـٰفِ ٱلَّيْلِ وَٱلنَّهَارِ وَٱلْفُلْكِ ٱلَّتِى تَجْرِى فِى ٱلْبَحْرِ بِمَا يَنفَعُ ٱلنَّاسَ وَمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مِن مَّآءٍ فَأَحْيَا بِهِ ٱلْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا وَبَثَّ فِيهَا مِن كُلِّ دَآبَّةٍ وَتَصْرِيفِ ٱلرِّيَـٰحِ وَٱلسَّحَابِ ٱلْمُسَخَّرِ بَيْنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلْأَرْضِ لَـَٔايَـٰتٍ لِّقَوْمٍ يَعْقِلُونَ

Transliteration inna fī khalqi l-samāwāti wal-arḍi wa-ikh'tilāfi al-layli wal-nahāri wal-ful'ki allatī tajrī fī l-baḥri bimā yanfaʿu l-nāsa wamā anzala l-lahu mina l-samāi min māin fa-aḥyā bihi l-arḍa baʿda mawtihā wabatha fīhā min kulli dābbatin wataṣrīfi l-riyāḥi wal-saḥābi l-musakhari bayna l-samāi wal-arḍi laāyātin liqawmin yaʿqilūna

Tajik Ба дурустӣ, дар офариниши осмонҳо бинобар баландӣ ва васеъияш ва замин бинобар кӯҳу пастӣ ва дарёҳояш ва дар паи якдигар омадани шабу рӯз ва дар киштиҳое, ки дар дарё мераванд ва сабаби нафъи мардуманд ва дар бороне, ки Аллоҳ аз осмон фурӯ мефиристад, то замини мурдаро ба он зинда созад ва ҷунбандагонро дар он пароканда кунад ва дар гардонидани бодҳо ва абрҳои ромшуда, ки миёни замину осмонанд, дар ҳамаи инҳо барои хирадмандоне, ки дармеёбанд, нишонаҳост! Ва ба ин далелҳо мефаҳманд, ки ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ кас сазовори ибодат нест.

Verse 165

وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَتَّخِذُ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَندَادًا يُحِبُّونَهُمْ كَحُبِّ ٱللَّهِ ۖ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ أَشَدُّ حُبًّا لِّلَّهِ ۗ وَلَوْ يَرَى ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓا۟ إِذْ يَرَوْنَ ٱلْعَذَابَ أَنَّ ٱلْقُوَّةَ لِلَّهِ جَمِيعًا وَأَنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلْعَذَابِ

Transliteration wamina l-nāsi man yattakhidhu min dūni l-lahi andādan yuḥibbūnahum kaḥubbi l-lahi wa-alladhīna āmanū ashaddu ḥubban lillahi walaw yarā alladhīna ẓalamū idh yarawna l-ʿadhāba anna l-quwata lillahi jamīʿan wa-anna l-laha shadīdu l-ʿadhābi

Tajik Бо вуҷуди ин далелҳои равшан баъзе аз мардум бо Аллоҳ шариконе ихтиёр мекунанд ва онҳоро бо таъзиму тоъат чунон дӯст медоранд, ки гӯё Аллоҳанд. Ҳол он ки таъзиму тоъат ҷуз барои Аллоҳ ба касе ё чизе сазовор нест. Вале онон, ки имон овардаанд, қавитаранд дар дӯстии Аллоҳ аз дӯстии кофирон бар маъбудони худ. Зеро мӯъминон ҳамаи муҳаббатро холис аз барои Аллоҳ медоранд ва мушрикон дар муҳаббат шарик қарор медиҳанд. Онон, ки нафси худро бо ширк зулм кардаанд ва агар азоби охиратро мушоҳида мекарданд, медонистанд, ки танҳо Аллоҳ дорои ҳамаи қувват аст ва Ӯ сахт азобкунандааст. Он гоҳ ба ҷуз Аллоҳ касеро маъбуд намегирифтанд ва наздик намешуданд.

Verse 166

إِذْ تَبَرَّأَ ٱلَّذِينَ ٱتُّبِعُوا۟ مِنَ ٱلَّذِينَ ٱتَّبَعُوا۟ وَرَأَوُا۟ ٱلْعَذَابَ وَتَقَطَّعَتْ بِهِمُ ٱلْأَسْبَابُ

Transliteration idh tabarra-a alladhīna ittubiʿū mina alladhīna ittabaʿū wara-awū l-ʿadhāba wataqaṭṭaʿat bihimu l-asbābu

Tajik Он гоҳ, касоне, ки пайрав шудаанд аз касоне, ки пайравӣ карда буданд, безорӣ ҷӯянд ва азобро мушоҳида кунанд ва пайвандгариҳое, ки аз хешовандӣ ва дӯстӣ дар дунё доштанд, бурида шаванд.

Verse 167

وَقَالَ ٱلَّذِينَ ٱتَّبَعُوا۟ لَوْ أَنَّ لَنَا كَرَّةً فَنَتَبَرَّأَ مِنْهُمْ كَمَا تَبَرَّءُوا۟ مِنَّا ۗ كَذَٰلِكَ يُرِيهِمُ ٱللَّهُ أَعْمَـٰلَهُمْ حَسَرَٰتٍ عَلَيْهِمْ ۖ وَمَا هُم بِخَـٰرِجِينَ مِنَ ٱلنَّارِ

Transliteration waqāla alladhīna ittabaʿū law anna lanā karratan fanatabarra-a min'hum kamā tabarraū minnā kadhālika yurīhimu l-lahu aʿmālahum ḥasarātin ʿalayhim wamā hum bikhārijīna mina l-nāri

Tajik Ва он пайравон гӯянд: «Кош бори дигар бозмегаштем, то он чунон ки аз мо безорӣ ҷустаанд, аз онҳо безорӣ меҷустем. Аллох, кирдорҳояшонро инчунин сабаби ҳасраташон созад ва онҳо аз оташ раҳоӣ наёбанд! Ва ҳеҷ гоҳ онҳо аз дӯзах хориҷшаванда нестанд».

Verse 168

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ كُلُوا۟ مِمَّا فِى ٱلْأَرْضِ حَلَـٰلًا طَيِّبًا وَلَا تَتَّبِعُوا۟ خُطُوَٰتِ ٱلشَّيْطَـٰنِ ۚ إِنَّهُۥ لَكُمْ عَدُوٌّ مُّبِينٌ

Transliteration yāayyuhā l-nāsu kulū mimmā fī l-arḍi ḥalālan ṭayyiban walā tattabiʿū khuṭuwāti l-shayṭāni innahu lakum ʿaduwwun mubīnun

Tajik Эй мардум, аз он чизҳои ҳалолу покизае, ки Аллоҳ дар замин бароятон додааст, бихӯред ва роҳҳои шайтонро пайравӣ макунед. Ҳамоно шайтон душмани ошкори шумост.

Verse 169

إِنَّمَا يَأْمُرُكُم بِٱلسُّوٓءِ وَٱلْفَحْشَآءِ وَأَن تَقُولُوا۟ عَلَى ٱللَّهِ مَا لَا تَعْلَمُونَ

Transliteration innamā yamurukum bil-sūi wal-faḥshāi wa-an taqūlū ʿalā l-lahi mā lā taʿlamūna

Tajik Албатта шайтон шуморо ба ҳамаи бадиҳо ва корҳои зишт фармон медиҳад ва мехоҳад, ки дар бораи Аллоҳ чизҳое бигуед, (аз ҳалолу ҳаром) ки ба он огоҳ нестед.

Verse 170

وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱتَّبِعُوا۟ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ قَالُوا۟ بَلْ نَتَّبِعُ مَآ أَلْفَيْنَا عَلَيْهِ ءَابَآءَنَآ ۗ أَوَلَوْ كَانَ ءَابَآؤُهُمْ لَا يَعْقِلُونَ شَيْـًٔا وَلَا يَهْتَدُونَ

Transliteration wa-idhā qīla lahumu ittabiʿū mā anzala l-lahu qālū bal nattabiʿu mā alfaynā ʿalayhi ābāanā awalaw kāna ābāuhum lā yaʿqilūna shayan walā yahtadūna

Tajik Чун ба онҳо мӯъминон гӯянд, ки ба он чӣ Аллоҳ нозил кардааст, пайравӣ кунед, гӯянд: «На, мо ба ҳамон роҳе меравем, ки падаронамон мерафтанд». (яъне мушрикон) Оё пайравии падаронашон мекунанд, агар падаронашон бефаҳму гумроҳ бошанд?

Verse 171

وَمَثَلُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ كَمَثَلِ ٱلَّذِى يَنْعِقُ بِمَا لَا يَسْمَعُ إِلَّا دُعَآءً وَنِدَآءً ۚ صُمٌّۢ بُكْمٌ عُمْىٌ فَهُمْ لَا يَعْقِلُونَ

Transliteration wamathalu alladhīna kafarū kamathali alladhī yanʿiqu bimā lā yasmaʿu illā duʿāan wanidāan ṣummun buk'mun ʿum'yun fahum lā yaʿqilūna

Tajik Мисоли кофирон ва доъиёни онҳо ба сӯи ҳидоят ва имон мисли чӯпонест, ки ба чорпоён дод мезанад ва бим мекунад ва ҳол он ки чорпо маънои каломашро намефаҳмад, ҷуз нидо ва садои овозро. Ин кофирон ношунаво ҳастанд, садои ҳақро намешунаванд, гунгонанд забонашон ба ҳақ нутқ намезанад ва кӯронанд аз дидани роҳи ҳақ ва ақлҳояшон ба нафъашон кор намеқунад.

Verse 172

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ كُلُوا۟ مِن طَيِّبَـٰتِ مَا رَزَقْنَـٰكُمْ وَٱشْكُرُوا۟ لِلَّهِ إِن كُنتُمْ إِيَّاهُ تَعْبُدُونَ

Transliteration yāayyuhā alladhīna āmanū kulū min ṭayyibāti mā razaqnākum wa-ush'kurū lillahi in kuntum iyyāhu taʿbudūna

Tajik Эй касоне, имон овардаед, аз он чизҳои покизаи болаззати ҳалол, ки рӯзии шумо кардаем, бихӯред ва мабошед ба монанди кофироне, ки покизаҳоро ҳаром меҳисобанд ва палидиҳоро ҳалол мешуморанд. Ва шукри неъматҳои бузурги Аллоҳ, бо дил ва забон кунед. Агар шумо амри Ӯро ба ҷо оварда бошед ва танҳо Ӯро ибодат кунед ва ба Ӯ шарик наоред.

Verse 173

إِنَّمَا حَرَّمَ عَلَيْكُمُ ٱلْمَيْتَةَ وَٱلدَّمَ وَلَحْمَ ٱلْخِنزِيرِ وَمَآ أُهِلَّ بِهِۦ لِغَيْرِ ٱللَّهِ ۖ فَمَنِ ٱضْطُرَّ غَيْرَ بَاغٍ وَلَا عَادٍ فَلَآ إِثْمَ عَلَيْهِ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ

Transliteration innamā ḥarrama ʿalaykumu l-maytata wal-dama walaḥma l-khinzīri wamā uhilla bihi lighayri l-lahi famani uḍ'ṭurra ghayra bāghin walā ʿādin falā ith'ma ʿalayhi inna l-laha ghafūrun raḥīmun

Tajik Албатта Аллоҳ бар шумо ҳаром гардонидааст, он чизеро ки бар шумо зарар меорад, ба монанди худмурда, хун ва гӯшти хук ва он чиро, ки дар вақти забҳ номи ғайри Аллоҳ бар он бихонанд. Ва аз фазлу раҳмати Аллоҳ аст бар шумо, ки мубоҳ гардонид хӯрдани чизҳои ҳаромшударо, ҳангоме ки маҷбур шавад, ба қадри зарурат ва аз ҳад нагузаронад, пас бар вай гуноҳе нест. Ба дурустӣ, Аллоҳ омурзанда ва бахшоянда аст!

Verse 174

إِنَّ ٱلَّذِينَ يَكْتُمُونَ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلْكِتَـٰبِ وَيَشْتَرُونَ بِهِۦ ثَمَنًا قَلِيلًا ۙ أُو۟لَـٰٓئِكَ مَا يَأْكُلُونَ فِى بُطُونِهِمْ إِلَّا ٱلنَّارَ وَلَا يُكَلِّمُهُمُ ٱللَّهُ يَوْمَ ٱلْقِيَـٰمَةِ وَلَا يُزَكِّيهِمْ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ

Transliteration inna alladhīna yaktumūna mā anzala l-lahu mina l-kitābi wayashtarūna bihi thamanan qalīlan ulāika mā yakulūna fī buṭūnihim illā l-nāra walā yukallimuhumu l-lahu yawma l-qiyāmati walā yuzakkīhim walahum ʿadhābun alīmun

Tajik Онон, ки пинҳон медоранд аз сифатҳои Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ҳақиқатҳои дигареро, ки Аллоҳ дар китоб нозил кардааст ва онро бо баҳои андаке аз моли дунё мефурӯшанд. Ба ивази ин корашон дар рӯзи қиёмат шикамҳои худро аз оташ пур месозанд. Аллоҳ ба онҳо сухан намегӯяд ва онҳоро пок намесозад ва барои онҳо азоби аламнок аст.

Verse 175

أُو۟لَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ ٱشْتَرَوُا۟ ٱلضَّلَـٰلَةَ بِٱلْهُدَىٰ وَٱلْعَذَابَ بِٱلْمَغْفِرَةِ ۚ فَمَآ أَصْبَرَهُمْ عَلَى ٱلنَّارِ

Transliteration ulāika alladhīna ish'tarawū l-ḍalālata bil-hudā wal-ʿadhāba bil-maghfirati famā aṣbarahum ʿalā l-nāri

Tajik Инҳо гумроҳиро ба ҷои ҳидоят ва азобро ба ҷои омӯрзиш хариданд. Чӣ гуна ҷуръат мекунанд ба сабр кардан дар оташи дӯзах?! Аллоҳ аз ин иқдомашон дар тааҷҷуб мешавад. Пас, эй одамон, аз ҷуръат ва сабри онон тааҷҷуб кунед.

Verse 176

ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ نَزَّلَ ٱلْكِتَـٰبَ بِٱلْحَقِّ ۗ وَإِنَّ ٱلَّذِينَ ٱخْتَلَفُوا۟ فِى ٱلْكِتَـٰبِ لَفِى شِقَاقٍۭ بَعِيدٍ

Transliteration dhālika bi-anna l-laha nazzala l-kitāba bil-ḥaqi wa-inna alladhīna ikh'talafū fī l-kitābi lafī shiqāqin baʿīdin

Tajik Ин азоберо, ки онон сазовор шуданд, ба сабаби он аст, ки ба китоби бар паёмбараш фуруд овардаи Аллоҳ кофир шуданд. Ва онон, ки дар китоб ихтилоф карданд ва ба баъзе китоб имон оварданд ва ба баъзеаш куфр оварданд, ҳамоно онҳо дар мухолифати дур аз ҳақ ҳастанд.

Verse 177

۞ لَّيْسَ ٱلْبِرَّ أَن تُوَلُّوا۟ وُجُوهَكُمْ قِبَلَ ٱلْمَشْرِقِ وَٱلْمَغْرِبِ وَلَـٰكِنَّ ٱلْبِرَّ مَنْ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَٱلْيَوْمِ ٱلْـَٔاخِرِ وَٱلْمَلَـٰٓئِكَةِ وَٱلْكِتَـٰبِ وَٱلنَّبِيِّـۧنَ وَءَاتَى ٱلْمَالَ عَلَىٰ حُبِّهِۦ ذَوِى ٱلْقُرْبَىٰ وَٱلْيَتَـٰمَىٰ وَٱلْمَسَـٰكِينَ وَٱبْنَ ٱلسَّبِيلِ وَٱلسَّآئِلِينَ وَفِى ٱلرِّقَابِ وَأَقَامَ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَى ٱلزَّكَوٰةَ وَٱلْمُوفُونَ بِعَهْدِهِمْ إِذَا عَـٰهَدُوا۟ ۖ وَٱلصَّـٰبِرِينَ فِى ٱلْبَأْسَآءِ وَٱلضَّرَّآءِ وَحِينَ ٱلْبَأْسِ ۗ أُو۟لَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ صَدَقُوا۟ ۖ وَأُو۟لَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلْمُتَّقُونَ

Transliteration laysa l-bira an tuwallū wujūhakum qibala l-mashriqi wal-maghribi walākinna l-bira man āmana bil-lahi wal-yawmi l-ākhiri wal-malāikati wal-kitābi wal-nabiyīna waātā l-māla ʿalā ḥubbihi dhawī l-qur'bā wal-yatāmā wal-masākīna wa-ib'na l-sabīli wal-sāilīna wafī l-riqābi wa-aqāma l-ṣalata waātā l-zakata wal-mūfūna biʿahdihim idhā ʿāhadū wal-ṣābirīna fī l-basāi wal-ḍarāi waḥīna l-basi ulāika alladhīna ṣadaqū wa-ulāika humu l-mutaqūna

Tajik Назди Аллоҳ некӣ он нест, ки дар намоз рӯи худ ба ҷониби машриқу мағриб кунед, балки некукор касест, ки ба Аллоҳи ягона, ки шарику монанд надорад ва рӯзи қиёмат ва фариштагон ва китоби Аллоҳ ва паёмбарон имон оварад. Ва моли худро, бо он ки дӯсташ дорад, ба рағбати худ ба хешовандону ятимон ва дармондагону мусофирон ва гадоёну ғуломон бубахшад. Ва намоз бигузорад ва закоти фарзшударо бидиҳад. Ва низ касоне ҳастанд, ки чун аҳде мебанданд, ба он вафо мекунанд. Ва онон, ки дар тангдастиву беморӣ ва ҳангоми ҷанг сабр мекунанд, инҳо ростгӯён ва парҳезгоронанд.

Verse 178

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ كُتِبَ عَلَيْكُمُ ٱلْقِصَاصُ فِى ٱلْقَتْلَى ۖ ٱلْحُرُّ بِٱلْحُرِّ وَٱلْعَبْدُ بِٱلْعَبْدِ وَٱلْأُنثَىٰ بِٱلْأُنثَىٰ ۚ فَمَنْ عُفِىَ لَهُۥ مِنْ أَخِيهِ شَىْءٌ فَٱتِّبَاعٌۢ بِٱلْمَعْرُوفِ وَأَدَآءٌ إِلَيْهِ بِإِحْسَـٰنٍ ۗ ذَٰلِكَ تَخْفِيفٌ مِّن رَّبِّكُمْ وَرَحْمَةٌ ۗ فَمَنِ ٱعْتَدَىٰ بَعْدَ ذَٰلِكَ فَلَهُۥ عَذَابٌ أَلِيمٌ

Transliteration yāayyuhā alladhīna āmanū kutiba ʿalaykumu l-qiṣāṣu fī l-qatlā l-ḥuru bil-ḥuri wal-ʿabdu bil-ʿabdi wal-unthā bil-unthā faman ʿufiya lahu min akhīhi shayon fa-ittibāʿun bil-maʿrūfi wa-adāon ilayhi bi-iḥ'sānin dhālika takhfīfun min rabbikum waraḥmatun famani iʿ'tadā baʿda dhālika falahu ʿadhābun alīmun

Tajik Эй касоне, ки имон овардаед, (дар бораи куштагоне, ки қасдан кушта шудаанд) бар шумо қасос муқаррар шуд: озод дар баробари озод ва банда дар баробари банда ва зан дар баробари зан. Пас ҳар кас, ки аз ҷониби бародари худ афв гардад, бояд, ки бо хушнудӣ аз паи адои хунбаҳо равад ва онро ба тарзе некӯ бетаъхиру нуқсон ба ӯ пардозад. Ин ҳукм сабукиву раҳмест аз ҷониби Парвардигоратон. Пас касе, ки баъди авф карданаш ва ҳунбаҳоро гирифтанаш, қотилро кушад, барои ӯ азоби дардовар ва оташест дар охират.

Verse 179

وَلَكُمْ فِى ٱلْقِصَاصِ حَيَوٰةٌ يَـٰٓأُو۟لِى ٱلْأَلْبَـٰبِ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ

Transliteration walakum fī l-qiṣāṣi ḥayatun yāulī l-albābi laʿallakum tattaqūna

Tajik Ва эй хирадмандон, шуморо дар қасос кардан зиндагист. Бояд ки битарсед ва парҳезгор шавед!

Verse 180

كُتِبَ عَلَيْكُمْ إِذَا حَضَرَ أَحَدَكُمُ ٱلْمَوْتُ إِن تَرَكَ خَيْرًا ٱلْوَصِيَّةُ لِلْوَٰلِدَيْنِ وَٱلْأَقْرَبِينَ بِٱلْمَعْرُوفِ ۖ حَقًّا عَلَى ٱلْمُتَّقِينَ

Transliteration kutiba ʿalaykum idhā ḥaḍara aḥadakumu l-mawtu in taraka khayran l-waṣiyatu lil'wālidayni wal-aqrabīna bil-maʿrūfi ḥaqqan ʿalā l-mutaqīna

Tajik Аллоҳ фарз гардонид, ҳар вақте ки бар яке аз шумо нишонаҳои марг фаро расад ва моле бар ҷой гузорад, муқаррар шуд, ки дар бораи падару модар ва хешовандон аз рӯи инсоф васият кунад. Пас тарк накунад дар васияташ фақирро ва бидиҳад сарватмандро . Ва ин шоистаи парҳезгорон аст.

Verse 181

فَمَنۢ بَدَّلَهُۥ بَعْدَ مَا سَمِعَهُۥ فَإِنَّمَآ إِثْمُهُۥ عَلَى ٱلَّذِينَ يُبَدِّلُونَهُۥٓ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

Transliteration faman baddalahu baʿdamā samiʿahu fa-innamā ith'muhu ʿalā alladhīna yubaddilūnahu inna al-laha sami'un alimun

Tajik Пас ҳар кас, ки он васияти майитро бишнавад ва он гоҳ дигаргунаш созад, гуноҳаш бар он касест, ки онро дигаргун сохтааст. Ҳамоно Аллоҳ мешунавад васияти шуморо ва медонад он чиро, ки махфӣ медоред дар дил; (ба майл кардан суи ҳақ ва адл ё зулму ҳалокӣ.)

Verse 182

فَمَنْ خَافَ مِن مُّوصٍ جَنَفًا أَوْ إِثْمًا فَأَصْلَحَ بَيْنَهُمْ فَلَآ إِثْمَ عَلَيْهِ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ

Transliteration faman khāfa min mūṣin janafan aw ith'man fa-aṣlaḥa baynahum falā ith'ma ʿalayhi inna l-laha ghafūrun raḥīmun

Tajik Гар касе донад, ки васияткунандае дар васияти худ дур аст аз ҳақ, хоҳ қасдан бошад ё саҳван ва насиҳат кунад васияткунандаро ба адл ва ӯ насиҳатро қабул накунад, пас агар ислоҳе миёни онон пардозад, ба тағйир додани васият то мувофиқи шариъат шавад муртакиби гуноҳе нашудааст. Ба дурустӣ Аллоҳ омурзандаи меҳрубон аст!

Verse 183

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ كُتِبَ عَلَيْكُمُ ٱلصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ

Transliteration yāayyuhā alladhīna āmanū kutiba ʿalaykumu l-ṣiyāmu kamā kutiba ʿalā alladhīna min qablikum laʿallakum tattaqūna

Tajik Эй касоне, имон овардаед, рӯза доштан бар шумо фарз шуд, ҳамчунон ки бар касони пеш аз шумо буда, фарз шуда буд. Бояд ки аз Парвардигоратон битарсед, ва байни худатон ва гуноҳоятон қалъае аз тоъату ибодати Ӯ қарор диҳед.

Verse 184

أَيَّامًا مَّعْدُودَٰتٍ ۚ فَمَن كَانَ مِنكُم مَّرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِّنْ أَيَّامٍ أُخَرَ ۚ وَعَلَى ٱلَّذِينَ يُطِيقُونَهُۥ فِدْيَةٌ طَعَامُ مِسْكِينٍ ۖ فَمَن تَطَوَّعَ خَيْرًا فَهُوَ خَيْرٌ لَّهُۥ ۚ وَأَن تَصُومُوا۟ خَيْرٌ لَّكُمْ ۖ إِن كُنتُمْ تَعْلَمُونَ

Transliteration ayyāman maʿdūdātin faman kāna minkum marīḍan aw ʿalā safarin faʿiddatun min ayyāmin ukhara waʿalā alladhīna yuṭīqūnahu fid'yatun ṭaʿāmu mis'kīnin faman taṭawwaʿa khayran fahuwa khayrun lahu wa-an taṣūmū khayrun lakum in kuntum taʿlamūna

Tajik Рӯзҳои башумор рӯза доштанаш бар шумо фарз шудааст. Ҳар кас, ки аз шумо бемор ё дар сафар бошад ва рӯзадорӣ ба ӯ вазнинӣ кунад, пас рӯзаашро бихӯрад ба ҳамон ададе, ки рӯзаашро хӯрд аз рӯзҳои дигар рӯза бидорад. Ва онон, ки тавоноии рӯзаро надоранд, монанди пирсолон, бемороне, ки умеди шифоро надоранд ҳар рӯзро ба таъом додани мискине бозхаранд, яъне фидя бидиҳанд. Ва ҳар кӣ ба ихтиёр дар он бияфзояд, барояш беҳтар аст. Ва рӯза бароятон беҳтар аст, гарчанде бо машаққат бошад аз фидя додан, агар шумо манзалати бузургии рӯзаро дар назди Аллоҳи таъоло медонистед.

Verse 185

شَهْرُ رَمَضَانَ ٱلَّذِىٓ أُنزِلَ فِيهِ ٱلْقُرْءَانُ هُدًى لِّلنَّاسِ وَبَيِّنَـٰتٍ مِّنَ ٱلْهُدَىٰ وَٱلْفُرْقَانِ ۚ فَمَن شَهِدَ مِنكُمُ ٱلشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ ۖ وَمَن كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِّنْ أَيَّامٍ أُخَرَ ۗ يُرِيدُ ٱللَّهُ بِكُمُ ٱلْيُسْرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ ٱلْعُسْرَ وَلِتُكْمِلُوا۟ ٱلْعِدَّةَ وَلِتُكَبِّرُوا۟ ٱللَّهَ عَلَىٰ مَا هَدَىٰكُمْ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ

Transliteration shahru ramaḍāna alladhī unzila fīhi l-qur'ānu hudan lilnnāsi wabayyinātin mina l-hudā wal-fur'qāni faman shahida minkumu l-shahra falyaṣum'hu waman kāna marīḍan aw ʿalā safarin faʿiddatun min ayyāmin ukhara yurīdu l-lahu bikumu l-yus'ra walā yurīdu bikumu l-ʿus'ra walituk'milū l-ʿidata walitukabbirū l-laha ʿalā mā hadākum walaʿallakum tashkurūna

Tajik Моҳи Рамазон он аст, ки дар вай Қуръон ҳамчун раҳнамо барои мардум ва суханони равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳаққу ботил фуруд оварда шуд. Пас ҳар кас, ки аз шумо ин моҳро дарёбад, бояд ки дар рӯзҳои он моҳ рӯза бидорад. Ва ҳар кас, ки бемор ё дар сафар бошад, барои ӯ рухсат аст рӯза надорад, баъд аз он барои вай ба шумораи он чи фавт шуд, аз рӯзҳои дигар рӯза доштанаш лозим аст. Аллоҳ дар шариъати худ барои шумо осониро мехоҳад ва ба шумо душворӣ ва машаққатро намехоҳад ва мехоҳад, ки иддаро комил созед. Ва дар иди Рамазон пас аз адои рӯза Аллоҳро бо такбир ёд кунед ва бар ҳидоятёфтанатон Ӯро бузург доред ва бар тавфиқе, ки ба шумо арзонӣ намудааст, шукргузор бошед.

Verse 186

وَإِذَا سَأَلَكَ عِبَادِى عَنِّى فَإِنِّى قَرِيبٌ ۖ أُجِيبُ دَعْوَةَ ٱلدَّاعِ إِذَا دَعَانِ ۖ فَلْيَسْتَجِيبُوا۟ لِى وَلْيُؤْمِنُوا۟ بِى لَعَلَّهُمْ يَرْشُدُونَ

Transliteration wa-idhā sa-alaka ʿibādī ʿannī fa-innī qarībun ujību daʿwata l-dāʿi idhā daʿāni falyastajībū lī walyu'minū bī laʿallahum yarshudūna

Tajik Эй Муҳаммад, чун бандагони Ман дар бораи Ман аз ту бипурсанд, Ман ба онҳо наздикам ва ба нидои касе, ки Манро бихонад, ҷавоб медиҳам. Пас Манро дар он чи ки онҳоро фармудаам ва аз он чи ки онҳоро манъ намудаам, итоъат кунанд. Ва ба Ман имон оранд. Бошад, ки роҳи ободии дину дунёашонро дарёбанд!

Verse 187

أُحِلَّ لَكُمْ لَيْلَةَ ٱلصِّيَامِ ٱلرَّفَثُ إِلَىٰ نِسَآئِكُمْ ۚ هُنَّ لِبَاسٌ لَّكُمْ وَأَنتُمْ لِبَاسٌ لَّهُنَّ ۗ عَلِمَ ٱللَّهُ أَنَّكُمْ كُنتُمْ تَخْتَانُونَ أَنفُسَكُمْ فَتَابَ عَلَيْكُمْ وَعَفَا عَنكُمْ ۖ فَٱلْـَٔـٰنَ بَـٰشِرُوهُنَّ وَٱبْتَغُوا۟ مَا كَتَبَ ٱللَّهُ لَكُمْ ۚ وَكُلُوا۟ وَٱشْرَبُوا۟ حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَكُمُ ٱلْخَيْطُ ٱلْأَبْيَضُ مِنَ ٱلْخَيْطِ ٱلْأَسْوَدِ مِنَ ٱلْفَجْرِ ۖ ثُمَّ أَتِمُّوا۟ ٱلصِّيَامَ إِلَى ٱلَّيْلِ ۚ وَلَا تُبَـٰشِرُوهُنَّ وَأَنتُمْ عَـٰكِفُونَ فِى ٱلْمَسَـٰجِدِ ۗ تِلْكَ حُدُودُ ٱللَّهِ فَلَا تَقْرَبُوهَا ۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ ءَايَـٰتِهِۦ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَتَّقُونَ

Transliteration uḥilla lakum laylata l-ṣiyāmi l-rafathu ilā nisāikum hunna libāsun lakum wa-antum libāsun lahunna ʿalima l-lahu annakum kuntum takhtānūna anfusakum fatāba ʿalaykum waʿafā ʿankum fal-āna bāshirūhunna wa-ib'taghū mā kataba l-lahu lakum wakulū wa-ish'rabū ḥattā yatabayyana lakumu l-khayṭu l-abyaḍu mina l-khayṭi l-aswadi mina l-fajri thumma atimmū l-ṣiyāma ilā al-layli walā tubāshirūhunna wa-antum ʿākifūna fī l-masājidi til'ka ḥudūdu l-lahi falā taqrabūhā kadhālika yubayyinu l-lahu āyātihi lilnnāsi laʿallahum yattaqūna

Tajik Аллоҳ дар шабҳои моҳи Рамазон бароятон ҳамбистарӣ бо ҳамсаронатонро мубоҳ гардонид. Онҳо пӯшиш ва ҳифзи шумоянд ва шумо низ пӯшиш ва ҳифзи онҳо ҳастед. Аллоҳ медонист, ки шумо бо нафси худ хиёнат меварзед, бо мухолифати ҳаромкардаи Аллоҳ дар шабҳои Рамазон бо ҳамбистарӣ карданатон бо ҳамсарон, пас тавбаи шуморо пазируфт ва шуморо афв кард ва амрро ба шумо васеъ гардонид. Акнун бо онҳо ҳамбистар шавед ва он чиро ки Аллоҳ бар шумо муқаддар гардонидааст, талаб кунед (аз фарзанд) ва бихӯреду биёшомед то равшании субҳ дар торикии шаб ошкор шавад. Ва рӯзаро то фурӯ рафтани офтоб ба шаб бирасонед. Ва чун дар масҷид ба эътикоф нишастед, бо ҳамсарон ҳамбистар нашавед. Ин ҳудуд фармони Аллоҳ аст, ба он наздик машавед. Аллоҳ оёт ва аҳкоми худро инчунин баён мекунад, бошад, ки ба парҳезгорӣ бирасанд!

Verse 188

وَلَا تَأْكُلُوٓا۟ أَمْوَٰلَكُم بَيْنَكُم بِٱلْبَـٰطِلِ وَتُدْلُوا۟ بِهَآ إِلَى ٱلْحُكَّامِ لِتَأْكُلُوا۟ فَرِيقًا مِّنْ أَمْوَٰلِ ٱلنَّاسِ بِٱلْإِثْمِ وَأَنتُمْ تَعْلَمُونَ

Transliteration walā takulū amwālakum baynakum bil-bāṭili watud'lū bihā ilā l-ḥukāmi litakulū farīqan min amwāli l-nāsi bil-ith'mi wa-antum taʿlamūna

Tajik Молҳои якдигарро ба ноҳақ (ба монанди қасами бар дурӯғ, ба зӯрӣ гирифтан, дуздӣ, пора...) махӯред ва амволи худро ба ришват ба ҳокимон мадиҳед, то бад-он сабаб молҳои гурӯҳи дигарро ба ноҳақ бихӯред. Ва шумо худ ҳаром будани инро медонед.

Verse 189

۞ يَسْـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلْأَهِلَّةِ ۖ قُلْ هِىَ مَوَٰقِيتُ لِلنَّاسِ وَٱلْحَجِّ ۗ وَلَيْسَ ٱلْبِرُّ بِأَن تَأْتُوا۟ ٱلْبُيُوتَ مِن ظُهُورِهَا وَلَـٰكِنَّ ٱلْبِرَّ مَنِ ٱتَّقَىٰ ۗ وَأْتُوا۟ ٱلْبُيُوتَ مِنْ أَبْوَٰبِهَا ۚ وَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ

Transliteration yasalūnaka ʿani l-ahilati qul hiya mawāqītu lilnnāsi wal-ḥaji walaysa l-biru bi-an tatū l-buyūta min ẓuhūrihā walākinna l-bira mani ittaqā watū l-buyūta min abwābihā wa-ittaqū l-laha laʿallakum tuf'liḥūna

Tajik Аз ту, эй Паёмбар, дар бораи ҳилолҳои моҳ мепурсанд, бигӯ: Аллоҳ онро нишона гардондаст барои донистани мардум вақтҳои ибодати худро, ба монанди расидани вақти рӯза ва ҳаҷ ва муомилоташон. Ва накӯкорӣ он нест, ки аз пушт ба хонаҳо дароед, вале накӯкорӣ роҳи касонест, ки парҳезгор бошанд ва аз дарҳо ба хонаҳо дароянд. Бинобар ин Аллоҳ хабар дод, ки ин некӯкорӣ нест ва Аллоҳ ин корро машруъ накардааст. Балки некӯкорӣ он аст, ки аз Аллоҳ битарсад ва аз гуноҳ дур шавад. Ва дар ҳама ҳолат аз Аллоҳ битарсед, то растагор шавед.

Verse 190

وَقَـٰتِلُوا۟ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ ٱلَّذِينَ يُقَـٰتِلُونَكُمْ وَلَا تَعْتَدُوٓا۟ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ ٱلْمُعْتَدِينَ

Transliteration waqātilū fī sabīli l-lahi alladhīna yuqātilūnakum walā taʿtadū inna l-laha lā yuḥibbu l-muʿ'tadīna

Tajik Эй мӯъминон, дар роҳи Аллоҳ бо касоне ҷанг кунед, ки бо шумо ҷанг мекунанд, ва аз ҳад нагузаред (ба монанди куштани занон, девонагон, кӯдакон, роҳибон ва куштани ҳайвонот ва буридани дарахтон). Зеро Аллоҳ аз ҳад гузарандагонро дӯст надорад!

Verse 191

وَٱقْتُلُوهُمْ حَيْثُ ثَقِفْتُمُوهُمْ وَأَخْرِجُوهُم مِّنْ حَيْثُ أَخْرَجُوكُمْ ۚ وَٱلْفِتْنَةُ أَشَدُّ مِنَ ٱلْقَتْلِ ۚ وَلَا تُقَـٰتِلُوهُمْ عِندَ ٱلْمَسْجِدِ ٱلْحَرَامِ حَتَّىٰ يُقَـٰتِلُوكُمْ فِيهِ ۖ فَإِن قَـٰتَلُوكُمْ فَٱقْتُلُوهُمْ ۗ كَذَٰلِكَ جَزَآءُ ٱلْكَـٰفِرِينَ

Transliteration wa-uq'tulūhum ḥaythu thaqif'tumūhum wa-akhrijūhum min ḥaythu akhrajūkum wal-fit'natu ashaddu mina l-qatli walā tuqātilūhum ʿinda l-masjidi l-ḥarāmi ḥattā yuqātilūkum fīhi fa-in qātalūkum fa-uq'tulūhum kadhālika jazāu l-kāfirīna

Tajik Ҳар ҷо, ки онҳо мушриконро биёбед, бикушед ва аз он ҷо, ки шуморо берун карданд, (яъне, аз Макка) берун кунед, ки фитна; куфр, ширк ва пеши роҳи исломро бастан аз қатл сахттар аст. Ва дар Масҷидулҳаром шумо бо онҳо ҷанг сар накунед, то он гоҳ, ки бо шумо ҷанг сар накунанд. Ва агар бо шумо дар Масҷидулҳаром ҷангиданд, пас онҳоро бикушед, ки ин аст ҷазои кофирон!

Verse 192

فَإِنِ ٱنتَهَوْا۟ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ

Transliteration fa-ini intahaw fa-inna l-laha ghafūrun raḥīmun

Tajik Ва агар бозистоданд аз куфр ва ҷангидан бо шумо дар назди Масҷидулҳаром ва дохили имон шуданд, пас ба дурусти Аллоҳ омурзанда ва меҳрубон аст!

Verse 193

وَقَـٰتِلُوهُمْ حَتَّىٰ لَا تَكُونَ فِتْنَةٌ وَيَكُونَ ٱلدِّينُ لِلَّهِ ۖ فَإِنِ ٱنتَهَوْا۟ فَلَا عُدْوَٰنَ إِلَّا عَلَى ٱلظَّـٰلِمِينَ

Transliteration waqātilūhum ḥattā lā takūna fit'natun wayakūna l-dīnu lillahi fa-ini intahaw falā ʿud'wāna illā ʿalā l-ẓālimīna

Tajik Эй мӯъминон, бо мушрикони ситамгар бардавом биҷангед, то дигар фитнае барои мусалмонон боқӣ намонад ва дин танҳо дини Аллоҳ шавад. Пас, чунон ки ин мақсад ҳосил шуд, на куштор ҳаст на ҷанг. Пас агар онҳо аз ҷангидан бо шумо дар Масҷидулҳаром бозистанд, шумо бо онҳо таҷовуз накунед ва ҳар касе, ки ситам карда бошад, ба андозаи ситаме, ки кард, ҷазо дода мешавад!

Verse 194

ٱلشَّهْرُ ٱلْحَرَامُ بِٱلشَّهْرِ ٱلْحَرَامِ وَٱلْحُرُمَـٰتُ قِصَاصٌ ۚ فَمَنِ ٱعْتَدَىٰ عَلَيْكُمْ فَٱعْتَدُوا۟ عَلَيْهِ بِمِثْلِ مَا ٱعْتَدَىٰ عَلَيْكُمْ ۚ وَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ وَٱعْلَمُوٓا۟ أَنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلْمُتَّقِينَ

Transliteration al-shahru l-ḥarāmu bil-shahri l-ḥarāmi wal-ḥurumātu qiṣāṣun famani iʿ'tadā ʿalaykum fa-iʿ'tadū ʿalayhi bimith'li mā iʿ'tadā ʿalaykum wa-ittaqū l-laha wa-iʿ'lamū anna l-laha maʿa l-mutaqīna

Tajik Ҷангидани шумо, эй мӯъминон бо мушрикон дар моҳе, ки Аллоҳ ҷангиданро дар он ҳаром кардааст, ҷазоест барояшон дар он моҳ, яъне, ҳар чизе ки мавриди эҳтиром қарор гирад аз моҳи ҳаром, шаҳри ҳаром ва тамоми чизҳое, ки шариъат ба такрими он амр кардааст, пас ҳар кас ба ин муқаддасот ва муҳаррамот беҳурматӣ кунад, аз ӯ қасос гирифта мешавад. Бинобар ин касе дар моҳи ҳаром биҷангад, бо ӯ ҷанг хоҳад шуд. Ва аз Аллоҳ битарсед ва бидонед, ки Ӯ бо парҳезгорон аст!

Verse 195

وَأَنفِقُوا۟ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ وَلَا تُلْقُوا۟ بِأَيْدِيكُمْ إِلَى ٱلتَّهْلُكَةِ ۛ وَأَحْسِنُوٓا۟ ۛ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلْمُحْسِنِينَ

Transliteration wa-anfiqū fī sabīli l-lahi walā tul'qū bi-aydīkum ilā l-tahlukati wa-aḥsinū inna l-laha yuḥibbu l-muḥ'sinīna

Tajik Эй мӯъминон, ҳамеша дар роҳи Аллоҳ барои нусрати динаш ва ҷиҳод дар роҳи Ӯ харҷ кунед ва худатонро ба дасти хеш аз тарки ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ ва харҷ накардан дар роҳи Аллоҳ ба ҳалокат маяндозед ва некӣ кунед (дар харҷ кардан ва тоъат) ва амалатонро холис барои Аллоҳ кунед, ки Аллоҳ аҳли ихлос ва некӯкоронро дӯст медорад.

Verse 196

وَأَتِمُّوا۟ ٱلْحَجَّ وَٱلْعُمْرَةَ لِلَّهِ ۚ فَإِنْ أُحْصِرْتُمْ فَمَا ٱسْتَيْسَرَ مِنَ ٱلْهَدْىِ ۖ وَلَا تَحْلِقُوا۟ رُءُوسَكُمْ حَتَّىٰ يَبْلُغَ ٱلْهَدْىُ مَحِلَّهُۥ ۚ فَمَن كَانَ مِنكُم مَّرِيضًا أَوْ بِهِۦٓ أَذًى مِّن رَّأْسِهِۦ فَفِدْيَةٌ مِّن صِيَامٍ أَوْ صَدَقَةٍ أَوْ نُسُكٍ ۚ فَإِذَآ أَمِنتُمْ فَمَن تَمَتَّعَ بِٱلْعُمْرَةِ إِلَى ٱلْحَجِّ فَمَا ٱسْتَيْسَرَ مِنَ ٱلْهَدْىِ ۚ فَمَن لَّمْ يَجِدْ فَصِيَامُ ثَلَـٰثَةِ أَيَّامٍ فِى ٱلْحَجِّ وَسَبْعَةٍ إِذَا رَجَعْتُمْ ۗ تِلْكَ عَشَرَةٌ كَامِلَةٌ ۗ ذَٰلِكَ لِمَن لَّمْ يَكُنْ أَهْلُهُۥ حَاضِرِى ٱلْمَسْجِدِ ٱلْحَرَامِ ۚ وَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ وَٱعْلَمُوٓا۟ أَنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلْعِقَابِ

Transliteration wa-atimmū l-ḥaja wal-ʿum'rata lillahi fa-in uḥ'ṣir'tum famā is'taysara mina l-hadyi walā taḥliqū ruūsakum ḥattā yablugha l-hadyu maḥillahu faman kāna minkum marīḍan aw bihi adhan min rasihi fafid'yatun min ṣiyāmin aw ṣadaqatin aw nusukin fa-idhā amintum faman tamattaʿa bil-ʿum'rati ilā l-ḥaji famā is'taysara mina l-hadyi faman lam yajid faṣiyāmu thalāthati ayyāmin fī l-ḥaji wasabʿatin idhā rajaʿtum til'ka ʿasharatun kāmilatun dhālika liman lam yakun ahluhu ḥāḍirī l-masjidi l-ḥarāmi wa-ittaqū l-laha wa-iʿ'lamū anna l-laha shadīdu l-ʿiqābi

Tajik Ҳаҷ ва умраро барои Аллоҳ комил ба ҷой оред. Ва агар шумо аз ҳаҷ боздошта шавед, ба монанди қасди душман ё беморӣ он қадар, ки муяссар аст, аз шутур ё гов ё гусфанд қурбонӣ кунед (ба қасди наздик шудан ба Аллоҳ) ва сар матарошед, вақте ки дар роҳ боздошта шудаед, то қурбонии шумо ба қурбонгоҳаш бирасад. Баъд аз анҷоми он аз эҳром баромаданатон ҳалол мешавад. Ҳамчунон ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар Ҳудайбия анҷом доданд. Баъд аз он сарашро метарошад. Аммо шахсе, ки дар Ҳарам аст, қурбониаш ба ҷо намеояд, магар дар Ҳарам. Вақти он рӯзи ид аст, рӯзи даҳуми моҳи зулҳиҷҷа ва се рӯзи баъди он аз айёми ташриқ. Ё агар сараш захм ё шабуш дошта бошад, пас барои ӯ ҷоиз аст, ки сари худро битарошад, аммо барои ӯ лозим аст, ки фидя бидиҳад ва фидяаш се рӯз рӯза гирифтан ё ғизо додан ба шаш мискин ва ё забҳи ҳайвоне аст, ки барои қурбонӣ ҷоиз аст ва ӯ аз миёни ин чизҳо якеро интихоб менамояд. Аммо забҳ кардан беҳтараст. Ва чун эмин шудед; ва ҳар кӣ ба сабаби адои умра то вақти ҳаҷ баҳравар шуд, он қадар ки ӯро муяссар аст, қурбонӣ кунад. Ва ҳар киро қурбонӣ муяссар нашуд, се рӯз дар ҳаҷ рӯза бидорад ва чун аз ҳаҷ ба аҳли худ бозгардад, ҳафт рӯз рӯза бидорад, то даҳ рӯзи комил шавад. Ва лозим аст, ки даҳ рӯз рӯзаро бидорад. Ва ин ҳукм (яъне қурбонӣ ва рӯза доштан) барои касест, ки аз мардуми Макка набошад. Аз Аллоҳ битарсед ва амру наҳйи Ӯро ба ҷо оред ва бидонед, ки Аллоҳ ба сахтӣ уқубат мекунад шахсеро, ки мухолифи амри Ӯ шавад!

Verse 197

ٱلْحَجُّ أَشْهُرٌ مَّعْلُومَـٰتٌ ۚ فَمَن فَرَضَ فِيهِنَّ ٱلْحَجَّ فَلَا رَفَثَ وَلَا فُسُوقَ وَلَا جِدَالَ فِى ٱلْحَجِّ ۗ وَمَا تَفْعَلُوا۟ مِنْ خَيْرٍ يَعْلَمْهُ ٱللَّهُ ۗ وَتَزَوَّدُوا۟ فَإِنَّ خَيْرَ ٱلزَّادِ ٱلتَّقْوَىٰ ۚ وَٱتَّقُونِ يَـٰٓأُو۟لِى ٱلْأَلْبَـٰبِ

Transliteration al-ḥaju ashhurun maʿlūmātun faman faraḍa fīhinna l-ḥaja falā rafatha walā fusūqa walā jidāla fī l-ḥaji wamā tafʿalū min khayrin yaʿlamhu l-lahu watazawwadū fa-inna khayra l-zādi l-taqwā wa-ittaqūni yāulī l-albābi

Tajik Ҳаҷ дар моҳҳои муъайянест. Яъне, шаввол, зулқаъда, ва даҳаи аввали зулҳиҷҷа. Пас ҳар киро ҳаҷ воҷиб гардид, дар он моҳҳо, ин фаризаро адо кунад, пас бояд дар вақти ҳаҷ ҷимоъ накунад ва фисқе аз ӯ сар назанад ва хусумат накунад. Ва берун омаданаш аз тоъати Аллоҳ ҳаром ва бо ҳам муноқиша карданаш ба ғазаб ва кароҳият меанҷомад. Ҳар кори неке анҷом медиҳед, Аллоҳ аз он огоҳ аст. Ҳар якеро бар амалаш ҷазои кофӣ медиҳад. Ва барои нафси хеш тӯша кунед, ки беҳтарини тӯшаҳо парҳезгорист. Эй соҳибхирадмандон, аз Ман битарсед!

Verse 198

لَيْسَ عَلَيْكُمْ جُنَاحٌ أَن تَبْتَغُوا۟ فَضْلًا مِّن رَّبِّكُمْ ۚ فَإِذَآ أَفَضْتُم مِّنْ عَرَفَـٰتٍ فَٱذْكُرُوا۟ ٱللَّهَ عِندَ ٱلْمَشْعَرِ ٱلْحَرَامِ ۖ وَٱذْكُرُوهُ كَمَا هَدَىٰكُمْ وَإِن كُنتُم مِّن قَبْلِهِۦ لَمِنَ ٱلضَّآلِّينَ

Transliteration laysa ʿalaykum junāḥun an tabtaghū faḍlan min rabbikum fa-idhā afaḍtum min ʿarafātin fa-udh'kurū l-laha ʿinda l-mashʿari l-ḥarāmi wa-udh'kurūhu kamā hadākum wa-in kuntum min qablihi lamina l-ḍālīna

Tajik Агар ба ҳангоми ҳаҷ талаб кунед рӯзиеро аз Парвардигоратон бо фоида бурдан аз савдо дар айёми ҳаҷ, гунаҳгор нашудаед ва чун баъди гуруби офтоб аз Арафот бозгаштаед, Аллоҳро дар Машъарулҳаром бо тасбеҳу такбир ва дуъо ёд кунед, ки шуморо ба роҳи рост ҳидоят фармуд, ҳароина пеш аз ин аз он гумроҳон будед, ҳақро намедонистед.

Verse 199

ثُمَّ أَفِيضُوا۟ مِنْ حَيْثُ أَفَاضَ ٱلنَّاسُ وَٱسْتَغْفِرُوا۟ ٱللَّهَ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ

Transliteration thumma afīḍū min ḥaythu afāḍa l-nāsu wa-is'taghfirū l-laha inna l-laha ghafūrun raḥīmun

Tajik Сипас аз он ҷое, (аз Арафот) ки оммаи мардум аз замони Иброҳим то имрӯз аз он боз мегарданд, бозгардед. Ва аз Аллоҳ омӯрзиш бихоҳед, то гуноҳатонро биёмӯрзад. Ба дурустӣ, ки Ӯ омӯрзандаи меҳрубон аст!

Verse 200

فَإِذَا قَضَيْتُم مَّنَـٰسِكَكُمْ فَٱذْكُرُوا۟ ٱللَّهَ كَذِكْرِكُمْ ءَابَآءَكُمْ أَوْ أَشَدَّ ذِكْرًا ۗ فَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَقُولُ رَبَّنَآ ءَاتِنَا فِى ٱلدُّنْيَا وَمَا لَهُۥ فِى ٱلْـَٔاخِرَةِ مِنْ خَلَـٰقٍ

Transliteration fa-idhā qaḍaytum manāsikakum fa-udh'kurū l-laha kadhik'rikum ābāakum aw ashadda dhik'ran famina l-nāsi man yaqūlu rabbanā ātinā fī l-dun'yā wamā lahu fī l-ākhirati min khalāqin

Tajik Чун ибодати худро пурра ба ҷой овардед, Аллоҳро бештар ёд кунед, ҳамчунон ки падарони хешро ёд мекардед. Гурӯҳе аз мардум мақсадашон дунё аст фақат, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро дар дунё чизе бидеҳ: аз саломатӣ, мол ва фарзанд». Инҳоро дар охират насибе нест.

Verse 201

وَمِنْهُم مَّن يَقُولُ رَبَّنَآ ءَاتِنَا فِى ٱلدُّنْيَا حَسَنَةً وَفِى ٱلْـَٔاخِرَةِ حَسَنَةً وَقِنَا عَذَابَ ٱلنَّارِ

Transliteration wamin'hum man yaqūlu rabbanā ātinā fī l-dun'yā ḥasanatan wafī l-ākhirati ḥasanatan waqinā ʿadhāba l-nāri

Tajik Ва баъзе аз мардум (гурӯҳи мӯъминон) мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро дар дунё тандурустӣ, ризқ, илми нафъовар, зани солеҳа ва амали шоиста ва ғайра аз умури дину дунё ва дар охират ҷаннататро бидеҳ ва аз азоби дӯзахат моро нигоҳ дор».

Verse 202

أُو۟لَـٰٓئِكَ لَهُمْ نَصِيبٌ مِّمَّا كَسَبُوا۟ ۚ وَٱللَّهُ سَرِيعُ ٱلْحِسَابِ

Transliteration ulāika lahum naṣībun mimmā kasabū wal-lahu sarīʿu l-ḥisābi

Tajik Инҳо (муъминони дуъоҷӯ) аз он чӣ хостаанд, ба сабаби амалҳои шоистаашон ба савоби бузурге баҳраманд мешаванд. Ва Аллоҳ амалҳои бандагонашро зуд ба ҳисобгирандааст.

Verse 203

۞ وَٱذْكُرُوا۟ ٱللَّهَ فِىٓ أَيَّامٍ مَّعْدُودَٰتٍ ۚ فَمَن تَعَجَّلَ فِى يَوْمَيْنِ فَلَآ إِثْمَ عَلَيْهِ وَمَن تَأَخَّرَ فَلَآ إِثْمَ عَلَيْهِ ۚ لِمَنِ ٱتَّقَىٰ ۗ وَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ وَٱعْلَمُوٓا۟ أَنَّكُمْ إِلَيْهِ تُحْشَرُونَ

Transliteration wa-udh'kurū l-laha fī ayyāmin maʿdūdātin faman taʿajjala fī yawmayni falā ith'ma ʿalayhi waman ta-akhara falā ith'ma ʿalayhi limani ittaqā wa-ittaqū l-laha wa-iʿ'lamū annakum ilayhi tuḥ'sharūna

Tajik Аллоҳро дар рӯзҳои бошумор яъне, айёми ташриқ: рӯзҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум ва сенздаҳуми даҳаи моҳи зулҳиҷҷа ёд кунед. Ва ҳар кӣ дар ду рӯз шитоб кунад ва аз Мино қабл аз ғуруби офтоби рӯзи дувоздаҳум, баъд аз рамйи ҷимор гуноҳе бар вай нест; ва ҳар кӣ таъхир кунад, шаб бимонад дар Мино ва рӯзи сенздаҳум рамйи ҷимор кунад, пас гуноҳе нест мар касеро, ки дар ҳаҷи худ тақворо пешаи худ гирифт. Лекин таъхир кардан афзалтар аст. Зеро он тӯшаест дар ибодат ва иқтидо ба феъли Паёмбари Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам. Аз Аллоҳ битарсед, эй мусалмонон, ва дар амалҳои хеш муроқибат намоед ва бидонед, ки барои ҳисобу ҷазо ҳамагон ба пешгоҳи Ӯ гирд меоед!

Verse 204

وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يُعْجِبُكَ قَوْلُهُۥ فِى ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا وَيُشْهِدُ ٱللَّهَ عَلَىٰ مَا فِى قَلْبِهِۦ وَهُوَ أَلَدُّ ٱلْخِصَامِ

Transliteration wamina l-nāsi man yuʿ'jibuka qawluhu fī l-ḥayati l-dun'yā wayush'hidu l-laha ʿalā mā fī qalbihi wahuwa aladdu l-khiṣāmi

Tajik Баъзе аз мардум, (аз мунофиқон) касе ҳаст, ки сухани ӯ робита ба зиндагии ин дунёро дорад на охиратро, туро, эй Муҳаммад, дар тааҷҷуб меорад ва ӯ бо қасами худ баён медорад. Бар он чи дар дилаш аз муҳаббати ислом ва Аллоҳ ҳаст, гувоҳ меорад. Балки ҷуръат карда бо сухани дурӯғ ба Аллоҳ гувоҳии бар ҳақ медиҳад, ҳол он ки ӯ аз сахттарин душманони ислом ва мусалмонон аст.

Verse 205

وَإِذَا تَوَلَّىٰ سَعَىٰ فِى ٱلْأَرْضِ لِيُفْسِدَ فِيهَا وَيُهْلِكَ ٱلْحَرْثَ وَٱلنَّسْلَ ۗ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ ٱلْفَسَادَ

Transliteration wa-idhā tawallā saʿā fī l-arḍi liyuf'sida fīhā wayuh'lika l-ḥartha wal-nasla wal-lahu lā yuḥibbu l-fasāda

Tajik Ва чун аз пеши ту, эй Муҳаммад, бозгардад, дар замин бишитобад, фасод кунад ва киштзорҳо ва чорпоёнро нобуд созад ва Аллоҳ табоҳкориро дӯст надорад!

Verse 206

وَإِذَا قِيلَ لَهُ ٱتَّقِ ٱللَّهَ أَخَذَتْهُ ٱلْعِزَّةُ بِٱلْإِثْمِ ۚ فَحَسْبُهُۥ جَهَنَّمُ ۚ وَلَبِئْسَ ٱلْمِهَادُ

Transliteration wa-idhā qīla lahu ittaqi l-laha akhadhathu l-ʿizatu bil-ith'mi faḥasbuhu jahannamu walabi'sa l-mihādu

Tajik Ва чун ба он мунофиқи фасодкор гӯянд, ки аз Аллоҳ битарс ва аз азоби Ӯ ҳазар кун, дар рӯи замин фасод макун. Насиҳатро қабул намекунад, балки ӯро кибр ва одати ҷоҳилият ба гуноҳ мебарад. Пас ҷаҳаннам ӯро басандааст; ва ҳамоно он бад ҷоест!

Verse 207

وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَشْرِى نَفْسَهُ ٱبْتِغَآءَ مَرْضَاتِ ٱللَّهِ ۗ وَٱللَّهُ رَءُوفٌۢ بِٱلْعِبَادِ

Transliteration wamina l-nāsi man yashrī nafsahu ib'tighāa marḍāti l-lahi wal-lahu raūfun bil-ʿibādi

Tajik Баъзе аз мардум барои ҷӯстани хушнудии Аллоҳ ҷони хешро дар роҳи Ӯ ва баҷо овардани тоъаташ фидо мекунанд. Аллоҳ бар ин бандагон меҳрубон аст ва бо зудӣ ва бо мӯҳлат бандагони мӯъминашро дар раҳматаш қарор медиҳад ва беҳтарин мукофотро ба онҳо ато мекунад!

Verse 208

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ ٱدْخُلُوا۟ فِى ٱلسِّلْمِ كَآفَّةً وَلَا تَتَّبِعُوا۟ خُطُوَٰتِ ٱلشَّيْطَـٰنِ ۚ إِنَّهُۥ لَكُمْ عَدُوٌّ مُّبِينٌ

Transliteration yāayyuhā alladhīna āmanū ud'khulū fī l-sil'mi kāffatan walā tattabiʿū khuṭuwāti l-shayṭāni innahu lakum ʿaduwwun mubīnun

Tajik Эй касоне, ки имон овардаед, ба Аллоҳ, ки Парвардигори шумост ва ба Муҳаммад, ки паёмбари шумост ва ба ислом, ки дини шумост ҳамагон ба ислом дароед ва ба ҷамиъи аҳкоми Ӯ амал кунед ва чизеро аз он тарк макунед ва роҳҳоеро, ки дар он шайтон шуморо ба маъсият даъват менамояд, пайравӣ накунед, зеро ки ӯ душмани ошкори шумост, пас аз ӯ ҳазар кунед!

Verse 209

فَإِن زَلَلْتُم مِّنۢ بَعْدِ مَا جَآءَتْكُمُ ٱلْبَيِّنَـٰتُ فَٱعْلَمُوٓا۟ أَنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

Transliteration fa-in zalaltum min baʿdi mā jāatkumu l-bayinātu fa-iʿ'lamū anna l-laha ʿazīzun ḥakīmun

Tajik Ва агар иштибоҳ кардед ва муртакиби гуноҳ шудед, пас аз ин ки далелҳои ошкор (аз илму яқин) пеши шумо омад ва боварӣ ҳосил кардед, пас бидонед, ки Аллоҳ азиз аст дар мулки худ ва ҳаким аст дар амру наҳйяш ва ҳар чизеро дар ҷои муносибаш мегузорад.

Verse 210

هَلْ يَنظُرُونَ إِلَّآ أَن يَأْتِيَهُمُ ٱللَّهُ فِى ظُلَلٍ مِّنَ ٱلْغَمَامِ وَٱلْمَلَـٰٓئِكَةُ وَقُضِىَ ٱلْأَمْرُ ۚ وَإِلَى ٱللَّهِ تُرْجَعُ ٱلْأُمُورُ

Transliteration hal yanẓurūna illā an yatiyahumu l-lahu fī ẓulalin mina l-ghamāmi wal-malāikatu waquḍiya l-amru wa-ilā l-lahi tur'jaʿu l-umūru

Tajik Оё ин фасодкорон ва пайравони роҳҳои шайтон баъди барпо шудани далелҳои равшан мунтазири он ҳастанд, ки рӯзи қиёмат Аллоҳ бо фариштагон дар зери соябоне аз абр наздашон биёяд ва миёни бандагонаш ба адл ҳукм намояд ва кор ба анҷом расонида шавад? Ҳол он ки ҳамаи корҳо ба сӯи Аллоҳ бармегарданд.

Verse 211

سَلْ بَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ كَمْ ءَاتَيْنَـٰهُم مِّنْ ءَايَةٍۭ بَيِّنَةٍ ۗ وَمَن يُبَدِّلْ نِعْمَةَ ٱللَّهِ مِنۢ بَعْدِ مَا جَآءَتْهُ فَإِنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلْعِقَابِ

Transliteration sal banī is'rāīla kam ātaynāhum min āyatin bayyinatin waman yubaddil niʿ'mata l-lahi min baʿdi mā jāathu fa-inna l-laha shadīdu l-ʿiqābi

Tajik Эй Муҳаммад, аз бани Исроил бипурс, ки касоне, ки ба сӯи ту саркашӣ мекунанд, чӣ нишонаҳои равшане дар китобҳояшон ба онҳо додем, ки онҳоро ба сӯи ҳақ роҳнамоӣ мекунад пас ба тамоми онҳо кофир шуданд ва аз он рӯй тофтанд ва оёти Ӯро тағйир доданд. Ҳар кас, ки неъматеро, ки Аллоҳ ба ӯ ато кардааст, дигаргун созад, бидонад, ки уқубати Ӯ сахт аст!

Verse 212

زُيِّنَ لِلَّذِينَ كَفَرُوا۟ ٱلْحَيَوٰةُ ٱلدُّنْيَا وَيَسْخَرُونَ مِنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ ۘ وَٱلَّذِينَ ٱتَّقَوْا۟ فَوْقَهُمْ يَوْمَ ٱلْقِيَـٰمَةِ ۗ وَٱللَّهُ يَرْزُقُ مَن يَشَآءُ بِغَيْرِ حِسَابٍ

Transliteration zuyyina lilladhīna kafarū l-ḥayatu l-dun'yā wayaskharūna mina alladhīna āmanū wa-alladhīna ittaqaw fawqahum yawma l-qiyāmati wal-lahu yarzuqu man yashāu bighayri ḥisābin

Tajik Барои кофироне, ки ваҳдонияти Аллоҳро инкор намуданд, зиндагии инҷаҳонӣ ва он чи ки дар он аз шаҳват ва лаззатҳо ҳаст, дар чашм ва дилҳояшон зиннат дода шудааст ва мӯъминонро масхара мекунанд. Онон, ки аз Аллоҳ метарсанд, дар рӯзи қиёмат болотар аз кофирон ҳастанд ва Аллоҳ мӯъминонро ба олитарин дараҷаҳои ҷаннат дохил мекунад ва кофиронро ба пасттарин табақаҳои дӯзах фуруд меорад. Ва Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, беҳисоб рӯзӣ медиҳад!

Verse 213

كَانَ ٱلنَّاسُ أُمَّةً وَٰحِدَةً فَبَعَثَ ٱللَّهُ ٱلنَّبِيِّـۧنَ مُبَشِّرِينَ وَمُنذِرِينَ وَأَنزَلَ مَعَهُمُ ٱلْكِتَـٰبَ بِٱلْحَقِّ لِيَحْكُمَ بَيْنَ ٱلنَّاسِ فِيمَا ٱخْتَلَفُوا۟ فِيهِ ۚ وَمَا ٱخْتَلَفَ فِيهِ إِلَّا ٱلَّذِينَ أُوتُوهُ مِنۢ بَعْدِ مَا جَآءَتْهُمُ ٱلْبَيِّنَـٰتُ بَغْيًۢا بَيْنَهُمْ ۖ فَهَدَى ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ لِمَا ٱخْتَلَفُوا۟ فِيهِ مِنَ ٱلْحَقِّ بِإِذْنِهِۦ ۗ وَٱللَّهُ يَهْدِى مَن يَشَآءُ إِلَىٰ صِرَٰطٍ مُّسْتَقِيمٍ

Transliteration kāna l-nāsu ummatan wāḥidatan fabaʿatha l-lahu l-nabiyīna mubashirīna wamundhirīna wa-anzala maʿahumu l-kitāba bil-ḥaqi liyaḥkuma bayna l-nāsi fīmā ikh'talafū fīhi wamā ikh'talafa fīhi illā alladhīna ūtūhu min baʿdi mā jāathumu l-bayinātu baghyan baynahum fahadā l-lahu alladhīna āmanū limā ikh'talafū fīhi mina l-ḥaqi bi-idh'nihi wal-lahu yahdī man yashāu ilā ṣirāṭin mus'taqīmin

Tajik Мардум як уммат буданд ва имон ба Аллоҳ доштанд баъд аз он дар динашон ихтилоф карданд, пас Аллоҳ паёмбарони хушхабардиҳанда ва тарсонандаро бифиристод ва касе, ки Аллоҳро итоъат кунад, дохили биҳишт шавад ва касе ба Аллоҳ кофир шавад ва Ӯро нофармонбардорӣ кунад, дохили дӯзах шавад. Ва Аллоҳ бар паёмбарон китобҳои барҳақ нозил кард, то он китоб дар он чӣ мардум ихтилоф доранд, миёнашон ҳукм кунад, вале дар амри Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ихтилоф накарданд, магар касоне, ки ба онҳо китоби Таврот нозил шуда буд ва ихтилофашон ба сабаби зулм ва ҳасадашон буд. Аҳли китоб он чиро ки дар китобашон нозил шуда буд (аз ҳуҷҷатҳо ва аҳком), медонистанд. Пас Аллоҳ ба раҳмати худ мӯъминонро ба он ҳақиқате, ки дар он ихтилоф карданд, роҳ намуд. Ва Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад!

Verse 214

أَمْ حَسِبْتُمْ أَن تَدْخُلُوا۟ ٱلْجَنَّةَ وَلَمَّا يَأْتِكُم مَّثَلُ ٱلَّذِينَ خَلَوْا۟ مِن قَبْلِكُم ۖ مَّسَّتْهُمُ ٱلْبَأْسَآءُ وَٱلضَّرَّآءُ وَزُلْزِلُوا۟ حَتَّىٰ يَقُولَ ٱلرَّسُولُ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ مَعَهُۥ مَتَىٰ نَصْرُ ٱللَّهِ ۗ أَلَآ إِنَّ نَصْرَ ٱللَّهِ قَرِيبٌ

Transliteration am ḥasib'tum an tadkhulū l-janata walammā yatikum mathalu alladhīna khalaw min qablikum massathumu l-basāu wal-ḍarāu wazul'zilū ḥattā yaqūla l-rasūlu wa-alladhīna āmanū maʿahu matā naṣru l-lahi alā inna naṣra l-lahi qarībun

Tajik Эй муъминон оё гумон кардед, ки вориди биҳишт шавед, ҳол он ки ҳанӯз он чи ба мӯъминоне, ки пеш аз шумо буданд, омад ва барои шумо наёмадааст? (Ба монанди камбағалӣ, касалӣ, тарс ва бим.) Онҳо дучори сахтӣ ва зиён шуданд ва парешон гаштанд, то он ҷо ки Паёмбар ва мӯъминоне, ки ҳамроҳи ӯ буданд, барои зудтар омадани ёрии Аллоҳ мегуфтанд: "Ерии Аллоҳ кай хоҳад расид". Огоҳ бошед, ки ёрии Аллоҳ наздик аст.

Verse 215

يَسْـَٔلُونَكَ مَاذَا يُنفِقُونَ ۖ قُلْ مَآ أَنفَقْتُم مِّنْ خَيْرٍ فَلِلْوَٰلِدَيْنِ وَٱلْأَقْرَبِينَ وَٱلْيَتَـٰمَىٰ وَٱلْمَسَـٰكِينِ وَٱبْنِ ٱلسَّبِيلِ ۗ وَمَا تَفْعَلُوا۟ مِنْ خَيْرٍ فَإِنَّ ٱللَّهَ بِهِۦ عَلِيمٌ

Transliteration yasalūnaka mādhā yunfiqūna qul mā anfaqtum min khayrin falil'wālidayni wal-aqrabīna wal-yatāmā wal-masākīni wa-ib'ni l-sabīli wamā tafʿalū min khayrin fa-inna l-laha bihi ʿalīmun

Tajik Эй Муҳаммад, саҳобагон аз ту мепурсанд, ки аз кадом навъи молҳояшон нафақа кунанд? Ба онҳо бигӯ: Нафақа кунед аз моли поки ҳалоли худ. Аввал нафақаи худ барои падару модар ва хешовандону ятимон ва мискинону мусофирон бошад ва ҳар кори неке, ки кунед, Аллоҳ ба он огоҳ аст».

Verse 216

كُتِبَ عَلَيْكُمُ ٱلْقِتَالُ وَهُوَ كُرْهٌ لَّكُمْ ۖ وَعَسَىٰٓ أَن تَكْرَهُوا۟ شَيْـًٔا وَهُوَ خَيْرٌ لَّكُمْ ۖ وَعَسَىٰٓ أَن تُحِبُّوا۟ شَيْـًٔا وَهُوَ شَرٌّ لَّكُمْ ۗ وَٱللَّهُ يَعْلَمُ وَأَنتُمْ لَا تَعْلَمُونَ

Transliteration kutiba ʿalaykumu l-qitālu wahuwa kur'hun lakum waʿasā an takrahū shayan wahuwa khayrun lakum waʿasā an tuḥibbū shayan wahuwa sharrun lakum wal-lahu yaʿlamu wa-antum lā taʿlamūna

Tajik Аллоҳ бар шумо эй мӯъминон ҷанг бо куффорро фарз гардонд. Вале ҷанг дар табиати шумо нописандида аст; (аз сабаби машаққат ва бисёр хатарнок буданаш). Ва шояд ки шумо чизеро нохуш доред ва ҳол он ки вай барои шумо беҳтар бошад; ва шояд ки шумо чизеро дӯст доред ва ҳол он ки вай барои шумо бад бошад. Ва Аллоҳ медонад чӣ беҳтар аст барои шумо ва ҳол он ки шумо онро намедонед!

Verse 217

يَسْـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلشَّهْرِ ٱلْحَرَامِ قِتَالٍ فِيهِ ۖ قُلْ قِتَالٌ فِيهِ كَبِيرٌ ۖ وَصَدٌّ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ وَكُفْرٌۢ بِهِۦ وَٱلْمَسْجِدِ ٱلْحَرَامِ وَإِخْرَاجُ أَهْلِهِۦ مِنْهُ أَكْبَرُ عِندَ ٱللَّهِ ۚ وَٱلْفِتْنَةُ أَكْبَرُ مِنَ ٱلْقَتْلِ ۗ وَلَا يَزَالُونَ يُقَـٰتِلُونَكُمْ حَتَّىٰ يَرُدُّوكُمْ عَن دِينِكُمْ إِنِ ٱسْتَطَـٰعُوا۟ ۚ وَمَن يَرْتَدِدْ مِنكُمْ عَن دِينِهِۦ فَيَمُتْ وَهُوَ كَافِرٌ فَأُو۟لَـٰٓئِكَ حَبِطَتْ أَعْمَـٰلُهُمْ فِى ٱلدُّنْيَا وَٱلْـَٔاخِرَةِ ۖ وَأُو۟لَـٰٓئِكَ أَصْحَـٰبُ ٱلنَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَـٰلِدُونَ

Transliteration yasalūnaka ʿani l-shahri l-ḥarāmi qitālin fīhi qul qitālun fīhi kabīrun waṣaddun ʿan sabīli l-lahi wakuf'run bihi wal-masjidi l-ḥarāmi wa-ikh'rāju ahlihi min'hu akbaru ʿinda l-lahi wal-fit'natu akbaru mina l-qatli walā yazālūna yuqātilūnakum ḥattā yaruddūkum ʿan dīnikum ini is'taṭāʿū waman yartadid minkum ʿan dīnihi fayamut wahuwa kāfirun fa-ulāika ḥabiṭat aʿmāluhum fī l-dun'yā wal-ākhirati wa-ulāika aṣḥābu l-nāri hum fīhā khālidūna

Tajik Мушрикон туро, эй Паёмбар, аз ҷанг кардан дар моҳи ҳаром мепурсанд. Бигӯ: Ҷанг кардан дар он моҳ гуноҳи бузурге аст. Аммо кофир шуданатон ба Аллоҳ ва ба Расули Ӯ ва динаш ва боздоштани мардум аз роҳи Ҳақ ва Масҷидулҳаром ва берун рондани Паёмбар ва муҳоҷирон аз он ҷо дар назди Аллоҳ гуноҳи бузургтар аст ва фитна кардан аз қатл бузурггар аст. Онҳо ҳамеша бо шумо меҷанганд, то агар битавонанд, шуморо аз динатон бозгардонанд. Аз миёни шумо касе онҳоро, итоъат кард ва аз дини худ бозгашт ва кофир бимирад, амалҳояш дар дунё ва охират нобуд шуда, ҷовидона дар ҷаҳаннам боқӣ бимонад!

Verse 218

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَٱلَّذِينَ هَاجَرُوا۟ وَجَـٰهَدُوا۟ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ أُو۟لَـٰٓئِكَ يَرْجُونَ رَحْمَتَ ٱللَّهِ ۚ وَٱللَّهُ غَفُورٌ رَّحِيمٌ

Transliteration inna alladhīna āmanū wa-alladhīna hājarū wajāhadū fī sabīli l-lahi ulāika yarjūna raḥmata l-lahi wal-lahu ghafūrun raḥīmun

Tajik Касоне, ки имон овардаанд ба Аллоҳ ва Расули Ӯ ва ба дастури Ӯ амал карданд ва онон, ки диёри худро тарк кардаанд ва дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод намуданд, ба раҳмати Аллоҳ умедворанд ва Аллоҳ омӯрзандааст бандагони мӯъминашро ва ба онҳо меҳрубон аст!

Verse 219

۞ يَسْـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلْخَمْرِ وَٱلْمَيْسِرِ ۖ قُلْ فِيهِمَآ إِثْمٌ كَبِيرٌ وَمَنَـٰفِعُ لِلنَّاسِ وَإِثْمُهُمَآ أَكْبَرُ مِن نَّفْعِهِمَا ۗ وَيَسْـَٔلُونَكَ مَاذَا يُنفِقُونَ قُلِ ٱلْعَفْوَ ۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمُ ٱلْـَٔايَـٰتِ لَعَلَّكُمْ تَتَفَكَّرُونَ

Transliteration yasalūnaka ʿani l-khamri wal-maysiri qul fīhimā ith'mun kabīrun wamanāfiʿu lilnnāsi wa-ith'muhumā akbaru min nafʿihimā wayasalūnaka mādhā yunfiqūna quli l-ʿafwa kadhālika yubayyinu l-lahu lakumu l-āyāti laʿallakum tatafakkarūna

Tajik Эй Паёмбар, туро мусалмонон аз шароб ва хариду фурӯши он ва аз ҳар чизе ки хӯрданӣ ё нӯшокии масткунанда аст ва ақлро мепӯшонад ва аз ҳукми қимор мепурсанд. Бигӯ: Дар онҳо зарар ва фасоди бисёрест; (дар дин, дунё, ақл ва молҳо) ва дар он фоидаҳоест барои мардум, аз ҷиҳати касб кардани молҳо ва ғайраҳо. Ва гуноҳашон аз нафъашон бештар аст, зеро аз зикри Аллоҳ ва намоз боз медорад ва душманию бадбиниро байни мардум воқеъ мекунад ва молро нобуд месозад. Ва аз ту мепурсанд: чӣ қадар нафақа кунанд? Бигӯ: Он чи ки аз ҳоҷати зарурӣ зиёд аст. Аллоҳ оёт ва шариъати худро инчунин барои шумо равшан баён мекунад, бошад, ки дар кори дунё ва охират бияндешед.

Verse 220

فِى ٱلدُّنْيَا وَٱلْـَٔاخِرَةِ ۗ وَيَسْـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلْيَتَـٰمَىٰ ۖ قُلْ إِصْلَاحٌ لَّهُمْ خَيْرٌ ۖ وَإِن تُخَالِطُوهُمْ فَإِخْوَٰنُكُمْ ۚ وَٱللَّهُ يَعْلَمُ ٱلْمُفْسِدَ مِنَ ٱلْمُصْلِحِ ۚ وَلَوْ شَآءَ ٱللَّهُ لَأَعْنَتَكُمْ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

Transliteration fī l-dun'yā wal-ākhirati wayasalūnaka ʿani l-yatāmā qul iṣ'lāḥun lahum khayrun wa-in tukhāliṭūhum fa-ikh'wānukum wal-lahu yaʿlamu l-muf'sida mina l-muṣ'liḥi walaw shāa l-lahu la-aʿnatakum inna l-laha ʿazīzun ḥakīmun

Tajik Туро, эй Паёмбар, аз ятимон мепурсанд: чи гуна ҳамзистӣ кунанд бо онҳо дар зиндагиашон? Бигӯ: Ба салоҳ овардани кори онҳо беҳтар аст. Ва агар бо онҳо ҳамзистӣ дар хӯрданиҳо ва муомилаҳо мекунед, пас онҳо бародарони шумоанд. Аллоҳ фасодкорро аз ислоҳгар бозмешиносад ва агар хоҳад бар шумо сахт мегирад, ки Аллоҳ азизу ҳаким аст!

Verse 221

وَلَا تَنكِحُوا۟ ٱلْمُشْرِكَـٰتِ حَتَّىٰ يُؤْمِنَّ ۚ وَلَأَمَةٌ مُّؤْمِنَةٌ خَيْرٌ مِّن مُّشْرِكَةٍ وَلَوْ أَعْجَبَتْكُمْ ۗ وَلَا تُنكِحُوا۟ ٱلْمُشْرِكِينَ حَتَّىٰ يُؤْمِنُوا۟ ۚ وَلَعَبْدٌ مُّؤْمِنٌ خَيْرٌ مِّن مُّشْرِكٍ وَلَوْ أَعْجَبَكُمْ ۗ أُو۟لَـٰٓئِكَ يَدْعُونَ إِلَى ٱلنَّارِ ۖ وَٱللَّهُ يَدْعُوٓا۟ إِلَى ٱلْجَنَّةِ وَٱلْمَغْفِرَةِ بِإِذْنِهِۦ ۖ وَيُبَيِّنُ ءَايَـٰتِهِۦ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ

Transliteration walā tankiḥū l-mush'rikāti ḥattā yu'minna wala-amatun mu'minatun khayrun min mush'rikatin walaw aʿjabatkum walā tunkiḥū l-mush'rikīna ḥattā yu'minū walaʿabdun mu'minun khayrun min mush'rikin walaw aʿjabakum ulāika yadʿūna ilā l-nāri wal-lahu yadʿū ilā l-janati wal-maghfirati bi-idh'nihi wayubayyinu āyātihi lilnnāsi laʿallahum yatadhakkarūna

Tajik Занони мушрикаро то имон наёваранд, ба занӣ магиред, ва бидонед, ки канизи мӯъминае, ки ӯро на мол асту на шараф, беҳтар аз зани озоди мушрика аст, гарчи шуморо ба тааҷҷуб оварад. Ва ба мардони мушрик зани мӯъминаро (хоҳ озод ё гулом бошад) надиҳед, то ин ки имон ба Аллоҳ ва Расули Ӯ биёваранд. Ва бидонед гуломи мӯъмин бо камбағалиаш беҳтар аст аз марди озоди мушрик, гарчи шуморо ба тааҷҷуб оварад. Инҳо занон ва мардони мушрик дар гуфтор ва кирдор ва ҳолоти худ мардумро ба ҷаҳаннам даъват мекунанд. Пас ҳамзистӣ ва омезиш бо онҳо хатарнок аст ва он хатари дунявӣ нест, балки бадбахтӣ ва шақовати ҳамешагӣ аст. Ва Аллоҳ бандагонашро барои ба даст овардани биҳишт ва омӯрзиши хеш фаро мехонад. Ва оёти худро ошкор баён мекунад, зарур аст, ки бияндешанд!

Verse 222

وَيَسْـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلْمَحِيضِ ۖ قُلْ هُوَ أَذًى فَٱعْتَزِلُوا۟ ٱلنِّسَآءَ فِى ٱلْمَحِيضِ ۖ وَلَا تَقْرَبُوهُنَّ حَتَّىٰ يَطْهُرْنَ ۖ فَإِذَا تَطَهَّرْنَ فَأْتُوهُنَّ مِنْ حَيْثُ أَمَرَكُمُ ٱللَّهُ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلتَّوَّٰبِينَ وَيُحِبُّ ٱلْمُتَطَهِّرِينَ

Transliteration wayasalūnaka ʿani l-maḥīḍi qul huwa adhan fa-iʿ'tazilū l-nisāa fī l-maḥīḍi walā taqrabūhunna ḥattā yaṭhur'na fa-idhā taṭahharna fatūhunna min ḥaythu amarakumu l-lahu inna l-laha yuḥibbu l-tawābīna wayuḥibbu l-mutaṭahirīna

Tajik Ва туро аз ҳайзи занон мепурсанд. Ба онҳо бигу эй Паёмбар: ҳайз нопокист. Пас дар айёми ҳайз аз занон дурӣ бигиред ва ба онҳо наздик машавед то хунашон боз истад. Ва чун пок шуданд, аз он ҷо, ки Аллоҳ фармон додааст, бо онҳо наздикӣ кунед. Ҳамоно Аллоҳ касонеро, ки ҳамеша аз гуноҳонашон тавба мекунанд, дӯст дорад ва касонеро дӯст медорад, ки худро аз гуноҳон дур ва пок мегардонанд!

Verse 223

نِسَآؤُكُمْ حَرْثٌ لَّكُمْ فَأْتُوا۟ حَرْثَكُمْ أَنَّىٰ شِئْتُمْ ۖ وَقَدِّمُوا۟ لِأَنفُسِكُمْ ۚ وَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ وَٱعْلَمُوٓا۟ أَنَّكُم مُّلَـٰقُوهُ ۗ وَبَشِّرِ ٱلْمُؤْمِنِينَ

Transliteration nisāukum ḥarthun lakum fatū ḥarthakum annā shi'tum waqaddimū li-anfusikum wa-ittaqū l-laha wa-iʿ'lamū annakum mulāqūhu wabashiri l-mu'minīna

Tajik Занонатон киштзори шумо ҳастанд, пас ҳар тавре ки дӯст доред, бо занонатон алоқа кунед, (аммо алоқа дар ҷое, ки Аллоҳ ҳалол фармудааст, яъне ҷое, ки фарзанд ба дунё меояд.) Ва бо ба ҷо овардани корҳои хуб ба Аллоҳ наздикӣ ҷӯед. Ва дар ҳамаи ҳолат аз Аллоҳ битарсед. Ва бидонед, ки ҳатман шумо Ӯ таъолоро хоҳед дид. Ва мӯъминонро мужда деҳ аз чизҳое, ки онҳоро дар охират хурсанд мекунанд.

Verse 224

وَلَا تَجْعَلُوا۟ ٱللَّهَ عُرْضَةً لِّأَيْمَـٰنِكُمْ أَن تَبَرُّوا۟ وَتَتَّقُوا۟ وَتُصْلِحُوا۟ بَيْنَ ٱلنَّاسِ ۗ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

Transliteration walā tajʿalū l-laha ʿur'ḍatan li-aymānikum an tabarrū watattaqū watuṣ'liḥū bayna l-nāsi wal-lahu samīʿun ʿalīmun

Tajik Аллоҳро василаи савгандҳои хеш қарор мадиҳед, то бо ин баҳона аз некӯкориву тақво ва ислоҳ дар миёни мардум бозистед, Яъне, набояд қасамҳои онҳо монеъи барои анҷоми корҳои хуб ва парҳез аз корҳои бад ва ислоҳи байни мардум бошад. Пас бо ин баҳона ҳуҷҷат меоваред, ки бо Аллоҳ қасам хурдаед, ки онро иҷро намекунед. Балки қасамхӯранда корҳои хуб анҷом диҳад ва бар қасами хӯрдааш кафорат диҳад ва ин амалро одати худ нагардонад, ки Аллоҳ суханони шуморо мешунавад ва ба аҳволи шумо доност.

Verse 225

لَّا يُؤَاخِذُكُمُ ٱللَّهُ بِٱللَّغْوِ فِىٓ أَيْمَـٰنِكُمْ وَلَـٰكِن يُؤَاخِذُكُم بِمَا كَسَبَتْ قُلُوبُكُمْ ۗ وَٱللَّهُ غَفُورٌ حَلِيمٌ

Transliteration lā yuākhidhukumu l-lahu bil-laghwi fī aymānikum walākin yuākhidhukum bimā kasabat qulūbukum wal-lahu ghafūrun ḥalīmun

Tajik Аллоҳ шуморо ба сабаби савгандҳои беҳудае, ки бар забонатон меояд, ҷазо намедиҳад, балки шуморо ба он чи дилҳоятон қасд кардааст, ҷазо медиҳад. Аллоҳ омӯрзандааст он касеро, ки тавба кардааст ва пурбардор аст, зуд ба ҷазо намегирад касонеро, ки нофармонбардории Ӯ мекунанд.

Verse 226

لِّلَّذِينَ يُؤْلُونَ مِن نِّسَآئِهِمْ تَرَبُّصُ أَرْبَعَةِ أَشْهُرٍ ۖ فَإِن فَآءُو فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ

Transliteration lilladhīna yu'lūna min nisāihim tarabbuṣu arbaʿati ashhurin fa-in fāū fa-inna l-laha ghafūrun raḥīmun

Tajik Барои касоне, ки савганд мехӯранд, ки бо занони хеш ҳамбистарӣ намекунанд, бояд чор моҳ интизорӣ бикашанд. Пас агар қабл аз чор моҳ боз оянд, Аллоҳ гуноҳашонро омӯрзандааст ва ба онҳо меҳрубон аст.

Verse 227

وَإِنْ عَزَمُوا۟ ٱلطَّلَـٰقَ فَإِنَّ ٱللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

Transliteration wa-in ʿazamū l-ṭalāqa fa-inna l-laha samīʿun ʿalīmun

Tajik Ва агар қасди талоқ карданд, бо баҳонаи қасам хурдан ва тарки ҷимоъ карданашон Аллоҳ ба суханонашон шунаво ва ба мақсадҳояшон доност ва онҳоро бар ин кирдорашон ҷазо медиҳад!

Verse 228

وَٱلْمُطَلَّقَـٰتُ يَتَرَبَّصْنَ بِأَنفُسِهِنَّ ثَلَـٰثَةَ قُرُوٓءٍ ۚ وَلَا يَحِلُّ لَهُنَّ أَن يَكْتُمْنَ مَا خَلَقَ ٱللَّهُ فِىٓ أَرْحَامِهِنَّ إِن كُنَّ يُؤْمِنَّ بِٱللَّهِ وَٱلْيَوْمِ ٱلْـَٔاخِرِ ۚ وَبُعُولَتُهُنَّ أَحَقُّ بِرَدِّهِنَّ فِى ذَٰلِكَ إِنْ أَرَادُوٓا۟ إِصْلَـٰحًا ۚ وَلَهُنَّ مِثْلُ ٱلَّذِى عَلَيْهِنَّ بِٱلْمَعْرُوفِ ۚ وَلِلرِّجَالِ عَلَيْهِنَّ دَرَجَةٌ ۗ وَٱللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

Transliteration wal-muṭalaqātu yatarabbaṣna bi-anfusihinna thalāthata qurūin walā yaḥillu lahunna an yaktum'na mā khalaqa l-lahu fī arḥāmihinna in kunna yu'minna bil-lahi wal-yawmi l-ākhiri wabuʿūlatuhunna aḥaqqu biraddihinna fī dhālika in arādū iṣ'lāḥan walahunna mith'lu alladhī ʿalayhinna bil-maʿrūfi walilrrijāli ʿalayhinna darajatun wal-lahu ʿazīzun ḥakīmun

Tajik Бояд, ки занони талоқшуда то се бор пок шудан, аз шавҳар кардан бозистанд. Зеро бидонанд, ки дар раҳми ӯ фарзанде нест. Барои зан раво нест, ки дар ин муддат ба шавҳар барояд, то замоне, ки идда ба поён нарасад. Ва агар ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон доранд, раво нест, ки он чиро, ки Аллоҳ дар раҳми онон офаридааст, ё дар ҳолати ҳайз ҳастанд, пинҳон доранд. Ва шавҳаронашон агар қасди ислоҳ доранд, ба бозгардондани онҳо дар ин муддат сазовортаранд. Ва барои занон ҳаққест ва ҳамчунон ки мардон бар занон ҳаққе доранд, ки бояд ба таври шоиста адо намоянд. Ва мардон бар занон дараҷаи бартарӣ доранд аз сӯҳбати нек, зиндагии хуб, сарварӣ дар хона ва соҳиби талоқ ҳастанд. Аллоҳи бузург дорои иззату қаҳр аст ва ҳаким аст, ҳар чизеро дар ҷои муносиби худ мегузорад.

Verse 229

ٱلطَّلَـٰقُ مَرَّتَانِ ۖ فَإِمْسَاكٌۢ بِمَعْرُوفٍ أَوْ تَسْرِيحٌۢ بِإِحْسَـٰنٍ ۗ وَلَا يَحِلُّ لَكُمْ أَن تَأْخُذُوا۟ مِمَّآ ءَاتَيْتُمُوهُنَّ شَيْـًٔا إِلَّآ أَن يَخَافَآ أَلَّا يُقِيمَا حُدُودَ ٱللَّهِ ۖ فَإِنْ خِفْتُمْ أَلَّا يُقِيمَا حُدُودَ ٱللَّهِ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْهِمَا فِيمَا ٱفْتَدَتْ بِهِۦ ۗ تِلْكَ حُدُودُ ٱللَّهِ فَلَا تَعْتَدُوهَا ۚ وَمَن يَتَعَدَّ حُدُودَ ٱللَّهِ فَأُو۟لَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلظَّـٰلِمُونَ

Transliteration al-ṭalāqu marratāni fa-im'sākun bimaʿrūfin aw tasrīḥun bi-iḥ'sānin walā yaḥillu lakum an takhudhū mimmā ātaytumūhunna shayan illā an yakhāfā allā yuqīmā ḥudūda l-lahi fa-in khif'tum allā yuqīmā ḥudūda l-lahi falā junāḥa ʿalayhimā fīmā if'tadat bihi til'ka ḥudūdu l-lahi falā taʿtadūhā waman yataʿadda ḥudūda l-lahi fa-ulāika humu l-ẓālimūna

Tajik Талоқ ду бор аст. Аллоҳ ҳукм мекунад, пас аз ҳар талоқ, метавонад мард занро ба зиндагии хуби заношуӣ бозгардонад, ё ба некӣ раҳо кунад. Ва эй шавҳарон, барои шумо ҳалол нест, ки аз он чи барояшон додаед, (аз маҳр) боз пас бигиред, магар ин ки ду тараф битарсанд, ки натавонанд ҳудуди Аллоҳро бар по доранд. Дар ин ҳолат амрашонро ба сарпарастони худ пешкаш менамоянд. Пас агар сарпарастон тарсиданд, ки он ду натавонанд ҳудуди Аллоҳро барпо доранд, пас гуноҳе бар онҳо нест, ки зан дар муқобили талаби талоқаш фидя ва ивазе бипардозад. Ин ҳудуди Илоҳӣ аст, ки ҷудо мекунад байни ҳалолу ҳаром. Пас аз он таҷовуз накунед ва касе аз ҳудуди Илоҳӣ таҷовуз кунад, пас онҳо ситамкоранд.

Verse 230

فَإِن طَلَّقَهَا فَلَا تَحِلُّ لَهُۥ مِنۢ بَعْدُ حَتَّىٰ تَنكِحَ زَوْجًا غَيْرَهُۥ ۗ فَإِن طَلَّقَهَا فَلَا جُنَاحَ عَلَيْهِمَآ أَن يَتَرَاجَعَآ إِن ظَنَّآ أَن يُقِيمَا حُدُودَ ٱللَّهِ ۗ وَتِلْكَ حُدُودُ ٱللَّهِ يُبَيِّنُهَا لِقَوْمٍ يَعْلَمُونَ

Transliteration fa-in ṭallaqahā falā taḥillu lahu min baʿdu ḥattā tankiḥa zawjan ghayrahu fa-in ṭallaqahā falā junāḥa ʿalayhimā an yatarājaʿā in ẓannā an yuqīmā ḥudūda l-lahi watil'ka ḥudūdu l-lahi yubayyinuhā liqawmin yaʿlamūna

Tajik Пас агар боз занро талоқ дод, (яъне талоқи сеюм) дигар бар ӯ ҳалол нест, то он ки ба никоҳи марди дигаре дарояд (ва бо он мард ҷимоъ кунад ва на ба нияти ҳалол кардани зан барои шавҳари аввалааш), ва ҳар гоҳ он марди дигар занро талоқ диҳад, ё шавҳари зан бимирад ва иддааш ба охир расад, пас бар ӯ гуноҳе нест, ки бар шавҳари аввалааш ба никоҳи нав бозгардад, агар медонанд, ки ҳудуди Аллоҳро риоят мекунанд, бозгашташонро гуноҳе нест. Инҳо ҳудуди Аллоҳ ҳастанд ва онҳоро барои мардуме, ки аҳком ва ҳудуди Ӯро медонанд, баён медорад.

Verse 231

وَإِذَا طَلَّقْتُمُ ٱلنِّسَآءَ فَبَلَغْنَ أَجَلَهُنَّ فَأَمْسِكُوهُنَّ بِمَعْرُوفٍ أَوْ سَرِّحُوهُنَّ بِمَعْرُوفٍ ۚ وَلَا تُمْسِكُوهُنَّ ضِرَارًا لِّتَعْتَدُوا۟ ۚ وَمَن يَفْعَلْ ذَٰلِكَ فَقَدْ ظَلَمَ نَفْسَهُۥ ۚ وَلَا تَتَّخِذُوٓا۟ ءَايَـٰتِ ٱللَّهِ هُزُوًا ۚ وَٱذْكُرُوا۟ نِعْمَتَ ٱللَّهِ عَلَيْكُمْ وَمَآ أَنزَلَ عَلَيْكُم مِّنَ ٱلْكِتَـٰبِ وَٱلْحِكْمَةِ يَعِظُكُم بِهِۦ ۚ وَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ وَٱعْلَمُوٓا۟ أَنَّ ٱللَّهَ بِكُلِّ شَىْءٍ عَلِيمٌ

Transliteration wa-idhā ṭallaqtumu l-nisāa fabalaghna ajalahunna fa-amsikūhunna bimaʿrūfin aw sarriḥūhunna bimaʿrūfin walā tum'sikūhunna ḍirāran litaʿtadū waman yafʿal dhālika faqad ẓalama nafsahu walā tattakhidhū āyāti l-lahi huzuwan wa-udh'kurū niʿ'mata l-lahi ʿalaykum wamā anzala ʿalaykum mina l-kitābi wal-ḥik'mati yaʿiẓukum bihi wa-ittaqū l-laha wa-iʿ'lamū anna l-laha bikulli shayin ʿalīmun

Tajik Ва чун занонро талоқ додед ва ба поёни иддаи худ наздик шуданд, пас ё онҳоро ба хубӣ нигоҳ доред ва ё ба хубӣ раҳо кунед ва ҳаргиз онҳоро барои озор ва зиён расондан нигоҳ надоред, то аз ҳад таҷовуз кунед ва ҳар касе чунин кунад, бар худ ситам кардааст. Ва оёт ва фармудаҳои Аллоҳро ба тамасхур ва бозӣ нагиред, зеро дар ин коратон аз ҳалол гузашта вориди ҳаром мешавед. Ва неъматҳои Аллоҳро шукр кунед ва он чи аз Китоб ва Суннат барои шумо нозил кардааст ва шуморо ба он панд медиҳад, ба ёд оваред ва аз Аллоҳ битарсед ва бидонед, ки Аллоҳ бар ҳар чизе доност.

Verse 232

وَإِذَا طَلَّقْتُمُ ٱلنِّسَآءَ فَبَلَغْنَ أَجَلَهُنَّ فَلَا تَعْضُلُوهُنَّ أَن يَنكِحْنَ أَزْوَٰجَهُنَّ إِذَا تَرَٰضَوْا۟ بَيْنَهُم بِٱلْمَعْرُوفِ ۗ ذَٰلِكَ يُوعَظُ بِهِۦ مَن كَانَ مِنكُمْ يُؤْمِنُ بِٱللَّهِ وَٱلْيَوْمِ ٱلْـَٔاخِرِ ۗ ذَٰلِكُمْ أَزْكَىٰ لَكُمْ وَأَطْهَرُ ۗ وَٱللَّهُ يَعْلَمُ وَأَنتُمْ لَا تَعْلَمُونَ

Transliteration wa-idhā ṭallaqtumu l-nisāa fabalaghna ajalahunna falā taʿḍulūhunna an yankiḥ'na azwājahunna idhā tarāḍaw baynahum bil-maʿrūfi dhālika yūʿaẓu bihi man kāna minkum yu'minu bil-lahi wal-yawmi l-ākhiri dhālikum azkā lakum wa-aṭharu wal-lahu yaʿlamu wa-antum lā taʿlamūna

Tajik Ва чун занонро талоқ додед ва ба поёни иддаи худ расиданд, онҳоро аз ин, ки ба шавҳарони (қаблии) худ издивоҷ кунанд манъ накунед. (Яъне шавҳараш хост бо ӯ издивоҷ кунад ва зан ҳам мувофиқат кунад, барои сарпарасти зан аз тарафи падар ва ғайра ҷоиз нест, ки ба сабаби хашмгин будан бар шавҳар занро аз издивоҷ бо ӯ манъ кунанд.) Ин ҳамон чизе аст, ки ҳар кас аз шумо, ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон дошта бошад, ба он панд дода мешавад. Он бароятон поктар ва беҳтар аст. Ва Аллоҳ медонад дар чи ҳаст некбахтии шумо ва шумо онро намедонед.

Verse 233

۞ وَٱلْوَٰلِدَٰتُ يُرْضِعْنَ أَوْلَـٰدَهُنَّ حَوْلَيْنِ كَامِلَيْنِ ۖ لِمَنْ أَرَادَ أَن يُتِمَّ ٱلرَّضَاعَةَ ۚ وَعَلَى ٱلْمَوْلُودِ لَهُۥ رِزْقُهُنَّ وَكِسْوَتُهُنَّ بِٱلْمَعْرُوفِ ۚ لَا تُكَلَّفُ نَفْسٌ إِلَّا وُسْعَهَا ۚ لَا تُضَآرَّ وَٰلِدَةٌۢ بِوَلَدِهَا وَلَا مَوْلُودٌ لَّهُۥ بِوَلَدِهِۦ ۚ وَعَلَى ٱلْوَارِثِ مِثْلُ ذَٰلِكَ ۗ فَإِنْ أَرَادَا فِصَالًا عَن تَرَاضٍ مِّنْهُمَا وَتَشَاوُرٍ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْهِمَا ۗ وَإِنْ أَرَدتُّمْ أَن تَسْتَرْضِعُوٓا۟ أَوْلَـٰدَكُمْ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ إِذَا سَلَّمْتُم مَّآ ءَاتَيْتُم بِٱلْمَعْرُوفِ ۗ وَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ وَٱعْلَمُوٓا۟ أَنَّ ٱللَّهَ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ

Transliteration wal-wālidātu yur'ḍiʿ'na awlādahunna ḥawlayni kāmilayni liman arāda an yutimma l-raḍāʿata waʿalā l-mawlūdi lahu riz'quhunna wakis'watuhunna bil-maʿrūfi lā tukallafu nafsun illā wus'ʿahā lā tuḍārra wālidatun biwaladihā walā mawlūdun lahu biwaladihi waʿalā l-wārithi mith'lu dhālika fa-in arādā fiṣālan ʿan tarāḍin min'humā watashāwurin falā junāḥa ʿalayhimā wa-in aradttum an tastarḍiʿū awlādakum falā junāḥa ʿalaykum idhā sallamtum mā ātaytum bil-maʿrūfi wa-ittaqū l-laha wa-iʿ'lamū anna l-laha bimā taʿmalūna baṣīrun

Tajik Модарон бояд фарзандони худро ду соли комил шир диҳанд, ин барои касе аст, ки мехоҳад муддати шир доданро комил кунад. Ва бар касе, ки фарзанд барои ӯ таваллуд шудааст, (падар) лозим аст хӯрок ва пӯшоки модаронро ба таври шоиста (яъне тибқи шариъат ва урфият) фароҳам кунад, зеро Аллоҳ ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ вазифадор намекунад. Ҳеҷ модар набояд ба хотири фарзандаш зиён бубинад ва ҳеҷ падаре низ набояд ба хотири фарзандаш зиён бубинад. Ва бар вориси фарзанд чунин чиз (нафақа) лозим аст. Ва агар падар ва модар бо ризоят ва машварати ҳамдигар хостанд фарзандро аз шир ҷудо кунанд, гуноҳе бар онҳо нест ва агар хостед дояи ширдиҳие барои фарзандони худ бигиред, гуноҳе бар шумо нест, ба шарте, ин ки он чиро ки аҳд кардед, пардохт кунед ва аз Аллоҳ битарсед ва бидонед, ки Аллоҳ ба он чи мекунед, доност.

Verse 234

وَٱلَّذِينَ يُتَوَفَّوْنَ مِنكُمْ وَيَذَرُونَ أَزْوَٰجًا يَتَرَبَّصْنَ بِأَنفُسِهِنَّ أَرْبَعَةَ أَشْهُرٍ وَعَشْرًا ۖ فَإِذَا بَلَغْنَ أَجَلَهُنَّ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ فِيمَا فَعَلْنَ فِىٓ أَنفُسِهِنَّ بِٱلْمَعْرُوفِ ۗ وَٱللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ

Transliteration wa-alladhīna yutawaffawna minkum wayadharūna azwājan yatarabbaṣna bi-anfusihinna arbaʿata ashhurin waʿashran fa-idhā balaghna ajalahunna falā junāḥa ʿalaykum fīmā faʿalna fī anfusihinna bil-maʿrūfi wal-lahu bimā taʿmalūna khabīrun

Tajik Ва касоне аз шумо, ки бимиранд ва занонеро бар ҷой мегузоранд, бояд, ки занон чор моҳ ва даҳ рӯз интизор бикашанд ва бояд аз хонаи шавҳарашон берун наоянд ва худро зиннат надиҳанд ва ба шавҳар набароянд ва чун иддаи худро ба поён расонданд бар шумо гуноҳе нест -эй сарпарастони занҳо- дар он чи ки онҳо мувофиқи шариъат дар бораи худ анҷом диҳанд (яъне ба шавҳар баромадан). Ва Аллоҳ ба он чи мекунед, огоҳ аст ва бар амалҳоятон шуморо ҷазо медиҳад.

Verse 235

وَلَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ فِيمَا عَرَّضْتُم بِهِۦ مِنْ خِطْبَةِ ٱلنِّسَآءِ أَوْ أَكْنَنتُمْ فِىٓ أَنفُسِكُمْ ۚ عَلِمَ ٱللَّهُ أَنَّكُمْ سَتَذْكُرُونَهُنَّ وَلَـٰكِن لَّا تُوَاعِدُوهُنَّ سِرًّا إِلَّآ أَن تَقُولُوا۟ قَوْلًا مَّعْرُوفًا ۚ وَلَا تَعْزِمُوا۟ عُقْدَةَ ٱلنِّكَاحِ حَتَّىٰ يَبْلُغَ ٱلْكِتَـٰبُ أَجَلَهُۥ ۚ وَٱعْلَمُوٓا۟ أَنَّ ٱللَّهَ يَعْلَمُ مَا فِىٓ أَنفُسِكُمْ فَٱحْذَرُوهُ ۚ وَٱعْلَمُوٓا۟ أَنَّ ٱللَّهَ غَفُورٌ حَلِيمٌ

Transliteration walā junāḥa ʿalaykum fīmā ʿarraḍtum bihi min khiṭ'bati l-nisāi aw aknantum fī anfusikum ʿalima l-lahu annakum satadhkurūnahunna walākin lā tuwāʿidūhunna sirran illā an taqūlū qawlan maʿrūfan walā taʿzimū ʿuq'data l-nikāḥi ḥattā yablugha l-kitābu ajalahu wa-iʿ'lamū anna l-laha yaʿlamu mā fī anfusikum fa-iḥ'dharūhu wa-iʿ'lamū anna l-laha ghafūrun ḥalīmun

Tajik Ва барои шумо гуноҳе нест, -эй мардон- ки ба таври киноя аз занон хостгорӣ кунед ва ё дар дилҳоятон ба занӣ гирифтани онҳоро пинҳон намоед, Аллоҳ медонад, ки шумо ҳаргиз бо хомӯш нишастанатон аз онҳо сабр натавонед кард, балки онҳоро ёд мекунед, Аз ҳамин сабаб ёд кардани онҳоро ба таври киноя ва пинҳон доштан дар худ мубоҳ гардонд, вале ба онҳо ваъдаи пинҳонӣ надиҳед, (монанди зино ё гуфтугу кардан барои хонадорӣ дар айёми иддаашон,) магар ин ки сухани некӯ бигуед ва тасмим ба ақди никоҳ нагиред, то вақте ки идда ба поён расад ва бидонед, ки Аллоҳ медонад он чиро ки дар дилатон ҳаст. Пас аз Ӯ битарсед ва бидонед, ки Аллоҳ омӯрзгор аст ба касоне, ки аз гуноҳи худ тавба мекунанд ва меҳрубон аст, зуд ба ҷазои бад намегирад.

Verse 236

لَّا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ إِن طَلَّقْتُمُ ٱلنِّسَآءَ مَا لَمْ تَمَسُّوهُنَّ أَوْ تَفْرِضُوا۟ لَهُنَّ فَرِيضَةً ۚ وَمَتِّعُوهُنَّ عَلَى ٱلْمُوسِعِ قَدَرُهُۥ وَعَلَى ٱلْمُقْتِرِ قَدَرُهُۥ مَتَـٰعًۢا بِٱلْمَعْرُوفِ ۖ حَقًّا عَلَى ٱلْمُحْسِنِينَ

Transliteration lā junāḥa ʿalaykum in ṭallaqtumu l-nisāa mā lam tamassūhunna aw tafriḍū lahunna farīḍatan wamattiʿūhunna ʿalā l-mūsiʿi qadaruhu waʿalā l-muq'tiri qadaruhu matāʿan bil-maʿrūfi ḥaqqan ʿalā l-muḥ'sinīna

Tajik Бар шумо - эй гурӯҳи шавҳарон - гуноҳе нест, ки занонро пеш аз ҳамхобӣ ва пеш аз таъини маҳрия талоқ диҳед, (гарчи ин кор боиси паст шудани шахсияти зан мегардад, аммо бо додани маҳр ҷуброн мешавад). Пас бар шумо лозим аст, ки чизе бидиҳед, то ранҷиши хотирашон ҷуброн шавад. Бар тавонгар ба андозаи тавоноиаш ва бар фақир ба андозаи тоқаташ. Ин корест шоистаи некӯкорон.

Verse 237

وَإِن طَلَّقْتُمُوهُنَّ مِن قَبْلِ أَن تَمَسُّوهُنَّ وَقَدْ فَرَضْتُمْ لَهُنَّ فَرِيضَةً فَنِصْفُ مَا فَرَضْتُمْ إِلَّآ أَن يَعْفُونَ أَوْ يَعْفُوَا۟ ٱلَّذِى بِيَدِهِۦ عُقْدَةُ ٱلنِّكَاحِ ۚ وَأَن تَعْفُوٓا۟ أَقْرَبُ لِلتَّقْوَىٰ ۚ وَلَا تَنسَوُا۟ ٱلْفَضْلَ بَيْنَكُمْ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ

Transliteration wa-in ṭallaqtumūhunna min qabli an tamassūhunna waqad faraḍtum lahunna farīḍatan faniṣ'fu mā faraḍtum illā an yaʿfūna aw yaʿfuwā alladhī biyadihi ʿuq'datu l-nikāḥi wa-an taʿfū aqrabu lilttaqwā walā tansawū l-faḍla baynakum inna l-laha bimā taʿmalūna baṣīrun

Tajik Агар занонро пеш аз ин ки бо онҳо алоқаи ҷинсӣ кунед, талоқ додед, дар ҳоле ки барои онҳо маҳр таъйин кардед, пас нисфи он маҳри таъйин шударо бидиҳед, магар ин ки онро ба шумо бубахшанд ё касе, ки ақди издивоҷ дар дасти ӯст, онро бубахшад, Пас Аллоҳи мутаъол ба бахшидан ташвиқ намуд ва баён кард ки бахшидан ба парҳезгорӣ наздиктараст ва аломати некӯкорист. Ва некӯкорӣ аълотарин рутбаест дар муомилот. Ва - эй мардум - некӯкориро дар миёни худ фаромӯш накунед, ҳамоно Аллоҳ ба он чи мекунед, биност ва шуморо дар кори хуб тарғиб менамояд.

Verse 238

حَـٰفِظُوا۟ عَلَى ٱلصَّلَوَٰتِ وَٱلصَّلَوٰةِ ٱلْوُسْطَىٰ وَقُومُوا۟ لِلَّهِ قَـٰنِتِينَ

Transliteration ḥāfiẓū ʿalā l-ṣalawāti wal-ṣalati l-wus'ṭā waqūmū lillahi qānitīna

Tajik Аллоҳ фармон медиҳад, то бар адои намозҳо давомат шавад ва бар адои намози вусто, (ки намози аср аст) муҳофизат шавад. ва дар намозатон барои Аллоҳ фармонбардор ва дар ҳолати хушӯъ бошед.

Verse 239

فَإِنْ خِفْتُمْ فَرِجَالًا أَوْ رُكْبَانًا ۖ فَإِذَآ أَمِنتُمْ فَٱذْكُرُوا۟ ٱللَّهَ كَمَا عَلَّمَكُم مَّا لَمْ تَكُونُوا۟ تَعْلَمُونَ

Transliteration fa-in khif'tum farijālan aw ruk'bānan fa-idhā amintum fa-udh'kurū l-laha kamā ʿallamakum mā lam takūnū taʿlamūna

Tajik Ва агар аз душманонатон тарсидед, пас дар ин сурат пиёда ё дар ҳоле ки бар асп ва соири савораҳо ҳастед, намоз бихонед. Пас, ҳар вақте ки тарс аз шумо дур шуд, намозро бо оромиш хонед. Ва Аллоҳро дар он ёд кунед ва онро аз ҳайати аслиаш кам накунед ва шукри Ӯро ба ҷо оред, бинобар он чизҳое, ки шуморо таълим дод аз ибодатҳо ва аҳком, ки шумо намедонистед.

Verse 240

وَٱلَّذِينَ يُتَوَفَّوْنَ مِنكُمْ وَيَذَرُونَ أَزْوَٰجًا وَصِيَّةً لِّأَزْوَٰجِهِم مَّتَـٰعًا إِلَى ٱلْحَوْلِ غَيْرَ إِخْرَاجٍ ۚ فَإِنْ خَرَجْنَ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ فِى مَا فَعَلْنَ فِىٓ أَنفُسِهِنَّ مِن مَّعْرُوفٍ ۗ وَٱللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

Transliteration wa-alladhīna yutawaffawna minkum wayadharūna azwājan waṣiyyatan li-azwājihim matāʿan ilā l-ḥawli ghayra ikh'rājin fa-in kharajna falā junāḥa ʿalaykum fī mā faʿalna fī anfusihinna min maʿrūfin wal-lahu ʿazīzun ḥakīmun

Tajik Ва касоне аз шумо мемиранд ва занонеро бар ҷо мегузоранд, бояд барои ҳамсарони худ васият кунанд, ки ворисони шавҳар онҳоро то як сол кумак кунанд ва онҳоро аз хона берун накунанд ва агар худашон берун рафтанд, пас дар он чи онҳо ба таври шоиста дар бораи худ анҷом медиҳанд, гуноҳе бар шумо нест, Аллоҳ азизу ҳаким аст.

Verse 241

وَلِلْمُطَلَّقَـٰتِ مَتَـٰعٌۢ بِٱلْمَعْرُوفِ ۖ حَقًّا عَلَى ٱلْمُتَّقِينَ

Transliteration walil'muṭallaqāti matāʿun bil-maʿrūfi ḥaqqan ʿalā l-mutaqīna

Tajik Ва талоқшудагонро тибқи шариъат, ба пӯшок ва нафақаи хуб баҳраманд сохтан лозим аст, онҳо касонеанд, ки аз Аллоҳи худ метарсанд ва амру наҳйяшро ба ҷо меоранд.

Verse 242

كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمْ ءَايَـٰتِهِۦ لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ

Transliteration kadhālika yubayyinu l-lahu lakum āyātihi laʿallakum taʿqilūna

Tajik Ҳамчунин Аллоҳ аҳкоми худро дар бораи фарзандон ва занон равшан баён медорад. Ҳадаф аз баёни он барои бандагон ин аст, ки онро бифаҳманд ва дар он бияндешанд ва ба он амал намоянд.

Verse 243

۞ أَلَمْ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ خَرَجُوا۟ مِن دِيَـٰرِهِمْ وَهُمْ أُلُوفٌ حَذَرَ ٱلْمَوْتِ فَقَالَ لَهُمُ ٱللَّهُ مُوتُوا۟ ثُمَّ أَحْيَـٰهُمْ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَذُو فَضْلٍ عَلَى ٱلنَّاسِ وَلَـٰكِنَّ أَكْثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَشْكُرُونَ

Transliteration alam tara ilā alladhīna kharajū min diyārihim wahum ulūfun ḥadhara l-mawti faqāla lahumu l-lahu mūtū thumma aḥyāhum inna l-laha ladhū faḍlin ʿalā l-nāsi walākinna akthara l-nāsi lā yashkurūna

Tajik Эй Расул, оё ин қиссаи аҷибро, ки барои гузаштагони шумо пеш омад, нашунидаӣ? Он гоҳ, ки вабо (бемории сирояткунанда ва паҳншаванда) сарзамини онҳоро фаро гирифт, онҳо ҳазорон нафар буданд, барои ин ки аз дасти марг фирор кунанд, аз сарзамини худ берун рафтанд, аммо фирор онҳоро наҷот надод ва натавонист, чизеро ки аз вуқуъи он метарсиданд, аз онҳо дур намояд. Ва Аллоҳ бар хилофи мақсудашон бо онҳо бархӯрд кард ва ҳамаро ҳалок гардонд. Баъд аз муддате Аллоҳ онҳоро ба сабаби фазл ва эҳсони худ зинда гардонид, то ин ки умри худро давом диҳанд ва ибрат гирифта бо тавба бозгарданд. Ва онҳо мебоист шукри неъматҳои Илоҳиро баҷо оваранд, вале бештарашон дар анҷоми фаризаи шукргузорӣ кӯтоҳӣ варзиданд.

Verse 244

وَقَـٰتِلُوا۟ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ وَٱعْلَمُوٓا۟ أَنَّ ٱللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

Transliteration waqātilū fī sabīli l-lahi wa-iʿ'lamū anna l-laha samīʿun ʿalīmun

Tajik Эй мусалмонон, барои нусрати дини Аллоҳ дар роҳи Аллоҳ бо кофирон биҷангед ва бидонед, ки Аллоҳ ба суханони шумо шунаво ва ба ният ва амалҳои шумо доност!

Verse 245

مَّن ذَا ٱلَّذِى يُقْرِضُ ٱللَّهَ قَرْضًا حَسَنًا فَيُضَـٰعِفَهُۥ لَهُۥٓ أَضْعَافًا كَثِيرَةً ۚ وَٱللَّهُ يَقْبِضُ وَيَبْصُۜطُ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ

Transliteration man dhā alladhī yuq'riḍu l-laha qarḍan ḥasanan fayuḍāʿifahu lahu aḍʿāfan kathīratan wal-lahu yaqbiḍu wayabṣuṭu wa-ilayhi tur'jaʿūna

Tajik Кист ба Аллоҳ қарзи некӯ диҳад. Ва Аллоҳ ба ӯ ваъда додааст, ки подоши ӯро чандин баробар намояд!? Аллоҳ ризқи ҳар касро, ки бихоҳад зиёд, ё кам мекунад. Пас тарс аз фақр набояд монеъи нафақа шавад ва одамӣ набояд гумон барад, ки амволеро, ки нафақа намуда зоеъ гардондааст, балки бозгашти ҳамаи бандагон ба сӯи Аллоҳ аст. Ва нафақакунандагон ва амалкунандагон муздашонро назди Аллоҳ меёбанд.

Verse 246

أَلَمْ تَرَ إِلَى ٱلْمَلَإِ مِنۢ بَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ مِنۢ بَعْدِ مُوسَىٰٓ إِذْ قَالُوا۟ لِنَبِىٍّ لَّهُمُ ٱبْعَثْ لَنَا مَلِكًا نُّقَـٰتِلْ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ ۖ قَالَ هَلْ عَسَيْتُمْ إِن كُتِبَ عَلَيْكُمُ ٱلْقِتَالُ أَلَّا تُقَـٰتِلُوا۟ ۖ قَالُوا۟ وَمَا لَنَآ أَلَّا نُقَـٰتِلَ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ وَقَدْ أُخْرِجْنَا مِن دِيَـٰرِنَا وَأَبْنَآئِنَا ۖ فَلَمَّا كُتِبَ عَلَيْهِمُ ٱلْقِتَالُ تَوَلَّوْا۟ إِلَّا قَلِيلًا مِّنْهُمْ ۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌۢ بِٱلظَّـٰلِمِينَ

Transliteration alam tara ilā l-mala-i min banī is'rāīla min baʿdi mūsā idh qālū linabiyyin lahumu ib'ʿath lanā malikan nuqātil fī sabīli l-lahi qāla hal ʿasaytum in kutiba ʿalaykumu l-qitālu allā tuqātilū qālū wamā lanā allā nuqātila fī sabīli l-lahi waqad ukh'rij'nā min diyārinā wa-abnāinā falammā kutiba ʿalayhimu l-qitālu tawallaw illā qalīlan min'hum wal-lahu ʿalīmun bil-ẓālimīna

Tajik Оё аз қиссаи бузургони бани Исроил, пас аз Мӯсо хабар наёфтӣ, он гоҳ, ки ба паёмбари худашон гуфтанд: "Барои мо подшоҳе барпо кун, то дар роҳи Аллоҳ бо душманон ҷанг кунем". Паёмбарашон гуфт: "Шояд агар ҷангидан бар шумо фарз гардад, ҷанг накунед, зеро ки ман пай мебарам аз тарс ва гурехтани шумо дар ҷанг". Гуфтанд: "Чаро дар роҳи Аллоҳ ҷанг накунем, дар ҳоле ки аз сарзамин ва фарзандонамон берун ронда шудаем?". Пас вақте ҷанг бар онҳо фарз шуд, тарсида аз ҷанг гурехтанд ва рӯй бартофтанд, магар андаке аз онҳо дар ҷанг устувор истод ва Аллоҳ ба ситамкорони аҳдшикан доност.

Verse 247

وَقَالَ لَهُمْ نَبِيُّهُمْ إِنَّ ٱللَّهَ قَدْ بَعَثَ لَكُمْ طَالُوتَ مَلِكًا ۚ قَالُوٓا۟ أَنَّىٰ يَكُونُ لَهُ ٱلْمُلْكُ عَلَيْنَا وَنَحْنُ أَحَقُّ بِٱلْمُلْكِ مِنْهُ وَلَمْ يُؤْتَ سَعَةً مِّنَ ٱلْمَالِ ۚ قَالَ إِنَّ ٱللَّهَ ٱصْطَفَىٰهُ عَلَيْكُمْ وَزَادَهُۥ بَسْطَةً فِى ٱلْعِلْمِ وَٱلْجِسْمِ ۖ وَٱللَّهُ يُؤْتِى مُلْكَهُۥ مَن يَشَآءُ ۚ وَٱللَّهُ وَٰسِعٌ عَلِيمٌ

Transliteration waqāla lahum nabiyyuhum inna l-laha qad baʿatha lakum ṭālūta malikan qālū annā yakūnu lahu l-mul'ku ʿalaynā wanaḥnu aḥaqqu bil-mul'ki min'hu walam yu'ta saʿatan mina l-māli qāla inna l-laha iṣ'ṭafāhu ʿalaykum wazādahu basṭatan fī l-ʿil'mi wal-jis'mi wal-lahu yu'tī mul'kahu man yashāu wal-lahu wāsiʿun ʿalīmun

Tajik Ва паёмбарашон ба онҳо гуфт: "Ҳамоно Аллоҳ бинобар дархостатон Толутро ба подшоҳии шумо фиристодааст, то дар ҷанг шуморо дар муқобили душманатон роҳнамоӣ кунад". Гуфтанд: "Чи гуна ӯ фармонравоии мо бошад, дар ҳоле ки мо аз ӯ ба подшоҳӣ сазовортарем ва ба ӯ моли фаровоне дода нашудааст?". Паёмбарашон гуфт: "Ҳамон Аллоҳ ӯро бар шумо бартарӣ дода ва дар ҷисму дониш бар шумо бартарӣ бахшидааст ва Ӯ дар корҳои бандагонаш доност ва подшоҳии худро ба ҳар кас, ки бихоҳад медиҳад ва Аллоҳ соҳиби фазлу неъмат ва ба ҳамаи корҳо доност ва аз Ӯ чизе пинҳон намемонад".

Verse 248

وَقَالَ لَهُمْ نَبِيُّهُمْ إِنَّ ءَايَةَ مُلْكِهِۦٓ أَن يَأْتِيَكُمُ ٱلتَّابُوتُ فِيهِ سَكِينَةٌ مِّن رَّبِّكُمْ وَبَقِيَّةٌ مِّمَّا تَرَكَ ءَالُ مُوسَىٰ وَءَالُ هَـٰرُونَ تَحْمِلُهُ ٱلْمَلَـٰٓئِكَةُ ۚ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَةً لَّكُمْ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ

Transliteration waqāla lahum nabiyyuhum inna āyata mul'kihi an yatiyakumu l-tābūtu fīhi sakīnatun min rabbikum wabaqiyyatun mimmā taraka ālu mūsā waālu hārūna taḥmiluhu l-malāikatu inna fī dhālika laāyatan lakum in kuntum mu'minīna

Tajik Пайғамбарашон гуфт, ки нишони подшоҳии ӯ ин аст, ки ба шумо сандуқе меояд, ва ин сандуқ ба дасти душманон афтода буд. Дар он Таврот ва оромии дил аз Парвардигоратон ва боқии мероси хонадони Мӯсо ва хонадони Ҳорун дар он аст, монанди асо ва пораҳое аз Таврот, ки фариштагон онро мебардоранд. Ин барои шумо ибратест. Агар мӯъмин бошед, Толутро ба амри Аллоҳ ба подшоҳӣ ихтиёр кунед!

Verse 249

فَلَمَّا فَصَلَ طَالُوتُ بِٱلْجُنُودِ قَالَ إِنَّ ٱللَّهَ مُبْتَلِيكُم بِنَهَرٍ فَمَن شَرِبَ مِنْهُ فَلَيْسَ مِنِّى وَمَن لَّمْ يَطْعَمْهُ فَإِنَّهُۥ مِنِّىٓ إِلَّا مَنِ ٱغْتَرَفَ غُرْفَةًۢ بِيَدِهِۦ ۚ فَشَرِبُوا۟ مِنْهُ إِلَّا قَلِيلًا مِّنْهُمْ ۚ فَلَمَّا جَاوَزَهُۥ هُوَ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ مَعَهُۥ قَالُوا۟ لَا طَاقَةَ لَنَا ٱلْيَوْمَ بِجَالُوتَ وَجُنُودِهِۦ ۚ قَالَ ٱلَّذِينَ يَظُنُّونَ أَنَّهُم مُّلَـٰقُوا۟ ٱللَّهِ كَم مِّن فِئَةٍ قَلِيلَةٍ غَلَبَتْ فِئَةً كَثِيرَةًۢ بِإِذْنِ ٱللَّهِ ۗ وَٱللَّهُ مَعَ ٱلصَّـٰبِرِينَ

Transliteration falammā faṣala ṭālūtu bil-junūdi qāla inna l-laha mub'talīkum binaharin faman shariba min'hu falaysa minnī waman lam yaṭʿamhu fa-innahu minnī illā mani igh'tarafa ghur'fatan biyadihi fasharibū min'hu illā qalīlan min'hum falammā jāwazahu huwa wa-alladhīna āmanū maʿahu qālū lā ṭāqata lanā l-yawma bijālūta wajunūdihi qāla alladhīna yaẓunnūna annahum mulāqū l-lahi kam min fi-atin qalīlatin ghalabat fi-atan kathīratan bi-idh'ni l-lahi wal-lahu maʿa l-ṣābirīna

Tajik Ва ҳангоме ки Толут бо лашкаронаш аз шаҳр берун омад, гуфт: "Ҳамоно Аллоҳ шуморо бо ҷӯе озмоиш мекунад, пас ҳар кас аз он ҷӯй бинӯшад аз ман нест ва ӯ осӣ аст, дар ҷиҳод ҳамроҳи ман тоқат карда наметавонад ва ҳар кас аз он нанӯшад, аз ман аст, зеро ӯ фармонбардори амри ман ва лаёқат ба ҷиҳод шуда метавонад, магар касе, ки кафе аз он бо дасти худ бардорад, иҷозат дода мешавад". Пас, вақте ки ба он ҷӯй расиданд, бесабрӣ карда ҳама об нӯшиданд, магар каме аз онҳо бар ташнагӣ ва гармӣ сабр карданд ва ба нӯшидани як каф об кифоят карданд. Ин ҳангом осиён аз ҷиҳод ақибнишинӣ карданд. Ва он гоҳ ки Толут ва касоне, ки имон оварда буданд, ҳамроҳи ӯ аз ҷӯй гузаштанд, ва гуфтанд: "Имрӯз моро ба муқобили Ҷолут ва лашкарҳои ӯ тавоноие нест аз сабаби бисёрии лашкари душман". Касоне, ки бовар доштанд, Аллоҳро мулоқот хоҳанд кард ва ба бародаронашон мегуфтанд: "Чи басо гурӯҳи андаке ба изни Аллоҳ бар гурӯҳи зиёде ғолиб шавад ва Аллоҳ бо сабркунандагон аст".

Verse 250

وَلَمَّا بَرَزُوا۟ لِجَالُوتَ وَجُنُودِهِۦ قَالُوا۟ رَبَّنَآ أَفْرِغْ عَلَيْنَا صَبْرًا وَثَبِّتْ أَقْدَامَنَا وَٱنصُرْنَا عَلَى ٱلْقَوْمِ ٱلْكَـٰفِرِينَ

Transliteration walammā barazū lijālūta wajunūdihi qālū rabbanā afrigh ʿalaynā ṣabran wathabbit aqdāmanā wa-unṣur'nā ʿalā l-qawmi l-kāfirīna

Tajik Чун мӯъминон бо Ҷолут ва лашкарони мушрикаш рӯ ба рӯ шуданд, гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, бар мо сабр бидеҳу моро собитқадам гардон ва моро бо мададат бар кофирон пирӯз гардон!»

Verse 251

فَهَزَمُوهُم بِإِذْنِ ٱللَّهِ وَقَتَلَ دَاوُۥدُ جَالُوتَ وَءَاتَىٰهُ ٱللَّهُ ٱلْمُلْكَ وَٱلْحِكْمَةَ وَعَلَّمَهُۥ مِمَّا يَشَآءُ ۗ وَلَوْلَا دَفْعُ ٱللَّهِ ٱلنَّاسَ بَعْضَهُم بِبَعْضٍ لَّفَسَدَتِ ٱلْأَرْضُ وَلَـٰكِنَّ ٱللَّهَ ذُو فَضْلٍ عَلَى ٱلْعَـٰلَمِينَ

Transliteration fahazamūhum bi-idh'ni l-lahi waqatala dāwūdu jālūta waātāhu l-lahu l-mul'ka wal-ḥik'mata waʿallamahu mimmā yashāu walawlā dafʿu l-lahi l-nāsa baʿḍahum bibaʿḍin lafasadati l-arḍu walākinna l-laha dhū faḍlin ʿalā l-ʿālamīna

Tajik Пас ба хости Аллоҳ онҳоро шикаст доданд ва Довуд (алайҳиссалом) Ҷолут сарвари золимонро бикушт ва Аллоҳ ба Довуд (алайҳиссалом) подшоҳиву ҳикмат дод ва он чӣ мехост, ба ӯ биёмухт. Ва агар Аллоҳ баъзе аз мардум яъне, ахди маъсият ва ширкро ба сабаби баъзе дигар яъне, аҳли тоъат ва имон дафъ намекард, замин фасод мешуд, вале Аллоҳ бар муъминон лутф намуда ва бар асоси дину шариъате, ки барои онон таъин кардааст, аз онҳо ва аз динашон дифоъ менамояд.

Verse 252

تِلْكَ ءَايَـٰتُ ٱللَّهِ نَتْلُوهَا عَلَيْكَ بِٱلْحَقِّ ۚ وَإِنَّكَ لَمِنَ ٱلْمُرْسَلِينَ

Transliteration til'ka āyātu l-lahi natlūhā ʿalayka bil-ḥaqi wa-innaka lamina l-mur'salīna

Tajik Инҳо аст оётҳои Аллоҳ, ки ба ростӣ бар ту эй Муҳаммад мехонем. Ва ба дурустӣ, ки ту аз паёмбарон ҳастӣ!

Verse 253

۞ تِلْكَ ٱلرُّسُلُ فَضَّلْنَا بَعْضَهُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ ۘ مِّنْهُم مَّن كَلَّمَ ٱللَّهُ ۖ وَرَفَعَ بَعْضَهُمْ دَرَجَـٰتٍ ۚ وَءَاتَيْنَا عِيسَى ٱبْنَ مَرْيَمَ ٱلْبَيِّنَـٰتِ وَأَيَّدْنَـٰهُ بِرُوحِ ٱلْقُدُسِ ۗ وَلَوْ شَآءَ ٱللَّهُ مَا ٱقْتَتَلَ ٱلَّذِينَ مِنۢ بَعْدِهِم مِّنۢ بَعْدِ مَا جَآءَتْهُمُ ٱلْبَيِّنَـٰتُ وَلَـٰكِنِ ٱخْتَلَفُوا۟ فَمِنْهُم مَّنْ ءَامَنَ وَمِنْهُم مَّن كَفَرَ ۚ وَلَوْ شَآءَ ٱللَّهُ مَا ٱقْتَتَلُوا۟ وَلَـٰكِنَّ ٱللَّهَ يَفْعَلُ مَا يُرِيدُ

Transliteration til'ka l-rusulu faḍḍalnā baʿḍahum ʿalā baʿḍin min'hum man kallama l-lahu warafaʿa baʿḍahum darajātin waātaynā ʿīsā ib'na maryama l-bayināti wa-ayyadnāhu birūḥi l-qudusi walaw shāa l-lahu mā iq'tatala alladhīna min baʿdihim min baʿdi mā jāathumu l-bayinātu walākini ikh'talafū famin'hum man āmana wamin'hum man kafara walaw shāa l-lahu mā iq'tatalū walākinna l-laha yafʿalu mā yurīdu

Tajik Баъзе аз ин паёмбарони гиромиқадрро бар баъзе дигар бартарӣ додем. Аллоҳ бо баъзе сухан гуфт. (ба монанди Мӯсо ва Муҳаммад алайҳиссалом.) Ва Аллоҳ баъзеро ба дараҷоте олӣ боло кард. (Ба монанди Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ки рисолати вай барои ҳамаи мардум ва хотами паёмбарон аст ва умматашро бар тамоми умматҳои гузашта бузург гардонд ва ғайра.) Ва ба Исо писари Марям муъҷизаҳо додем. Ва Аллоҳ ӯро ба василаи Руҳулқуддус, яъне руҳи имон ёрӣ намуд. Ва агар Аллоҳ мехост, мардуме, ки баъд аз онҳо буданд, пас аз он, ки хуҷҷатҳо бар онон ошкор шуда буд, бо якдигар ҷанг намекарданд. Вале онон ихтилоф карданд. Пас баъзе муъмин буданд ва баъзе кофир шуданд. Ва агар Аллоҳ мехост, бо ҳамдигар ҷанг намекарданд. Аммо Аллоҳ он чӣ бихоҳад анҷом медиҳад.

Verse 254

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ أَنفِقُوا۟ مِمَّا رَزَقْنَـٰكُم مِّن قَبْلِ أَن يَأْتِىَ يَوْمٌ لَّا بَيْعٌ فِيهِ وَلَا خُلَّةٌ وَلَا شَفَـٰعَةٌ ۗ وَٱلْكَـٰفِرُونَ هُمُ ٱلظَّـٰلِمُونَ

Transliteration yāayyuhā alladhīna āmanū anfiqū mimmā razaqnākum min qabli an yatiya yawmun lā bayʿun fīhi walā khullatun walā shafāʿatun wal-kāfirūna humu l-ẓālimūna

Tajik Эй касоне, ки имон овардаед, пеш аз он ки он рӯзе фаро расад, ки на дар он хариду фурӯше бошад ва на дӯстиву шафоъате, аз он чӣ ба шумо рузӣ (закоти фарзшуда) додаем, садақа кунед. Ва кофирон худ ситамкоронанд.

Verse 255

ٱللَّهُ لَآ إِلَـٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلْحَىُّ ٱلْقَيُّومُ ۚ لَا تَأْخُذُهُۥ سِنَةٌ وَلَا نَوْمٌ ۚ لَّهُۥ مَا فِى ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَمَا فِى ٱلْأَرْضِ ۗ مَن ذَا ٱلَّذِى يَشْفَعُ عِندَهُۥٓ إِلَّا بِإِذْنِهِۦ ۚ يَعْلَمُ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ ۖ وَلَا يُحِيطُونَ بِشَىْءٍ مِّنْ عِلْمِهِۦٓ إِلَّا بِمَا شَآءَ ۚ وَسِعَ كُرْسِيُّهُ ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ ۖ وَلَا يَـُٔودُهُۥ حِفْظُهُمَا ۚ وَهُوَ ٱلْعَلِىُّ ٱلْعَظِيمُ

Transliteration al-lahu lā ilāha illā huwa l-ḥayu l-qayūmu lā takhudhuhu sinatun walā nawmun lahu mā fī l-samāwāti wamā fī l-arḍi man dhā alladhī yashfaʿu ʿindahu illā bi-idh'nihi yaʿlamu mā bayna aydīhim wamā khalfahum walā yuḥīṭūna bishayin min ʿil'mihi illā bimā shāa wasiʿa kur'siyyuhu l-samāwāti wal-arḍa walā yaūduhu ḥif'ẓuhumā wahuwa l-ʿaliyu l-ʿaẓīmu

Tajik Маъбуди ба ҳаққе ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад, танҳо Ӯ сазовори ибодат аст, зиндаву пойдор аст. Пинак ва хоб Ӯро фаро намегирад, он чи дар осмонҳо ва замин аст аз они Ӯст, кист, ки назди Ӯ шафоъат кунад, магар бо изни Ӯ? Гузашта ва ояндаи эшонро медонад ва аз илми Ӯ огоҳ намеёбанд ва ба дониши Ӯ иҳота пайдо нахоҳанд кард, магар он миқдор, ки Ӯ бихоҳад, Курсии, Ӯ осмонҳо ва заминро фаро гирифтааст ва нигохдории онҳо барои Ӯ гарон несг ва Ӯ баландмартабаи Бузургвор асг.

Verse 256

لَآ إِكْرَاهَ فِى ٱلدِّينِ ۖ قَد تَّبَيَّنَ ٱلرُّشْدُ مِنَ ٱلْغَىِّ ۚ فَمَن يَكْفُرْ بِٱلطَّـٰغُوتِ وَيُؤْمِنۢ بِٱللَّهِ فَقَدِ ٱسْتَمْسَكَ بِٱلْعُرْوَةِ ٱلْوُثْقَىٰ لَا ٱنفِصَامَ لَهَا ۗ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

Transliteration lā ik'rāha fī l-dīni qad tabayyana l-rush'du mina l-ghayi faman yakfur bil-ṭāghūti wayu'min bil-lahi faqadi is'tamsaka bil-ʿur'wati l-wuth'qā lā infiṣāma lahā wal-lahu samīʿun ʿalīmun

Tajik Дар дин маҷбурӣ нест. Ба ростӣ ки ҳидоят аз гумроҳӣ ҷудо шудааст. Пас ҳар касе, ки ба тоғут куфр варзад ва ба Аллоҳ имон биёварад, ба ростӣ ки ба дастовези маҳкаме (дини ислом) чанг задааст, ки канда шуданӣ нест ва Аллоҳ суханони бандагонашро мешунавад ва аз афъол ва нияташон огоҳ аст.

Verse 257

ٱللَّهُ وَلِىُّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ يُخْرِجُهُم مِّنَ ٱلظُّلُمَـٰتِ إِلَى ٱلنُّورِ ۖ وَٱلَّذِينَ كَفَرُوٓا۟ أَوْلِيَآؤُهُمُ ٱلطَّـٰغُوتُ يُخْرِجُونَهُم مِّنَ ٱلنُّورِ إِلَى ٱلظُّلُمَـٰتِ ۗ أُو۟لَـٰٓئِكَ أَصْحَـٰبُ ٱلنَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَـٰلِدُونَ

Transliteration al-lahu waliyyu alladhīna āmanū yukh'rijuhum mina l-ẓulumāti ilā l-nūri wa-alladhīna kafarū awliyāuhumu l-ṭāghūtu yukh'rijūnahum mina l-nūri ilā l-ẓulumāti ulāika aṣḥābu l-nāri hum fīhā khālidūna

Tajik Аллоҳ сарпараст ва корсози мӯъминон аст ононро (ба нусрат, тавфиқ ва ҳифзи худ) аз торикиҳо ба сӯи нур (яъне имон, илм, ва тоъат) берун мебарад ва касоне, ки куфр варзидаанд, парастандагони тоғутанд, ки ононро аз рӯшноии имон ба сӯи торикиҳо (яъне куфр, ҷаҳл ва маъсият) мекашонанд. Онҳо аҳли дӯзаханд ва дар он ҷовидона хоҳанд буд.

Verse 258

أَلَمْ تَرَ إِلَى ٱلَّذِى حَآجَّ إِبْرَٰهِـۧمَ فِى رَبِّهِۦٓ أَنْ ءَاتَىٰهُ ٱللَّهُ ٱلْمُلْكَ إِذْ قَالَ إِبْرَٰهِـۧمُ رَبِّىَ ٱلَّذِى يُحْىِۦ وَيُمِيتُ قَالَ أَنَا۠ أُحْىِۦ وَأُمِيتُ ۖ قَالَ إِبْرَٰهِـۧمُ فَإِنَّ ٱللَّهَ يَأْتِى بِٱلشَّمْسِ مِنَ ٱلْمَشْرِقِ فَأْتِ بِهَا مِنَ ٱلْمَغْرِبِ فَبُهِتَ ٱلَّذِى كَفَرَ ۗ وَٱللَّهُ لَا يَهْدِى ٱلْقَوْمَ ٱلظَّـٰلِمِينَ

Transliteration alam tara ilā alladhī ḥājja ib'rāhīma fī rabbihi an ātāhu l-lahu l-mul'ka idh qāla ib'rāhīmu rabbiya alladhī yuḥ'yī wayumītu qāla anā uḥ'yī wa-umītu qāla ib'rāhīmu fa-inna l-laha yatī bil-shamsi mina l-mashriqi fati bihā mina l-maghribi fabuhita alladhī kafara wal-lahu lā yahdī l-qawma l-ẓālimīna

Tajik Эй Расул, оё аз ҳоли касе, ки Аллоҳ ба ӯ подшоҳӣ бахшида буд ва бо Иброҳим дар мавриди тавҳид ва рубубияти Парвардигораш муҷодала кард, хабар дорӣ? Чун аз Иброҳим суол кард, Парвардигори ту кист? Он гоҳ, ки Иброҳим гуфт: Парвардигори ман зоте аст, ки танҳо Ӯ меофарад ва тадбир менамояд ва зинда гардонидан ва миронидан танҳо аз они Ӯст. Гуфт: "Ман низ зинда мегардонам ва мемиронам Иброҳим гуфт: "Аллоҳ хуршедро аз машриқ бар меоварад ва оё метавонӣ ту онро аз мағриб бароварӣ". Пас касе, ки куфр варзида буд ҳайрон шуд ва ҳуҷҷаташ барбод рафт. Аллоҳ қавми ситамкорро ба роҳи ҳақ ҳидоят намекунад.

Verse 259

أَوْ كَٱلَّذِى مَرَّ عَلَىٰ قَرْيَةٍ وَهِىَ خَاوِيَةٌ عَلَىٰ عُرُوشِهَا قَالَ أَنَّىٰ يُحْىِۦ هَـٰذِهِ ٱللَّهُ بَعْدَ مَوْتِهَا ۖ فَأَمَاتَهُ ٱللَّهُ مِا۟ئَةَ عَامٍ ثُمَّ بَعَثَهُۥ ۖ قَالَ كَمْ لَبِثْتَ ۖ قَالَ لَبِثْتُ يَوْمًا أَوْ بَعْضَ يَوْمٍ ۖ قَالَ بَل لَّبِثْتَ مِا۟ئَةَ عَامٍ فَٱنظُرْ إِلَىٰ طَعَامِكَ وَشَرَابِكَ لَمْ يَتَسَنَّهْ ۖ وَٱنظُرْ إِلَىٰ حِمَارِكَ وَلِنَجْعَلَكَ ءَايَةً لِّلنَّاسِ ۖ وَٱنظُرْ إِلَى ٱلْعِظَامِ كَيْفَ نُنشِزُهَا ثُمَّ نَكْسُوهَا لَحْمًا ۚ فَلَمَّا تَبَيَّنَ لَهُۥ قَالَ أَعْلَمُ أَنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ

Transliteration aw ka-alladhī marra ʿalā qaryatin wahiya khāwiyatun ʿalā ʿurūshihā qāla annā yuḥ'yī hādhihi l-lahu baʿda mawtihā fa-amātahu l-lahu mi-ata ʿāmin thumma baʿathahu qāla kam labith'ta qāla labith'tu yawman aw baʿḍa yawmin qāla bal labith'ta mi-ata ʿāmin fa-unẓur ilā ṭaʿāmika washarābika lam yatasannah wa-unẓur ilā ḥimārika walinajʿalaka āyatan lilnnāsi wa-unẓur ilā l-ʿiẓāmi kayfa nunshizuhā thumma naksūhā laḥman falammā tabayyana lahu qāla aʿlamu anna l-laha ʿalā kulli shayin qadīrun

Tajik Ё дидӣ ки монанди он кас, ки ба деҳе расид, деҳе, ки сақфҳои биноҳояш фурӯ рехта буд. Гуфт: «Аз куҷо Аллоҳ ин мурдагонро зинда кунад?» Аллоҳ ӯро ба муддати сад сол миронд ва харашро ҳам ҳамроҳи ӯ миронд ва хӯрок ва нӯшиданиро низ ба ҳамроҳ дошт, ки Аллоҳ хӯрок ва нӯшидании ӯро ба ҳамон ҳолат дар ин муддати тулонӣ нигоҳ дошт. Он гоҳ зиндааш кард. Ва гуфт: «чӣ муддат дар ин ҷо будӣ?» Гуфт; Як рӯз ё нисфе аз як рӯз дар ин ҳолат мондаам ва ин бар ҳасби гумони ӯ буд. Аллоҳ фармуд: Балки сад сол дар ин ҳолат мондаӣ. Ва фармуд ӯро ба хӯроку обат бингар, ки то ин муддат тағйир наёфтааст ва ба харат бингар, ки тикка- тикка шуда ва пӯсидааст ва устухонҳояш рехта ҷудо шудаанд. Мо мехоҳем туро барои мардумон ибрате гардонем ва бингар, ки устухонҳоро чӣ гуна ба ҳам мепайвандем ва гушт бар он мепӯшонем». Чун қудрати Аллоҳ бар ӯ ошкор шуд, иқрор карда гуфт: «Медонам, ки Аллоҳ бар ҳар коре тавоност!

Verse 260

وَإِذْ قَالَ إِبْرَٰهِـۧمُ رَبِّ أَرِنِى كَيْفَ تُحْىِ ٱلْمَوْتَىٰ ۖ قَالَ أَوَلَمْ تُؤْمِن ۖ قَالَ بَلَىٰ وَلَـٰكِن لِّيَطْمَئِنَّ قَلْبِى ۖ قَالَ فَخُذْ أَرْبَعَةً مِّنَ ٱلطَّيْرِ فَصُرْهُنَّ إِلَيْكَ ثُمَّ ٱجْعَلْ عَلَىٰ كُلِّ جَبَلٍ مِّنْهُنَّ جُزْءًا ثُمَّ ٱدْعُهُنَّ يَأْتِينَكَ سَعْيًا ۚ وَٱعْلَمْ أَنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

Transliteration wa-idh qāla ib'rāhīmu rabbi arinī kayfa tuḥ'yī l-mawtā qāla awalam tu'min qāla balā walākin liyaṭma-inna qalbī qāla fakhudh arbaʿatan mina l-ṭayri faṣur'hunna ilayka thumma ij'ʿal ʿalā kulli jabalin min'hunna juz'an thumma ud'ʿuhunna yatīnaka saʿyan wa-iʿ'lam anna l-laha ʿazīzun ḥakīmun

Tajik Иброҳим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба ман бинамой, ки мурдагонро чӣ гуна зинда месозӣ». Гуфт: «Оё ҳанӯз имон наёвардаӣ?» Гуфт; Оре, эй Парвардигор! Ман имон дорам, ки ту бар ҳар чизе тавоно ҳастӣ ва мурдагонро зинда мегардонӣ ва бандагонро сазо ва ҷазо медиҳӣ, аммо мехоҳам дилам ором гирад ва ба ҳақиқати маҳз бирасам. Гуфт; «Чаҳор парранда бигир ва онҳоро бикуш ва пора-пора кун ва бо якдигар биёмез ва ҳар порае аз онҳоро бар кӯҳе бинеҳ. Пас онҳоро фарёд кун! Албатта шитобон назди ту меоянд. Ба Иброҳим ҳар паррандаеро ба номаш садо зад ва паррандагон бо шитоб ба сӯи ӯ омаданд. Ва бидон, ки Аллоҳ азиз аст, Ӯро чизе ғолиб омада наметавонад ва дар гуфтор, афъол, шариъат ва қазову қадараш бо ҳикмат аст».

Verse 261

مَّثَلُ ٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمْوَٰلَهُمْ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ كَمَثَلِ حَبَّةٍ أَنۢبَتَتْ سَبْعَ سَنَابِلَ فِى كُلِّ سُنۢبُلَةٍ مِّا۟ئَةُ حَبَّةٍ ۗ وَٱللَّهُ يُضَـٰعِفُ لِمَن يَشَآءُ ۗ وَٱللَّهُ وَٰسِعٌ عَلِيمٌ

Transliteration mathalu alladhīna yunfiqūna amwālahum fī sabīli l-lahi kamathali ḥabbatin anbatat sabʿa sanābila fī kulli sunbulatin mi-atu ḥabbatin wal-lahu yuḍāʿifu liman yashāu wal-lahu wāsiʿun ʿalīmun

Tajik Мисоли мӯъминоне, ки молҳояшонро дар роҳи Аллоҳ сарф мекунанд, мисли донаест, дар замини пок кошта шуда ки ҳафт хӯша мерӯёнад ва дар ҳар хӯша сад дона аст ва Аллоҳ барои ҳар кас, ки бихоҳад савоби онро чанд баробар менамояд. Ва ин бар ҳасби имон ва ихлоси комил аст, ки дар қалби нафақакунанда қарор дорад ва Аллоҳ фарохнеъмат аст ва аз нияти бандагонаш бохабар аст.

Verse 262

ٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمْوَٰلَهُمْ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ ثُمَّ لَا يُتْبِعُونَ مَآ أَنفَقُوا۟ مَنًّا وَلَآ أَذًى ۙ لَّهُمْ أَجْرُهُمْ عِندَ رَبِّهِمْ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ

Transliteration alladhīna yunfiqūna amwālahum fī sabīli l-lahi thumma lā yut'biʿūna mā anfaqū mannan walā adhan lahum ajruhum ʿinda rabbihim walā khawfun ʿalayhim walā hum yaḥzanūna

Tajik Онҳое, ки молҳои худро дар роҳи Аллоҳ ва дар дигар навъҳои хайр сарф мекунанд, пас аз хайри кардаашон бар касе миннат намекунанд ва неъматҳоро барнамешуморанд ва касеро бо забон ва кирдор озор намедиҳанд. Дар назди Парвардигорашон барояшон савоби бузургест. Ва дар охират бар онҳо тарс нест ва он чӣ аз дунё фавташон шуд, ғам нахоҳанд хӯрд.

Verse 263

۞ قَوْلٌ مَّعْرُوفٌ وَمَغْفِرَةٌ خَيْرٌ مِّن صَدَقَةٍ يَتْبَعُهَآ أَذًى ۗ وَٱللَّهُ غَنِىٌّ حَلِيمٌ

Transliteration qawlun maʿrūfun wamaghfiratun khayrun min ṣadaqatin yatbaʿuhā adhan wal-lahu ghaniyyun ḥalīmun

Tajik Гуфтори некӯ ва бахшиш аз зулме, ки ба сухан ё ба феъл аст, аз садақаҳое, ки аз паи он озурда кардан бошад, беҳтар аст ва Аллоҳ аз садақаҳои бандагонаш бе ниёзу бурдбор аст, ки онҳоро тез ба азоб намегирад.

Verse 264

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ لَا تُبْطِلُوا۟ صَدَقَـٰتِكُم بِٱلْمَنِّ وَٱلْأَذَىٰ كَٱلَّذِى يُنفِقُ مَالَهُۥ رِئَآءَ ٱلنَّاسِ وَلَا يُؤْمِنُ بِٱللَّهِ وَٱلْيَوْمِ ٱلْـَٔاخِرِ ۖ فَمَثَلُهُۥ كَمَثَلِ صَفْوَانٍ عَلَيْهِ تُرَابٌ فَأَصَابَهُۥ وَابِلٌ فَتَرَكَهُۥ صَلْدًا ۖ لَّا يَقْدِرُونَ عَلَىٰ شَىْءٍ مِّمَّا كَسَبُوا۟ ۗ وَٱللَّهُ لَا يَهْدِى ٱلْقَوْمَ ٱلْكَـٰفِرِينَ

Transliteration yāayyuhā alladhīna āmanū lā tub'ṭilū ṣadaqātikum bil-mani wal-adhā ka-alladhī yunfiqu mālahu riāa l-nāsi walā yu'minu bil-lahi wal-yawmi l-ākhiri famathaluhu kamathali ṣafwānin ʿalayhi turābun fa-aṣābahu wābilun fatarakahu ṣaldan lā yaqdirūna ʿalā shayin mimmā kasabū wal-lahu lā yahdī l-qawma l-kāfirīna

Tajik Эй касоне, ки имон овардед! Садақоти худро бо миннат ниҳодан ва озор расондан ботил накунед, ҳамчунин касе, ки молашро ба мақсади худнамоӣ ба мардум нафақа мекунад, то ки мардум ӯро мадҳу сано гӯянд ва ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон надорад, пас ӯ мисли санги соф ва бузургест, ки бар рӯи он хоке аст ва борони сахт бар он борида ва он хокро аз рӯи санг шуста бурд. Риёкорон низ аз он чӣ ба даст оварданд, дар назди Аллоҳ бар нафақаи кардаи худ чизеро аз савоб намеёбанд ва фоидае нагирифтанд. Аллоҳ кофиронро ба сӯи ҳақ ҳидоят намекунад.

Verse 265

وَمَثَلُ ٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمْوَٰلَهُمُ ٱبْتِغَآءَ مَرْضَاتِ ٱللَّهِ وَتَثْبِيتًا مِّنْ أَنفُسِهِمْ كَمَثَلِ جَنَّةٍۭ بِرَبْوَةٍ أَصَابَهَا وَابِلٌ فَـَٔاتَتْ أُكُلَهَا ضِعْفَيْنِ فَإِن لَّمْ يُصِبْهَا وَابِلٌ فَطَلٌّ ۗ وَٱللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ

Transliteration wamathalu alladhīna yunfiqūna amwālahumu ib'tighāa marḍāti l-lahi watathbītan min anfusihim kamathali jannatin birabwatin aṣābahā wābilun faātat ukulahā ḍiʿ'fayni fa-in lam yuṣib'hā wābilun faṭallun wal-lahu bimā taʿmalūna baṣīrun

Tajik Ва мисли касоне ки моли худро барои талаби ризои Аллоҳ, бинобар устувории эътиқоди худ нафақа мекунанд, монанди боғе аст, ки дар теппае қарор дорад ва бар он борони сахте биборад ва ду баробар мева диҳад ва агар борони сахт бар он наборад, борони сабуке (шабнам) кифоят кунад. Ва Аллоҳ бар он чи мекунед ба зоҳир ва ботини шумо биност. Ва ҳар якро ба дараҷаи ихлосаш подош медиҳад.

Verse 266

أَيَوَدُّ أَحَدُكُمْ أَن تَكُونَ لَهُۥ جَنَّةٌ مِّن نَّخِيلٍ وَأَعْنَابٍ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا ٱلْأَنْهَـٰرُ لَهُۥ فِيهَا مِن كُلِّ ٱلثَّمَرَٰتِ وَأَصَابَهُ ٱلْكِبَرُ وَلَهُۥ ذُرِّيَّةٌ ضُعَفَآءُ فَأَصَابَهَآ إِعْصَارٌ فِيهِ نَارٌ فَٱحْتَرَقَتْ ۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمُ ٱلْـَٔايَـٰتِ لَعَلَّكُمْ تَتَفَكَّرُونَ

Transliteration ayawaddu aḥadukum an takūna lahu jannatun min nakhīlin wa-aʿnābin tajrī min taḥtihā l-anhāru lahu fīhā min kulli l-thamarāti wa-aṣābahu l-kibaru walahu dhurriyyatun ḍuʿafāu fa-aṣābahā iʿ'ṣārun fīhi nārun fa-iḥ'taraqat kadhālika yubayyinu l-lahu lakumu l-āyāti laʿallakum tatafakkarūna

Tajik Оё касе аз шумо дӯст дорад, ки боғе аз дарахтони хурмо ва ангур дошта бошад ва зери он ҷӯйборҳо оби ширин равон бошад ва ӯро дар он боғ аз ҳар гуна меваҳо бошад ва дар ҳоле, ки пирӣ ӯро фаро гирад ва наметавонад ин гуна боғдорӣ кунад ва фарзандони заъиф ва нотавон дорад, наметавонанд ӯро ёрӣ кунанд. Ногаҳон гирдбоде, ки оташе дар он аст, бар он бивазад ва боғ бисӯзад? Инчунин Аллоҳ оётро барои шумо баён мекунад, то биандешед.

Verse 267

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ أَنفِقُوا۟ مِن طَيِّبَـٰتِ مَا كَسَبْتُمْ وَمِمَّآ أَخْرَجْنَا لَكُم مِّنَ ٱلْأَرْضِ ۖ وَلَا تَيَمَّمُوا۟ ٱلْخَبِيثَ مِنْهُ تُنفِقُونَ وَلَسْتُم بِـَٔاخِذِيهِ إِلَّآ أَن تُغْمِضُوا۟ فِيهِ ۚ وَٱعْلَمُوٓا۟ أَنَّ ٱللَّهَ غَنِىٌّ حَمِيدٌ

Transliteration yāayyuhā alladhīna āmanū anfiqū min ṭayyibāti mā kasabtum wamimmā akhrajnā lakum mina l-arḍi walā tayammamū l-khabītha min'hu tunfiqūna walastum biākhidhīhi illā an tugh'miḍū fīhi wa-iʿ'lamū anna l-laha ghaniyyun ḥamīdun

Tajik Эй касоне, ки имон ба Ман овардед ва пайрави расулони Ман ҳастед! Аз покизаҳои он чи шумо ба даст овардаед аз он чи Мо аз замин бароятон рӯёндем, нафақа кунед ва қасд макунед, ки сифати пасти онро, ба камбағалон бидиҳед ва ҳол он ки агар ин гуна чиз (нафақа) ба шумо дода шавад, худатон гирандаи он нестед, магар он ки аз бадии он чашм бипӯшед. Пас чӣ гуна розӣ мешавед барои Аллоҳ онро, ки худ намеписандед? Ва бидонед, ки Аллоҳ аз садақаҳои шумо бениёз ва дар ҳама ҳол сазовори ситоиш аст.

Verse 268

ٱلشَّيْطَـٰنُ يَعِدُكُمُ ٱلْفَقْرَ وَيَأْمُرُكُم بِٱلْفَحْشَآءِ ۖ وَٱللَّهُ يَعِدُكُم مَّغْفِرَةً مِّنْهُ وَفَضْلًا ۗ وَٱللَّهُ وَٰسِعٌ عَلِيمٌ

Transliteration al-shayṭānu yaʿidukumu l-faqra wayamurukum bil-faḥshāi wal-lahu yaʿidukum maghfiratan min'hu wafaḍlan wal-lahu wāsiʿun ʿalīmun

Tajik Ин бахилӣ ва ихтиёр кардани садақаи пастсифат аз шайтон аст, ки шуморо бо тангдастӣ метарсонад ва ба бахилӣ ташвиқ менамояд ва ба гуноҳ амр мекунад. Аллоҳ шуморо ба омӯрзиши гуноҳоятон ва афзунӣ дар неъмат, ваъда медиҳад. Ва Аллоҳ фарохнеъмат аст ва ба аъмол ва ниятҳоятон доност!

Verse 269

يُؤْتِى ٱلْحِكْمَةَ مَن يَشَآءُ ۚ وَمَن يُؤْتَ ٱلْحِكْمَةَ فَقَدْ أُوتِىَ خَيْرًا كَثِيرًا ۗ وَمَا يَذَّكَّرُ إِلَّآ أُو۟لُوا۟ ٱلْأَلْبَـٰبِ

Transliteration yu'tī l-ḥik'mata man yashāu waman yu'ta l-ḥik'mata faqad ūtiya khayran kathīran wamā yadhakkaru illā ulū l-albābi

Tajik Ҳикматро ба касе, ки хоҳад, мебахшад ва ҳар кас, ки ҳикмат ба ӯ дода шавад, ба ростӣ, ки хайри бисёре ба ӯ дода шудааст. Ва ҳеҷ коре ҷуз бо ҳикмат анҷом намеёбад. Ва ҷуз хирадмандон касе панд намегиранд.

Verse 270

وَمَآ أَنفَقْتُم مِّن نَّفَقَةٍ أَوْ نَذَرْتُم مِّن نَّذْرٍ فَإِنَّ ٱللَّهَ يَعْلَمُهُۥ ۗ وَمَا لِلظَّـٰلِمِينَ مِنْ أَنصَارٍ

Transliteration wamā anfaqtum min nafaqatin aw nadhartum min nadhrin fa-inna l-laha yaʿlamuhu wamā lilẓẓālimīna min anṣārin

Tajik Ва он чи аз мол ё ғайри он, кам ё бисёр дода шудед ва онро барои ризоияти Аллоҳ нафақа кунед ва ё назреро, ки ба гардан бигиред, Аллоҳ онро медонад ва бинобар ниятҳоятон ба шумо савоб медиҳад ва касе, ки ҳаққи Аллоҳро манъ мекунад, вай ситамкор аст ва ситамкоронро мададгоре нест, ки аз азоби Аллоҳ онҳоро халос гардонанд.

Verse 271

إِن تُبْدُوا۟ ٱلصَّدَقَـٰتِ فَنِعِمَّا هِىَ ۖ وَإِن تُخْفُوهَا وَتُؤْتُوهَا ٱلْفُقَرَآءَ فَهُوَ خَيْرٌ لَّكُمْ ۚ وَيُكَفِّرُ عَنكُم مِّن سَيِّـَٔاتِكُمْ ۗ وَٱللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ

Transliteration in tub'dū l-ṣadaqāti faniʿimmā hiya wa-in tukh'fūhā watu'tūhā l-fuqarāa fahuwa khayrun lakum wayukaffiru ʿankum min sayyiātikum wal-lahu bimā taʿmalūna khabīrun

Tajik Агар садақаҳоро ошкор кунед, кори хубе аст ва агар онҳоро пинҳон намоед ва ба ниёзмандон (бенавоён, мискинон) бидиҳед, бароятон беҳтараст, зеро садақа ба сурати пинҳонӣ бар қуввати ихлос далолат менамояд ва Аллоҳ гуноҳонатонро мепӯшонад ва Аллоҳ ба он чи ки мекунед огоҳ аст ва аз аҳволи шумо чизе бар Ӯ пинҳон намемонад ва ҳар якро мувофиқ ба амалаш ҷазое хоҳад дод.

Verse 272

۞ لَّيْسَ عَلَيْكَ هُدَىٰهُمْ وَلَـٰكِنَّ ٱللَّهَ يَهْدِى مَن يَشَآءُ ۗ وَمَا تُنفِقُوا۟ مِنْ خَيْرٍ فَلِأَنفُسِكُمْ ۚ وَمَا تُنفِقُونَ إِلَّا ٱبْتِغَآءَ وَجْهِ ٱللَّهِ ۚ وَمَا تُنفِقُوا۟ مِنْ خَيْرٍ يُوَفَّ إِلَيْكُمْ وَأَنتُمْ لَا تُظْلَمُونَ

Transliteration laysa ʿalayka hudāhum walākinna l-laha yahdī man yashāu wamā tunfiqū min khayrin fali-anfusikum wamā tunfiqūna illā ib'tighāa wajhi l-lahi wamā tunfiqū min khayrin yuwaffa ilaykum wa-antum lā tuẓ'lamūna

Tajik Ҳидоят ёфтани онҳо (яъне кофирон) бар ӯҳдаи ту эй Муҳаммад лозим нест, балки Аллоҳ ҳар касеро, ки хоҳад, ба сӯи динаш ҳидоят менамояд ва ҳар он чи нафақа кунед кам ё беш, хоҳ барои кофир бошад ё барои мусалмон, савоби он барои худатон бозгардандааст. Ва мӯъминон нафақа намекунанд, магар барои талаби ризоияти Аллоҳ. Ва ҳар чи хуб ва неке, ки нафақа кунед, савоби он ба шумо пурра боз гардонда мешавад ва аз савоби шумо чизе кам карда намешавад.

Verse 273

لِلْفُقَرَآءِ ٱلَّذِينَ أُحْصِرُوا۟ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ لَا يَسْتَطِيعُونَ ضَرْبًا فِى ٱلْأَرْضِ يَحْسَبُهُمُ ٱلْجَاهِلُ أَغْنِيَآءَ مِنَ ٱلتَّعَفُّفِ تَعْرِفُهُم بِسِيمَـٰهُمْ لَا يَسْـَٔلُونَ ٱلنَّاسَ إِلْحَافًا ۗ وَمَا تُنفِقُوا۟ مِنْ خَيْرٍ فَإِنَّ ٱللَّهَ بِهِۦ عَلِيمٌ

Transliteration lil'fuqarāi alladhīna uḥ'ṣirū fī sabīli l-lahi lā yastaṭīʿūna ḍarban fī l-arḍi yaḥsabuhumu l-jāhilu aghniyāa mina l-taʿafufi taʿrifuhum bisīmāhum lā yasalūna l-nāsa il'ḥāfan wamā tunfiqū min khayrin fa-inna l-laha bihi ʿalīmun

Tajik (Ин садақот) барои камбағалони мусалмон аст, ки дар роҳи Аллоҳ бозмонданд ва наметавонанд дар замин сафар кунанд ва шахси нодон онҳоро ба сабаби тамаъ накарданашон тавонгар мепиндорад, Онҳоро аз симояшон мешиносӣ, бо исрор (бардавом) аз мардум чизе намехоҳанд. Агар дар пурсидан маҷбур шаванд, бисёр тавалло намекунанд. Ва ҳар чи дар роҳи Аллоҳ аз хубӣ нафақа кунед, Аллоҳ ба он доно аст ва рӯзи қиёмат мукофотатонро пурра хоҳед гирифт.

Verse 274

ٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمْوَٰلَهُم بِٱلَّيْلِ وَٱلنَّهَارِ سِرًّا وَعَلَانِيَةً فَلَهُمْ أَجْرُهُمْ عِندَ رَبِّهِمْ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ

Transliteration alladhīna yunfiqūna amwālahum bi-al-layli wal-nahāri sirran waʿalāniyatan falahum ajruhum ʿinda rabbihim walā khawfun ʿalayhim walā hum yaḥzanūna

Tajik Касоне, ки шабу рӯз пинҳон ва ошкоро моли худро барои ризоияти Аллоҳ нафақа мекунанд, подошашон назди Парвардигорашон аст ва на тарсе дар охират бар онҳост ва дар дунё, аз он чи ки аз онҳо фавт шуд, андӯҳгин намешаванд. Дар нафақа кардан бар камбағалон каромат ва иззат аст ва покии моли сарватмандон аст ва бо якдигар мадад кардан ба некӯи ва тақво аст. Ин гуна фазлу бузургиро банда дар ризоияти Аллоҳ метавонад ёфт, на дар садақа кардан ба қаҳр ё маҷбурӣ.

Verse 275

ٱلَّذِينَ يَأْكُلُونَ ٱلرِّبَوٰا۟ لَا يَقُومُونَ إِلَّا كَمَا يَقُومُ ٱلَّذِى يَتَخَبَّطُهُ ٱلشَّيْطَـٰنُ مِنَ ٱلْمَسِّ ۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ قَالُوٓا۟ إِنَّمَا ٱلْبَيْعُ مِثْلُ ٱلرِّبَوٰا۟ ۗ وَأَحَلَّ ٱللَّهُ ٱلْبَيْعَ وَحَرَّمَ ٱلرِّبَوٰا۟ ۚ فَمَن جَآءَهُۥ مَوْعِظَةٌ مِّن رَّبِّهِۦ فَٱنتَهَىٰ فَلَهُۥ مَا سَلَفَ وَأَمْرُهُۥٓ إِلَى ٱللَّهِ ۖ وَمَنْ عَادَ فَأُو۟لَـٰٓئِكَ أَصْحَـٰبُ ٱلنَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَـٰلِدُونَ

Transliteration alladhīna yakulūna l-riba lā yaqūmūna illā kamā yaqūmu alladhī yatakhabbaṭuhu l-shayṭānu mina l-masi dhālika bi-annahum qālū innamā l-bayʿu mith'lu l-riba wa-aḥalla l-lahu l-bayʿa waḥarrama l-riba faman jāahu mawʿiẓatun min rabbihi fa-intahā falahu mā salafa wa-amruhu ilā l-lahi waman ʿāda fa-ulāika aṣḥābu l-nāri hum fīhā khālidūna

Tajik Касоне, ки рибо (суд) мехӯранд аз қабр барнамехезанд, магар монанди касе, ки шайтон ӯро дучори девонагӣ кардааст, ин бад-он ҷиҳат аст, ки онҳо гуфтанд: "Хариду фурӯш айнан монанди рибо аст" Аллоҳ онҳоро дурӯғ баровард ва баён кард, Ӯ хариду фурӯшро ҳалол намуда ва риборо ҳаром кардааст. Зеро дар хариду фурӯш барои ҳар фард ва ҷамоъат манфиатест ва дар рибо зиён ва ҳалокӣ аст. Пас касе, ки панде аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ расид ва аз рибохӯрӣ даст кашид ва тавба кард он чи дар гузашта ба даст овардааст, аз они ӯ мебошад ва кори ӯ бо Аллоҳ аст. Ва ҳар кас, ки бо рибохӯрӣ бозгардад, пас онҳо аҳли оташанд ва дар он ҷо ҷовидона хоҳанд буд.

Verse 276

يَمْحَقُ ٱللَّهُ ٱلرِّبَوٰا۟ وَيُرْبِى ٱلصَّدَقَـٰتِ ۗ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ كُلَّ كَفَّارٍ أَثِيمٍ

Transliteration yamḥaqu l-lahu l-riba wayur'bī l-ṣadaqāti wal-lahu lā yuḥibbu kulla kaffārin athīmin

Tajik Аллоҳ баракати риборо нобуд месозад ва садақотро афзоиш медиҳад ва савоби садақакунандагонро дучанд мегардонад ва дар молҳояшон баракат ато мефармояд. Аллоҳ ҳалолшуморандаи хӯрдани рибо ва ҳар носипоси гунаҳкорро дӯст надорад.

Verse 277

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّـٰلِحَـٰتِ وَأَقَامُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَوُا۟ ٱلزَّكَوٰةَ لَهُمْ أَجْرُهُمْ عِندَ رَبِّهِمْ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ

Transliteration inna alladhīna āmanū waʿamilū l-ṣāliḥāti wa-aqāmū l-ṣalata waātawū l-zakata lahum ajruhum ʿinda rabbihim walā khawfun ʿalayhim walā hum yaḥzanūna

Tajik Онон, ки имон овардаанд, ва корҳои некӯ кардаанд ва намозро, чунон ки Аллоҳ ва Расул фармудаанд, барпо доштаанд ва закоти молашонро додаанд, барояшон савоби бузургест дар назди Парвардигорашон. Ва онҳо дар охират бим надоранд ва дар дунё бар он чизе аз насибаи дунёии онҳо фавт шуд, ғамгин намешаванд!

Verse 278

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ ٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ وَذَرُوا۟ مَا بَقِىَ مِنَ ٱلرِّبَوٰٓا۟ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ

Transliteration yāayyuhā alladhīna āmanū ittaqū l-laha wadharū mā baqiya mina l-riba in kuntum mu'minīna

Tajik (Сипас мӯъминонро хитоб кард ва ба онҳо фармуд:) Эй касоне, ки имон ба Аллоҳ овардед ва пайрави Расули Ӯ ҳастед, аз Ӯ битарсед ва пасмондаи муомилаҳои рибоиро, ки пештар анҷом додаед, тарк кунед, агар шумо мӯъмини ҳақиқӣ бошед.

Verse 279

فَإِن لَّمْ تَفْعَلُوا۟ فَأْذَنُوا۟ بِحَرْبٍ مِّنَ ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ ۖ وَإِن تُبْتُمْ فَلَكُمْ رُءُوسُ أَمْوَٰلِكُمْ لَا تَظْلِمُونَ وَلَا تُظْلَمُونَ

Transliteration fa-in lam tafʿalū fadhanū biḥarbin mina l-lahi warasūlihi wa-in tub'tum falakum ruūsu amwālikum lā taẓlimūna walā tuẓ'lamūna

Tajik Ва агар аз муомилаи рибоӣ даст накашидед, пас шумо ба мубориза бо Аллоҳ ва паёмбараш бархостаед. Ва агар тавба кардед аз рибо, пас асли молҳоятон аз они шумо аст ва шумо ситам намекунед шахсеро, ки қарз додаед, то ки зиёда аз қарзатон бигиред ва бар шумо ситам карда намешавад аз тарафи қарзгирифташуда ба гирифтани асли молатон.

Verse 280

وَإِن كَانَ ذُو عُسْرَةٍ فَنَظِرَةٌ إِلَىٰ مَيْسَرَةٍ ۚ وَأَن تَصَدَّقُوا۟ خَيْرٌ لَّكُمْ ۖ إِن كُنتُمْ تَعْلَمُونَ

Transliteration wa-in kāna dhū ʿus'ratin fanaẓiratun ilā maysaratin wa-an taṣaddaqū khayrun lakum in kuntum taʿlamūna

Tajik Ва агар қарздор, ки тангдаст буд ва наметавонист талабро бипардозад бар талабгор воҷиб аст, ки ӯро то замони ҳусули фарохӣ муҳлат бидиҳад ва бар қарздор воҷиб аст, ҳар гоҳ тавонист, қарзро бипардозад ва агар талабгор тамоми қарз ё қисми онро ба шахси қарздор бубахшад, барояшон беҳтараст, агар бузургии инро медонистанд.

Verse 281

وَٱتَّقُوا۟ يَوْمًا تُرْجَعُونَ فِيهِ إِلَى ٱللَّهِ ۖ ثُمَّ تُوَفَّىٰ كُلُّ نَفْسٍ مَّا كَسَبَتْ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ

Transliteration wa-ittaqū yawman tur'jaʿūna fīhi ilā l-lahi thumma tuwaffā kullu nafsin mā kasabat wahum lā yuẓ'lamūna

Tajik Ва аз рӯзе битарсед эй мардум, ки он рӯз рӯзи қиёмат аст ва дар он рӯз ба сӯи Аллоҳ бозгардонда мешавед, сипас ҳар кас аз он чи касб кардааст, ба сурати комил дарёфт мекунад, агар нек бошад, нек аст ва бад бошад, бад аст ва бар онҳо ситам намешавад.

Verse 282

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِذَا تَدَايَنتُم بِدَيْنٍ إِلَىٰٓ أَجَلٍ مُّسَمًّى فَٱكْتُبُوهُ ۚ وَلْيَكْتُب بَّيْنَكُمْ كَاتِبٌۢ بِٱلْعَدْلِ ۚ وَلَا يَأْبَ كَاتِبٌ أَن يَكْتُبَ كَمَا عَلَّمَهُ ٱللَّهُ ۚ فَلْيَكْتُبْ وَلْيُمْلِلِ ٱلَّذِى عَلَيْهِ ٱلْحَقُّ وَلْيَتَّقِ ٱللَّهَ رَبَّهُۥ وَلَا يَبْخَسْ مِنْهُ شَيْـًٔا ۚ فَإِن كَانَ ٱلَّذِى عَلَيْهِ ٱلْحَقُّ سَفِيهًا أَوْ ضَعِيفًا أَوْ لَا يَسْتَطِيعُ أَن يُمِلَّ هُوَ فَلْيُمْلِلْ وَلِيُّهُۥ بِٱلْعَدْلِ ۚ وَٱسْتَشْهِدُوا۟ شَهِيدَيْنِ مِن رِّجَالِكُمْ ۖ فَإِن لَّمْ يَكُونَا رَجُلَيْنِ فَرَجُلٌ وَٱمْرَأَتَانِ مِمَّن تَرْضَوْنَ مِنَ ٱلشُّهَدَآءِ أَن تَضِلَّ إِحْدَىٰهُمَا فَتُذَكِّرَ إِحْدَىٰهُمَا ٱلْأُخْرَىٰ ۚ وَلَا يَأْبَ ٱلشُّهَدَآءُ إِذَا مَا دُعُوا۟ ۚ وَلَا تَسْـَٔمُوٓا۟ أَن تَكْتُبُوهُ صَغِيرًا أَوْ كَبِيرًا إِلَىٰٓ أَجَلِهِۦ ۚ ذَٰلِكُمْ أَقْسَطُ عِندَ ٱللَّهِ وَأَقْوَمُ لِلشَّهَـٰدَةِ وَأَدْنَىٰٓ أَلَّا تَرْتَابُوٓا۟ ۖ إِلَّآ أَن تَكُونَ تِجَـٰرَةً حَاضِرَةً تُدِيرُونَهَا بَيْنَكُمْ فَلَيْسَ عَلَيْكُمْ جُنَاحٌ أَلَّا تَكْتُبُوهَا ۗ وَأَشْهِدُوٓا۟ إِذَا تَبَايَعْتُمْ ۚ وَلَا يُضَآرَّ كَاتِبٌ وَلَا شَهِيدٌ ۚ وَإِن تَفْعَلُوا۟ فَإِنَّهُۥ فُسُوقٌۢ بِكُمْ ۗ وَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ ۖ وَيُعَلِّمُكُمُ ٱللَّهُ ۗ وَٱللَّهُ بِكُلِّ شَىْءٍ عَلِيمٌ

Transliteration yāayyuhā alladhīna āmanū idhā tadāyantum bidaynin ilā ajalin musamman fa-uk'tubūhu walyaktub baynakum kātibun bil-ʿadli walā yaba kātibun an yaktuba kamā ʿallamahu l-lahu falyaktub walyum'lili alladhī ʿalayhi l-ḥaqu walyattaqi l-laha rabbahu walā yabkhas min'hu shayan fa-in kāna alladhī ʿalayhi l-ḥaqu safīhan aw ḍaʿīfan aw lā yastaṭīʿu an yumilla huwa falyum'lil waliyyuhu bil-ʿadli wa-is'tashhidū shahīdayni min rijālikum fa-in lam yakūnā rajulayni farajulun wa-im'ra-atāni mimman tarḍawna mina l-shuhadāi an taḍilla iḥ'dāhumā fatudhakkira iḥ'dāhumā l-ukh'rā walā yaba l-shuhadāu idhā mā duʿū walā tasamū an taktubūhu ṣaghīran aw kabīran ilā ajalihi dhālikum aqsaṭu ʿinda l-lahi wa-aqwamu lilshahādati wa-adnā allā tartābū illā an takūna tijāratan ḥāḍiratan tudīrūnahā baynakum falaysa ʿalaykum junāḥun allā taktubūhā wa-ashhidū idhā tabāyaʿtum walā yuḍārra kātibun walā shahīdun wa-in tafʿalū fa-innahu fusūqun bikum wa-ittaqū l-laha wayuʿallimukumu l-lahu wal-lahu bikulli shayin ʿalīmun

Tajik Эй он касоне, ки имон овардаед! Агар ба ҳамдигар то муддати муайяне қарзе додед, онро бинависед (барои ҳифзи мол ва дафъи низоъ) ва бояд, ки онро нависандаи боинсоф бинависад. Ва ҳеҷ нависандае набояд ба хотири хешовандӣ ё ба хотири душманӣ аз навиштани он, он гуна ки Аллоҳ ба ӯ омӯхтааст, даст кашад, пас бояд бинависад ва касе, ки ҳақ бар ӯст (яъне қарзгиранда) имло кунад ва котиб аз Парвардигораш битарсад ва чизе аз он кам накунад, пас агар қарзгиранда шахси беақл ва нодон ё нотавон буд ё наметавонист имло кунад, бояд сарпарасти ӯ ба адлу инсоф имло кунад ва ду гувоҳ аз мардони мусалмони болиғу оқил аз аҳли адолат бигиред ва агар ду мард набуд, пас як мард ва ду зан аз гувоҳоне, ки меписандед, (сабабаш ин аст, ки) то агар яке аз он ду зан фаромӯш кард дигаре бо ӯ ёдоварӣ кунад. Ва ҳар гоҳе гувоҳон барои гувоҳӣ додан даъват шаванд, набояд рад кунанд ва аз навиштани қарз тибқи ваъдааш хоҳ кам бошад, ё зиёд хаста нашавед. Ин навиштан боинсофтарин ҳукм аст назди Аллоҳ ва дурусттарин роҳ барои гувоҳӣ додан ва қарибтар аз он аст, ки дучори шак нашавед, магар ин ки савдои нақдӣ бошад, ки дар миёни худ даст ба даст мекунед, пас дар ин сурат бар шумо гуноҳе нест, ки онро нанависед. Ва чун хариду фурӯш кардед, бояд гувоҳ бигиред барои дафъи низоъ ва набояд нависанда ва шоҳид зиён бубинанд ва агар чунин коре кунед, аз фармони Аллоҳ сарпечӣ кардааед. Ва аз Аллоҳ битарсед ва Аллоҳ некии дунё ва охиратро ба шумо меомӯзад ва Аллоҳ бар ҳар чизе доност.

Verse 283

۞ وَإِن كُنتُمْ عَلَىٰ سَفَرٍ وَلَمْ تَجِدُوا۟ كَاتِبًا فَرِهَـٰنٌ مَّقْبُوضَةٌ ۖ فَإِنْ أَمِنَ بَعْضُكُم بَعْضًا فَلْيُؤَدِّ ٱلَّذِى ٱؤْتُمِنَ أَمَـٰنَتَهُۥ وَلْيَتَّقِ ٱللَّهَ رَبَّهُۥ ۗ وَلَا تَكْتُمُوا۟ ٱلشَّهَـٰدَةَ ۚ وَمَن يَكْتُمْهَا فَإِنَّهُۥٓ ءَاثِمٌ قَلْبُهُۥ ۗ وَٱللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ عَلِيمٌ

Transliteration wa-in kuntum ʿalā safarin walam tajidū kātiban farihānun maqbūḍatun fa-in amina baʿḍukum baʿḍan falyu-addi alladhī u'tumina amānatahu walyattaqi l-laha rabbahu walā taktumū l-shahādata waman yaktum'hā fa-innahu āthimun qalbuhu wal-lahu bimā taʿmalūna ʿalīmun

Tajik Ва агар дар сафар будед ва нависандае наёфтед, ё нависанда вуҷуд дошт, қоғаз ва қалам вуҷуд набуд, пас бояд чизе ба ивази навиштан ба гарав гирифта шавад ва агар касе аз шумо дигареро амин донист, ҳеҷ боке нест дар нанавиштан ва гувоҳ наоварданатон пас он кас ки амин дониста шуд бояд ки амонати худро адо кунад ва аз Парвардигораш битарсад. Ва гувоҳиро пинҳон накунед ва ҳар кас ки онро пинҳон кунад, дилаш гунаҳгор аст ва Аллоҳ ба асрори шумо огоҳ аст ва ба он чи мекунед, доност.

Verse 284

لِّلَّهِ مَا فِى ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَمَا فِى ٱلْأَرْضِ ۗ وَإِن تُبْدُوا۟ مَا فِىٓ أَنفُسِكُمْ أَوْ تُخْفُوهُ يُحَاسِبْكُم بِهِ ٱللَّهُ ۖ فَيَغْفِرُ لِمَن يَشَآءُ وَيُعَذِّبُ مَن يَشَآءُ ۗ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ

Transliteration lillahi mā fī l-samāwāti wamā fī l-arḍi wa-in tub'dū mā fī anfusikum aw tukh'fūhu yuḥāsib'kum bihi l-lahu fayaghfiru liman yashāu wayuʿadhibu man yashāu wal-lahu ʿalā kulli shayin qadīrun

Tajik Он чи дар осмонҳо ва замин аст аз они Аллоҳ аст. Ва агар он чиро дар дил доред, ошкор кунед ё онро пинҳон намоед, Аллоҳ шуморо бар он ҳисоб мекунад. Пас ҳар касро, ки бихоҳад, меомӯрзад ва ҳар касро, ки бихоҳад азоб медиҳад ва Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност.

Verse 285

ءَامَنَ ٱلرَّسُولُ بِمَآ أُنزِلَ إِلَيْهِ مِن رَّبِّهِۦ وَٱلْمُؤْمِنُونَ ۚ كُلٌّ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَمَلَـٰٓئِكَتِهِۦ وَكُتُبِهِۦ وَرُسُلِهِۦ لَا نُفَرِّقُ بَيْنَ أَحَدٍ مِّن رُّسُلِهِۦ ۚ وَقَالُوا۟ سَمِعْنَا وَأَطَعْنَا ۖ غُفْرَانَكَ رَبَّنَا وَإِلَيْكَ ٱلْمَصِيرُ

Transliteration āmana l-rasūlu bimā unzila ilayhi min rabbihi wal-mu'minūna kullun āmana bil-lahi wamalāikatihi wakutubihi warusulihi lā nufarriqu bayna aḥadin min rusulihi waqālū samiʿ'nā wa-aṭaʿnā ghuf'rānaka rabbanā wa-ilayka l-maṣīru

Tajik Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба он чи аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ нозил шуд имон овард ва мӯъминон низ; ҳама ба Аллоҳ (ки Ӯ Парвардигор ва сазовори ибодат ва Ӯро номҳо ва сифатҳоест, ки лоиқ ба зот ва бузургии Ӯ ҳастанд) ва Фариштагон ва китобҳо ва паёмбаронаш имон оварданд ва гуфтанд: байни ҳеҷ як паёмбарони Ӯ фарқ намегузорем ва гуфтанд: Шунидем каломатро ва итоъат кардем амратро. Парвардигоро! Омӯрзиши туро мехоҳем ва бозгашт ба сӯи туст.

Verse 286

لَا يُكَلِّفُ ٱللَّهُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا ۚ لَهَا مَا كَسَبَتْ وَعَلَيْهَا مَا ٱكْتَسَبَتْ ۗ رَبَّنَا لَا تُؤَاخِذْنَآ إِن نَّسِينَآ أَوْ أَخْطَأْنَا ۚ رَبَّنَا وَلَا تَحْمِلْ عَلَيْنَآ إِصْرًا كَمَا حَمَلْتَهُۥ عَلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِنَا ۚ رَبَّنَا وَلَا تُحَمِّلْنَا مَا لَا طَاقَةَ لَنَا بِهِۦ ۖ وَٱعْفُ عَنَّا وَٱغْفِرْ لَنَا وَٱرْحَمْنَآ ۚ أَنتَ مَوْلَىٰنَا فَٱنصُرْنَا عَلَى ٱلْقَوْمِ ٱلْكَـٰفِرِينَ

Transliteration lā yukallifu l-lahu nafsan illā wus'ʿahā lahā mā kasabat waʿalayhā mā ik'tasabat rabbanā lā tuākhidh'nā in nasīnā aw akhṭanā rabbanā walā taḥmil ʿalaynā iṣ'ran kamā ḥamaltahu ʿalā alladhīna min qablinā rabbanā walā tuḥammil'nā mā lā ṭāqata lanā bihi wa-uʿ'fu ʿannā wa-igh'fir lanā wa-ir'ḥamnā anta mawlānā fa-unṣur'nā ʿalā l-qawmi l-kāfirīna

Tajik (Дини Аллоҳ осон аст ва дар он машаққат нест.) Аллоҳ ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тавоноиаш мукаллаф (вазифадор) намекунад, ҳар кори неке, ки анҷом диҳад, ба фоидаи худ карда ва ҳар кори баде, ки анҷом диҳад, ба зиёни худ кардааст. Парвардигоро! Агар чизеро аз фармудаҳоят фаромӯш кардем ё дар он чизҳое, ки манъ намудӣ, хато кардем, моро ба уқубат магир. Парвардигоро! Бори гарон, ки мо тоқати бардошти онро надорем бар мо магузор, он чунон ки бар касоне, ки пеш аз мо Туро нофармонӣ карда буданд. Парвардигоро! Он чи тоб ва тоқаташро надорем, бар дӯши мо магузор ва аз мо дар гузар ва моро биёмӯрз ва бар мо раҳм кун, Ту Аллоҳи мо ҳастӣ, пас моро бар қавме, ки дини Туро инкор карданд ва паёмбаратро дурӯғ бароварданд, пирӯз гардон!

Read Surah Al-Baqarah in another language

All languages

All 114 surahs in Tajik: the Qur’an in Tajik.

Learn it in MyDugsi

Tajik translation: Khawaja Mirof & Khawaja Mir, from Quran.com. Transliteration: Quran.com. Recitation: Mishary Alafasy, from EveryAyah.com. MyDugsi is a learning aid, not a replacement for a qualified teacher.